Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оромии Худо — оё шумо ба он дохил шудаед?

Оромии Худо — оё шумо ба он дохил шудаед?

Оромии Худо — оё шумо ба он дохил шудаед?

«Каломи Худо зинда ва таъсирбахш... аст» (ИБР. 4:12).

1. Чӣ тавр имрӯз мо ба оромии Худо дохил шуда метавонем? Чаро итоаткор будан метавонад бароямон душвор бошад?

АЗ МАҚОЛАИ гузашта мо аллакай фаҳмидем, ки мо ба оромии Худо дохил мешавем, агар ба Яҳува итоат кунем ва бо ташкилоти Ӯ ҳамкорӣ кунем. Итоаткории мо ба Яҳува нишон медиҳад, ки мо иҷро шудани нияти Ӯро мехоҳем. Вале баъзан итоат кардан душвор буда метавонад. Масалан, вақте мо мефаҳмем, ки баъзе корҳои ба мо маъқул ба Яҳува маъқул нестанд, шояд ба зудӣ бо ин розӣ шудан бароямон душвор гардад. Агар бо мо чунин рӯй диҳад, пас, ба мо лозим аст, ки бо омодагӣ «фармонбардор» буданро ёд гирем (Яъқ. 3:17). Дар ин мақола баъзе вазъиятҳоеро дида мебароем, ки дар онҳо муайян мешавад, ки оё мо ҳамеша аз таҳти дил итоаткорӣ зоҳир мекунем ё не.

2, 3. Барои ба Яҳува маъқул шудан мо бояд кадом корро давом диҳем?

Вақте шумо аз Китоби Муқаддас мефаҳмед, ки ба ҳаётатон бояд дигаргунӣ дароред, оё шумо барои итоат кардан тайёред? Фикр кунед: Китоби Муқаддас мегӯяд, ки он одамоне, ки Худо ба ташкилоташ овардан мехоҳад, «неъматҳои ҳамаи халқҳо» мебошанд (Ҳаҷ. 2:7). Ин маънои онро дорад, ки Худо одамонеро интихоб мекунад, ки барояш пурқимматанд, зеро онҳо он чӣ дуруст аст, ҳамонро дӯст медоранд. Рост аст, ки ҳангоми ба омӯзиши Китоби Муқаддас сар кардан, аксарияти мо корҳои нодуруст мекардем. Лекин азбаски мо Худо ва Писари Ӯро дӯст медоштему ба Худо писанд омадан мехостем, мо тайёр будем, ки тарзи фикррониву рафторамонро дигар кунем. Мо дар дуо аз Яҳува ёрдам мепурсидем ва сипас барои ба ҳаётамон дигаргуниҳои лозимаро даровардан сахт меҳнат мекардем. Оқибат мо тавонистем таъмид гирем ва илтифоти Яҳуваро ба даст орем. (Қӯлассиён 1:9, 10–ро бихонед.)

3 Вале мо то ҳол нокомилем. Ба мо ҳоло ҳам лозим аст, ки дар ҷонибҳои гуногуни ҳаётамон аз болои худ кор кунем ва барои дуруст рафтор намудан сахт кӯшиш кунем. Вале Яҳува ваъда медиҳад, ки агар мо барои ба Ӯ маъқул шудан ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, ба мо кӯмак мекунад.

Мавридҳое, ки ба ҳаётамон дигаргунӣ даровардан лозим аст

4. Бо воситаи кадом се роҳ Яҳува дар асоси Навиштаҳо ба мо маслиҳат медиҳад?

