Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ба огоҳиҳои аниқу равшани Яҳува гӯш медиҳед?

Оё шумо ба огоҳиҳои аниқу равшани Яҳува гӯш медиҳед?

Оё шумо ба огоҳиҳои аниқу равшани Яҳува гӯш медиҳед?

«Роҳ ин аст, бо он биравед» (ИШ. 30:21).

1, 2. Шайтон чӣ мақсад дорад ва чӣ тавр Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад?

ОН АЛОМАТИ роҳ, ки ба самти нодуруст ишора мекунад, шахсро на танҳо гумроҳ мекунад, балки зарари калон оварда метавонад. Тасаввур кунед, ки як дӯстатон шуморо огоҳ мекунад, ки шахси бадкоре дидаву дониста аломати роҳро тағйир додааст, то ба саёҳатчиёни бехабар зарар расонад. Магар шумо ба ин огоҳӣ гӯш намедодед?

2 Шайтон ба он шахси бадкор монанд аст ва ӯ мақсад дорад, ки моро гумроҳ кунад (Ваҳй 12:9). Ҳамаи хатарҳое, ки дар мақолаи гузашта муҳокима кардем аз Шайтон мебароянд ва ба он равона шудаанд, ки моро аз роҳи ҳаёти ҷовидона дур созанд (Мат. 7:13, 14). Хушбахтона, Худои ғамхори мо моро аз «аломатҳои» гумроҳкунандае, ки Шайтон дар роҳи мо мегузорад, огоҳ мекунад. Биёед ҳоло мефаҳмем, ки боз кадом се чизи дигарро Шайтон барои гумроҳ кардани мо ба кор мебарад ва чӣ тавр Китоби Муқаддас барои аз онҳо канорагирӣ кардан ба мо кӯмак мекунад. Вақте мо Каломи Худоро мехонем, мо метавонем тасаввур кунем, ки Яҳува аз қафои мо роҳ рафта чунин мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед» (Иш. 30:21). Ҳангоми муҳокимаи ин огоҳиҳои аниқу равшани Яҳува иродаи мо ба гӯш кардани Ӯ боз ҳам қавитар мегардад.

Ба «муаллимони козиб» пайравӣ накунед

3, 4. а) Чаро муаллимони козиб ба чоҳи хушкшуда монанданд? б) Аксарияти муаллимони козиб аз куҷо пайдо мешаванд ва онҳо чӣ кор кардан мехоҳанд?

Тасаввур кунед, ки шумо дар вақти сафар аз ҷои хушку беобе мегузареду ташнагӣ ҳис мекунед. Баногоҳ каме дуртар чоҳеро мебинед. Шумо фикр мекунед, ки чоҳ об дорад ва ба он наздик мешавед. Лекин ҳангоми он ҷо расидан шумо мебинед, ки чоҳ хушк аст. Шумо хеле рӯҳафтода мешавед! Муаллимони козиб, яъне бардурӯғ, монанди чоҳи хушкшудаанд. Ҳар касе, ки барои нӯшидани оби ҳақиқат назди онҳо меояд, хеле рӯҳафтодаву пушаймон хоҳад шуд. Яҳува ба воситаи Павлус ва Петруси ҳавворӣ моро аз онҳо огоҳ мекунад. (Аъмол 20:29, 30; 2 Петрус 2:1–3-ро бихонед.) Ин муаллимони козиб киҳоянд? Суханони Павлус ва Петрус ба мо мефаҳмонанд, ки онҳо аз куҷо пайдо шудаанд ва чӣ тавр одамонро фиреб медиҳанд.

4 Ба пирони ҷамъомади шаҳри Эфсӯс Павлус гуфт: «Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт». Ва Петрус низ ба ҳамимонон муроҷиат карда навишт: «Дар миёни шумо ҳам муаллимони козиб хоҳанд буд». Пас, маълум мешавад, ки муаллимони бардурӯғ метавонанд аз даруни ҷамъомад бароянд. Онҳо осиёнанд *. Чунин шахсон чӣ кор кардан мехоҳанд? Ба онҳо фақат тарк кардани ҷамъомаде, ки як вақтҳо дӯст медоштанд, кифоя нест. Павлус мефаҳмонад, ки онҳо ҳамчунин мехоҳанд «шогирдонро аз ақиби худ бикашанд». «Шогирдон» гуфта Павлус шогирдони Исои Масеҳро дар назар дошт. Ба ҷои он ки аз беруни ҷамъомад барои худ шогирд ҷӯянд, осиён мекӯшанд шогирдони Масеҳро аз они худ созанд. Мисли «гургҳои дарранда» муаллимони бардурӯғ сахт мекӯшанд, ки аъзоёни ҷамъомадро фурӯ баранд, яъне имони онҳоро хароб карда онҳоро аз роҳи ҳақиқат берун созанд (Мат. 7:15; 2 Тим. 2:18).

