Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ин хушхабарест, ки ҳама ба он ниёз доранд

Ин хушхабарест, ки ҳама ба он ниёз доранд

Ин хушхабарест, ки ҳама ба он ниёз доранд

«Башорат [хушхабар]... қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор» (РУМ. 1:16).

1, 2. Чаро шумо хушхабари Салтанатро мавъиза мекунед ва кадом ҷиҳатҳои онро бештар қайд мекунед?

«МАН тайёрам, ки ҳар рӯз хушхабарро ба дигарон расонам». Шояд шумо низ ҳамин тавр фикр кунед ё чунин гӯед. Чун Шоҳиди Яҳува, ки худро ба Ӯ бахшидаед, шумо медонед, ки мавъизаи «Инҷил [хушхабар]–и Малакут» то чӣ андоза муҳим аст. Шояд шумо пешгӯии дар ин бора гуфтаи Исоро ҳатто аз ёд донед (Мат. 24:14).

Вақте ки шумо хушхабари Салтанатро мавъиза мекунед, шумо кореро, ки Исо оғоз карда буд, давом медиҳед. (Луқо 4:43–ро бихонед.) Бешубҳа, шумо дар вақти мавъиза бештар қайд мекунед, ки ба наздикӣ Худо ба кори одамон дахолат хоҳад кард. Ба воситаи «мусибати бузург» Ӯ динҳои дурӯғинро нест мекунад ва заминро аз бадӣ пок месозад (Мат. 24:21). Шумо эҳтимол ҳамчунин таъкид мекунед, ки Салтанати Худо дар рӯи замин Биҳиштро барқарор хоҳад кард ва дар натиҷа сулҳу хурсандӣ ҳукмфармо хоҳад шуд. Дар асл, хушхабари Салтанат қисми хушхабарест, ки «пешакӣ ба Иброҳим» эълон шуда буд. Худо гуфт, ки дар ӯ «ҳамаи халқҳо баракат» хоҳанд ёфт (Ғал. 3:8).

3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Павлуси ҳавворӣ дар китоби Румиён ба хушхабар аҳамияти махсус дод?

3 Вале, оё чунин шуда метавонад, ки мо ба ҷиҳати муҳими хушхабаре, ки одамон ба он ниёз доранд, кам аҳамият диҳем? Дар нусхаи аслии нома ба румиён Павлуси ҳавворӣ калимаи «Салтанат»–ро ҳамагӣ як бор истифода бурд, вале калимаи «хушхабар»–ро ӯ 12 маротиба истифода бурд. (Румиён 14:17–ро бихонед.) Дар он китоб Павлус бисёр вақт ба кадом ҷиҳати хушхабар ишора мекард? Чаро ин ҷиҳати хушхабар муҳим аст? Ва чаро мо бояд инро ҳангоми ба одамони маҳалламон мавъиза кардани «башорати Худо» дар хотир нигоҳ дорем? (Марқ. 1:14; Рум. 15:16; 1 Тас. 2:2).

Чизе ки румиён ба он ниёз доштанд

4. Ҳангоми бори аввал дар маҳбаси Рум нишастанаш Павлус дар бораи чӣ мавъиза мекард?

4 Павлус ҳангоми бори аввал дар маҳбаси Рум нишастанаш мавзӯъҳоеро муҳокима кард, ки дар бораи онҳо фикр кардан фоиданок аст. Мо мехонем, ки вақте ки баъзе яҳудиён назди ӯ меомаданд, вай ба онҳо 1) «аз Малакути [салтанати] Худо шаҳодат ва шарҳ медод» ва 2) «далелҳо дар бораи Исо меовард». Ин чӣ натиҷа дод? «Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд». Сипас Павлус «ҳар киро, ки назди ӯ меомад, пазироӣ менамуд» ва ба онҳо 1) «Малакути Худоро мавъиза мекард» ва 2) «тариқати Исои Масеҳ»–ро таълим медод (Аъм. 28:17, 23–31). Равшан аст, ки Павлус диққатро ба Салтанати Худо равона намуд. Лекин ӯ боз чиро қайд кард? Ӯ нақши Исоро дар иҷрошавии нияти Худо қайд намуд, ки ин ҷиҳати асосии Салтанат мебошад.