4 Пеш аз он ки ба ҳаётамон дигаргунӣ дарорем, мо бояд донем, ки чиро бояд дигар кунем. Яҳува ба мо бо роҳҳои гуногун кӯмак мекунад. Ӯ метавонад ба воситаи нутқе, ки дар Толори Салтанат садо медиҳад ё бо воситаи мақолаи ягон маҷалла ба мо нишон диҳад, ки дар тарзи фикрронӣ ё рафторамон чизи нодурусте ҳаст. Баъзан ҳатто баъди гӯш кардани нутқ ё хондани адабиёт ҳам мо хатогиву норасоии худро намефаҳмем, аз ин рӯ, Яҳува метавонад ба воситаи бародар ё хоҳаре аз ҷамъомад моро меҳрубонона ислоҳ кунад. (Ғалотиён 6:1–ро бихонед.)

5. Вақте ки касе моро ислоҳ мекунад, мо баъзан чӣ гуна рафтор менамоем? Чаро пирони масеҳӣ бояд кӯшиши ба мо ёрӣ доданро давом диҳанд?

Вақте ки дигар шахси нокомил моро ислоҳ мекунад, сухани ӯро қабул кардан метавонад хеле душвор бошад, ҳатто агар ӯ бо мо меҳрубонона гап зада бошад ҳам. Вале Яҳува ба пирон амр медиҳад, ки моро «дар рӯҳи фурӯтанӣ», яъне меҳрубонона ислоҳ намоянд (Ғал. 6:1). Агар мо кӯмаки онҳоро қабул кунем, барои Яҳува боз ҳам дилписандтар мегардем. Албатта мо дар дуоҳоямон бисёр вақт ба Яҳува мегӯем, ки мо нокомилем ва бисёр хатогӣ мекунем. Вале вақте ки ягон пири ҷамъомад ба мо ягон хатогиамонро мегӯяд, баъзан мо баръакс рафтор мекунем. Мо мекӯшем, ки ба рафтори нодурустамон баҳона ёбем ё гӯем, ки хатогиамон на он қадар ҷиддӣ аст. Шояд фикр кунем, ки шахси моро ислоҳкарда моро нағз намебинад ё суханаш меҳрубонона нест (4 Подш. 5:11). Ё мумкин мо ба хашм оем вақте ки пирони ҷамъомад ба мо чизе гӯянд, ки шунидани хусусан он чиз ба мо маъқул нест. Масалан, шояд онҳо ба мо гӯянд, ки ягон аъзои оилаамон кори нодурусте мекунад ё ки тарзи либоспӯшии мо нодуруст аст. Шояд онҳо гӯянд, ки ба тозагии баданамон бештар диққат диҳем ё мегӯянд, ки аз он намуди вақтхушие, ки мо интихоб мекунем, Яҳува нафрат дорад. Аз ғазаб мо шояд суханоне гӯем, ки дар асл гуфтан намехостем. Ин метавонад ҳам мо ва ҳам бародареро, ки ба мо кӯмак кардан мехоҳад, ғамгин созад. Вале баъди ором шудан, одатан розӣ мешавем, ки чизе ки ӯ гуфт, бар манфиати мо буд.

6. Чӣ тавр каломи Худо «андеша ва ниятҳои дилро» ошкор менамояд?

6 Ояти асосии ин мақола, Ибриён 4:12, ба мо хотиррасон мекунад, ки каломи Худо «таъсирбахш» аст. Бале, каломи Худо қудрат дорад, ки ҳаёти одамонро дигар кунад. Чӣ тавре ки он то таъмидгирӣ барои ба ҳаётамон даровардани тағйиротҳои лозима кӯмак карда буд, баъди таъмид низ дар ин бобат кӯмак карда метавонад. Дар Нома ба ибриён Павлус ҳамчунин менависад, ки каломи Худо «то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ» рафта мерасад, ва «андеша ва ниятҳои дилро месанҷад» (Ибр. 4:12). Дар ин ҷо калимаи «ҷон» зоҳиран чӣ гуна будани моро мефаҳмонад — инро одамон ҳангоми ба мо нигаристан дида метавонанд. Калимаи «рӯҳ» бошад, маънои онро дорад, ки мо аз дарун, яъне дар ботин чӣ гуна шахс мебошем — онро одамон аз берун дида наметавонанд. Яъне Павлус бо ин гуфтанӣ буд, ки вақте мо аз Китоби Муқаддас равшан мефаҳмем, ки Худо аз мо чиро талаб мекунад, муносибати мо ба ин нишон медиҳад, ки мо дар асл чӣ гуна инсонем. Оё баъзан чунин мешавад, ки он чи ки одамон мебинанд аз он чи ки мо дар асл ҳастем фарқ мекунад? (Матто 23:27, 28–ро бихонед.) Фикр кунед, ки дар мавридҳое, ки ҳоло дида мебароем, шумо чӣ гуна рафтор мекардед.

