Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

2. Гуруснагӣ

2. Гуруснагӣ

2. Гуруснагӣ

«Гушнагӣ мешавад» (МАРҚУС 13:8).

● Марде аз як минтақаи дурдасти Нигер ба деҳаи Кваратаги мекӯчад. Наздикону хешовандони ӯ низ барои аз гуруснагӣ наҷот ёфтан ба ҳамин деҳа меоянд. Лекин он мард худро аз хешонаш ба канор мегирад. Чаро? Сиди, сардори деҳа чунин мегӯяд: «Ӯ оилаи худро хӯронда наметавонад, барои ҳамин шарм медорад, ки ба чашми онҳо нигоҳ кунад».

ДАЛЕЛ: Дар саросари дунё аз ҳафт як нафар ба серӣ хӯрок намехӯрад. Дар давлатҳои ҷанубии Африқо вазъият аз ин ҳам бадтар аст. Дар он ҷо аз се як нафар доимо аз гуруснагӣ азоб мекашад. Масалан, оилаеро тасаввур кунед, ки аз се нафар иборат аст. Падар, модар ва кӯдак. Агар хӯрок танҳо ба ду нафар расад, пас кӣ гурусна мемонад? Падар, модар ё кӯдак? Ин гуна оилаҳо ҳамарӯза бояд қарор кунанд, ки кадоме аз онҳо шиками гурусна хоб меравад.

НОРОЗИГӢ: Замин ҳосили фаровон медиҳад, ки он басу барзиёд аст. Танҳо бояд тақсимоти захираҳои он дуруст ба роҳ монда шавад.

ОЁ ИН НОРОЗИГӢ АСОС ДОРАД? Дар ҳақиқат имрӯз назар ба пештара маҳсулоти хӯрока бисёртар истеҳсол мешавад. Барои ҳамин гап сари он аст, ки ҳукуматдорон хӯрокаро ба ҳама дастрас карда, пеши роҳи гуруснагиро гиранд. Валекин, ҳарчанд давлатдорон солҳои сол кӯшиш мекунанд, ин проблема то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

ШУМО ЧӢ ФИКР МЕКУНЕД? Оё пешгӯйии Марқус 13:8 иҷро шуда истодааст? Оё пешравии технология дар тамоми дунё гуруснагиро бартараф карда тавонист?

Заминҷунбӣ ва гуруснагӣ ба дигар фоҷиа оварда мерасонанд, ки он ҳам яке аз нишонаҳои охирзамон аст. Дар ин бора аз мақолаи навбатӣ мефаҳмед.

[Тасвир дар саҳифаи 5]

«Агар хӯрок кофӣ мебуд, аз се як ҳиссаи кӯдаконе, ки ба илтиҳоби шуш, дарунравӣ ва дигар касалиҳо гирифтор шуда буданд, ҳалок намегаштанд» (ЭНН ВИНИМАН, СОБИҚ ДИРЕКТОРИ ЮНИСЕФ).

[Маънбаи маълумот дар саҳифаи 5]

© Paul Lowe/​Panos Pictures