Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Боғи Адан. Оё он воқеан ҳам хонаи аввалини инсон буд?

Боғи Адан. Оё он воқеан ҳам хонаи аввалини инсон буд?

Боғи Адан. Оё он воқеан ҳам хонаи аввалини инсон буд?

ХУДРО дар боғе тасаввур кунед. Фазои он ҷо аз муҳити имрӯзаи шаҳр, ки одатан дар ҷӯшу хурӯш аст, тамоман фарқ мекунад. Ин боғ фарроху зебо аст. Вале аз ҳама муҳимаш он, ки шумо дар дил оромӣ дореду соқу саломатед ва аз ҳаёт пурра баҳра мебаред.

Шумо ба гулҳои дарахтон, ҷилои дарёчаҳо, растаниҳои гуногун ва сабзазор назар меафканед. Шамолаки фораме бошад, бӯйи хуши табиати гирду атрофро ба димоғатон мерасонад. Инчунин шибир-шибири баргҳо, садои мавҷи дарё, овози ҳашарот ва сурудхонии парандагонро мешунавед. Магар дар чунин ҷойи зебо зиндагӣ кардан намехостед?

Одамон бовар доранд, ки аввалин инсон дар чунин боғ зиндагӣ мекард. Тӯли асрҳо динҳои яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом таълим медиҳанд, ки Худо Одам ва Ҳавворо дар Адан ном боғе ҷойгир карда буд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки онҳо дар он ҷо ҳаёти хушбахтона ба сар мебурданд. Одаму Ҳавво бо якдигар муносибати хуб доштанд, ҳайвонот ба онҳо зарар намерасонданд ва аз ҳама муҳимаш онҳо ба Офаридгор наздик буданд. Худо аз рӯйи меҳру вафояш ба онҳо имкон дод, ки дар он боғи зебо то абад зиндагӣ кунанд (1 Мӯсо 2:15–24).

Пайравони дини ҳиндуӣ низ дар бораи биҳиште, ки дар замонҳои қадим вуҷуд дошт, ақидаи худро доранд. Буддистҳо бовар доранд, ки пешвоёни рӯҳонӣ ё худ Буддоҳо дар асрҳои тиллоие пайдо шудаанд, ки дар рӯйи замин шароити биҳиштосо буд. Дар бисёр динҳои Африқо низ қиссаҳое ҳастанд, ки ба саргузашти Одам ва Ҳавво хеле монанданд.

Бояд гуфт, ки дар таълимоти бисёр динҳо ва урфу одатҳои инсонӣ боварӣ ба биҳишти аввала дида мешавад. Як диншинос гуфтааст: «Бисёр одамоне, ки дар замонҳои гуногун зиндагӣ мекарданд, бовар доштанд, ки чандин аср пеш биҳиште вуҷуд дошт, ки дар он ҷо шароити хуб, озодӣ, сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва сериву пурӣ будааст... Дар асоси ин эътиқод одамон имрӯз биҳиштеро, ки аз даст рафтааст, вале фаромӯш нашудааст, ҳавас мекунанд ва орзу доранд, ки онро барқарор намоянд».

Оё чунин шуданаш мумкин аст, ки ҳамаи ин қиссаҳо ва урфу одатҳо як сарчашма дошта бошанд? Оё орзу кардани биҳишти рӯйи замин ягон асос дорад? Оё боғи Адан ва Одаму Ҳавво, дар ҳақиқат, ягон вақт вуҷуд доштанд?

Баъзе одамон ба ин ақида бовар надоранд. Дар ин замони пешрафти илм бисёриҳо мегӯянд, ки чунин қиссаҳо танҳо ривояту афсонаанд. Бояд гуфт, ки на танҳо касоне, ки аз дин дуранд, балки бисёр пешвоёни дин низ таълим медиҳанд, ки боғи Адан вуҷуд надошт. Ба ақидаи онҳо, ишора ба он боғ маънои аслӣ надорад, балки танҳо як мисоли бофта ва афсонаву ривоят аст.

Албатта, дар Китоби Муқаддас мисолҳо зиёданд, ки машҳуртаринашонро Ҳазрати Исо гуфтааст. Лекин дар саҳифаҳои он боғи Адан чун ҷойи таърихӣ тасвир шудааст. Як фикр кунед, агар ин боғ дар асл вуҷуд намедошт, пас, дигар порчаҳои Китоби Муқаддас низ сазовори боварӣ намебуданд. Аз ин рӯ биёед фаҳмем, ки чаро баъзе одамон ба вуҷуд доштани боғи Адан бовар надоранд. Оё ақидаҳои онҳо асос доранд? Сипас мебинем, ки чаро дар бораи боғи Адан ҳақиқатро фаҳмидан муҳим аст.