Бо ташкилоти Яҳува ҳамқадам бошед

7, 8. а) Чаро баъзе масеҳиёни ибрӣ мехостанд риояи баъзе қисмҳои Қонуни Мусоро давом диҳанд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки онҳо зидди нияти Худо амал мекарданд?

7 Бисёре аз мо суханони дар Масалҳо 4:18 гуфташударо хуб медонад: «Тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад». Ин маънои онро дорад, ки бо гузашти вақт мо талаботи Худоро боз ҳам хубтар мефаҳмем ва дар иҷро намудани он чизе ки ба Ӯ писанд аст, комёб мегардем.

8 Мо аллакай аз мақолаи гузашта фаҳмидем, ки баъди марги Исо, бисёр масеҳиёни ибрӣ ҳанӯз мехостанд Қонуни Мусоро риоя кунанд (Аъм. 21:20). Ҳарчанд Павлус бо истифодаи далелҳо моҳирона фаҳмонд, ки масеҳиён дигар зери Қонуни Мусо нестанд, баъзеҳо суханони зери илҳоми Худо гуфтаи ӯро рад мекарданд (Қӯл. 2:13–15). Шояд онҳо фикр мекарданд, ки агар ақаллан баъзе қисмҳои он Қонунро риоя кунанд, аз таъқиботи яҳудиён эмин мемонанд. Аммо Павлус ба он масеҳиёни ибрӣ аниқу равшан гуфт, ки агар онҳо зидди нияти Худо амал карданро давом диҳанд, онҳо ба оромии Худо даромада наметавонанд * (Ибр. 4:1, 2, 6; Ибриён 4:11–ро бихонед). Барои илтифоти Яҳуваро соҳиб шудан, онҳо бояд эътироф мекарданд, ки Ӯ акнун халқашро ба таври дигар роҳнамоӣ мекунад.

9. Вақте ки ба фаҳмиши Навиштаҳо ягон дигаргунӣ дароварда мешавад, мо бояд ба ин чӣ гуна муносибат кунем?

9 Имрӯз ғуломи мӯътамад ва доно ба фаҳмиши баъзе таълимотҳои Китоби Муқаддас равшанӣ меандозад. Ин набояд моро ба ташвиш орад, балки боварии моро ба синфи ғулом мустаҳкам гардонад. Вақте ки Ҳайати роҳбарикунанда, ки намояндаи ғуломи мӯътамад ва доно аст, пай мебарад, ки ин ё он фаҳмиши ҳақиқатро равшантар кардан ё ислоҳ намудан лозим аст, он аз даровардани чунин дигаргунӣ худро боз намедорад. Ин бародарон медонанд, ки аз сабаби ин дигаргуниҳо баъзеҳо ғуломи мӯътамад ва доноро танқид мекунанд, лекин ин барои онҳо аҳамияти калон надорад. Чизи муҳимтарин барои онҳо — мувофиқи нияти Худо амал кардан аст. Вақте ки ғуломи мӯътамад ва доно ба фаҳмиши ягон ҷониби ҳақиқат дигаргунӣ медарорад, шумо ба ин чӣ гуна муносибат мекунед? (Луқо 5:39–ро бихонед.)

