Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Қарорҳое қабул кунед, ки ба Худо ҷалол меоранд

Қарорҳое қабул кунед, ки ба Худо ҷалол меоранд

Қарорҳое қабул кунед, ки ба Худо ҷалол меоранд

«Бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад» (МАС. 14:15).

1, 2. а) Ҳангоми қабули ҳар гуна қарорҳо мо бояд пеш аз ҳама дар бораи чӣ фикр кунем? б) Кадом саволҳоро дида мебароем?

МО ҲАР РӮЗ шояд борҳои зиёд ин корро мекунем. Бисёре аз онҳо на он қадар муҳиманд. Лекин баъзеи онҳо метавонанд ба ҳаёти мо таъсири бузург расонанд. Сухан дар бораи чӣ меравад? Дар бораи қарорҳои мо. Ҳангоми қабул кардани ҳар гуна қарорҳо, хоҳ онҳо муҳим бошанд, хоҳ на он қадар муҳим мо бояд пеш аз ҳама дар бораи ҷалол додани Худо фикр кунем. (1 Қӯринтиён 10:31–ро бихонед.)

2 Оё барои шумо қабул кардани қарор осон аст ё душвор? Агар мо хоҳем, ки масеҳиёни рӯҳан баркамол шавем, мо бояд фарқ кардани неку бадро ёд гирем ва сипас қарорҳое қабул кунем, ки нуқтаи назари худи моро инъикос намоянд, на каси дигарро (Рум. 12:1, 2; Ибр. 5:14). Боз аз кадом сабабҳо мо бояд қабул кардани қарорҳои дурустро ёд гирем? Чаро баъзан қабул кардани қарор бисёр душвор аст? Ва мо кадом қадамҳоро гузошта метавонем, то қарорҳои мо Худоро ҷалол диҳанд?

Чаро мо қарор қабул мекунем?

3. Ҳангоми қабул кардани қарорҳо чӣ набояд ба мо халал расонад?

3 Агар мо дар риоя намудани меъёрҳои Китоби Муқаддас устувор набошем, ҳамсинфон ё ҳамкоронамон шояд чунин хулоса бароранд, ки мо дар асл ба эътиқоди худ боварии пурра надорем ва аз ин рӯ ба осонӣ ба мо таъсир карда метавонанд. Онҳо шояд дурӯғ гӯянд, фиреб диҳанд ё дуздӣ кунанд ва моро низ барангезанд, ки ба онҳо ҳамроҳ шуда, «аксариятро дар роҳи бадкорӣ» пайравӣ кунем ё ақаллан айби онҳоро рӯпӯш кунем (Хур. 23:2). Лекин, шахсе, ки қарорҳои ба Худо писандро қабул карда метавонад, намегузорад, ки тарс ё хоҳиши ба дигарон маъқул шудан ӯро ба амале тела диҳад, ки ба муқобили виҷдони дар асоси Навиштаҳо таълимёфтааш аст (Рум. 13:5).

4. Чаро дигарон шояд ба ҷои мо қарор қабул кардан хоҳанд?

4 На ҳар касе, ки ба ҷои мо мехоҳад қарор қабул кунад, нияти бад дорад. Масалан, дӯстони наздик метавонанд моро фишор диҳанд, ки мувофиқи маслиҳати онҳо амал намоем. Агар мо бо волидон зиндагӣ накунем ҳам, хешу таборамон шояд то ҳол дар бораи беҳбудии мо хеле ба ташвиш оянд ва дар қабул кардани қарорҳои бароямон муҳим дахолат кунанд. Барои мисол, масъалаи табобати тиббиро дида мебароем. Китоби Муқаддас ба таври аниқу равшан амр медиҳад, ки аз хун парҳез кунем (Аъм. 15:28, 29). Лекин дигар масъалаҳои бо саломатӣ алоқаманд, на он қадар аниқу равшан буда метавонанд ва моро лозим аст, ки дар мавриди интихоби ин ё он намуди табобат қарори шахсӣ қабул намоем *. Наздикони мо шояд дар ин масъалаҳо нуқтаи назари устувор дошта бошанд. Вале ҳангоми ҳалли чунин масъалаҳо ҳар як масеҳии таъмидёфта бояд «бори» масъулияти худро худаш бардорад (Ғал. 6:4, 5). Мо бояд пеш аз ҳама дар бораи он фикр кунем, ки дар назди Худо виҷдонамонро пок нигоҳ дорем, на ин ки ба одамон маъқул шавем (1 Тим. 1:5).

5. Чӣ кор кунем, ки имони худро гум накунем?

