Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Алҳол вақти мусоид аст»

«Алҳол вақти мусоид аст»

«Алҳол вақти мусоид аст»

«Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст» (2 ҚӮР. 6:2).

1. Чаро мо бояд бифаҳмем, ки кадом кор бароямон муҳим аст?

«БАРОИ ҳар чиз замоне ҳаст, ва барои ҳар кор дар таҳти осмон вақте ҳаст» (Воиз 3:1). Сулаймон навишта буд, ки барои ҳар гуна амали арзанда — хоҳ он деҳқонӣ бошад, хоҳ сайру саёҳат, хоҳ кор ва хоҳ муошират бо дигарон — муайян кардани вақти мусоид хеле муҳим аст. Илова бар ин мо ҳамчунин бояд муайян созем, ки дар ин ё он фурсат кадом кор бароямон муҳимтарин аст. Бо суханони дигар, мо бояд донем, ки кадом чиз дар ҳаёти мо дар ҷои аввал меистад.

2. Мо аз чӣ мефаҳмем, ки Исо ҳангоми дар замин буданаш хуб дарк мекард, ки дар кадом вақт зиндагӣ дорад?

2 Ҳангоми дар замин буданаш, Исо хуб дарк мекард, ки дар кадом вақт зиндагӣ дорад ва кадом корҳоро бояд иҷро кунад. Ӯ нағз дар хотир медошт, ки барояш кадом чиз аввалиндараҷа аст ва медонист, ки вақти иҷрошавии бисёр пешгӯиҳои масеҳоӣ, ки онро одамон дер боз интизоранд, расидааст (1 Пет. 1:11; Ваҳй 19:10). Исо мебоист корҳои зиёдеро иҷро кунад, то равшан маълум гардад, ки ӯ Масеҳи ваъдашуда аст. Ӯ бояд дар бораи ҳақиқати Салтанати Худо ба таври пурра шаҳодат медод ва касонеро, ки дар оянда ҳамроҳаш ворисони Салтанат мешуданд, ҷамъ мекард. Ҳамчунин ӯ бояд ба ҷамъомади масеҳӣ, ки бояд хушхабарро то ақсои замин мавъиза мекарду бо кори шогирдсозӣ машғул мешуд, таҳкурсӣ мегузошт (Марқ. 1:15).

3. Ба рафтори Исо донистани он ки дар кадом вақт зиндагӣ мекунад, чӣ тавр таъсир мекард?

3 Донистани ин ба ҳаёти Исо таъсири мусбӣ мерасонд ва ӯро бармеангехт, ки бо ғайрат иродаи Падарро ба ҷо орад. Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Луқ. 10:2; Мал. 4:5, 6). Исо аввал 12 ва сипас 70 шогирд интихоб кард ва ба онҳо дастуроти махсус дода, ба мавъизаи хабари зерин фиристод: «Малакути Осмон наздик аст». Дар бораи худи ӯ мо мехонем: «Чун Исо насиҳатгӯиро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то ки дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад» (Мат. 10:5–7; 11:1; Луқ. 10:1).

4. Дар чӣ Павлус ба Исои Масеҳ тақлид мекард?

4 Исо дар ғайрат ва садоқатмандӣ барои ҳамаи пайравонаш намунаи комил буд. Ба ин ишора намуда, Павлуси расул ҳамимононашро даъват намуд: «Ба ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам» (1 Қӯр. 11:1). Павлус дар чӣ ба Масеҳ тақлид мекард? Пеш аз ҳама дар он ки ӯ қуввати худро дареғ надошта хушхабарро мавъиза мекард. Дар номаҳое, ки Павлус ба ҷамъомадҳо навиштааст, мо чунин суханонро, мисли «ҷидду ҷаҳдро суст накунед», «Худовандро бандагӣ намоед», «ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед» ва «ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад», вомехӯрем (Рум. 12:11; 1 Қӯр. 15:58; Қӯл. 3:23). Павлус ҳеҷ гоҳ воқеаи дар роҳи Димишқ рӯйдода ва суханони зерини Исоро, ки эҳтимол Ҳанониёи шогирд баъдтар ба ӯ расонда буд, фаромӯш намекард: «Ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил эълон намояд» (Аъм. 9:15; Рум. 1:1, 5; Ғал. 1:16).

