Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува — Ҳокими Олии мост!

Яҳува — Ҳокими Олии мост!

Яҳува — Ҳокими Олии мост!

«Ба Худованд Худо [«Ҳокими Олӣ, Яҳува», ТДН] ман паноҳ бурдаам» (ЗАБ. 72:28).

1. Бо суханони дар 1 Қӯринтиён 7:31 навишташудааш Павлус эҳтимол чи гуфтан мехост?

«СУРАТИ ин ҷаҳон гузарон аст» (1 Қӯр. 7:31). Ин суханони Павлуси расул дар нусхаи аслии Навиштаҳо чунин садо медиҳанд: «Саҳнаи ин ҷаҳон тағйир меёбад». Эҳтимол Павлус ҷаҳонро ба театре монанд кард, ки он ҷо актёрон нақши шахсони неку бадро мебозанд,— то даме, ки саҳнаи драма дигар нашавад.

2, 3. а) Зери шубҳа гузошта шудани ҳокимияти Яҳуваро ба чӣ монанд кардан мумкин аст? б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?

2 Имрӯз вазъияти дар олам бударо ба драмае монанд кардан мумкин аст. Ва дар ин драма, ки аҳамияти хеле муҳим дорад, шумо низ иштирок доред! Ин драма пеш аз ҳама бо исботшавии ҳақ будани ҳокимияти Яҳува Худо алоқаманд аст. Мазмуни ин драмаро бо мисол чунин фаҳмондан мумкин аст. Дар як мамлакат ҳокимияти қонунӣ вуҷуд дорад, ки он тартиботро нигоҳ медорад. Вале ҳамзамон дар он мамлакат ташкилоти ҷиноятие ҳукмронӣ мекунад, ки ба фиребгарӣ, зӯроварӣ ва куштор машғул мебошад. Ин ташкилоти ғайриқонунӣ ҳуқуқи ҳукмронӣ кардани ҳокимияти қонуниро зери шубҳа мегузорад ва садоқатмандии тамоми шаҳрвандонро нисбати давлаташон зери озмоиш қарор медиҳад.

3 Вазъияти ба ин монанд, дар миқёси бузургтар — дар Даҳр мушоҳида карда мешавад. Ҳокимияти қонунии Даҳр ба Яҳува Худо тааллуқ дорад (Заб. 46:3). Вале ҳоло ба инсоният ташкилоти ҷиноятие, ки «зери ҳукумати иблис аст», таҳдид мекунад (1 Юҳ. 5:19). Он ҳокимияти қонунии Худоро зери шубҳа мегузорад ва садоқатмандии ҳамаи одамонро нисбати ҳокимияти олии Ӯ зери озмоиш қарор медиҳад. Ин чӣ тавр ба амал омад? Чаро Худо ба он роҳ дод? Мо аз тарафи худ дар чунин вазъият чӣ кор карда метавонем?

Саволҳое, ки драма дар бар мегирад

4. Драмае, ки дар миқёси тамоми Даҳр рафта истодааст, кадом ду саволи бо ҳам алоқамандро дар бар мегирад?

4 Ин драма, ки дар миқёси тамоми Даҳр рафта истодаасту мазмунаш оҳиста–оҳиста кушода мешавад, ду саволи бо ҳам алоқамандро дар бар мегирад: ҳокимияти Яҳува ва беайбии одамон. Дар нусхаи аслии Навиштаҳои Муқаддас Яҳува борҳои зиёд «Ҳокими Олӣ» номида шудааст. Масалан, забурнавис ба Ӯ такя намуда, месарояд: «Ба Худованд Худо [«Ҳокими Олӣ, Яҳува», ТДН] ман паноҳ бурдаам» (Заб. 72:28). Ҳоким ё подшоҳ ҳокимияти баландтаринро соҳиб аст. Мо барои Яҳуваро чун Ҳаққи Таоло, яъне чун Шахсияти баландтарин эътироф кардан ҳамаи асосҳоро дорем (Дон. 7:22).

5. Чаро мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунем?