10, 11. Баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас баъди фаҳмидани он ки бояд тарзҳои дигари мавъизаро истифода баранд, чӣ кор карданд ва мо аз ин мисол чӣ меомӯзем?

10 Биёед мисоли дигареро дида бароем. Қариб сад сол пеш, баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, ки бо нутқҳои оммавӣ хеле хуб баромад менамуданд, фикр мекарданд, ки ин роҳи беҳтарини мавъиза кардан аст. Дар пеши одамони бисёр сухан гуфтан ба онҳо маъқул буд. Вақте ки одамон онҳоро барои нутқҳояшон таъриф мекарданд, баъзеи онҳо аз ин ҳаловат мебурданд. Вале баъдтар маълум шуд, ки Яҳува мехоҳад, ки халқи Ӯ намудҳои гуногуни мавъизакуниро, аз он ҷумла мавъизаи хона ба хонаро истифода баранд. Баъзеи он нотиқони бомаҳорат ин корро кардан нахостанд. Аз рӯи нутқҳои онҳо чунин ба назар менамуд, ки онҳо ба Худо пурра содиқанд. Вале вақте ки нияти Худо оиди кори мавъиза равшантар гашт, фикру ниятҳои аслии онҳо ошкор шуд. Нисбати онҳо Яҳува чӣ фикр мекард? Ӯ онҳоро баракат надод. Оқибат онҳо ташкилоти Ӯро тарк карданд (Мат. 10:1–6; Аъм. 5:42; 20:20).

11 Барои бисёри дигар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас низ мавъизаи хона ба хона душвор буд — хусусан дар вақтҳои аввал. Вале онҳо итоаткор буданд ва ба ташкилоти Яҳува содиқ монданд. Чанд вақт пас хона ба хона мавъиза кардан барои онҳо осонтар гашт. Яҳува онҳоро хеле баракат дод. Шумо чӣ кор мекунед вақте ки ғуломи мӯътамад ва доно шуморо даъват мекунад, ки роҳи дигари мавъизаро, ки пеш истифода набурдаед, ба кор баред? Оё шумо новобаста аз он ки ин роҳи мавъиза ба назаратон хеле душвор метобад, итоаткорӣ зоҳир мекунед?

Вақте ки ягон шахси наздики мо Яҳуваро тарк мекунад

12, 13. а) Чаро Яҳува ба мо мегӯяд, ки «фосиқро аз миёни худ бадар кунед»? б) Кадом вазъият ба волидони масеҳӣ душвор буда метавонад?

12 Мо албатта розием, ки барои ба Яҳува писанд омадан, бояд ба амри Ӯ оиди аз ҳар ҷиҳат пок будан итоат кунем. (Титус 2:14–ро бихонед.) Вале вазъиятҳое ҳастанд, ки ба ин амр итоат кардани моро душвор карда метавонанд. Масалан, фарз мекунем, ки ҳамсарони масеҳии ба Яҳува содиқ як писар доранд ва ӯ ҳақиқатро тарк мекунад. Ӯ «ҳаловати муваққатӣ»–и гуноҳро аз дӯстӣ бо Яҳуваю волидонаш афзал медонад. Аз сабаби корҳои нодурусташ вай дигар аъзои ҷамъомад буда наметавонад. Барои ҳамин вай аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад (Ибр. 11:25).

13 Волидон сахт зиқ мешаванд. Онҳо албатта медонанд, ки Китоби Муқаддас оиди касони аз ҷамъомад хориҷшуда чӣ мегӯяд: «Бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред». Он ҳамчунин мегӯяд: «Фосиқро аз миёни худ бадар кунед» (1 Қӯр. 5:11, 13). Волидон мефаҳманд, ки калимаи «касе» ҳамчунин он аъзои оиларо, ки дар як хона бо онҳо зиндагӣ намекунад, дар бар мегирад. Вале онҳо писарашонро сахт дӯст медоранд! Ҳиссиёти пурзӯр метавонад онҳоро ба чунин фикр барангезад: «Ба мо лозим аст, ки бо писарамон то тавонистанамон гап занем. Агар мо бо ӯ муошират накунем, мо ба вай барои ба Яҳува баргаштан ёрдам карда наметавонем» *.