«Вақти мусоид»

5. Чӣ Павлусро бармеангехт, ки бо ғайрат хизмат кунад?

5 Ҳангоми хондани китоби Аъмол далерӣ ва ғайрате, ки Павлуси расул дар хизмат зоҳир мекард, ба таври равшан ба чашм мерасад (Аъм. 13:9, 10; 17:16, 17; 18:5). Павлус аҳамияти вақтеро, ки дар он зиндагӣ мекард, дарк менамуд. Ӯ гуфт: «Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст» (2 Қӯр. 6:2). Соли 537–и то эраи мо барои ба ватан баргаштани шахсони дар асирии Бобил буда вақти мусоид буд (Иш. 49:8, 9). Лекин Павлус дар бораи кадом вақти мусоид сухан ронд? Ба фаҳмидани ин контексти оят кӯмак мекунад.

6, 7. Ба масеҳиёни тадҳиншуда имрӯз кадом имтиёзи бузург дода шудааст ва кӣ ҳамроҳи онҳо меҳнат мекунад?

6 Чанде пеш дар номаи худ, Павлус дар бораи имтиёзи бузурге, ки ба ӯ ва дигар масеҳиёни тадҳиншуда дода шуда буд, сухан ронд. (2 Қӯринтиён 5:18–20-ро бихонед.) Ӯ фаҳмонд, ки онҳоро Худо бо мақсади махсус — барои «хизмати мусолиҳа» даъват кардааст, то онҳо одамонро илтимос кунанд, ки «бо Худо мусолиҳа» намоянд, яъне бо Ӯ дӯстӣ ва сулҳро барқарор намоянд.

7 Аз замони исёни дар боғи Адан рӯйдода тамоми инсоният аз Яҳува бегона ва дур шудааст (Рум. 3:10, 23). Аз сабаби чунин бегонашавӣ инсоният дар кулли худ гирифтори зулмоти рӯҳонӣ гашт, ки он ба азобу уқубат ва марг оварда расонд. «[Мо] медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад»,— навишта буд Павлус (Рум. 8:22). Лекин Худо чораҳои муайян андешид, то одамонро даъват намояд, ҳатто «илтимос» кунад, ки онҳо сӯи Ӯ баргарданд, яъне бо Ӯ оштӣ шаванд. Чунин хизмат дар асри як ба Павлус ва дигар масеҳиёни тадҳиншуда дода шуда буд. Он «вақти мусоид» барои касоне, ки ба Исо имон меоварданд, «рӯзи наҷот» шуда метавонист. Ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳамроҳонашон «гӯсфандони дигар», ки якҷоя бо онҳо меҳнат мекунанд, имрӯз низ одамонро даъват менамоянд, ки аз «вақти мусоид» истифода баранд (Юҳ. 10:16).

8. Чӣ «даъвати мусолиҳа»–ро ҷолиб мегардонад?

8 «Даъвати мусолиҳа»–ро, яъне даъватеро, ки Худо бо он одамонро ба сулҳ даъват менамояд, чӣ боз ҳам ҷолибтар мегардонад? Дар асл, дар вайрон шудани муносибати Худову одамон як тараф айбдор буд — одамон дар боғи Адан ба муқобили Худо исён бардоштанд. Бо вуҷуди ин, барои барқарор кардани ин муносибатҳо Худо қадами аввал гузошт (1 Юҳ. 4:10, 19). Ӯ чӣ кор кард? Павлус мегӯяд, ки Худо тавассути Масеҳ «аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд» (2 Қӯр. 5:19; Иш. 55:6).

9. Павлус миннатдории худро нисбати раҳмдилии Худо чӣ тавр нишон медод?

