Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир кунед

Дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир кунед

Дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир кунед

«Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам» (МАТ 9:37).

1. Кори фавриро шумо чӣ хел мефаҳмондед?

ТАСАВВУР кунед, ки шумо ба вохӯрии муҳиме рафта истодаед, вале дер монда истодаед. Шумо чӣ кор мекунед? Албатта суръати роҳгардиатонро тезтар мекунед. Ё масалан, шумо меҳмонеро интизореду, лекин ҳоло рӯбучини хонаро тамом накардаед. Дар ин ҳолат шумо чӣ кор мекунед? Шумо тезтар кор мекунед. Бале, вақте ки шумо кореро карданиеду мебинед, ки вақт хеле кам мондааст, шумо сахт ба ташвиш ва ҳаяҷон меоед. Асабатон таранг мешавад ва шумо бо тамоми қувват мекӯшед, ки он корро ҳар чӣ зудтар кунед. Зеро он ФАВРӢ аст!

2. Кадом кор имрӯз барои масеҳиён кори аз ҳама фаврӣ мебошад?

2 Имрӯз барои масеҳиён кори аз ҳама таъхирнопазир ва фаврӣ — ин мавъиза кардани хушхабари Салтанат ва аз тамоми халқҳо шогирд сохтан аст (Мат 24:14; 28:19, 20). Суханони Исоро иқтибос оварда, Марқӯси шогирд навишт, ки ин кор бояд «аввал», яъне пеш аз омадани интиҳо, иҷро карда шавад (Марқ. 13:10). Бале, маҳз бояд ҳамин тавр шавад. Исо гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам». Ҳосиле, ки пухта расидааст, дер намепояд, он бояд то охири мавсими дарав ҷамъ карда шавад (Мат 9:37).

3. Фаврӣ будани кори мавъиза ба бисёриҳо чӣ тавр таъсир кард?

3 Азбаски кори мавъиза бароямон ин қадар муҳим аст, мо бояд то ҳадди имкон вақт, қувват ва диққатамонро ба он равона созем. Қобили таҳсин аст, ки бисёри хоҳарону бародарон маҳз чунин мекунанд. Баъзеҳо тарзи ҳаёти худро оддӣ намудаанд, то чун ходимони пурравақт, миссионерон ё ходимони Байт–Ил хидмат намоянд. Онҳо хеле серкоранд. Шояд онҳо барои хизмат кардан аз баҳри бисёр чизҳо гузашта бошанд ва бо мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ шаванд. Лекин Яҳува онҳоро ба таври фаровон баракат медиҳад ва мо аз ин хурсандем. (Луқо 18:28–30-ро бихонед.) Дигарон ҳарчанд ба сафи ходимони пурравақт ҳамроҳ шуда натавонанд ҳам, то ҳадди имкон дар ин кори ҳаётнаҷотдиҳанда иштирок мекунанд. Ба ин кор кӯмаке, ки волидон баҳри наҷотёбии фарзандонашон ба онҳо мерасонанд, дохил мешавад (Такр. Ш. 6:6, 7).

4. Чаро баъзеҳо нисбати кори мавъиза ҳисси таъхирнопазириро гум карда метавонанд?

4 Чӣ тавре ки дидем, ҳисси таъхирнопазирӣ ё фаврӣ будани ин ё он кор одатан бо маҳдудияти вақт, мӯҳлати ба охир расидаистода ё охири ягон чиз алоқаманд аст. Мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем, ки инро воқеаҳои зиёди ҷаҳонӣ ва далелҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта исбот мекунанд (Мат 24:3, 33; 2 Тим. 3:1–5). Бо вуҷуди ин, касе аз одамон аниқ намедонад, ки кай интиҳо фаро мерасад. Ҳангоми батафсил номбар кардани «аломати ... охирзамон» Исо қайд кард: «Он рӯз ва соатро, ғайр аз Падар касе намедонад, на фариштагони осмон на Писар» (Марқ. 13:32). Аз ин рӯ, ба кори мавъиза чун кори фаврӣ нигаристан барои баъзеҳо шояд сол аз сол душвор гардад, хусусан агар онҳо омадани интиҳоро солҳои дароз интизор бошанд (Мас. 13:12). Оё шумо баъзан худро чунин эҳсос мекунед? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то ба супорише, ки Яҳува Худо ва Исои Масеҳ ба мо супоридаанд, чун ба кори фаврӣ муносибат кунем?