5 Чун Офаридгор, Яҳува Худо, Ҳокими замин ва Ҳокими тамоми Даҳр мебошад. (Ваҳй 4:11–ро бихонед.) Ӯ ҳамчунин Довар, Қонунгузор ва Подшоҳи мо аст, зеро тамоми шохаҳои доварикунӣ, қонунгузорӣ ва иҷроияи ҳокимият дар Даҳр дар дасти Ӯст (Иш. 33:22). Азбаски мо ба туфайли Худо вуҷуд дорем ва аз Ӯ вобастаем, мо бояд Ӯро Ҳокими Олии худ ҳисобем. Мо бо азми қавӣ мавқеи баланди Яҳуваро ҳимоя хоҳем кард, агар ҳамеша дар хотир дорем, ки Ӯ «бар осмон тахти Худро барқарор намудааст, ва малакути Ӯ бар ҳама ҳукмфармост» (Заб. 102:19; Аъм. 4:24).

6. Беайбӣ чист?

6 Барои дастгирӣ кардани ҳокимияти Яҳува мо бояд беайбиамонро назди Ӯ нигоҳ дорем. Беайбӣ — ахлоқан пок ва ба Яҳува пурра содиқ буданро мефаҳмонад. Шахси беайб ахлоқи нек дорад ва росткор аст. Айюб–пайғамбар ин гуна шахс буд (Айюб 1:1).

Драма чӣ тавр сар шуд

7, 8. Чӣ тавр Шайтон ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро зери шубҳа гузошт?

7 Қариб 6 000 сол пеш, як офаридаи рӯҳӣ ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро зери шубҳа гузошт. Хоҳиши худхоҳонаи ба даст овардани ибодат вайро ба гуфтору рафтори исёнкорона барангехт. Вай ҷуфти нахустини инсонӣ, Одаму Ҳавворо, барангехт, ки ба ҳокимияти Худо хиёнат кунанд. Шайтон изҳор кард, ки Худо дурӯғ гуфтааст ва бо ин роҳ номи Яҳуваро доғдор карданӣ шуд. (Ҳастӣ 3:1–5-ро бихонед.) Ин исёнгар Душмани ашаддӣ, Шайтон (Мухолиф), Иблис (Тӯҳматчӣ), мор (фиребгар) ва аждаҳо (нобудкунанда) гашт (Ваҳй 12:9).

8 Шайтон ба худ нақши ҳокими рақибро интихоб кард. Дар чунин вазъият Ҳокими Олӣ, Яҳува, чӣ гуна амал кард? Оё Ӯ дарҳол он се исёнгар — Шайтон, Одам ва Ҳавворо нест кард? Албатта ӯ ин корро карда метавонист ва ин нишон медод, ки кӣ дорои қудрати беҳамтост. Нобуд кардани исёнгарон ҳамчунин исбот мекард, ки суханони Яҳува оиди ҷазо додани вайронкунандагони қонуни Ӯ ҳаққанд. Пас, чаро Худо ин тавр рафтор накард?

9. Шайтон чиро зери шубҳа гузошт?

9 Шайтон дурӯғ гуфта Одаму Ҳавворо барангехт, ки аз Худо рӯй гардонанд. Бо ин ӯ ҳуқуқи Яҳуваро барои аз инсоният талаб кардани итоаткорӣ зери шубҳа гузошт. Илова бар ин, ҷуфти нахустини инсониро ба беитоатӣ тела дода, Шайтон ҳамчунин садоқатмандии тамоми офаридаҳои бошуурро зери шубҳа гузошт. Чӣ тавре ки аз мисоли Айюби содиқ маълум аст, Шайтон изҳор кард, ки метавонад ҳамаи одамонро аз Худо дур кунад (Айюб 2:1–5).

10. Бо он ки Худо барои исботи ҳақ будани ҳокимияти худ саросема нашуд, Ӯ ба Шайтон ва одамон чӣ имконияте дод?

10 Яҳува барои исботи ҳақ будани ҳокимияти худ саросема нашуд ва бо ин ба Шайтон вақт дод, ки ҳақ будани даъвои худро исбот кунад. Худо ҳамчунин ба одамон имконият дод, ки садоқатмандиашонро нисбати ҳокимияти Ӯ нишон диҳанд. Баъди садсолаҳо чӣ рӯй дод? Шайтон ташкилоти ҷиноятии бузургеро бунёд кард. Яҳува оқибат ин ташкилот ва Иблисро несту нобуд хоҳад кард ва бо ин ба ҳақ будани ҳокимияти худ далели раднопазир пешниҳод хоҳад кард. Яҳува Худо ба анҷоми хуби ин кор чунон боварӣ дошт, ки онро ҳангоми дар боғи Адан сар задани исён пешгӯӣ кард (Ҳас. 3:15).

11. Одамони зиёд барои дастгирӣ кардани ҳокимияти Яҳува чӣ кор мекарданд?