5 Дудилагӣ хатари калон дошта метавонад. Яъқуби шогирд навишт, ки «шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст» (Яъқ. 1:8). Монанди шахсе, ки дар киштии бе рул дар баҳри ноором ба ин тарафу он тараф шино мекунад, шахси дудила байни ақидаҳои тағйирёбандаи инсонӣ мекалавад. Ба чӣ осонӣ чунин шахс метавонад имони худро гум кунаду ба ин вазъияти ғамовари худ дигаронро айбдор созад! (1 Тим. 1:19). Чӣ кор кунем, ки ба ин роҳ надиҳем? Мо бояд «дар имон мустаҳкам» шавем. (Қӯлассиён 2:6, 7–ро бихонед.) Барои мустаҳкам ва устувор шудан мо бояд қабул кардани қарорҳоеро ёд гирем, ки имони моро ба Каломи илҳомбахшидаи Худо нишон медиҳанд (2 Тим. 3:14–17). Лекин, чӣ метавонад ба мо барои қабул кардани қарорҳои хуб халал расонад?

Чаро қабул кардани қарор душвор буда метавонад

6. Тарс ба мо чӣ тавр таъсир карда метавонад?

6 Тарс метавонад моро аз қабул кардани қарор боздорад. Мо шояд аз он тарсем, ки қарори нодуруст қабул мекунем, бо нобарорӣ дучор мешавем ё дар назди дигарон беақл метобем. Чунин ғаму ташвишҳоро фаҳмидан мумкин аст. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки қарори нодуруст қабул кунад, зеро он метавонад душворӣ ва мумкин шармандагӣ орад. Вале ба ҳар ҳол муҳаббат ба Худо ва Каломи Ӯ метавонад кӯмак кунад, ки мо камта́р тарсем. Чӣ тавр? Муҳаббат ба Худо моро бармеангезад, ки ҳамеша пеш аз қабул кардани қарорҳои муҳим барои маслиҳат ба Каломи Ӯ ва адабиётҳои бар он асосёфта муроҷиат кунем. Ҳамин тавр мо камтар ба хатогӣ роҳ хоҳем дод. Чаро? Зеро Китоби Муқаддас «ба соддадилон зиракӣ» мебахшад ва «ба ҷавонон — дониш ва фаросат» (Мас. 1:4).

7. Мисоли шоҳ Довуд ба мо чиро таълим медиҳад?

7 Оё мо ҳамеша қарори дуруст қабул мекунем? Не. Ҳамаи мо хато мекунем (Рум. 3:23). Масалан, шоҳ Довуд марди хирадманд ва ба Худо содиқ буд. Лекин, баъзан вай қарори нодуруст қабул мекард, ки аз ин ҳам худаш ва ҳам дигарон азоб мекашиданд (2 Подш. 12:9–12). Ба ҳар ҳол, Довуд нагузошт, ки хатоҳояш ба қабул кардани қарорҳое, ки ба Худо писанд буданд, халал расонанд (3 Подш. 15:4, 5). Мо қатъи назар аз хатогиҳоямон метавонем бе дудилагӣ қарор қабул намоем, агар мисли Довуд дар хотир дорем, ки Яҳува хатогиву гуноҳҳоямонро мебахшад. Худо онҳоеро, ки Ӯро дӯст медоранду ба Ӯ итоат мекунанд, дастгирӣ карданро давом медиҳад (Заб. 50:3–6, 9–12).

8. Мо аз суханони дар бораи издивоҷ гуфтаи Павлус чиро меомӯзем?

8 Мо метавонем он ташвишу хавотириеро, ки ҳангоми қабули қарор ҳис мекунем, камтар намоем. Чӣ тавр? Бо дарк кардани он ки баъзан дар ҳамон як маврид якчанд қарор дуруст буда метавонад. Масалан, аҳамият диҳед, ки Павлуси ҳавворӣ дар мавриди издивоҷ чӣ гуфта буд. Зери илҳоми илоҳӣ ӯ навишт: «Агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ӯ он чи мехоҳад, бикунад,— гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд. Аммо касе ки дар дили худ бағоят матин аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ дошта, дар дили худ азм кардааст, ки бокирагии худро нигоҳ дорад,— ӯ кори хуб мекунад» (1 Қӯр. 7:36–38). Павлус муҷаррадиро чун роҳи беҳтарин пешниҳод мекард, лекин ин ягона қарори дуруст набуд.

9. Оё лозим аст, ки мо дар бораи он ки ба қарорҳои мо дигарон чӣ гуна нигоҳ мекунанд, фикр кунем? Фаҳмонед.