14, 15. Волидоне, ки фарзандашон аз ҷамъомад хориҷ шудааст, бояд чиро дар хотир дошта бошанд?

14 Ба он волидони азобкашидаистода дили мо месӯзад. Писари онҳо имконият дошт, ки тарзи рафторашро ислоҳ кунад. Вале ӯ ба ҷои он ки бо волидон ва ҷамъомад бошад, давом додани кори нодурусташро беҳтар донист. Волидон мехоcтанд ба писарашон ёрдам кунанд, вале онҳо ӯро аз қарорҳояш боздошта натавонистанд. Дар ҳақиқат фаҳмост, ки чаро онҳо ин қадар азоб мекашанд.

15 Вале он бародару хоҳари азизи мо чӣ кор хоҳанд кард? Оё онҳо ба амри аниқу равшани Яҳува итоат мекунанд? Дуруст аст, ки ҳангоми ҳодисаи фавқулодаи оилавӣ, ки хеле кам ба миён меояд, шояд бо писарашон гап задани волидон лозим ояд. Вале оё онҳо барои бо писари хориҷшудаашон зуд–зуд муошират кардан баҳона меҷӯянд? Вақти дар ин бора қарор қабул кардан онҳо бояд нияти Худоро дар хотир доранд. Нияти Ӯ ин аст, ки халқашро пок нигоҳ дорад. Вай ҳамчунин мехоҳад, ки барои ислоҳ шудан ва ба ҷамъомад баргаштани шахси гуноҳкарда кӯмак кунад. Чӣ тавр волидони масеҳӣ ин нияти Яҳуваро дастгирӣ карда метавонанд?

16, 17. Дар бораи мисоли Ҳорун мулоҳиза намуда мо чӣ дарсе меомӯзем?

16 Бародари Мусо, Ҳорун, бо вазъияти душворе рӯ ба рӯ шуд, ки сабабгори он ду писараш буданд. Тасаввур кунед, ки ӯ чӣ ҳис кард, вақте ки писаронаш, Нодоб ва Абиҳу, ба ҳузури Худованд оташи бегонаро, ки Ӯ ба онҳо амр нафармуда буд, оварданд ва Яҳува онҳоро нобуд кард. Ҳорун албатта дигар бо писаронаш гап зада наметавонист, зеро онҳо мурда буданд. Лекин Яҳува ба воситаи Мусо чизи бештареро талаб кард. Мусо ба Ҳорун ва писарони содиқи вай гуфт: «Сарҳои худро яла накунед, ва [мотам гирифта] либосҳои худро надаронед, то ки намиред, ва [Яҳува] бар тамоми ҷамоат ғазаб накунад» (Ибд. 10:1–6). Хулоса равшан аст: муҳаббати мо ба Яҳува аз муҳаббат ба он аъзоёни оилаамон, ки ба Яҳува содиқ нестанд, бояд пурзӯртар бошад.

17 Имрӯз Яҳува касонеро, ки ба қонуни Ӯ беитоатӣ мекунанд, дарҳол нобуд намекунад. Ӯ аз муҳаббат ба онҳо имконият медиҳад, ки аз корҳои нодурусташон даст кашанд. Лекин чӣ эҳсос мекунад Яҳува агар волидон ба амри Ӯ беитоатӣ намоянд ва барои гап задан бо писар ё духтари аз ҷамъомад хориҷшудаашон баҳонаҳои зиёд ҷӯянд?

18, 19. Агар аъзоёни оила ба Яҳува содиқ монданро давом диҳанд, онҳо чӣ гуна баракатҳоро соҳиб мешаванд?