5. Чӣ тавр муаллимони бардурӯғ одамонро фиреб медиҳанд?

5 Муаллимони бардурӯғ чӣ тавр одамонро фиреб медиҳанд? Онҳо хеле маккорона амал мекунанд. Мисли ҷинояткороне, ки чизҳоро ба мамлакат рустӣ меоранд, осиён ақидаҳои фасодкунандаи худро дар ҷамъомад ба таври ноаён ҷорӣ мекунанд. Чӣ тавре ки қаллобон мекӯшанд ҳуҷҷатҳои қалбакӣ созанд, осиён «суханони макромез» ё далелҳои бардурӯғро истифода мебаранд, то ақидаҳои бофтаашон чун гапи рост садо диҳад. Онҳо таълимотҳои фиребгаронаашонро паҳн мекунанд ва Навиштаҳоро барои ба ақидаҳои шахсиашон мувофиқ кардан «ғалат таъбир менамоянд» (2 Пет. 2:1, 3, 13; 3:16). Равшан аст, ки осиён ба мо ғамхорӣ намекунанд. Ба онҳо пайравӣ кардан моро аз роҳи ҳаёти ҷовидона фақат дур мекунаду халос.

6. Китоби Муқаддас оиди муаллимони бардурӯғ ба мо чӣ маслиҳати аниқу равшан медиҳад?

6 Чӣ тавр мо худро аз муаллимони бардурӯғ муҳофизат карда метавонем? Ҷавобе, ки Китоби Муқаддас медиҳад, аниқу равшан аст. (Румиён 16:17; 2 Юҳанно 9–11-ро бихонед.) «Аз онҳо канорагирӣ кунед»,— мегӯяд Каломи Худо. Фаҳмидани ин душвор нест. Ин маънои он дорад, ки мо бояд аз онҳо ҳазар кунем. Фарз кунед, ки духтур ба шумо гуфт, ки бояд аз касе, ки ба касалии сирояткунандаву марговар гирифтор аст, ҳазар кунед. Огоҳии духтур равшану аниқ аст ва шумо ба суханони ӯ гӯш хоҳед дод. Тарзи фикрронии осиён бемор гаштааст ва онҳо мекӯшанд, ки бо таълимотҳои хиёнаткоронаашон дигаронро заҳролуд кунанд (1 Тим. 6:3, 4). Яҳува, Духтури Бузург, ба мо мегӯяд, ки аз онҳо канорагирӣ кунем. Албатта мо огоҳии Ӯро мефаҳмем, вале оё ба он пурра гӯш мекунем?

7, 8. а) Аз муаллимони бардурӯғ канорагирӣ кардан чиро дар бар мегирад? б) Чаро шумо бо чунин қатъият аз онҳо ҳазар мекунед?

7 Аз муаллимони бардурӯғ канорагирӣ кардан чиро дар бар мегирад? Мо бо онҳо гап намезанем ва ба хонаамон таклиф намекунем. Мо ҳамчунин китобҳои онҳоро намехонем, намоишҳои телевизиониро, ки онҳо баромад мекунанд, тамошо намекунем, чизҳоеро, ки онҳо дар Интернет ҷой мекунанд, намехонем ё дар ҷавоб шарҳҳои худро наменависем. Чаро мо бо чунин қатъият аз онҳо ҳазар мекунем? Пеш аз ҳама барои он ки мо «Худои ростӣ»–ро дӯст медорем. Аз ин сабаб мо таълимотҳои бардурӯғи онҳоро, ки ба ҳақиқати Каломи Худо зид аст, гӯш кардан намехоҳем (Заб. 30:6; Юҳ. 17:17). Мо ҳамчунин ташкилоти Яҳуваро дӯст медорем. Охир, маҳз тавассути он мо чунин ҳақиқатҳои олиҷанобро, ба мисли номи Яҳува ва маънои он, нияти Худо оиди замин, ҳолати мурдагон ва умеди эҳёшавиро фаҳмидем. Оё шумо дар ёд доред, ки вақте бори аввал ин ҳақиқатҳои пурарзишро фаҳмидед, чӣ ҳис карда будед? Пас, нагузоред, ки дурӯғи муаллимони козиб шуморо зидди ташкилоте, ки ба шумо ин ҳақиқатҳоро омӯзондааст, барангезад (Юҳ. 6:66–69).