9 Оё ба мо лозим аст, ки дар бораи он ки ба қарорҳои мо дигарон чӣ гуна нигоҳ мекунанд, фикр кунем? Бале, ба андозае лозим аст. Аҳамият диҳед, ки Павлус дар масъалаи хӯрдани чизе, ки ба назар қурбонӣ ба бутҳо тофта метавонист, чӣ гуфт. Ӯ фаҳмонд, ки қарори дар ин маврид баровардаи шахс шояд дар асл нодуруст набошад, лекин он метавонад ба виҷдони заифи касе зарар расонад. Худи Павлус дар ин маврид ба чӣ қарор омад? «Агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад,— гуфт ӯ,— ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам» (1 Қӯр. 8:4–13). Мо ҳам бояд фикр кунем, ки қарорҳои мо ба виҷдони дигарон чӣ тавр таъсир мекунанд. Вале ба ҳар ҳол, мо пеш аз ҳама дар бораи он фикр мекунем, ки қарорҳои мо ба дӯстии мову Яҳува чӣ гуна таъсир мекунанд. (Румиён 14:1–4-ро бихонед.) Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, то мо қарорҳое қабул намоем, ки Худоро ҷалол медиҳанд?

Шаш қадам барои қабул кардани қарорҳои дуруст

10, 11. а) Чӣ тавр дар оила мо ҳадду ҳудуди ҳуқуқҳои худро нигоҳ дошта метавонем? б) Ҳангоми қабул кардани қарорҳое, ки ба ҷамъомад таъсир мекунанд, пирон бояд чиро дар хотир доранд?

10 Ҳадду ҳудуди худро донед. Пеш аз ягон қарорро қабул кардан мо бояд аз худ бипурсем: «Оё ман ҳақ дорам, ки ин қарорро қабул кунам?». Шоҳ Сулаймон навишт: «Ғурур биёяд, нанг ҳам меояд, вале ҳикмат бо фурӯтанон аст» (Мас. 11:2).

11 Волидон метавонанд ба фарзандон имконият диҳанд, ки баъзе қарорҳоро худашон қабул намоянд, вале фарзандон набояд фикр кунанд, ки напурсида ин корро карда метавонанд (Қӯл. 3:20). Занон ва модарон дар оила ба андозае ҳокимият доранд, лекин хуб мебуд, то онҳо фаромӯш накунанд, ки сарвари онҳо шавҳарашон аст (Мас. 1:8; 31:10–18; Эфс. 5:23). Ҳамчунин шавҳарон бояд эътироф кунанд, ки ҳокимияти онҳо маҳдуд аст ва онҳо зери сарварии Масеҳанд (1 Қӯр. 11:3). Пирон қарорҳое қабул менамоянд, ки ба тамоми ҷамъомад таъсир мекунанд. Лекин, онҳо эҳтиёт мешаванд, ки аз ҳудуди «он чӣ навишта шудааст» набароянд (1 Қӯр. 4:6). Инчунин онҳо пурра мувофиқи ҳидояти ғуломи мӯътамад ва доно амал мекунанд (Мат. 24:45–47). Мо худамон ва дигаронро аз ғаму проблемаҳои зиёд нигоҳ дошта метавонем, агар фурӯтан бошем ва танҳо ҳамон вақт қарор қабул кунем, ки барои ин ҳуқуқ дошта бошем.

12. а) Чаро мо бояд таҳқиқ гузаронем? б) Фаҳмонед, ки чӣ тавр таҳқиқ гузарондан мумкин аст

12 Таҳқиқ гузаронед. «Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст»,— навишта буд шоҳ Сулаймон,— «вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад» (Мас. 21:5). Масалан, агар касе ба шумо пешниҳод кунад, ки ҳамроҳаш бо ягон намуди бизнес машғул шавед, шумо аввал фикру андеша кунед ва ба ҳиссиёт дода нашавед. Дар бораи ин намуди бизнес маълумот ҷамъ кунед, бо шахсоне, ки дар ин бора медонанд, маслиҳат кунед ва муайян созед, ки кадом принсипҳои Китоби Муқаддас бо ин масъала алоқаманданд (Мас. 20:18). Ҳангоми таҳқиқ варақеро гирифта дар як тарафаш ҷиҳатҳои хуб ва дар тарафи дигараш ҷиҳатҳои манфии ин корро нависед. Пеш аз қабул кардани қарор «харҷи онро ҳисоб» кунед (Луқ. 14:28). Фикр кунед, ки ин қароратон ба вазъи иқтисодии шумо ва муҳимтар аз ин ба муносибатҳои бо Яҳува доштаатон чӣ гуна таъсир мекунад. Чунин таҳқиқот вақт ва саъю кӯшиш металабад. Вале бо ин роҳ шумо метавонед худро аз қарори шитобкорона, ки проблемаҳои зиёдатӣ меорад, муҳофизат кунед.