Намунаи Исо

5. Аз чӣ маълум аст, ки Исо таъхирнопазирии хизмати худро дарк мекард?

5 Аз байни ҳамаи касоне, ки фаврӣ будани хизмати Худоро дарк мекарданд, Исои Масеҳ намунаи олитарин мебошад. Исо дар хизмат таъхирнопазирӣ зоҳир мекард ва яке аз сабабҳои ин дар он буд, ки ӯ, дар давоми ҳамагӣ сеюним сол бояд корҳои ниҳоят зиёдро ба анҷом мерасонд. Бо вуҷуди ин, Исо дар алоқамандӣ бо ибодати ҳақиқӣ чунон корҳои бисёреро иҷро намуд, ки ҳеҷ каси дигар накарда буд. Исо одамонро бо номи Падараш ва иродаи Ӯ шинос кард, ба онҳо хушхабари Салтанатро мавъиза намуд, риёкоронаву дурӯғ будани таълимотҳои сарварони диниро фош кард ва ҳокимияти Яҳуваро ҳатто то дами марг дастгирӣ намуд. Ӯ қуввати худро дареғ надошта, роҳҳои дарозро тай менамуд, то одамонро таълим диҳад, ба онҳо кӯмак кунад ва шифо бахшад (Мат. 9:35). Ҳеҷ кас дар чунин муддати кӯтоҳ ин қадар корҳои зиёдро иҷро накарда буд. Исо то ҳадди имконпазир сахт меҳнат мекард (Юҳ. 18:37).

6. Исо чиро дар ҳаёташ кори аввалиндараҷа меҳисобид?

6 Чӣ Исоро бармеангехт, ки дар тӯли тамоми хизматаш пайваста меҳнат кунад? Аз пешгӯии Дониёл Исо дониста метавонист, ки Яҳува ба ӯ чӣ қадар вақт додааст (Дон. 9:27). Хизмати заминии вай дар нисфи «ҳафтсола», яъне баъди сеюним сол бояд ба анҷом мерасид. Чанде пас аз он ки баҳори соли 33–юми эраи мо Исо ботантана ба Ерусалим дохил шуд, вай гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад» (Юҳ. 12:23). Ҳарчанд Исо медонист, ки марги ӯ наздик аст, вай диққаташро ба ин фикр равона намекард ва сабаби сахт меҳнат карданаш асосан ин набуд. Ӯ тамоми имкониятро истифода бурда, иродаи Падарашро иҷро мекард ва ба одамон муҳаббат зоҳир менамуд. Ин муҳаббат ӯро барангехт, ки шогирдон ҷамъ намояд, онҳоро таълим диҳад ва ба мавъиза фиристад. Исо ба он мақсад чунин кард, ки шогирдон кори оғозбахшидаи ӯро давом диҳанд ва ҳатто корҳои бузургтарро ба анҷом расонанд. (Юҳанно 14:12–ро бихонед.)

7, 8. Он ки Исо маъбадро тоза кард, ба шогирдонаш чӣ гуна таъсир кард ва чаро ӯ ин тавр рафтор кард?

7 Як воқеа аз ҳаёти Исо хусусан равшан нишон медиҳад, ки ӯ дар хизмат чӣ гуна ғайрат дошт. Ин воқеа дар оғози хизмати заминиаш, ҳангоми иди Фисҳи соли 30–юми эраи мо рӯй дода буд. Исо ва шогирдонаш ба Ерусалим даромаданд ва диданд, ки «дар маъбад фурӯшандагони гову гӯсфанд ва саррофон нишастаанд». Исо чӣ кор кард ва он ба шогирдонаш чӣ гуна таъсир намуд? (Юҳанно 2:13–17-ро бихонед.)