8 Муаллимони бардурӯғ чизе ки нагӯянд, мо ба онҳо пайравӣ нахоҳем кард! Агар мо назди чунин одамони ба чоҳи хушкшуда монанд равем, мо танҳо фиреб мехӯрем ва пушаймон мешавем. Ба ҷои ин, биёед боқатъият тайёр бошем, ки ба Яҳува ва ташкилоти Ӯ содиқ монем. Аллакай муддати дароз аст, ки ин ташкилот бо оби тоза ва тароватбахши ҳақиқати Каломи илҳомбахшидаи Худо ташнагии моро мешиканад (Иш. 55:1–3; Мат. 24:45–47).

Аз паи «афсонаҳои фиребгарона» наравед

9, 10. Павлус оиди «қиссаҳо» ба Тимотиюс чӣ огоҳӣ дод ва ӯ чиро дар назар дошт? (Ба эзоҳ нигаред.)

9 Баъзан фаҳмидан осон аст, ки касе аломати роҳро дигар кардааст ва он роҳи нодурустро нишон медиҳад. Дар мавридҳои дигар бошад, пай бурдани ин фиреб душвор аст. Оиди ҳиллаҳои Шайтон низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст; баъзеи онҳо аёнанд, баъзеяшон не. Павлуси ҳавворӣ моро огоҳ мекунад, ки яке аз воситаҳои маккоронае, ки Шайтон истифода мебарад — «қисса» ё афсонаҳои фиребгарона мебошад. (1 Тимотиюс 1:3, 4–ро бихонед.) Ин афсонаҳои фиребгарона чистанд ва чӣ тавр мо метавонем аз гӯш кардани онҳо канорагирӣ намоем? Барои дар роҳи ҳаёти ҷовидона мондан мо бояд ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.

10 Огоҳии Павлус оиди «қиссаҳо» дар номаи якум ба Тимотиюс омадааст. Ба Тимотиюс, пири масеҳӣ, Павлус гуфт, ки ҷамъомадро пок нигоҳ дорад ва ба бародарону хоҳарон барои ба Яҳува содиқ мондан ёрӣ диҳад (1 Тим. 1:18, 19). Калимаи юноние, ки ин ҷо «қисса» тарҷума шудааст, маънои «дурӯғ» ё «афсонаи бофта»–ро дорад. Мувофиқи як китоб ин калима ба «ҳикояи (динӣ), ки бо воқеият ҳеҷ алоқамандие надорад» ишора мекунад («The International Standard Bible Encyclopaedia»). Шояд Павлус ривоятҳои дурӯғи диниеро, ки аз ҳикояҳои қадими бофташуда гирифта мешуданд ва кунҷковии одамонро бедор мекарданд, дар назар дошт *. Чунин ҳикояҳо хатарноканд, зеро фақат саволҳои ба таҳқиқоти бефоида водоркунандаро ба миён меоранд. Афсонаҳои фиребгарона як найранги дурӯғгӯи моҳир — Шайтон мебошанд. Вай ҳикояҳои дурӯғи динӣ ва афсонаҳои риёкоронаро истифода бурда диққати касони зудбоварро парешон месозад. Насиҳати Павлус аниқу равшан аст: афсонаҳои фиребгаронаро гӯш накунед!

11. Чӣ тавр Шайтон барои гумроҳ намудани одамон дини дурӯғро истифода мебарад ва гӯш кардани кадом огоҳӣ кӯмак мекунад, ки мо худро аз гумроҳшавӣ нигоҳ дорем?