13. а) Ояти Яъқуб 1:5 чӣ эътимод мебахшад? б) Дар дуо хирад пурсидан ба мо чӣ тавр кӯмак карда метавонад?

13 Дар дуо хирад пурсед. Қарорҳои мо танҳо дар ҳамон вақт Худоро ҷалол медиҳанд, ки агар мо ҳангоми қабул кардани онҳо аз Ӯ кӯмак пурсем. Яъқуби шогирд навишта буд: «Агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд,— ва ба вай ато хоҳад шуд» (Яъқ. 1:5). Ҳеҷ ҷои шарм нест, агар мо барои қабули қарорҳо ба хиради Худо ниёз дошта бошем (Мас. 3:5, 6). Охир, танҳо ба фаҳмиши худ такя намудан ба осонӣ моро гумроҳ карда метавонад. Вақте ки мо дар дуо хирад мепурсем ва принсипҳои Каломи Худоро таҳқиқ мекунем, мо мегузорем, ки рӯҳулқудс ниятҳои ҳақиқии моро ошкор кунад, ки чаро мо маҳз чунин рафтор кардан мехоҳем (Ибр. 4:12; Яъқуб 1:22–25-ро бихонед.)

14. Чаро мо қабул кардани қарорро набояд ба қафо партоем?

14 Қарор қабул намоед. Ба гузоштани ин қадам саросема нашавед. Онро танҳо пас аз таҳқиқ гузарондан ва дар дуо хирад пурсидан, гузоред. Шахси хирадманд барои «ба ҳар қадами худ диққат» додан вақт ҷудо мекунад (Мас. 14:15). Аз тарафи дигар, қабул намудани қарорро кашол надиҳед. Шахсе, ки ягон корро ба қафо партофтан мегирад, барои накардани он метавонад баҳонаҳои хандаовар орад (Мас. 22:13). Ҳарчанд ӯ қарор қабул намекунад, дар асл гуфтан мумкин аст, ки вай қарор мебарорад. Ба кадом маъно? Ӯ ба дигарон мегузорад, ки ҳаёташро идора намоянд — ва ин аст қарори ӯ.

15, 16. Амалӣ гардондани қарор чиро талаб мекунад?

15 Мувофиқи қароратон амал намоед. Кӯшише, ки мо барои қабули қарори дуруст сарф кардем, бефоида буда метавонад, агар мо боғайратона мувофиқи он амал накунем. «Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун»,— навишт Сулаймон (Воиз 9:10). Барои бомуваффақият амалӣ гардондани қарорҳоямон мо бояд тайёр бошем, ки чизҳои даркориро, аз он ҷумла вақт, қуввату қобилият ва маблағамонро сарф кунем. Масалан, воизи ҷамъомад қарор медиҳад, ки чун пешрав хизмат кунад. Оё ӯ аз ӯҳдаи ин мебарояд? Шояд мебарояд, агар вай аз ҳад зиёд бо кор ва истироҳате, ки ҳам қувват ва ҳам вақти барои хизмат лозимаро мегирад, машғул нашавад.

16 Одатан қарорҳои дурустро амалӣ гардондан душвор аст. Чаро? Зеро «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳ. 5:19). Мо бояд «бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот..., бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст», мубориза барем (Эфс. 6:12). Ҳам Павлуси ҳавворӣ ва ҳам Яъқуби шогирд ишора карданд, ки онҳое, ки мехоҳанд Худоро ҷалол диҳанд, бо муқобилият дучор мешаванд (1 Тим. 6:12; Яҳд. 3).

17. Вақте ки сухан дар бораи қарорҳо меравад, Яҳува аз мо чӣ интизор аст?

17 Қароратонро аз нав дида бароед ва агар лозим ояд, ба он тағйирот дароред. На ҳамаи қарорҳоро айнан аз рӯи нақша амалӣ гардондан мумкин аст. «Вақти номусоид ва нокомӣ» бо ҳама рӯй дода метавонад (Воиз 9:11). Вале ба ҳар ҳол Яҳува аз мо интизор аст, ки новобаста аз душвориҳо баъзе қарорҳоямонро дигар накунем. Агар шахс ҳаёташро ба Худо бахшида бошад ё аҳди издивоҷ баста бошад, ӯ набояд ин қарорҳояшро дигар кунад. Худо интизор аст, ки мо мувофиқи чунин қарорҳоямон зиндагӣ кунем. (Забур 14:1, 2, 4–ро бихонед.) Лекин аксарияти қарорҳо то ин дараҷа аҳамияти калон надоранд. Шахси хирадманд вақт аз вақт қарорҳои қабулкардаашро аз нав дида мебарояд. Ӯ намегузорад, ки ғурур ё якравӣ ӯро аз дигар кардани қарораш ё ҳатто аз он даст кашидан боздорад (Мас. 16:18). Ӯ пеш аз ҳама мехоҳад эътимод ҳосил кунад, ки тарзи ҳаёташ Худоро ҷалол медиҳад ё не.