11 Одамони зиёд бо зоҳир кардани имон ва бо нигоҳ доштани беайбии худ ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ менамуданд ва номи Ӯро муқаддас мегардонданд. Дар байни онҳо Ҳобил, Ҳанӯх, Нӯҳ, Иброҳим, Соро, Мусо, Рут, Довуд, Исо, шогирдони нахустини Масеҳ ва миллионҳо ходимони имрӯзаи Худо мебошанд. Чунин тарафдорони ҳокимияти Худо аз ҷониби худ дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот мекунанд. Онҳо ҳамчунин дар муқаддасгардонии номи Худо иштирок менамоянд, зеро Иблис худро таъриф карда гуфт, ки ҳамаи одамонро аз Худо дур карда метавонад ва ҳамин тавр номи Худоро мавриди бадгӯӣ қарор дода буд (Мас. 27:11).

Мо медонем, ки драма бо чӣ ба охир мерасад

12. Чаро мо боварии комил дошта метавонем, ки Худо бадиро беохир тоқат нахоҳад кард?

12 Мо боварии комил дошта метавонем, ки Яҳува ба наздикӣ ҳуқуқи ҳукмронӣ кардани худро исбот мекунад. Ӯ бадиро беохир тоқат нахоҳад кард, ва мо медонем, ки ҳоло дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем. Яҳува шариронро дар вақти Тӯфон нобуд кард. Ӯ Садӯму Амӯро ва ҳамчунин фиръавнро бо лашкараш ба ҳалокат расонд. Сисро ва аскарони ӯ, Санҳериб ва лашкари ашшуриён натавонистанд ба муқобили Худои Таоло истодагарӣ намоянд (Ҳас. 7:1, 23; 19:24, 25; Хур. 14:30, 31; Дов. 4:15, 16; 4 Подш. 19:35, 36). Аз ин рӯ, мо эътимод дошта метавонем, ки Яҳува Худо беохир намегузорад, ки ба номи Ӯ беҳурматӣ кунанд ва бо Шоҳидони Ӯ бад муносибат намоянд. Ғайр аз ин, мо ҳоло аломати ҳузури Исо ва айёми охири тартиботи шариронаро дида истодаем (Мат. 24:3).

13. Барои он ки ҳамроҳи душманони Яҳува нобуд нашавем, мо бояд чӣ кор кунем?

13 Барои он ки ҳамроҳи душманони Худо нобуд нашавем, мо бояд садоқатмандиамонро нисбати ҳокимияти Яҳува исбот кунем. Чӣ тавр мо инро карда метавонем?— Бо он ки аз ҳукмронии ҷинояткоронаи Шайтон дар канор монем ва нагузорем, ки пайравони ӯ моро тарсонанд (Иш. 52:11; Юҳ. 17:16; Аъм. 5:29). Фақат он гоҳ мо ҳокимияти Падари осмониамонро дастгирӣ карда метавонем ва умед дошта метавонем, ки вақте Яҳува номи худро аз бадгӯӣ пок мекунаду Ҳокими Даҳр буданашро исбот мекунад, моро аз нобудшавӣ нигоҳ хоҳад дошт.

14. Қисмҳои гуногуни Китоби Муқаддас дар бораи чӣ нақл мекунанд?

14 Саволҳои ба инсоният ва ҳокимияти Яҳува дахлдошта дар қисмҳои гуногуни Китоби Муқаддас фаҳмонда мешаванд. Се боби аввали Китоби Муқаддас дар бораи офарида шудани олам ва ба гуноҳ афтодани инсоният нақл мекунад. Дар се боби охири он бошад, дар бораи аз нав ба комилият расидани инсоният сухан меравад. Дар бобҳои мобайнӣ муфассал нақл карда мешавад, ки Ҳокими Олӣ, Яҳува, барои иҷрои нияти нисбати инсоният, замин ва Даҳр доштааш кадом қадамҳоро гузошт. Китоби Ҳастӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр Шайтон пайдо шуд ва бадӣ ба ҷаҳон дохил шуд, вале аз бобҳои охирини китоби Ваҳй мо мефаҳмем, ки чӣ тавр бадӣ нест мешавад, Иблис нобуд карда мешавад ва иродаи Худо чун дар осмон дар замин ҳам иҷро мешавад. Ҳамин тавр, Китоби Муқаддас сабаби гуноҳ ва маргро мефаҳмонад ва нишон медиҳад, ки чӣ тавр онҳо аз рӯи замин бартараф карда мешаванд ва онҳое ки беайбии худро нигоҳ медоранд, хурсандии беохир ва ҳаёти ҷовидониро соҳиб мешаванд.

