Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё фарзанди ман таъмид гирад ё не?

Оё фарзанди ман таъмид гирад ё не?

Оё фарзанди ман таъмид гирад ё не?

«МАН хеле хушбахтам, ки духтари ман акнун хизматгори Яҳува аст ва ман медонам, ки ӯ низ бисёр хушбахт аст»,— мегӯяд Карлос *, падари масеҳӣ аз Филиппин. Падари дигаре бошад аз Юнон менависад: «Ману ҳамсарам хурсандем, ки се фарзанди мо дар вақти ҷавониашон чун Шоҳидони Яҳува таъмид гирифтанд. Онҳо муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба даст оварда истодаанд ва аз хизмати Яҳува шоданд».

Вақте ки фарзанд таъмид мегирад волидони масеҳӣ албатта шодиву хурсандӣ мекунанд, вале баъзан хурсандии онҳо бо шубҳаву нобоварӣ омехта мешавад. «Ман хеле хушбахт будам ва хеле хавотир будам»,— мегӯяд як модар. Чаро чунин ҳиссиёти гуногун пайдо мешаванд? Ин модар давом медиҳад: «Ман дарк мекардам, ки писарам акнун дар пеши Яҳува пурра ҷавобгар аст».

Ба Яҳува чун Шоҳиди таъмидёфтаи Ӯ хизмат кардан мақсадест, ки ба ҳамаи ҷавонон гузоштани он лозим аст. Вале, волидони худотарс шояд чунин фикр кунанд: «Ман медонам, ки фарзандам пешравиҳои хуб карда истодааст, вале оё ӯ устувор аст, ки ба фишори бадахлоқона истодагарӣ кунад ва дар пеши Яҳува пок монад?» Дигарон шояд аз худ пурсанд: «Вақте ки фарзандам бо васвасаҳои чизпарастӣ дучор мешавад, оё ӯ ба Худо бо шодиву ғайрат хизмат карданро давом медиҳад?» Аз ин рӯ, кадом роҳнамоии Китоби Муқаддас ба волидон кӯмак карда метавонад, ки ба таъмид тайёр будани фарзандашонро муайян намоянд?

Шогирд будан — талаботи асосӣ

Ба ҷои муайян кардани синну соли махсус барои таъмид, Каломи Худо ҳолати рӯҳонии касонеро, ки ба таъмидгирӣ мувофиқанд, тасвир мекунад. Исо ба пайравонаш дастур дод: «Ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро... таъмид диҳед» (Мат. 28:19). Аз ин рӯ, таъмид барои онҳоест, ки аллакай шогирди Масеҳанд.

Киро шогирд мегӯянд? Китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (англ.) мефаҳмонад: «Асосан ҳамон касро шогирд мегӯянд, ки ба таълимоти Масеҳ на танҳо имон овардааст, балки ҳамчунин қатъӣ аз рӯи онҳо амал мекунад». Оё шахси нисбатан ҷавон метавонад, ки шогирди ҳақиқии Масеҳ бошад? Хоҳаре, ки чун миссионер дар Амрикои Лотинӣ зиёда аз 40 сол боз хизмат мекунад, дар бораи худаш ва ду хоҳараш мегӯяд: «Мо ба қадри кофӣ калон будем, ки мехостем ба Яҳува хизмат кунем ва дар Биҳишт зиндагӣ кунем. Ба Худо бахшидани ҳаётамон ба мо кӯмак мекард, ки дар вақти бо васвасаҳои ба ҷавонӣ хос дучор шудан қатъӣ бошем. Мо аз он ки ҳаётамонро дар кӯдакӣ ба Худо бахшида будем, пушаймон нашудем».

Шумо чӣ тавр муайян карда метавонед, ки фарзандатон шогирди Масеҳ гаштааст ё не? Китоби Муқаддас қайд мекунад: «Бача низ аз рӯи корҳояш шинохта мешавад, ки оё рафтораш пок ва рост аст ё не» (Мас. 20:11). Ҳоло баъзе корҳоро дида мебароем, ки онҳо нишон медиҳанд, ки муваффақиятҳои ҷавон чун шогирд намоёнанд ё не (1 Тим. 4:15).