8 Он чи ки Исо дар он лаҳза кард ва гуфт, ба шогирдонаш суханони як таронаи Довуди забурнависро, ки пешгӯӣ буд, хотиррасон намуданд. Ӯ гуфта буд: «Рашк [«ғайрат», ТФ]–и хонаи ту маро хӯрдааст» (Заб. 68:10, [69:9]). Чаро шогирдон маҳз суханони ин забурро ба хотир оварданд? Зеро танҳо шахсе, ки ба хонаи Худо чунин ғайрат дорад, чунин кори хатарнокро карда метавонист. Охир аз паси тамоми он савдои даромаднок шахсони обрӯманди маъбад — коҳинон, китобдорон ва ғайраҳо — меистоданд. Корҳои фиребгаронаву найрангҳои онҳоро фош намуда, Исо ба муқобили ҳокимияти динии онвақта баромад. Чӣ хеле ки шогирдон ба вазъият дуруст баҳо доданд, ин рафтори Исо ғайрати ӯро нисбати хонаи Худо ё ибодати ҳақиқӣ нишон медод. Лекин ғайрат чист?

Ғайрат чист?

9. «Ғайрат»–ро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?

9 Фарҳанги забони точикӣ як маънои калимаи «ғайрат»–ро чун саъю ҳаракати бисёр, ҷуръат ва ҷасорат шарҳ медиҳад. Бешубҳа, дар хизмати Исо ҳамаи ин хусусиятҳоро дидан мумкин буд. Аз ин рӯ, дар яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ояти Забур 68:10 чунин садо медиҳад: «Садоқати ман ба хонаи Ту, эй Худо, дар дарунам мисли оташ аланга мезанад» («Today’s English Version»). Аҷоиб аст, ки дар баъзе забонҳои шарқӣ калимаи «ғайрат» аз ду калима — «дил» ва «ҷӯшон» иборат аст. Яъне дар дили шахси боғайрат гӯё оташ аланга мезанад. Ва тааҷҷубовар нест, ки чаро шогирдон кори дар маъбад кардаи Исоро дида, суханони Довудро ба хотир оварданд. Лекин чӣ дар дили Исо оташ меафрӯхт ва ӯро бармеангехт, ки маҳз ҳамин тавр рафтор кунад?

10. Дар Китоби Муқаддас калимаи «ғайрат» ба кадом маъно истифода бурда мешавад?

10 Калимаи «ғайрат» дар забури Довуд аз калимаи иброние гирифта шудааст, ки он дар оятҳои дигари Китоби Муқаддас бисёр вақт чун «рашк» ё «ғаюр» тарҷума мешавад. Дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» ин калима баъзан «талаб кардани садоқатмандии пурра» тарҷума шудааст (Хур. 20:5; 34:14; Еҳ. 24:19). Дар як луғати Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ин калимаи ибронӣ аксаран дар муносибати байни зану шавҳар истифода бурда мешавад. Чӣ тавре ки зан ё шавҳар комилан ҳуқуқ доранд, ки аз якдигар садоқатмандии пурра интизор шаванд, айнан ҳамин тавр Худо низ ҳуқуқ дорад, ки аз шахсоне, ки худро ба Ӯ бахшидаанд, садоқатмандии пурра интизор шавад. Ва Ӯ инро талаб мекунад. Ҳамин тавр, дар Китоби Муқаддас калимаи ғайрат аз саъю ҳаракати бисёре, ки шахс дар ягон кор, масалан, дар ягон намуди варзиш зоҳир мекунад, чизи бештареро дар бар мегирад. Ғайрати Довуд бо рашки мусбӣ алоқаманд буд. Шахсе, ки чунин ғайрат дорад, агар бинад, ки касе бо Худо рақобат мекунад ё Ӯро бадгӯӣ менамояд, ба ин тоқат карда наметавонад. Вай сахт мехоҳад, ки номи неки Яҳуваро муҳофизат кунад ва онро аз бадгӯӣ пок созад.

11. Чӣ Исоро бармеангехт, ки боғайратона рафтор намояд?

11 Шогирдони Исо хато накарданд, вақте рафтори Исоро дар маъбад дида, суханони Довудро ба хотир оварданд. Исо на фақат аз сабаби он ки мӯҳлати хизматаш ба охир расида истода буд, чунин рафтор кард, балки аз он сабаб, ки ӯ нисбати номи Падари худ ва ибодати ҳақиқӣ ғайрат ё рашк зоҳир мекард. Вақте Исо дид, ки номи Худо мавриди бадгӯӣ ва беҳурматӣ қарор гирифтааст, ғайрат ё рашки бамаврид ӯро барангехт, ки вазъиятро ислоҳ намояд. Вақте Исо медид, ки одамони фурӯтан аз дасти сарварони динӣ зулму ситам мебинанд, ғайрати ӯ вайро бармеангехт, ки ба онҳо оромиву тасаллӣ бахшад ва он сарварони бераҳмро сахт маҳкум намояд (Мат. 9:36; 23:2, 4, 27, 28, 33).

Дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир кунед

12, 13. а) Сарварони ҷаҳони масеҳият имрӯз бо номи Худо чӣ гуна рафтор менамоянд? б) Онҳо ба Салтанати Худо чӣ гуна муносибат мекунанд?

12 Вазъияти динии замони мо ба вазъияти динии рӯзҳои Исо монандӣ дорад ва онро ҳатто аз он ҳам бадтар гуфтан мумкин аст. Масалан, аввалин чизе ки Исо дар бораи он ба шогирдонаш дуо гуфтанро таълим дод — номи Худо буд. Ӯ дар дуо гуфт: «Исми Ту муқаддас бод!» (Мат. 6:9). Оё имрӯз сарварони динӣ, хусусан рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият, ба одамон таълим медиҳанд, ки ба Худо бо номаш муроҷиат кунанд ва ин номро ситоиш ва эҳтиром намоянд? Баръакс, онҳо бо таълимотҳои дурӯғин оиди Сегона, рӯҳи намиранда ва дӯзахи оташин дар бораи Худо чизи нодурустро таълим медиҳанд, ки дар натиҷа Худо ба назари одамон чун шахси пурасрор, дастнорас, бераҳм ва ҳатто золим метобад. Онҳо ҳамчунин бо корҳои нанговар ва риёкории худ номи Худоро беҳурмат месозанд. (Румиён 2:21–24-ро бихонед.) Илова бар ин, онҳо бо ҳар роҳ номи Худоро пинҳон мекунанд ва ҳатто аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддаси худ онро мегиранд. Ҳамин тавр, онҳо ба одамон роҳ намедиҳанд, ки бо Худо наздик шаванд ва бо ӯ муносибатҳои шахсӣ инкишоф диҳанд (Яъқ. 4:7, 8).

13 Исо ҳамчунин пайравонашро таълим медод, ки дар бораи Салтанати Худо дуо гӯянд. Ӯ дар дуояш гуфт: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 6:10). Ҳарчанд сарварони дини масеҳият ин дуоро бисёр зикр мекунанд, онҳо одамонро ба дастгирӣ кардани ташкилотҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои инсонӣ ташвиқ менамоянд. Ғайр аз ин, онҳо шаъни касонеро, ки мавъиза кардан мехоҳанду оиди Салтанат ба дигарон шаҳодат медиҳанд, паст мезананд. Ва дар натиҷа, бисёри касоне, ки худро масеҳӣ меноманд, мавзӯи Салтанати Худоро дигар муҳокима намекунанд ва ҳатто ба он имон надоранд.

14. Чӣ тавр рӯҳонияти ҷаҳони масеҳӣ Каломи Худоро таҳриф мекунад?

14 Дар дуо ба Худо муроҷиат карда, Исо равшан қайд кард: «Каломи Ту ростист» (Юҳ. 17:17). Пеш аз он ки заминро тарк кунад, Исо таъкид намуд, ки ӯ «ғуломи мӯътамад ва доно»–ро таъин хоҳад кард, то ки вай ба халқи ӯ ғизои рӯҳонӣ диҳад (Мат 24:45). Рӯҳонияти ҷаҳони масеҳият даъво мекунанд, ки ба халқ Каломи Худоро таълим медиҳанд. Лекин оё онҳоро дар иҷрои коре, ки Оғо ба онҳо супоридааст, содиқ гуфтан мумкин аст? Не. Онҳо аксар вақт суханони Китоби Муқаддасро чун афсонаву қисса пешкаш мекунанд. Ба ҷои он ки рамаи худро тавассути ғизои рӯҳонӣ дониш ва тасаллӣ бахшанд, рӯҳониён ба шахсоне, ки ба калисо меоянд, фалсафаи инсонӣ, яъне чизҳои ба гӯши онҳо форамро мегӯянд. Илова бар ин, онҳо аҳамияти меъёрҳои ахлоқии Худоро паст мекунанд ва ба он мекӯшанд, ки он меъёрҳоро ба ахлоқи «ҳозиразамон» мувофиқ созанд (2 Тим. 4:3, 4).