15. Мо бояд чӣ кор кунем, то вақте ки драмаи бо саволи ҳокимият алоқаманд ба анҷом мерасад, соҳиби баракат гардем?

15 Ба наздикӣ саҳнаи ин ҷаҳон пурра дигар хоҳад шуд. Парда пӯшида мешавад ва драмаи бо саволи ҳокимият алоқаманд, ки садсолаҳо боз рафта истодааст, ба поён мерасад. Шайтон аз саҳна ронда мешавад ва оқибат несту нобуд карда мешавад. Иродаи Худо бешубҳа амалӣ мегардад. Вале агар хоҳем, ки ҳамаи ин ба мо манфиат орад ва мо ба баракатҳои дар Каломи Худо пешгӯишуда соҳиб шавем, моро лозим аст, ки аллакай имрӯз тарафдори ҳокимияти Яҳува бошем. Дар мавриди ин савол бетараф будан номумкин аст. Барои он ки «Худованд бо ман аст» гуфта тавонем, мо бояд дар тарафи Ӯ бимонем (Заб. 117:6, 7).

Мо беайбиро нигоҳ дошта метавонем!

16. Чаро мо эътимод дошта метавонем, ки одамон назди Худо беайбиашонро нигоҳ дошта метавонанд?

16 Мо метавонем ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунем ва беайбиамонро нигоҳ дорем, зеро Павлуси расул навиштааст: «Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед» (1 Қӯр. 10:13). Павлус дар бораи кадом «озмоиш» ё васваса сухан ронд ва чӣ тавр Худо аз он моро сабукӣ медиҳад?

17–19. а) Исроилиён дар биёбон ба кадом васваса дода шуданд? б) Барои чӣ назди Яҳува нигоҳ доштани беайбӣ бароямон имконпазир аст?

17 Он чи ки бо исроилиён дар биёбон рӯй дод, нишон медиҳад, ки «озмоиш» ё васваса дар вазъиятҳое ба миён меояд, ки метавонанд моро ба шикастани қонуни Худо тела диҳанд. (1 Қӯринтиён 10:6–8, 10-ро бихонед.) Исроилиён метавонистанд ба васваса муқобилат кунанд, аммо онҳо «бадиро орзу» карданд. Чӣ тавр? Яҳува ба таври мӯъҷиза онҳоро бо бедонаҳо таъмин кард, ки он барояшон як моҳ мерасид. Ҳарчанд аз ин пеш исроилиён муддате гӯшт надоштанд, Худо ба онҳо ба таври кифоя манн медод. Вале бо вуҷуди ин, онҳо ҳангоми ҷамъ овардани бедонаҳо ба васваса дода шуданд ва аз ҳад зиёд чашмгуруснагӣ зоҳир намуданд (Ад. 11:19, 20, 31–35).

18 Аз ин пештар, вақте ки Мусо дар кӯҳи Сино аз Худо Қонун мегирифт, исроилиён бутпараст гашта, ба ибодати гӯсола машғул шуданд ва ба ҳузуру ҳаловати нафсонӣ дода шуданд. Дар набудани Мусо халқи Исроил худро аз васваса нигоҳ дошта натавонист (Хур. 32:1, 6). Чанде пеш аз дохилшавӣ ба Замини ваъдашуда, ҳазорҳо исроилиён ба доми васвасаи занони мӯобӣ афтода, бо онҳо бадахлоқии ҷинсӣ содир намуданд. Он вақт ҳазорон исроилиён аз гуноҳи худ мурданд (Ад. 25:1, 9). Баъзан, халқи Исроил ба васвасаи шикояткунӣ дода мешуданд ва норозигӣ баён менамуданд; боре онҳо аз Мусо ва аз худи Худо шикоят карданд! (Ад. 21:5). Халқи Исроил ҳатто баъди нобудшавии шахсони бадкор — Қӯраҳ, Дотон, Абирон ва шариконашон қатли ин исёнкоронро ноҳақ ҳисобида, шикоят намуданд. Дар натиҷа, 14 700 нафар исроилиёнро Худо ҷазо дод ва онҳо ҳалок гардиданд (Ад. 16:41, 49).