11 Кадоманд баъзе афсонаҳои фиребгарона, ки шахсони беэҳтиётро гумроҳ карда метавонанд? Метавон гуфт, ки ба чунин афсонаҳо ҳар гуна таълимотҳои диние, ки гӯшҳои моро «аз ростӣ гардонда» моро аз ҳақиқат дур мекунанд, дохил мешаванд (2 Тим. 4:3, 4). Шайтон, ки худро чун «фариштаи нур» вонамуд мекунад, маккорона дини дурӯғро истифода мебарад, то одамонро гумроҳ кунад (2 Қӯр. 11:14). Зери ниқоби пайравони Масеҳ, динҳои ҷаҳони масеҳият чунин таълимотҳои бардурӯғро ба монанди Сегона, дӯзахи оташин ва рӯҳи намиранда доштани инсон, таълим медиҳанд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ҷашнҳои Мавлуди Исо ва Пасха идҳои ба Худо маъқуланд, вале корҳое, ки одамон дар ин идҳо мекунанд, дар асл аз бутпарастӣ реша мегиранд. Агар шумо огоҳии Худоро гӯш карда, «ба чизи нопок нарасед» ва аз дини дурӯғин «ҷудо шавед», афсонаҳои фиребгарона шуморо гумроҳ нахоҳанд кард (2 Қӯр. 6:14–17).

12, 13. а) Шайтон кадом се дурӯғро истифода мебарад ва дар асл дар ин бора чӣ дуруст аст? б) Барои гумроҳ нашудан аз афсонаҳои Шайтон мо худро чӣ тавр муҳофизат карда метавонем?

12 Ҳамчунин Шайтон бо дурӯғҳои дигар шахси беэҳтиётро гумроҳ карда метавонад. Ба сетои онҳо аҳамият диҳед. Дурӯғи якум: Шумо метавонед чизе ки хоҳед кунед. Худатон метавонед муайян кунед, ки чӣ нек асту чӣ бад. Ин фикр бисёр вақт дар телевизор, филмҳо, маҷаллаҳо, газетаҳо ва Интернет садо медиҳад. Азбаски мо ин дурӯғро ҳар вақт мешунавем, он ба осонӣ ба тарзи фикрронии мо ҳам таъсир карда ба пайравӣ кардани ақидаҳои бадахлоқонаи ин ҷаҳон тела дода метавонад. Вале дар асл, мо ба он мӯҳтоҷем, ки Худо ба мо чӣ неку чӣ бад буданашро гӯяд (Ирм. 10:23). Дурӯғи дуюм: Худо ҳеҷ гоҳ ба корҳои замин дахолат намекунад. Ин дурӯғ одамонро бармеангезад, ки танҳо дар бораи як рӯз фикр кунанд. Ин метавонад ба мо таъсир кунад ва моро дар хизмати Худо «бе муваффақият ва бе самар» гардонад (2 Пет. 1:8). Дар асл бошад, рӯзи Яҳува бошитоб наздик шуда истодааст ва мо бояд онро интизор шавем (Мат. 24:44). Дурӯғи сеюм: Худо шахсан дар бораи шумо ғамхорӣ намекунад. Агар мо ба ин дурӯғ бовар кунем, метавонем фикр кунем, ки ба муҳаббати Худо сазовор нестем ва ба Ӯ хизмат карданро бас кунем. Дар асл бошад, Яҳува ҳар як хизматгорашро дӯст медорад ва қадр мекунад (Мат. 10:29–31).

13 Мо бояд ҳамеша худро аз тарзи фикррониву рӯҳияи ин ҷаҳон эҳтиёт кунем, зеро онҳо дар назари аввал дуруст тофта метавонанд. Дар ёд доред, ки Шайтон фиребгари моҳир аст. Танҳо дар сурати ба кор бурдани насиҳату ёдраскуниҳои Каломи Худо мо метавонем худро аз гумроҳшавӣ бо «афсонаҳои фиребгарона»–и Шайтон муҳофизат кунем (2 Пет. 1:16).

«Аз паи шайтон» наравед

14. Павлус ба баъзе бевазанони ҷавон чӣ огоҳӣ дода буд ва чаро ҳамаи мо бояд ба суханони ӯ аҳамият диҳем?

14 Тасаввур кунед, ки дар як аломати роҳ чунин навишта шудааст: «Ин роҳи Шайтон аст». Албатта ҳеҷ яке аз мо бо он роҳ намерафт. Вале ҳатто масеҳии ҳақиқӣ нафаҳмида «аз паи шайтон» рафта метавонад. Павлус мефаҳмонад, ки чӣ тавр ин хел шуданаш мумкин аст. (1 Тимотиюс 5:11–15-ро бихонед.) Ӯ ба баъзе бевазанони ҷавони ҷамъомади онвақта навишта буд, вале ҳамаи мо аз суханони ӯ дарс гирифта метавонем. Он бевазанон фикр намекарданд, ки аз паи Шайтон мераванд, вале дар асл рафтору гуфтори онҳо нишон медод, ки маҳз ҳамин тавр аст. Мо бояд чӣ кор кунем, то худамон нафаҳмида аз паи Шайтон рафта намонем? Биёед огоҳии оиди ғайбат додаи Павлусро дида бароем.