9 Ба туфайли қурбонии фидия Яҳува имконпазир сохт, ки касоне ки ба он имон зоҳир мекунанд, бахшиши гуноҳҳоро ба даст оранд ва дӯстиву сулҳро бо Ӯ барқарор намоянд. Ҳамчунин Яҳува қосидонашро фиристод, то дар ҳама ҷо одамонро даъват намоянд, ки то даме ки имконпазир аст, бо Ӯ мусолиҳа ё оштӣ кунанд. (1 Тимотиюс 2:3–6-ро бихонед.) Азбаски Павлус иродаи Худоро медонисту дар кадом вақт зиндагӣ карда истоданашро дарк менамуд, ӯ пайваста ва фидокорона «хизмати мусолиҳа»–ро ба ҷо меовард. Иродаи Яҳува дигар нашудааст. Дар замони мо низ Ӯ ба одамон дасти худро дароз мекунад. «Алҳол вақти мусоид аст» ва «алҳол рӯзи наҷот аст» гуфтани Павлус ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардааст. То чӣ андоза раҳмдилу дилсӯз аст Яҳува Худо! (Хур. 34:6, 7).

Мақсади ин «файзи Худоро» аз хотир набароред

10. «Рӯзи наҷот» барои тадҳиншудагон дар гузашта чӣ маъно дошт ва дар рӯзҳои мо чӣ маъно дорад?

10 Аввалин касоне, ки ин зуҳуроти файзи Худоро эҳсос карданд, масеҳиёни тадҳиншуда буданд (2 Қӯр. 5:17, 18). Барои онҳо «рӯзи наҷот» дар Пантикости соли 33–юми эраи мо оғоз ёфт. Аз он вақт инҷониб ба чунин хизматгорони Худо супориши эълон кардани «каломи мусолиҳа» дода шуд. Имрӯз бақияи масеҳиёни тадҳиншуда чун пештара «хизмати мусолиҳа»–ро ба ҷо меоранд. Онҳо дарк мекунанд, ки чор фариштае, ки Юҳаннои расул дар рӯъё дида буд, «чор боди заминро» сахт нигоҳ медоранд, то ки ба замин ҳеҷ «бод навазад». Ва ҳамин тавр, «рӯзи наҷот» ва «вақти мусоид» то ба ҳол давом ёфта истодааст (Ваҳй 7:1–3). Аз ин рӯ, аз аввали асри 20 сар карда, бақияи тадҳиншудагон «хизмати мусолиҳа»–ро бо ғайрат ба ҷо меоранд ва мекӯшанд, ки даъвати Худоро то гӯшаю канорҳои дурдасти замин расонанд.

11, 12. Чӣ тавр масеҳиёни тадҳиншуда дар аввали асри 20 нишон доданд, ки дар мавсими дарав зиндагӣ мекунанд?

11 Масалан, чӣ тавре ки дар китоби «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» (рус.) қайд шудааст, дар аввали асри 20 «Ч. Т. Рассел ва ҳамроҳони ӯ эътимоди қавӣ доштанд, ки дар мавсими дарав зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи одамон бояд ҳақиқати озодибахшро шунаванд». Барои ин онҳо чӣ кор карданд? Дар мавсими дарав, дар «вақти мусоид» зистанашонро дарк намуда, ин бародарон танҳо ба вохӯрии динӣ таклиф кардани одамонро кифоя намеҳисобиданд. Рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият бошанд, муддати бардавом маҳз бо ин кор машғул буданд. Он масеҳиёни тадҳиншуда, тарзҳои дигари паҳн кардани хушхабарро дида мебаромаданд. Масалан, онҳо барои самараноктар иҷро кардани кори худ техникаю технологияи навтаринро истифода мебурданд.