Чӣ нишон медиҳад, ки фарзанди шумо шогирди Масеҳ аст

Оё фарзандатон ба шумо гӯш мекунад? (Қӯл. 3:20). Оё ӯ корҳои дар хона ба ӯ супоридаро иҷро мекунад? Китоби Муқаддас дар бораи Исои 12–сола мегӯяд, ки ӯ «дар итоати» волидонаш буд (Луқ. 2:51). Албатта, ягон фарзанд имрӯз ба волидонаш ба таври комил итоат намекунад. Вале масеҳиёни ҳақиқӣ бояд ба намунаи Исо пайравӣ кунанд. Пас, ҷавононе, ки таъмид гирифтан мехоҳанд, бояд чун онҳое шинохта шаванд, ки ба волидонашон гӯш мекунанд (1 Пет. 2:21).

Дар бораи саволҳои зерин фикр кунед: «Оё фарзанди шумо дар хизмат “аввал Малакути Худо”–ро меҷӯяд? (Мат. 6:33). Оё ӯ бо омодагӣ ба дигарон хушхабарро мавъиза мекунад ё шумо ӯро барои ба хизмат рафтан ва бо одамон гап задан водор мекунед? Вай чун воизи таъмиднаёфта масъулиятҳои худро дарк менамояд? Оё ӯ мехоҳад, ки ба шахсони дар минтақа шавқмандгашта боздид кунад? Вай ба ҳамсинфон ва муаллимонаш мегӯяд, ки Шоҳиди Яҳува аст?

Оё ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан барои ӯ муҳим аст? (Заб. 121:1). Дар омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» ва омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад шарҳ додан барояш шавқовар аст? Оё вай дар Мактаби таълими мавъиза боғайратона иштирок мекунад? (Ибр. 10:24, 25).

Оё фарзанди шумо мекӯшад, ки дар мактаб ё боз ягон ҷои дигар аз муоширати ёрони бад канорагирӣ карда, ахлоқан пок монад? (Мас. 13:20). Кадом навъи мусиқӣ, филмҳо, барномаҳои телевизионӣ, бозиҳои компютерӣ ва сайтҳои Интернет ба ӯ бештар маъқуланд? Оё гуфтору рафтораш нишон медиҳанд, ки ӯ ба меъёрҳои Китоби Муқаддас мувофиқат кардан мехоҳад?

Фарзанди шумо Китоби Муқаддасро то чӣ андоза хуб медонад? Оё он чизеро ки ӯ дар Шоми ибодати оилавӣ мефаҳмад, бо суханони худаш нақл карда метавонад? Оё вай таълимоти асосии Китоби Муқаддасро фаҳмонда метавонад? (Мас. 2:6–9). Хондани Китоби Муқаддас ва адабиёти ғуломи мӯътамад ва доно барояш шавқовар аст? (Мат. 24:45). Оё ӯ дар бораи таълимотҳои Китоби Муқаддас ва оятҳои он саволҳо медиҳад?

Ин саволҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки пешравии рӯҳонии фарзандатонро муайян созед. Баъди дида баромадани онҳо шумо шояд хулоса бароред, ки пеш аз таъмид гирифтан ӯ бояд дар баъзе соҳаҳо беҳтар гардад. Лекин, агар тарзи ҳаёти ӯ нишон диҳад, ки вай шогирди Масеҳ аст ва ӯ дар ҳақиқат ҳаёташро ба Худо бахшидааст, шояд шумо фикр кунед, ки ба таъмид гирифтани ӯ иҷозат додан мумкин аст.