15. Шайтон чӣ мақсад дорад ва Павлус чӣ тавр найрангҳои вайро ошкор кард?

15 Шайтон мақсад дорад, ки мо аз имони худ гап назанем, яъне мавъиза карданро бас кунем (Ваҳй 12:17). Барои ин, вай мекӯшад моро бо корҳое банд кунад, ки беҳуда вақтро мегиранд ё дар миёнамон ҷудоӣ меандозанд. Павлус якчанд найрангҳои Шайтонро ошкор кард. Вай оиди баъзе бевазанони замонаш гуфт, ки онҳо «азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд». Онҳо вақти зиёдашонро барои хабаргирии дугонаҳояшон ва сӯҳбатҳои бефоида сарф мекарданд. Дар ин замони пур аз технология хеле осон аст, ки мо вақти зиёди худамон ва дигаронро ба хондану фиристодани мактубҳои электронии бефоида ё ҳатто дурӯғ сарф кунем. Павлус ҳамчунин гуфт, ки он бевазанон «лаққӣ» ғайбатчӣ», ТДН] мебошанд. Ғайбат метавонад ба тӯҳмат табдил ёбад, ки ин бисёр вақт ба ҷанҷол оварда мерасонад (Мас. 26:20). Касоне, ки дар ҳаққи дигарон бадқасдона тӯҳмат мекунанд, ба Шайтон Иблис пайравӣ менамоянд, ҳарчанд шояд худашон инро дарк накунанд *. Боз Павлус гуфт, ки он занон «кунҷков» мебошанд. Кунҷковӣ оиди корҳое, ки ба мо дахл надоранд, нодуруст аст. Мо ҳақ надорем, ки ба ҳаёти шахсии дигарон кордор шавем. Чунин рафтори бефоидаву зараровар метавонад диққатамонро аз коре, ки Худо ба мо супоридааст — мавъизаи Салтанат дур кунад. Агар мо фаъолона дастгирӣ кардани кори Яҳуваро бас кунем, пас аз паи Шайтон рафтанро сар мекунем. Ҳамаи мо бояд интихоб кунем, ки аз паи кӣ меравем (Мат. 12:30).

16. Гӯш кардан ба кадом насиҳатҳо ба мо ёрӣ медиҳад, ки «аз паи шайтон» наравем?

16 Агар мо ба маслиҳати Китоби Муқаддас гӯш кунем, мо аз паи Шайтон нахоҳем рафт. Баъзе насиҳатҳои оқилонаи Павлусро дида мебароем. «Дар кори Худованд ҷадал намоед» (1 Қӯр. 15:58). Бо корҳои Салтанат банд будан моро аз корҳое муҳофизат мекунанд, ки беҳудаанд ва вақтамонро мегиранд (Мат. 6:33). Сухане гӯед, ки «барои обод кардан бошад» (Эфс. 4:29). Ғайбат накунед ва касонеро, ки ғайбат мекунанд, гӯш накунед. (Нигаред ба чорчӯбаи «Паҳн шудани парҳо дар шамол».) Ба ҳамимонон боварӣ ва эҳтиром инкишоф диҳед. Ҳамин тавр мо ҳамеша дар бораи онҳо суханони нек хоҳем гуфт. Кӯшиш кунед, ки «кори худро... ба ҷо оваред» (1 Тас. 4:11). Ба одамон ғамхорӣ зоҳир кунед, вале ҳуқуқи ҳаёти шахсӣ доштани онҳоро ҳурмат кунед ва шаъни онҳоро паст назанед. Ҳамчунин дар хотир доред: чизҳое ҳастанд, ки оиди он шахс худаш бояд қарор барорад ва мо набояд ақидаи худро ба дигарон бор кунем (Ғал. 6:5).

17. а) Чаро Яҳува моро оиди роҳҳои хатарнок огоҳ мекунад? б) Ба роҳе, ки Яҳува пешкаш мекунад, шумо чӣ гуна муносибат кардан мехоҳед?