5. Павлус дар китоби Румиён дар бораи чӣ навишт?

5 Ба ҳамаи одамон лозим аст, ки дар бораи Исо донанд ва ба ӯ имон оранд. Барои ҳамин дар китоби Румиён Павлус дар ин бора сухан меронад. Дар аввал ӯ навишт, ки вай Худоро «дар башорати Писари Ӯ бо рӯҳи худ ибодат» мекунад. Ӯ илова кард: «Башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор». Баъдтар, ӯ дар бораи замоне гуфт, ки дар он Худо дар асоси «башорат», яъне хушхабар «асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард». Ва ӯ нақл кард: «Ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорати Масеҳро * интишор кардаам» (Рум. 1:9, 16; 2:16; 15:19). Ба фикри шумо, барои чӣ Павлус диққати румиёнро ба Исои Масеҳ ҷалб кард?

6, 7. Дар бораи ташкилёбии ҷамъомади Рум ва аз чӣ гуна одамон иборат будани он чӣ гуфтан мумкин аст?

6 Ҷамъомади Рум чӣ тавр ташкил шуда буд? Оё яҳудиён ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда, ки дар Пантикости соли 33–и эраи мо ҳузур доштанд, ба Рум чун масеҳиён баргаштанд? (Аъм. 2:10). Ё ҳақиқатро дар Рум масеҳиёни савдогар ё ба саёҳат рафта паҳн карданд? Мо инро аниқ намедонем. Чизе ки набошад, қарибиҳои соли 56–и эраи мо, вақте ки Павлус китоби Румиёнро навишт, ин ҷамъомад аллакай солҳои зиёд вуҷуд дошт (Рум. 1:8). Он аз чӣ гуна одамон иборат буд?

7 Баъзеи онҳо яҳудӣ буданд. Азбаски Павлус ба Андрониқӯс ва Юниёс салом фиристода, онҳоро «хешони ман» номид, эҳтимол онҳо низ яҳудӣ буданд. Акило ва занаш Прискила, ки муддате дар Рум мезистанд, ҳамчунин яҳудӣ буданд (Рум. 4:1; 9:3, 4; 16:3, 7; Аъм. 18:2). Вале бисёри бародарону хоҳароне, ки Павлус салом фиристод, эҳтимол ғайрияҳудӣ буданд. Баъзеҳо шояд аз «хонадони қайсар» буданд ва эҳтимол чун ғуломону мансабдорони хурди қайсар хизмат мекарданд (Фил. 4:22; Рум. 1:5, 6; 11:13).

8. Масеҳиёни Рум дар кадом ҳолат қарор доштанд?

8 Ҳамаи масеҳиёни румӣ мисли мо дар ҳолати ғамовар қарор доштанд. Павлус инро чунин мефаҳмонад: «Ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд» (Рум. 3:23). Равшан аст, ки ҳамаи касоне, ки Павлус ба онҳо нома навишт, бояд гунаҳкор будани худро дарк мекарданд ва ба чизе ки Яҳува барои аз ин ҳолати ғамовар раҳо ёфтан пешниҳод мекунад, имон меоварданд.

Ба одамон лозим аст, ки гунаҳкор будани худро дарк кунанд

9. Павлус ба кадом натиҷаи олиҷаноби «башорат» ишора кард?

9 Дар аввали нома ба Румиён Павлус қайд кард, ки қабули башорат, яъне хушхабар, ки ӯ пайваста дар борааш мегуфт, чӣ натиҷаи олиҷанобе дорад. Ӯ навишт: «Башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ». Бале, наҷот имконпазир буд. Лекин барои он имон доштан лозим буд. Суханони аз Ҳабаққуқ 2:4 иқтибос овардаи Павлус ин фикрро тасдиқ мекунанд: «Одил ба василаи имон хоҳад зист» (Рум. 1:16, 17; Ғал. 3:11; Ибр. 10:38). Вале чӣ тавр «башорат», ки сӯи наҷот бурда метавонад, бо гунаҳкор будани ҳамаи одамон алоқамандӣ дорад?

