Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо далели роҳнамоии Худоро мебинед?

Оё шумо далели роҳнамоии Худоро мебинед?

Оё шумо далели роҳнамоии Худоро мебинед?

ЧУНИН мӯъҷизаро на исроилиён дида буданду на мисриён. Вақте ки исроилиён аз Миср мебаромаданд, сутуни абр пешопеши онҳо мерафт ва шабу рӯз бо онҳо меистод. Шабона он ба сутуни оташ табдил меёфт. Ин чӣ чизи ҳайратангезе буд! Аммо ин сутун аз куҷо пайдо шуд? Мақсади он дар чӣ буд? Аз он вақт тақрибан 3 500 сол гузашта бошад ҳам, вале мо аз муносибати исроилиён нисбати ин «сутуни оташ ва абр» чӣ дарсе гирифта метавонем? (Хур. 14:24).

Каломи Худо манбаъ ва мақсади сутунро чунин мефаҳмонад: «Худованд рӯзона дар сутуни абр пешопеши онҳо мерафт, то ки роҳро ба онҳо нишон диҳад, ва шабона — дар сутуни оташ, то ки ба онҳо рӯшноӣ бахшад, ва онҳо рӯзона ва шабона роҳ раванд» (Хур. 13:21, 22). Яҳува барои халқи худро аз Миср баровардан ва аз биёбон гузарондан сутуни оташ ва абрро истифода мебурд. Онҳо бояд барои ҳаракат кардан тайёр мебуданд, то ки аз ақиби сутун раванд. Вақте ки лашкари мисриён халқи Худоро таъқиб карда, ба он ҳуҷум оварданӣ шуд, сутун дар миёни онҳо ҷойгир шуд, то ки исроилиёнро муҳофизат кунад (Хур. 14:19, 20). Гарчанд сутун роҳи аз ҳама ростро нишон намедод, аз паси он рафтан ягона роҳе буд, ки исроилиёнро ба Замини ваъдашуда мебурд.

Ҳузур доштани сутун халқи Худоро боварӣ мебахшид, ки Яҳува бо онҳост. Сутун рамзи ҳузур доштани Яҳува буд ва Ӯ баъзан аз он сухан меронд (Ад. 14:14; Заб. 98:7). Ҳамчунин сутуни абр ишора мекард, ки Яҳува Мусоро бар халқаш роҳнамо таъин кардааст (Хур. 33:9). Монанди ин охирин пайдошавии абр тасдиқ намуд, ки Яҳува баъд аз Мусо Еҳушаъро таъин кард (Такр. Ш. 31:14, 15). Дар ҳақиқат, барои он ки исроилиён аз Миср ва биёбон бомуваффақият бароянд, ба онҳо лозим буд, ки далели роҳнамоии Худоро бинанд ва сипас аз рӯи он амал кунанд.

Онҳо дигар далелро намедиданд

Вақте ки исроилиён сутунро бори аввал диданд, онҳо шояд аз ин хеле ба ҳайрат омада буданд. Афсӯс, лекин ҳузури ин мӯъҷизаи доимӣ ба қадри кофӣ ба исроилиён таъсир накард, то онҳо ба Яҳува як умр боварӣ кунанд. Онҳо роҳнамоии Худоро якчанд бор зери шубҳа гузоштанд. Вақте ки лашкари мисриён исроилиёнро таъқиб карда буд, исроилиён ба қудрати наҷотдиҳандаи Яҳува такя накарданд. Баръакс, онҳо хизматгори Худо, Мусоро, айбдор карданд, ки ӯ онҳоро сӯи марг овард (Хур. 14:10–12). Исроилиён баъди аз баҳри Қулзум наҷот ёфтанашон ба Мусо, Ҳорун ва Яҳува шикоят карданд, ки гӯё ба онҳо обу хӯрок намерасад (Хур. 15:22–24; 16:1–3; 17:1–3, 7). Пас аз якчанд ҳафта онҳо Ҳорунро маҷбур карданд, ки барояшон гӯсолаи тиллоӣ созад. Лаҳзае биандешед! Дар як тарафи ӯрду исроилиён сутуни абру оташро медиданд,— сутун шаҳодати бузурге буд, ки онҳоро Яҳува аз Миср берун овард,— ва каме дуртар аз сутун онҳо бути беҷонро ибодат мекарданд. Онҳо мегуфтанд: «Ин аст Худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард». То чӣ андоза онҳо «куфрҳои азиме ба амал оварданд»! (Хур. 32:4; Наҳ. 9:18).

