Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

1. Заминҷунбӣ

1. Заминҷунбӣ

1. Заминҷунбӣ

«Заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд» (ЛУҚО 21:11).

● Вини ном писарчаи хурдакак, ки қариб якунимсола буд, ҳангоми заминҷунбӣ дар Ҳайити зинда мемонад. Овози гиряи кӯдакро хабарнигорон шунида, ӯро аз зери вайронаҳо мебароранд. Лекин, сад афсӯс, ки волидони Вини наҷот намеёбанд.

ДАЛЕЛ: Моҳи январи соли 2010 дар Ҳайити заминҷунбии шадид ба амал омад, ки қувваи он 7 баллро ташкил дод. Дар натиҷа беш аз 300 000 нафар ҳалок гашта 1,3 миллион кас бе сарпаноҳ монданд. Ғайр аз ин ҳодисаи мудҳиш, дар давоми соли 2009–2010 дар саросари дунё 18 заминҷунбии харобиовар ба қайд гирифта шуд.

НОРОЗИГӢ: Имрӯзҳо заминҷунбӣ бисёр ба назар намерасад. Ба туфайли технологияи муосир мо дар бораи ин фалокат назар ба пештара нағзтар хабардор мешавем.

ОЁ ИН НОРОЗИГӢ АСОС ДОРАД? Дар бораи далели зерин фикр кунед: Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки дар рӯзҳои охир чӣ қадар заминҷунбӣ мешавад. Лекин дар он қайд гардидааст, ки «заминҷунбиҳои сахт... дар ҳама ҷо пайи ҳам» ба амал меоянд ва ба чашм баръало аён мегарданд (Марқус 13:8; Луқо 21:11).

ШУМО ЧӢ ФИКР МЕКУНЕД? Оё заминҷунбиҳои сахте, ки дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудаанд, рӯй дода истодаанд?

Танҳо заминҷунбиҳо исбот намекунанд, ки мо дар замонҳои охир зиндагӣ дорем. Бояд гуфт, ки заминҷунбӣ яке аз пешгӯйиҳое мебошад, ки аллакай иҷро шуда истодааст. Биёед пешгӯйии дуюмро дида бароем.

[Тасвир дар саҳифаи 4]

«Мо [геофизикҳо] онҳоро заминҷунбии сахт меномем. Дигарон бошанд, онҳоро даҳшатнок меноманд» (КЕН ҲАДНАТ, ХАДАМОТИ ГЕОЛОГИИ ИМА).

[Маънбаи маълумот дар саҳифаи 4]

© William Daniels/Panos Pictures