10, 11. Чаро фикри дар Румиён 3:23 гуфтаи Павлус барои баъзеҳо шинос ва барои баъзеи дигар бегона аст?

10 Барои инкишоф додани имоне, ки ҳаётро наҷот медиҳад, шахс аввал бояд дарк намояд, ки вай гунаҳкор аст. Барои онҳое, ки дар оилаи имондорон калон шудаанд ва бо Китоби Муқаддас каме шиносанд, фикри гунаҳкор будани инсон шояд бегона набошад. (Воиз 7:20–ро бихонед.) Хоҳ розӣ бошанд ва хоҳ шубҳа доранд, онҳо ақаллан мефаҳманд, ки Павлус бо суханони «ҳама гуноҳ карда[анд]», чиро дар назар дошт (Рум. 3:23). Вале дар хизмат шояд мо бисёр касонро вомехӯрем, ки маънои ин суханонро намефаҳманд.

11 Дар баъзе мамлакатҳо, одамон бо чунин фикр ба воя нарасидаанд, ки онҳо гунаҳкор таваллуд мешаванд, яъне гуноҳро мерос гирифтаанд. Албатта, онҳо шояд мефаҳманд, ки хатогӣ мекунанд, хислатҳои манфӣ доранд ва баъзан корҳои бад содир кардаанд. Ва онҳо дар дигарон низ чунин ҳолатро мебинанд. Вале аз сабаби тарбия ва муҳити ба воя расидаашон онҳо то ба охир намефаҳманд, ки чаро ин ҳолат вуҷуд дорад. Ҳатто дар баъзе забонҳо, агар шумо гӯед, ки касе гунаҳкор аст, дигарон шояд фикр кунанд, ки он шахс ҷинояткор аст ё ки ягон қоидаро вайрон кардааст. Пас, шахсе, ки дар чунин муҳит калон шудааст, шояд худро ба он маъное, ки Павлус гуфта буд, гунаҳкор наҳисобад.

12. Чаро бисёриҳо бовар намекунанд, ки ҳамаи одамон гунаҳкоранд?

12 Ҳатто дар мамлакатҳои масеҳӣ бисёриҳо ба гунаҳкор будани инсон бовар намекунанд. Барои чӣ? Ҳатто агар онҳо баъзан ба калисо раванд ҳам, онҳо хабари Китоби Муқаддасро оиди Одаму Ҳавво танҳо афсона ё ривоят меҳисобанд. Дигарон дар муҳите калон мешаванд, ки ба Худо ягон шавқ надоранд. Онҳо ба вуҷуд доштани Худо шубҳа доранд ва аз ин рӯ, намефаҳманд, ки Ҳаққи Таоло барои одамон меъёрҳо муқаррар мекунад ва риоя накардани меъёрҳои Ӯ гуноҳ аст. Аз ҷиҳате чунин шахсон ба онҳое монанданд, ки дар асри як Павлус онҳоро чун шахсони «дар олам бе умед ва бе Худо» тасвир карда буд (Эфс. 2:12).

13, 14. а) Як сабаб кадом аст, ки чаро онҳое, ки ба вуҷуд доштани Худо ва гуноҳ бовар намекунанд, ба сафед кардани худ асосе надоранд? б) Беимонӣ бисёриҳоро ба чӣ оварда мерасонад?

13 Дар нома ба Румиён Павлус ду сабаб меорад, ки чаро шахсони дар чунин муҳит калоншуда барои худро сафед кардан асосе надоштанд ва имрӯз ҳам надоранд. Сабаби якум ин аст, ки худи офаридаҳо дар бораи вуҷудияти Офаридгор шаҳодат медиҳанд. (Румиён 1:19, 20–ро бихонед.) Ин ба он суханоне, ки Павлус аз Рум ба ибриён навишта буд, мувофиқат мекунад. Ӯ навишт: «Ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост» (Ибр. 3:4). Ин тарзи далелории ӯ вуҷуд доштани Офаридгореро, ки тамоми оламро сохтааст ё ба вуҷуд овардааст, қайд мекунад.