Исёни исроилиён нишонаи беҳурматии ҷиддӣ нисбати роҳнамоии Яҳува буд. Проблемаи онҳо на дар нигоҳи ҷисмонӣ, балки дар нигоҳи рӯҳониашон буд. Исроилиён сутунро медиданд, лекин дигар маънои онро намефаҳмиданд. Гарчанд рафторашон барои Яҳува дард меовард, Ӯ онҳоро раҳмдилона ба воситаи сутун то ба Замини ваъдашуда роҳнамоӣ мекард (Заб. 77:40–42, 52–54; Наҳ. 9:19).

Далели роҳнамоии Худо дар рӯзҳои мо

Ба монанди ин, имрӯзҳо низ Яҳува халқи худро ба таври равшан роҳнамоӣ мекунад. Чуноне ки Ӯ аз исроилиён интизор набуд, ки худашон роҳи худро ёбанд, Ӯ аз мо низ имрӯз интизор нест, ки худамон роҳи дунёи нави ваъдакардашударо ёбем. Исои Масеҳ Роҳнамои таъиншудаи ҷамъомад мебошад (Мат. 23:10; Эфс. 5:23). Ӯ баъзе қудратро ба синфи ғуломи мӯътамад, ки он аз масеҳиёни тадҳиншуда иборат аст, додааст. Синфи ғулом, бошад дар ҷамъомади масеҳӣ пиронро таъин мекунад (Мат. 24:45–47; Тит. 1:5–9).

Чӣ тавр мо синфи ғулом ё гумоштаи мӯътамадро муайян карда метавонем? Диққат диҳед, ки чӣ тавр Исо онро тасвир мекунад: «Кист он гумоштаи мӯътамад ва доно, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад? Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад» (Луқ. 12:42, 43).

Барои ҳамин, «мӯътамад», яъне содиқ будани синфи ғулом маънои онро дорад, ки он ҳеҷ гоҳ ба Яҳува, Исо, ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас, ё ба халқи Худо хиёнат намекунад ва онҳоро тарк наменамояд. Ҳамчунин «доно» будани синфи ғулом маънои онро дорад, ки он солимфикрӣ зоҳир карда мавъизаи хушхабари Салтанат ва аз ҳамаи халқҳо тайёр кардани шогирдро хуб роҳбарӣ мекунад (Мат. 24:14; 28:19, 20). Синфи ғулом итоаткорона «дар сари вақт» хӯроки рӯҳонии фоиданоку серғизоро тақсим мекунад. Аз халқаш розӣ будани Яҳува дар он аён аст, ки чӣ тавр Ӯ зиёдшавии онро баракат медиҳад, ба он дар қабул кардани қарорҳои муҳим роҳнамоӣ мекунад, ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро хубтар мефаҳмонад, онҳоро аз дасти душманон ҳимоя мекунад, то ки нобуд нашаванд ва барояшон осудагиву хотирҷамъӣ мебахшад (Иш. 54:17; Фил. 4:7).

Аз рӯи роҳнамоии Худо амал кунед

Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки роҳнамоии Худоро қадр мекунем? Павлуси ҳавворӣ гуфта буд: «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед» (Ибр. 13:17). Чунин амал кардан на ҳама вақт осон аст. Мисоле меорем. Худро дар ҷои исроилие, ки дар рӯзҳои Мусо зиндагӣ мекард, тасаввур кунед. Фарз кунед, ки шумо аллакай муддате дар роҳ рафта истодаед ва ногаҳон сутун меистад. Он чанд вақт дар ҷояш меистад? Як рӯз? Як ҳафта? Якчанд моҳ? Шумо аз худ мепурсед, ки оё ҳамаи чизу чораи ғундоштаатонро баровардан шарт аст? Дар аввал, шумо шояд танҳо чизҳои аз ҳама заруриро мебароред. Лекин пас аз якчанд рӯз, аз сабаби кофтукоби чизҳои заруриатон асабӣ шуда, ҳамаи чизу чораи худро мебароред. Вале ҳамин ки шумо баровардани чизу чораатонро ба анҷом расондед, мебинед, ки сутун ба ҳаракат медарояд ва шумо боз бояд ба ғундоштани чизу чора сар кунед! Ин кори осону қулай намебуд. Вале ба ин нигоҳ накарда исроилиён бояд даррав «кӯч мекарданд» (Ад. 9:17–22).