12 Барои паҳн кардани хушхабари Салтанат ин гурӯҳи хурди ходимони боғайрат аз рисолаҳо, брошураҳо, маҷаллаҳо ва китобҳо истифода мебурданд. Онҳо бо мақсади мавъизакунӣ барои ҳазорон рӯзномаҳо нутқу мақолаҳо тайёр мекарданд. Онҳо ҳамчунин дар асоси Китоби Муқаддас барномаҳо тайёр карда, тавассути шабакаҳои милливу байналхалқии радиошунавонӣ баромад мекарданд. Ҳатто пеш аз он ки саноати филмсозӣ филмҳои овоздор истеҳсол кунад, бародарони мо ба расму тасвирҳои ба ҳаракатдаровардашуда овоз сабт намуда, наворҳо нишон медоданд. Ин ғайрати сустнашавандаи онҳо чӣ натиҷа овард? Имрӯз тахминан ҳафт миллион одамон хушхабарро қабул намуда, дар эълон кардани даъвати «бо Худо мусолиҳа намоед» ҳамроҳ шуданд. Дар ҳақиқат, он ходимони пешини Яҳува қатъи назар аз имкониятҳои маҳдудашон дар ғайрат намунаи олиҷаноб гузоштаанд.

13. Кадом мақсади Худоро мо бояд дар хотир нигоҳ дорем?

13 «Алҳол вақти мусоид» гуфтани Павлус имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Меҳрубонии беҳамтои Яҳуваро дар худ эҳсос намуда, мо аз Ӯ бисёр миннатдорем, ки ба мо имконият дод, ки даъвати мусолиҳаро шунавем ва онро қабул кунем. Мо аз ин мағрур намешавем, баръакс, мақсади ин файзи Худоро аз хотир намебарорем (2 Қӯр. 6:1). Мақсади ин файзи Худо дар он аст, ки тавассути Масеҳ «аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа» диҳад (2 Қӯр. 5:19).

14. Дар бисёр мамлакатҳо кадом имкониятҳо пайдо мешаванд?

14 Аксарияти одамоне, ки Шайтон гумроҳ кардааст, то ҳол аз Худо бегонаанд ва мақсади ин файзи Худоро намедонанд (2 Қӯр. 4:3, 4; 1 Юҳ. 5:19). Лекин бисёри одамон шароити бадшудаистодаи ҷаҳонро дида ба андеша мераванд ва вақте ки мо ба онҳо мефаҳмонем, ки сабаби бадӣ ва азобҳои одамон — аз Худо бегона будани инсоният аст, онҳо мавъизаи моро гӯш мекунанд. Ҳатто дар он мамлакатҳое, ки пештар аксар одамон ба кори мавъиза бепарво буданд, имрӯз бисёриҳо хушхабарро қабул мекунанд ва барои бо Худо оштӣ шудан қадамҳои лозима мегузоранд. Пас, ҳоло маҳз вақти он аст, ки мо даъвати «бо Худо мусолиҳа намоед»–ро бо ғайрати бештар ба дигарон расонем.

15. Ба ҷои мавъиза кардани он чизе ки одамон шунидан мехоҳанд, мо кадом хабарро ба онҳо мавъиза мекунем?

15 Вазифаи мо ба одамон гуфтани он нест, ки агар онҳо ба Худо рӯ оранд, Ӯ ҳамаи проблемаҳояшонро ҳал мекунад ва онҳо худро беҳтар эҳсос хоҳанд намуд. Бисёри одамон маҳз бо мақсади шунидани чунин суханон ба калисо мераванд. Ва рӯҳониён ба одамон он чиро ки онҳо шунидан мехоҳанд, мегӯянд (2 Тим. 4:3, 4). Мақсади хизмати мо ин нест. Хушхабаре, ки мо мавъиза мекунем дар он аст, ки Яҳува аз муҳаббат тайёр аст гуноҳҳоро тавассути Масеҳ бахшад. Ҳамин тавр, одамон аз бегонагӣ бо Худо раҳо ёфта, бо Худо мусолиҳа карда метавонанд (Рум. 5:10; 8:32). Лекин ин «вақти мусоид» босуръат ба охир расида истодааст.

«Рӯҳи пурҳарорат дошта бошед»

16. Ба туфайли чӣ Павлус далерӣ ва истодагарӣ зоҳир мекард?

16 Чӣ тавр мо метавонем дар ибодати ҳақиқӣ ғайрати худро зиёд гардонем ва онро нигоҳ дорем? Баъзеҳо шояд табиатан шармгину камгап бошанд ва ба онҳо озодона муошират кардан душвор бошад. Лекин бояд дар хотир дорем, ки зоҳир кардани ғайрат аз сухандон будан ё набудани кас ва аз хислати шахс вобаста нест. Павлус нишон дод, ки он аз чӣ сарчашма мегирад. Ӯ ба ҳамимонон гуфт: «Рӯҳи пурҳарорат дошта бошед» (Рум. 12:11). Дар далериву истодагарие, ки расулон дар кори мавъиза зоҳир мекарданд, рӯҳи Яҳува нақши асосӣ мебозид. Дар давоми зиёда аз 30 сол — аз замони шогирди Исо шудан то ҳабси охирин ва қатли пуразоб дар Рум — ғайрати Павлус коста нагардид. Вай ҳамеша ба Худо, ки тавассути рӯҳулқудсаш ӯро дастгирӣ мекард, такя менамуд. «Ба туфайли Оне, ки қувват мебахшадам, ҳама кор аз дастам меояд»,— гуфт ӯ (Фил. 4:13, ТДН). Мо аз намунаи Павлус бисёр чизҳоро омӯхта метавонем!

17. Чӣ тавр мо «рӯҳи пурҳарорат» дошта метавонем?

17 Калимае, ки дар Румиён 12:11 «пурҳарорат» тарҷума шудааст, дар асл, маънои «ҷӯшидаистода»–ро дорад. Барои он ки оби чойник ҷӯшон истад, онро дар алав доштан лозим аст. Мисли ин, барои «рӯҳи пурҳарорат» доштан мо ҳамеша ба рӯҳулқудси Худо ниёз дорем. Барои рӯҳулқудси Худоро дар худ доштан мо бояд аз ҳамаи он чизҳое, ки Яҳува барои рӯҳан қувват бахшидани мо пешкаш мекунад, истифода барем. Ин маънои онро дорад, ки мо ба ибодати Ӯ, чӣ дар оила ва чӣ дар ҷамъомад, бояд ҷиддӣ нигоҳ кунем, яъне мунтазам омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавӣ гузаронем, дуо гӯем ва ба вохӯриҳо ҳамроҳи ҳамимонон ҷамъ оем. Ин ҳамон «алаве» хоҳад буд, ки барои «ҷӯшидан» ва ҳамеша «рӯҳи пурҳарорат» доштан ба мо кӯмак мекунад. (Аъмол 4:20; 18:5–ро бихонед.)

18. Чун масеҳиён диққати мо бояд ба кадом мақсад равона бошад?

18 Шахсе, ки тамоми фикру хаёлашро пурра ба мақсаде равона кардааст, намегузорад, ки диққаташ парешон шавад ва дар ҳолати рӯй додани ягон нобарорӣ вай дарҳол аз мақсадаш даст намекашад. Чун масеҳиён, мақсади мо ин аст, ки ҳар он чӣ ки Яҳува аз мо интизор аст, ба ҷо орем, айнан ҳамон тавре ки Исо мекард (Ибр. 10:7). Имрӯз иродаи Яҳува дар он аст, ки шумораи ҳар чӣ бештари одамон бо Ӯ оштӣ шаванд. Пас, биёед мисли Исо ва Павлус бо ғайрат дар кори аз ҳама муҳим ва фаврӣ, ки бояд дар рӯзҳои мо иҷро шавад, иштирок намоем.

Оё шумо дар хотир доред?

• «Хизмати мусолиҳа», ки ба Павлус ва дигар масеҳиёни тадҳиншуда супорида шуда буд, чиро дар бар мегирад?

• Чӣ тавр бақияи тадҳиншудагон «вақти мусоид»-ро хуб истифода бурданд?

• Масеҳиён чӣ тавр «рӯҳи пурҳарорат» дошта метавонанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 12]

Павлус ҳеҷ гоҳ аз хотир намебаровард, ки дар роҳи Димишқ чӣ рӯй дода буд