15. Корҳое, ки рӯҳониён аз номи Худо мекунанд, дар шумо чӣ гуна эҳсосотро пайдо мекунанд?

15 Азбаски ҳамаи ин корҳоро диндорон гӯё аз номи Худои Китоби Муқаддас мекунанд, бисёр одамони самимӣ яъсу ноумед гашта, имонашонро ҳам ба Худо ва ҳам ба Китоби Муқаддас тамоман гум кардаанд. Онҳо асири Шайтон ва тартиботи шариронаи вай шудаанд. Вақте ки шумо ҳар рӯз чунин корҳоро мебинед ва мешунавед, чӣ эҳсос мекунед? Вақте мебинед, ки чӣ тавр номи Худо мавриди беҳурматӣ қарор мегирад, оё дар шумо, чун хизматгори Яҳува чунин хоҳиш пайдо намешавад, ки барои аз бадгӯӣ пок сохтани номи Худо ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед? Вақте мебинед, ки одамони самимӣ ва ростқавлро фиреб медиҳанд ва ба манфиати худ истифода мебаранд, оё шумо намехоҳед, ки шахсони андӯҳгинро тасаллӣ бахшед? Вақте Исо медид, ки дар рӯзҳои ӯ одамон «мисли гӯсфандони бечӯпон бемадор ва пароканда»–анд, вай на танҳо раҳмаш меомад. Ӯ ба онҳо чизҳои бисёрро таълим медод (Мат. 9:36; Марқ. 6:34). Мо ҳам бояд чун Исо дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир кунем.

16, 17. а) Чӣ бояд моро барангезад, ки дар хизмат қуввати худро сарф намоем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

16 Вақте ки мо ба хизмати худ аз чунин нуқтаи назар менигарем, суханони Павлуси расул аз 1 Тимотиюс 2:3, 4 бароямон маънои махсус мегиранд. (Оятҳоро бихонед.) Мо на танҳо аз сабаби дар охирзамон зистанамон дар кори Худованд бисёр меҳнат мекунем, балки ҳамчунин аз сабаби он ки ин иродаи Худо аст. Ӯ мехоҳад, ки одамон ҳақиқатро фаҳманд ва тавонанд ба Ӯ ибодат ва хизмат кунанд ва соҳиби баракатҳо гарданд. Мо дар хизмат қувватамонро пеш аз ҳама на барои он сарф мекунем, ки вақт кам мондааст, балки мо мехоҳем номи Худоро ҷалол диҳем ва ба одамон дар фаҳмидани иродаи Ӯ ёрдам кунем. Мо дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир мекунем (1 Тим. 4:16).

17 Чун халқи Яҳува бароямон баракат аст, ки мо ҳақиқатро оиди иродаи Худо нисбати замин ва инсоният медонем. Мо имконият дорем, ки ба одамон кӯмак кунем, то онҳо хушбахтӣ ёбанд ва нисбати оянда умеди ҳақиқӣ дошта бошанд. Мо метавонем ба онҳо нишон диҳем, ки чӣ тавр ҳангоми нобудшавии тартиботи шариронаи Шайтон наҷот ёфтан мумкин аст (2 Тас. 1:7–9). Аз он ки рӯзи Яҳува ба назарамон дер монда истодааст, мо набояд зиқу рӯҳафтода шавем. Баръакс мо хурсандӣ мекунем, ки барои дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир кардан ҳоло вақт дорем (Мик. 7:7; Ҳаб. 2:3). Чӣ тавр мо чунин ғайратро дар худ зиёд карда метавонем? Ин мавзӯъ дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳад шуд.

Оё шумо фаҳмонда метавонед?

• Чӣ Исоро бармеангехт, ки дар тамоми муддати хизматаш сахт меҳнат кунад?

• Калимаи «ғайрат» дар Китоби Муқаддас» ба кадом маъно истифода бурда мешавад?

• Кадом корҳое, ки мо имрӯз мебинем бояд моро барангезанд, ки дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир кунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 8]

Диққати Исо ба он равона буд, ки иродаи Падарашро иҷро кунад ва ба одамон муҳаббат зоҳир намояд

[Tасвир дар саҳифаи 10]

Дар ибодати ҳақиқӣ мо бояд ғайрат зоҳир кунем