19 Ба ҳамаи ин васвасаҳои номбаршуда исроилиён дар асл муқобилат карда метавонистанд. Онҳо аз он сабаб ба васваса дода шуданд, ки имони худро гум карданд, Яҳува ва ғамхории меҳрубононаи Ӯро фаромӯш намуданд ва одилона будани роҳҳои Ӯро аз ёд бароварданд. Чун дар мавриди исроилиён васвасаҳое, ки мо дучор мешавем васвасаҳои оддии инсонианд. Агар мо барои ба онҳо муқобилат кардан саъю кӯшиши лозима ба харҷ диҳем ва ба кӯмаки Худо такя намоем, мо метавонем беайбиамонро нигоҳ дорем. Мо ба ин боварии комил дошта метавонем, зеро «Худо амин аст» ва намегузорад, ки мо «берун аз қуввати худ озмуда» шавем. Яҳува ҳеҷ гоҳ намегузорад, то мо бо вазъияте дучор шавем, ки дар он барои мо, одамон, иҷрои иродаи Ӯ ғайриимкон бошад (Заб. 93:14).

20, 21. Вақте ки мо ба озмоиш ё васваса дучор мешавем, Худо ба мо чӣ тавр «сабукӣ» медиҳад?

20 Чӣ тавр Яҳува дар озмоишҳо ба мо «сабукӣ медиҳад»? — Бо он ки ба мо қувват мебахшад. Масалан, таъқибкунандагони мо бо мақсади аз имон гардондани мо метавонанд ба зӯроварӣ даст зананд. Чунин муносибат моро ба он тела доданаш мумкин аст, ки барои худро аз зарбу лат, азобу шиканҷаи минбаъда ва марг раҳо кардан аз эътиқодамон даст кашем. Аммо суханони зери илҳоми Худо навишташудаи Павлус аз 1 Қӯринтиён 10:13 моро эътимод мебахшанд, ки вазъияте, ки озмоиш ё васвасаро ба миён меорад, танҳо муваққатӣ аст. Яҳува намегузорад, то он ба дараҷае расад, ки мо садоқатмандиамонро нисбати Ӯ нигоҳ дошта натавонем. Худо метавонад имони моро мустаҳкам намояд ва ба мо қувваи рӯҳонӣ бахшад, то ки мо беайбиамонро нигоҳ дорем.

21 Яҳува моро тавассути рӯҳулқудсаш дастгирӣ мекунад. Он рӯҳ ҳамчунин ба мо фикрҳоеро аз Каломи Худо хотиррасон мекунад, ки онҳо барои муқобилат кардан ба васваса ба мо кӯмак мекунанд (Юҳ. 14:26). Аз ин рӯ, мо ба васвасаи нодуруст рафтор кардан дода намешавем. Масалан, мо саволҳои бо ҳамдигар алоқамандеро, ки ба ҳокимияти Яҳува ва беайбии одамон дахл доранд, мефаҳмем. Ба туфайли донистани ин саволҳо ва бо кӯмаки Худо бисёриҳо то дами марг содиқ монда тавонистанд. Лекин онҳоро марг не, балки кӯмаки Яҳува сабукӣ бахшид ва ба туфайли ин онҳо тавонистанд то охир истодагарӣ намоянд ва ба васваса дода нашаванд. Ӯ барои мо низ чунин карда метавонад. Барои ба мо кӯмак кардан Ӯ ҳамчунин фариштагони содиқашро, ки «барои хизмати» ворисони наҷот фиристода мешаванд, истифода мебарад (Ибр. 1:14). Чӣ тавре ки мақолаи навбатӣ нишон медиҳад, танҳо нигаҳдорандагони беайбӣ умед дошта метавонанд, ки ҳокимияти Худоро абадӣ дастгирӣ кунанд. Мо низ дар қатори онҳо буда метавонем, агар ба Яҳува чун ба Ҳокими Олии худ содиқ бимонем.

[Tасвир дар саҳифаи 27]

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чаро мо бояд Яҳуваро чун Ҳокими Олии худ эътироф кунем?

• Назди Худо беайбиро нигоҳ доштан чӣ маъно дорад?

• Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба наздикӣ ҳуқуқи ҳукмронӣ кардани худро исбот мекунад?

• Чаро аз суханони 1 Қӯринтиён 10:13 бармеояд, ки нигоҳ доштани беайбӣ имконпазир аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 24]

Шайтон Одаму Ҳавворо барангехт, ки ба Яҳува хиёнат кунанд

[Tасвир дар саҳифаи 26]

Бо азми қавӣ ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунед