Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Иблисро Худо офаридааст?

Оё Иблисро Худо офаридааст?

Хонандагони мо савол медиҳанд...

Оё Иблисро Худо офаридааст?

▪ Азбаски Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо «ҳама чизро офаридааст», баъзеҳо ба хулоса меоянд, ки Иблисро Худо офаридааст (Эфсӯсиён 3:9; Ваҳй 4:11). Китоби Муқаддас равшан нишон медиҳад, ки ин тавр нест.

Яҳува шахсиятеро офарид, ки вай худаш Иблис гашт. Пас, вуҷуд доштани чунин шахсият, ки душмани асосии Худо мебошад, бояд бо суханоне, ки Навиштаҳо оиди Яҳува — Офаридгор мегӯянд, мувофиқ ояд. Дар бораи Худо чунин гуфта шудааст: «Амалиёти Ӯ комил аст, зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст; Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад, Ӯ одил ва ҳаққонист» (Такрори Шариат 32:3–5). Аз ин суханон мо метавонем чунин хулоса барорем, ки Шайтон як вақтҳо комил ва одил буд — ӯ яке аз фариштагони Худо буд. Вақте Исо гуфт, ки Иблис «дар ростӣ собит [яъне устувор] намонд», ӯ ишора кард, ки Шайтон замоне росткор ва беайб буд (Юҳанно 8:44).

Лекин чун дигар офаридаҳои соҳибақли Яҳува, фариштае, ки Шайтон гашт озодии ирода дошт ва худаш метавонист некӣ ё бадиро интихоб намояд. Ин фаришта роҳи муқобилият ба Худоро пеш гирифт ва ҷуфти аввалини инсониро барангехт, ки ба ӯ ҳамроҳ шаванд. Ҳамин тавр ӯ худашро Шайтон гардонд, ки маънояш «Муқобилаткунанда» аст (Ҳастӣ 3:1–5).

Он офаридаи рӯҳии золим ҳамчунин худро Иблис гардонд, ки маънояш «Тӯҳматчӣ» аст. Шайтон ба таври ба чашм ноаён аз паси мор истода, моҳирона дурӯғро истифода бурд ва Ҳавворо барангехт, ки қонуни аниқу равшани Офаридгорро вайрон кунад. Ана барои чӣ, Исо Шайтонро «падари дурӯғ» номид (Юҳанно 8:44).

Лекин чӣ тавр офаридаи рӯҳии комил, ки дар худ ягон нуқсоне надошт ва ҳеҷ чизе аз берун ба вай таъсири бад намерасонд, дар худ майли нодуруст пайдо кард? Ӯ аз афташ ташнаи ибодате буд, ки танҳо ба Худо тааллуқ дошт ва чунин имкониятро медид, ки одамонро зери ҳокимияти Яҳува неву зери ҳокимияти худ дарорад. Ба ҷои он ки ин имкониятро рад кунад, вай гузошт, ки ин хоҳиш торафт дар дилаш пурзӯр гардад ва оқибат ӯ онро амалӣ гардонд. Ин протсесс дар китоби Яъқуб тасвир шудааст: «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад. Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меоварад» (Яъқуб 1:14, 15; 1 Тимотиюс 3:6).

Мисоле меорем: Шахсеро тасаввур кунед, ки дар корхонае чун бухгалтер кор мекунад. Ӯ имкониятеро мебинад, ки бо роҳи фиреб ҳисоботро дигар карда, аз ҳисоби корхона бар фоидаи худаш дуздӣ кунад. Ӯ метавонад дарҳол ин фикри нодурустро аз худаш дур кунад. Лекин агар вай ин фикрро дар дилаш парваридан гирад, он гоҳ ин фикр торафт ба ӯ маъқул хоҳад шуд ва эҳтимол вай онро амалӣ гардонад. Агар вай ин корро кунад, вай худро дузд месозад. Агар ӯ дар бораи ҷинояти худ дурӯғ гӯяд, ӯ ҳамчунин дурӯғгӯй мешавад. Мисли ин, фариштае, ки Худо офарида буд, дар худ хоҳишҳои нодурустро инкишоф дода онҳоро амалӣ гардонд ва иродаи озодашро барои ба фиреб даст задан ва бар муқобили Падари худ исён бардоштан истифода бурд. Ҳамин тавр вай худро Шайтон Иблис гардонд.

Хушбахтона, Шайтон Иблис дар вақти муқарраркардаи Худо несту нобуд карда хоҳад шуд (Румиён 16:20). Ҳоло бошад, ходимони Яҳува Худо аз дасисаҳои Шайтон бохабаранд ва Худо онҳоро аз домҳои ӯ муҳофизат мекунад (2 Қӯринтиён 2:11; Эфсӯсиён 6:11). Бинобар ин, «ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқуб 4:7).

[Сурат дар саҳифаи 29]

Роҳи муқобилият ба Худоро пеш гирифта фариштаи комил худро Шайтон гардонд