Ба дигарон ёд диҳед, то қарорҳое қабул кунанд, ки ба Худо ҷалол меоранд

18. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон қабул кардани қарорҳои дурустро ёд дода метавонанд?

18 Волидон ба фарзандон бисёр кӯмак карда метавонанд, то онҳо қабул кардани қарорҳоеро, ки Худоро ҷалол медиҳанд, ёд гиранд. Яке аз муаллимони беҳтарин намунаи хуб будан аст (Луқ. 6:40). Вақте ки бамаврид аст, волидон метавонанд ба фарзандонашон фаҳмонанд, ки барои қабул кардани ин ё он қарор худи онҳо кадом қадамҳоро гузошта буданд. Онҳо ҳамчунин метавонанд ба фарзандонашон иҷозат диҳанд, ки баъзе қарорҳоро худашон қабул кунанд ва вақте ки қарори онҳо натиҷаи хуб меорад, онҳоро таъриф кунанд. Лекин, агар кӯдак қарори на он қадар дуруст қабул кунад–чӣ? Одатан волидон мехоҳанд, ки ӯро аз оқибати нохуши қарораш муҳофизат кунанд, лекин чунин рафтор на ҳама вақт ба фоидаи кӯдак хоҳад буд. Фарз мекунем, ки дар мактаб истифода бурдани телефони мобилӣ манъ аст (Рум. 13:4). Лекин агар бача телефонашро дар мактаб истифода бараду муаллим онро кашида гирад–чӣ? Волидон метавонистанд назди муаллим рафта онро баргардонанд ё ба ӯ телефони дигар диҳанд. Лекин, агар аз бача талаб карда шавад, ки худаш назди муаллим рафта гап занад ё бе телефон гардад, ӯ минбаъд хубтар ёд мегирад, ки барои корҳояш ҷавоб диҳад.

19. Мо бояд ба омӯзандагони Китоби Муқаддас чиро ёд диҳем ва чӣ тавр?

19 Исо ба пайравонаш гуфт, ки дигаронро таълим диҳанд (Мат. 28:20). Яке аз дарсҳои муҳиме, ки мо ба омӯзандагони Китоби Муқаддас ёд дода метавонем, ин қабул кардани қарорҳои дуруст аст. Агар хоҳем, ки онҳо ин корро нағз ёд гиранд, мо дар ин ё он маврид чӣ гуна рафтор карданро худамон намегӯем. Беҳтараш ин мебуд, ки ба онҳо дар асоси принсипҳои Китоби Муқаддас фикру мулоҳиза карданро ёд диҳем, то худашон қарор қабул карда тавонанд. Ин муҳим аст, зеро «ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод» (Рум. 14:12). Ва ин ҳар яки моро бармеангезад, то қарорҳое қабул намоем, ки Худоро ҷалол медиҳанд.

^ сарх. 4 Барои муҳокимаи ин мавзӯъ ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», замимаи «Фраксияҳои хун ва амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун», саҳ. 215–218 нигаред.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чаро мо бояд қабул намудани қарорҳоро ёд гирем?

• Тарс ба мо чӣ тавр таъсир карданаш мумкин аст ва чӣ гуна мо бар он ғолиб омада метавонем?

• Гузоштани кадом шаш қадам ба мо эътимод мебахшад, ки қарорҳои мо Худоро ҷалол медиҳанд?

[Чорчӯба/​Сурат дар саҳифаи 16]

Шаш қадам барои қабул кардани қарорҳои дуруст

1 Ҳадду ҳудуди худро донед.

2 Таҳқиқ гузаронед.

3 Дар дуо хирад пурсед.

4 Қарор қабул намоед.

5 Мувофиқи қароратон амал намоед.

6 Қароратонро аз нав дида бароед ва агар лозим ояд, ба он тағйирот дароред.

[Сурат дар саҳифаи 15]

Шахси дудила ба касе монанд аст, ки дар киштии берул дар баҳри ноором шино мекунад