Вақте ки мо дастуроти Худоро мегирем, мо чӣ гуна амал мекунем? Оё кӯшиш мекунем, ки даррав аз рӯи он амал кунем? Ё ин ки аз рӯи одат чун пештара амал карданро давом медиҳем? Оё мо бо дастуроти охирин шинос шудаем, масалан: бо гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас, мавъиза кардан ба хориҷиён, мунтазам иштирок кардан дар ибодати оилавӣ, ҳамкорӣ бо Кумитаҳои кор бо беморхонаҳо ва бо маълумот оиди тарзи рафтор дар анҷуманҳо? Аз ҷумла мо қадр кардани роҳнамоии Худоро бо қабул намудани маслиҳат нишон медиҳем. Вақте ки бароямон қабул кардани қарорҳои муҳим зарур меояд, мо на ба хиради худ таваккал мекунем, балки ба роҳнамоии Яҳува ва ташкилоти Ӯ муроҷиат менамоем. Чуноне ки ҳангоми раъду барқ кӯдак муҳофизати волидонашро меҷӯяд, мо низ вақте ки проблемаҳои ин дунё мисли раъду барқ ба сарамон меоянд, муҳофизати ташкилоти Яҳуваро меҷӯем.

Албатта, онҳое ки дар ташкилоти заминии Худо роҳбариро ба ӯҳда доранд, нокомил ҳастанд. Вале Мусо низ нокомил буд. Ба ҳар ҳол, сутун ҳама вақт нишон медод, ки аз тарафи Худо кӣ таъин карда шудааст ва кӣ писанди Ӯ мебошад. Инчунин диққат диҳед, ки ягон исроилӣ гуфта наметавонист, ки кай роҳашонро давом диҳанд. Ба ҷои ин онҳо аз рӯи «он чи Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, пайравӣ мекарданд» (Ад. 9:23). Ҳамин тавр, Худо ба воситаи Мусо роҳнамоӣ мекард ва аз афташ ӯ мегуфт, ки дар кадом вақт онҳо бояд роҳро давом диҳанд.

Имрӯз синфи ғуломи Яҳува аниқ мегӯяд, ки дар кадом вақт бояд мо роҳро давом диҳем. Синфи ғулом инро чӣ гуна мегӯяд? Ба воситаи мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ», «Хизмат ба Салтанати Худо», нашрияҳои нав ва нутқҳо дар анҷуман. Дастурот барои ҷамъомадҳо инчунин тавассути нозирони сайёр, номаҳо ё ба воситаи таълимгирии бародарони масъули ҷамъомад расонда мешавад.

Оё шумо далели роҳнамоии Худоро аниқу равшан мебинед? Яҳува дар ин рӯзҳои охир ба воситаи ташкилоти худ халқашро дар ҷаҳони Шайтон, ки ба биёбони хатарнок монанд аст, роҳнамоӣ мекунад. Дар натиҷа мо хурсандиву ягонагӣ, муҳаббат ва бехатариро ба даст меорем.

Вақте ки исроилиён ба Замини ваъдашуда расиданд, Еҳушаъ гуфт: «Шумо бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст» (Еҳ. 23:14). Ба ин монанд, халқи Худо имрӯз, бешубҳа, ба дунёи нави ваъдашуда хоҳад даромад. Лекин яке аз роҳҳои муҳими ба он ҷо расидани ҳар яки мо аз он вобаста хоҳад буд, ки оё мо бо фурӯтаниву тайёрӣ аз рӯи роҳнамоии Худо амал мекунем. Барои ҳамин, биёед минбаъд низ ҳамаамон далели роҳнамоии Яҳуваро бинем!

[Сурат дар саҳифаи 5]

Имрӯз моро ташкилоти Яҳува роҳнамоӣ мекунад

Нашриёти нав дар анҷуман

Таълимгирӣ дар мактабҳои гуногун

Таълимгирӣ дар вохӯриҳо барои мавъиза