Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ояндаи нек дар пеш аст

Ояндаи нек дар пеш аст

Ояндаи нек дар пеш аст

«Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад,... аммо нармдилон соҳиби замин мешаванд ва аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (ЗАБУР 37:10, 11).

ОЁ ШУМО мехоҳед, ки ин пешгӯйӣ иҷро шавад? Албатта. Кӣ намехоҳад? Далелҳои асоснок моро дилпур мекунанд, ки ин пешгӯйӣ ба наздикӣ иҷро мешавад.

Дар ин мақолаҳо мо танҳо якчанд пешгӯйии Китоби Муқаддасро дида баромадем, ки дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ кардани моро баръало нишон медиҳанд (2 Тимотиюс 3:1–5). Пайғамбарон зери илҳоми илоҳӣ ин воқеаҳоро пешгӯйӣ карданд, то мо ба ояндаи нек умедвор бошем (Румиён 15:4). Иҷрошавии ин гуна пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки ба қарибӣ душвориҳои одамон ба охир мерасанд.

Баъд чӣ мешавад? Подшоҳии Худо дар тамоми рӯйи замин ҳукмронӣ мекунад (Матто 6:9). Биёед бинем, ки дар Китоби Муқаддас оянда чӣ гуна тасвир шудааст.

Гуруснагӣ намешавад. «Дар рӯйи замин ғалла фаровон мешавад, он то ба қуллаи кӯҳҳо паҳн мегардад» (Забур 72:16).

Беморӣ аз байн меравад. «Он гоҳ сокине намегӯяд: “Ман бемор ҳастам”» (Ишаъё 33:24).

Замин обод мешавад. «Биёбон ва замини хушк хурраму шукуфон хоҳад шуд, дашт хурсандӣ хоҳад кард ва мисли заъфарон хоҳад шукуфт» (Ишаъё 35:1).

Ин танҳо якчанд пешгӯйии рӯҳбаландкунандаи Китоби Муқаддас аст, ки ба қарибӣ иҷро мешаванд. Шумо метавонед аз Шоҳидони Яҳува пурсед, ки чаро онҳо ба ояндаи нек ин қадар дилпуранд.