14 Аз ин рӯ, Павлус ҳангоми ба румиён нома навиштан асоси устувор дошт, ки ҳеҷ касе, ки тасвирҳои беҷонро парастиш мекунад — аз он ҷумла исроилиёни қадим — «узре надоранд». Ин маънои онро дорад, ки онҳо барои худро сафед кардан асосе надоранд. Айнан ҳаминро нисбати онҳое, ки бо бадахлоқии ҷинсӣ машғул мешуданд ва ҷисмҳои худро муқобили табиат истифода мебурданд, гуфтан мумкин аст (Рум. 1:22–27). Ҳамин тавр фикр ронда, Павлус ба чунин хулосаи дуруст омад, ки «ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд» (Рум. 3:9).

Виҷдон «гувоҳӣ» медиҳад

15. Ҳамаи одамон соҳиби чӣ мебошанд ва он ба онҳо чӣ гуна таъсир мерасонад?

15 Китоби Румиён сабаби дигареро нишон медиҳад, ки чаро одамон бояд гунаҳкор будан ва ба наҷот ниёз доштани худро дарк кунанд. Дар бораи маҷмӯи қонунҳое, ки Худо ба Исроили қадим дода буд, Павлус навишт: «Онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд» (Рум. 2:12). Фикррониашро давом дода, ӯ қайд мекунад, ки одамони халқу миллатҳои гуногун, ки бо Шариати Худо шинос нестанд, бисёр вақт «табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд». Чаро чунин одамон одатан бо хешони наздик алоқаи ҷинсӣ кардан, одамкушӣ ва дуздиро маҳкум мекунанд? Павлус сабаби инро мефаҳмонад: онҳо виҷдон доранд. (Румиён 2:14, 15–ро бихонед.)

16. Чаро доштани виҷдон ҳатман маънои онро надорад, ки шахс аз гуноҳ канорагирӣ мекунад?

16 Ҳарчанд виҷдон ҳамчун шоҳиди ботинӣ амал мекунад, доштани он маънои онро надорад, ки шахс аз рӯи ҳидояти он амал мекунад. Масалан, мисоли исроилиёни қадим инро нишон медиҳад. Ҳарчанд исроилиён виҷдони худодод доштанд ва Худо бо қонунҳои махсус онҳоро аз дуздӣ ва хиёнати ҳамсарӣ огоҳ карда буд, онҳо бисёр вақт муқобили виҷдонашон амал мекарданд ва Қонуни Яҳуваро мешикастанд (Рум. 2:21–23). Онҳо дучандон айбдор буданд ва аз ин рӯ, бешубҳа гунаҳкор буданд ва ба меъёрҳо ва иродаи Худо мувофиқат намекарданд. Ин ба таври ҷиддӣ муносибатҳои онҳоро бо Офаридгорашон вайрон мекард (Ибд. 19:11; 20:10; Рум. 3:20).

17. Дар китоби Румиён мо чӣ гуна суханони рӯҳбаландкунандаро меёбем?

17 Он чизе ки мо аз китоби Румиён муҳокима кардем, дар бораи вазъияте, ки инсоният, аз он ҷумла мо, дар назди Худои Қодир дорем, шояд манзараи ғамгинеро тасвир кунад. Лекин, Павлус фикрашро бо ин тамом накард. Ӯ суханони Довудро аз Забур 31:1, 2 иқтибос оварда навишт: «Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пӯшида шудааст; хушо касе ки Худованд гуноҳҳои варо ба ҳисоб намеоварад» (Рум. 4:7, 8). Бале, Худо барои бахшидани гуноҳҳо чораи қонунӣ андешидааст.

Хушхабар оиди Исо ҷиҳати муҳими хабари мост

18, 19. а) Дар китоби Румиён Павлус диққатро ба кадом ҷиҳати хушхабар равона кард? б) Барои ба даст овардани баракатҳои Салтанат мо бояд чиро эътироф кунем?