17 Мо бисёр миннатдорем, ки Яҳува аниқу равшан моро огоҳ мекунад, ки аз паи чӣ бояд наравем! Ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред, ки ҳамаи огоҳиҳоеро, ки мо дар ин ду мақола муҳокима кардем, Яҳува аз муҳаббати бузургаш ба мо медиҳад. Ӯ намехоҳад, ки мо ба «аломатҳои» гумроҳкунандае, ки Шайтон дар роҳи мо мегузорад, бовар кунем ва оқибат азоб кашем. Роҳе, ки Яҳува ба мо пешниҳод мекунад, душвор аст, вале он моро ба манзили беҳтарин — ба ҳаёти ҷовидона мебарад (Мат. 7:14). Биёед ҳамеша бо иродаи қатъӣ ба суханони зерини Яҳува гӯш кунем: «Роҳ ин аст, бо он биравед» (Иш. 30:21).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 4 Осиён шахсонеанд, ки ибодати ҳақиқиро тарк кардаанд ва ба он муқобилат мекунанд.

^ сарх. 10 Масалан, китоби Товит, ки баъзе одамон онро қисми Китоби Муқаддас меҳисобанд, яке аз чунин китобҳое буд, ки аз афсонаҳои фиребгарона иборат буд. Ин китоб беш аз ду аср пеш аз Масеҳ навишта шудааст, аз ин рӯ, дар замони Павлус вуҷуд дошт. Он китоб пури ақидаҳои дурӯғ ва қиссаҳои бо сеҳру ҷоду алоқаманд аст. Лекин онҳо тавре навишта шудаанд, ки гӯё дар ҳақиқат рӯй додаанд. (Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 апрели с. 1994, саҳ. 29. нигаред.)

^ сарх. 15 Маънои калимаи «иблис» дар забони юнонӣ «тӯҳматчӣ» мебошад. Ин калима чун унвони дигари Шайтон, ки тӯҳматчии асосӣ аст, истифода бурда мешавад (Юҳ. 8:44; Ваҳй 12:9, 10).

Ҷавоби шумо чӣ гуна аст?

Чӣ тавр шумо огоҳиҳои дар оятҳои зерин бударо ба кор бурда метавонед?

2 Петрус 2:1–3.

1 Тимотиюс 1:3, 4.

1 Тимотиюс 5:11–15.

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 15]

Паҳн шудани парҳо дар шамол

[Tасвир дар саҳифаи 15]

Ҳикояи қадимаи ибронӣ хуб нишон медиҳад, ки ғайбат чӣ оқибат дорад. Мазмуни ин ҳикоя чунин аст:

Марде дар бораи шахси донои шаҳр гапҳои дурӯғ паҳн кард. Баъдтар он ғайбатчӣ аз кори кардааш пушаймон шуда хост, ки аз марди доно бахшиш пурсад. Ва ӯ рафта ба он мард гуфт:

— Чӣ кор кунам, ки пушаймонии худро ба ту нишон диҳам?

— Ман як хоҳиш дорам,— гуфт марди доно. Як болишти пури парро дарронда парҳои онро ба шамол сар деҳ.

Он мард сабаби инро нафаҳмид, лекин хоҳиши марди доноро иҷро кард. Баъдтар ӯ назди марди доно баргашта аз ӯ пурсид:

— Оё ту акнун гуноҳи маро бахшидӣ?

— Аввал рафта ҳамаи парҳоро ҷамъ кун,— ҷавоб дод марди доно.

— Ман инро чӣ тавр карда метавонам? Шамол аллакай ҳамаи онҳоро пароканда кардааст.

— Чӣ тавре ки парҳо ба ҳар куҷо пароканда шуданд, суханони дурӯғи ту ба одамони бисёр паҳн гаштаанд. Ва чӣ тавре ки ту наметавонӣ парҳоро ҷамъ кунӣ, ҳамон тавр зарареро, ки суханонат расондаанд, бартараф карда наметавонӣ.— гуфт марди доно.

Хулоса равшан аст. Сухане, ки гуфта шуд, дигар баргардонда намешавад ва зараре, ки аз вай расидааст, шояд бартараф карда нашавад. Аз ин рӯ, пеш аз он ки дар бораи касе ягон сухани бад гӯем, хуб мебуд дар ёд дорем, ки суханони мо мисли парҳое мебошанд, ки дар шамол паҳн мешаванд.

[Tасвир дар саҳифаи 12]

Чӣ тавр баъзеҳо осиёнро ба хонаашон таклиф карда метавонанд?