Кӯдакону наврасон метавонанд Яҳуваро ҷалол диҳанд

Бисёри хизматгорони Худо дар вақти кӯдакӣ ва наврасиашон ба Худо садоқатмандӣ нишон додаанд. Дар бораи Юсуф, Самуил, Йӯшиёҳу ва Исо фикр кунед (Ҳас. 37:2; 39:1–3; 1 Подш. 1:24–28; 2:18–20; 2 Вақ. 34:1–3; Луқ. 2:42–49). Ва чор духтари Филиппус, ки пешгӯӣ мекарданд, эҳтимол аз синни хурдсолӣ нағз таълим дода шуда буданд (Аъм. 21:8, 9).

Шоҳиде аз Юнон мегӯяд: «Ман дар 12–солагиам таъмид гирифтаам ва ҳеҷ гоҳ аз ин қарори худ пушаймон нашудам. Аз он вақт 24 сол гузашт, ки 23 соли онро ман дар хизмати пурравақт мегузаронам. Вақте ки ман бо мушкилиҳои ҷавонӣ дучор мешудам, муҳаббат ба Яҳува ҳамеша ба ман ёрдам мекард. Дар 12–солагӣ ман он донишеро надоштам, ки ҳоло аз Навиштаҳо дорам. Лекин ман медонистам, ки Яҳуваро дӯст медорам ва мехоҳам ба Ӯ абадӣ хизмат кунам. Ман хурсандам, ки барои давом додани хизмат Ӯ ба ман кӯмак мекард».

Шахсе, ки шогирди ҳақиқии Масеҳ буданашро нишон медиҳад, бояд таъмид гирад — хоҳ вай ҷавон бошад, хоҳ пир. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст» (Рум. 10:10). Вақте ки шогирди ҷавони Масеҳ қадами муҳимро гузошта, таъмид мегирад, ин ҳам барои ӯ ва ҳам барои волидонаш комёбии бузурге ҳисоб меёбад. Бигзор ҳеҷ чиз шумо ё фарзандатонро аз шодиву хурсандие, ки шуморо интизор аст, маҳрум насозад.

[Эзоҳ]

^ сарх. 2 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

[Чорчӯба дар саҳифаи 9]

Назари дуруст ба таъмид

Баъзе волидон таъмид гирифтани фарзандашонро чун гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ҳам фоиданок ва ҳам хатарнок мешуморанд. Вале магар таъмид ва хизмати муқаддас ба комёбии ояндаи шахс ягон бор таҳдид кардааст? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки не. Дар Масалҳо 10:22 гуфта шудааст: «Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад». Ва Павлус ба Тимотиюси ҷавон навишта буд: «Диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад» (1 Тим. 6:6).

Рост аст, ки ба Яҳува хизмат кардан осон нест. Ирмиё дар вақти чун пайғамбари Худо хизмат карданаш бо мушкилиҳои зиёд дучор мешуд. Лекин дар бораи ба Худои ҳақиқӣ ибодат карданаш ӯ навишт: «Каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид, зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам» (Ирм. 15:16). Ирмиё медонист, ки хизмати Худо сарчашмаи шодии ӯ буд. Ҷаҳони Шайтон бошад, сарчашмаи душвориҳост. Ба волидон лозим аст, то ба фарзандонашон барои фаҳмидани ин фарқият кӯмак намоянд (Ирм. 1:19).

[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 10]

Оё ба таъмид гирифтани фарзандам ҳоло барвақт нест?

Баъзан, ҳатто агар фарзанд ба таъмидгирӣ мувофиқат кунад ҳам, волидон шояд қарор кунанд, ки ҳоло ба таъмид гирифтани фарзандашон барвақт аст. Аз кадом сабабҳо?

Ман метарсам, ки агар фарзандам таъмид гираду баногоҳ баъдтар гуноҳи ҷиддӣ содир кунад, вай метавонад аз ҷамъомад хориҷ шавад. Оё чунин фикр кардан дуруст мебуд, ки ҷавоне, ки таъмидгириро ба қафо мегузорад, дар назди Худо барои корҳояш ҷавобгар нест? Сулаймон суханони зеринро ба ҷавонону наврасон равона кард: «Бидон, ки барои [корҳоят] туро Худо ба доварӣ хоҳад овард» (Воиз 11:9). Ва вақте Павлус гуфт, ки «ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод», ӯ синну соли махсусро қайд накард (Рум. 14:12).