18 Баъди фаҳмидани он ки бахшиши гуноҳҳо имконпазир мебошад, шумо шояд хитоб кунед: «Ин дар ҳақиқат хушхабар аст!» Ва ин суханон ҳаққанд. Ин маҳз ҳамон ҷиҳати хушхабар аст, ки Павлус дар китоби Румиён қайд карда буд. Чӣ хеле ки аллакай гуфтем, Павлус навишт: «Башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷот» (Рум. 1:15, 16).

19 Ҷиҳати асосии «башорат» ё хушхабар — ин нақши Исо дар иҷрошавии нияти Худо аст. Павлус рӯзеро интизор буд, ки Худо дар асоси хушхабар «асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард» (Рум. 2:16). Бо ин, ӯ аҳамияти «Малакути Масеҳ ва Худо» ё он чиро ки Худо тавассути Салтанат мекунад, кам карданӣ набуд (Эфс. 5:5). Вале ӯ ба мо нишон додан мехост, ки барои зери ҳукмронии Салтанати Худо зистан ва аз баракатҳои он баҳра бурдан мо бояд эътироф кунем, ки 1) дар назари Худо гунаҳкорем ва 2) чаро барои бахшиши гуноҳҳоямон бояд ба Исои Масеҳ имон орем. Вақте ки шахс он ҷиҳатҳои нияти Худоро мефаҳмад, онҳоро қабул мекунад ва ояндаи дар пешаш бударо мебинад, ӯ бешубҳа метавонад нидо кунад: «Бале, ин дар ҳақиқат хушхабар аст!»

20, 21. Чаро мо бояд дар хизмат хушхабареро, ки дар китоби Румиён қайд шудааст дар хотир дошта бошем ва ин чӣ натиҷа оварда метавонад?

20 Ин ҷиҳати хушхабарро мо бояд ҳангоми иҷрои хизмати масеҳӣ нағз дар хотир дорем. Ба Исо ишора карда, Павлус суханони Ишаъёро иқтибос меорад: «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд» (Рум. 10:11; Иш. 28:16). Маълумот оиди нақши Исо шояд барои онҳое, ки аз Китоби Муқаддас дар бораи гуноҳ маълумоте доранд, чизи тамоман бегона набошад. Ба дигарон бошад, аз сабаби эътиқоду маданияташон, ин маълумот як чизи тамоман нав ва ношинос хоҳад буд. Вақте ки чунин шахсон ба Худо имон меоранд ва ба Навиштаҳо боварӣ пайдо мекунанд, ба мо лозим меояд, ки ба онҳо нақши Исоро фаҳмонем. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр боби 5–уми китоби Румиён ба ин ҷиҳати хушхабар равшанӣ меандозад. Шояд ин омӯзиш барои хизмати шумо фоиданок гардад.

21 Хушхабаре, ки дар китоби Румиён такрору батакрор дар борааш гуфта мешавад, дар асл,— «қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор» (Рум. 1:16). Ва вақте ки мо ба одамони самимӣ барои фаҳмидани он кӯмак мекунем, хурсандии зиёд мегирем. Илова бар ин, мо хоҳем дид, ки чӣ тавр дигарон ба суханони зерини дар Румиён 10:15 овардаи Павлус ҳамовоз мешаванд: «Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!» (Иш. 52:7).

[Эзоҳ]

^ сарх. 5 Ибораҳои ба ин монанд дар китобҳои дигари зери илҳоми Худо навишташуда — Марқ. 1:1; Аъм. 5:42; 1 Қӯр. 9:12; Фил. 1:27 вомехӯранд.

Оё шумо дар хотир доред?

• Китоби Румиён кадом ҷиҳати хушхабарро қайд мекунад?

• Барои дарк кардани чӣ мо бояд ба одамон кӯмак кунем?

• Чӣ тавр «башорати Масеҳ» метавонад ба мо ва дигарон баракат орад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Чорчӯба дар саҳифаи 16]

Хушхабаре, ки дар китоби Румиён қайд шудааст, нақши муҳимеро, ки Исо дар иҷрошавии нияти Худо мебозад, дар бар мегирад

[Tасвир дар саҳифаи 17]

Ҳамаи мо бо нуқсони марговар — гуноҳ таваллуд мешавем!