Ҳамаи хизматгорони Худо, хоҳ таъмид гирифта бошанд, хоҳ не, дар назди Худо ҷавобгаранд. Фаромӯш накунед, ки Яҳува хизматгоронашро муҳофизат мекунад ва «намегузорад, ки [касе] берун аз қуввати худ» озмуда шавад (1 Қӯр. 10:13). То даме, ки хизматгорони Худо «ҳушёр ва бедор» мемонанд ва ба васвасаҳо муқобилат мекунанд, ба дастгирии Ӯ боварӣ дошта метавонанд (1 Пет. 5:6–9). Як модари масеҳӣ менависад: «Кӯдаконе, ки таъмид гирифтаанд, сабабҳои бештаре доранд, ки аз чизҳои бади ин ҷаҳон худро дур гиранд. Писари ман, ки дар 15–солагӣ таъмид гирифтааст, фикр мекунад, ки таъмид барои вай ҳимоя аст. “Шумо дар бораи кардани коре, ки муқобили қонуни Яҳува аст, фикр намекунед”,— мегӯяд ӯ. Таъмид касро водор мекунад, ки беайбиро аз даст надиҳад».

Агар шумо бо сухан ва рафтори худ ба фарзандатон итоаткорӣ ба Яҳуваро таълим дода бошед, шумо боварӣ дошта метавонед, ки баъди таъмид низ онҳо ҳамин тавр амал хоҳанд кард. Масалҳо 20:7 мегӯяд: «Одил дар беайбии худ рафтор мекунад; хушо писарони ӯ баъд аз ӯ!»

Ман мехостам бинам, ки фарзандам аввал ба мақсадҳои муайян расад. Ҷавонон бояд кор карданро ёд гиранд, то бо гузашти вақт худро таъмин карда тавонанд. Лекин онҳоро ба он ташвиқ кардан хатарнок аст, ки ба ҷои ибодати ҳақиқӣ, маълумотгирӣ ва пули нағз кор карданро дар ҷои аввал гузоранд. Исо оиди «тухмӣ» ё каломи бесамари Салтанат гуфт: «Кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин андешаҳои дунёӣ ва ҳирси сарват каломро пахш мекунад ва он бесамар мегардад» (Мат. 13:22). Ташвиқ кардани наврас ба мақсадҳои ҷаҳонӣ метавонад мақсадҳои рӯҳонии ӯро поймол кунад ва хоҳиши ба Худо хизмат карданро дар дили вай нест кунад.

Дар бораи наврасоне, ки ба таъмидгирӣ тайёранду волидонашон ба ин розӣ нестанд, пири ботаҷрибае гуфт: «Аз таъмидгирӣ боз доштани наврас метавонад инкишофи рӯҳонии вайро суст кунад ва ӯро рӯҳафтода созад». Ва нозири сайёре навишт: «Наврас метавонад худро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ноустувор ва ношоям ҳис кунад. Ӯ метавонад барои ба даст овардани ҳисси қаноатмандӣ ба он кӯшад, ки дар ҷаҳон чизе ба даст орад».

[Tасвир]

Оё таълим дар донишгоҳ бояд дар ҷои аввал истад?

[Tасвир дар саҳифаи 7]

Кӯдак ё наврас метавонад шогирди Масеҳ буданашро нишон диҳад

[Tасвир дар саҳифаи 7]

Тайёрӣ ва иштирок дар вохӯриҳо

[Tасвир дар саҳифаи 8]

Итоат ба волидон

[Tасвир дар саҳифаи 8]

Иштирок дар мавъиза

[Tасвир дар саҳифаи 8]

Дуои шахсӣ