18 Бисёр шахсоне, ки пеш аз ҷамъомад хориҷ шуда буданд ҳоло мегӯянд, ки онҳо ба туфайли он ба ҷамъомад баргаштанд, ки дӯстон ва аъзоёни оилаашон ба Яҳува содиқ мемонданд ва бо онҳо муошират намекарданд. Масалан, зани ҷавоне ба пирон гуфт, ки як чизе ки тарзи ҳаёти ӯро дигар кард, ин рафтори бародари калониаш буд. Ӯ ба Яҳува содиқ буд ва ба амри Ӯ итоат карда дар муддати аз ҷамъомад хориҷ будани хоҳараш бо ӯ гап намезад. Ин ба хоҳараш кӯмак кард, ки ба ҷамъомад баргардад.

19 Пас, мо бояд чӣ кор кунем? Ба мо лозим аст, ки дар ҳар гуна вазъияти ҳаётамон ба Яҳува итоат кунем. Аз сабаби нокомилӣ ин бароямон баъзан душвор хоҳад буд. Лекин мо бояд боварии қатъӣ дошта бошем, ки роҳе, ки Худо барои ҳалли душвориҳоямон пешкаш мекунад, ҳамеша беҳтарин аст.

«Каломи Худо зинда... аст»

20. Ояти Ибриён 4:12 кадом ду маъноро дар бар мегирад? (Ба эзоҳ нигаред.)

20 Вақте Павлус навишт, ки «каломи Худо зинда... аст», вай маҳз дар бораи Каломи навишташудаи Худо, Китоби Муқаддас, сухан намеронд *. Контекст нишон медиҳад, ки ӯ дар бораи ваъдаҳои Худо сухан меронд. Павлус гуфт, ки ваъдаҳои Худо ҳамеша иҷро мешаванд. Яҳува инро ба воситаи Ишаъё–пайғамбар баён кард: «Каломе ки аз даҳони Ман мебарояд... сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт, балки... ба иҷрои он чи, ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд» (Иш. 55:11). Пас, мо набояд бетоқат шавем, агар Худо ваъдаҳояшро дар вақте ки мо мехоҳем, ба иҷро нарасонад. Мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки Яҳува «то кунун кор мекунад», то ки нияташро ба анҷом расонад (Юҳ. 5:17).

21. Чӣ тавр Ибриён 4:12 ба ходимони солхӯрдаи Яҳува кӯмак мекунад, ки ба Ӯ хизмат карданро давом диҳанд?

21 Аъзоёни солхӯрдаи «анбӯҳи бузург» даҳсолаҳо боз содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд (Ваҳй 7:9). Бисёриҳо интизор набуданд, ки дар ин ҷаҳони шарир пиронсол мешаванд. Лекин онҳо рӯҳафтода намешаванд (Заб. 91:15). Онҳо медонанд, ки ваъдаҳои Худо хушку холӣ нестанд, балки зиндаанд ва Яҳува барои иҷро кардани онҳо «то кунун кор мекунад». Нияти Худо барояш хеле муҳим аст, аз ин рӯ вақте мо нишон медиҳем, ки он барои мо низ муҳим аст, Ӯ хурсанд мешавад. Дар давоми рӯзи ҳафтум, яъне рӯзи оромии Яҳува, ки ҳоло давом дорад, ҳеҷ чиз Ӯро аз иҷро кардани нияташ боз дошта наметавонад. Ва Ӯ медонад, ки халқаш дар ҷамъи худ, мувофиқи нияти Ӯ амал хоҳад кард. Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё шумо ба оромии Худо дохил шудаед?

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 8 Бисёри роҳбарони дини яҳудӣ мекӯшиданд, ки ҳар як ҷузъи Қонуни Мусоро риоя кунанд. Вале вақте ки Исо ба замин омад, онҳо нахостанд ба Масеҳ будани ӯ бовар кунанд. Онҳо зидди нияти Худо амал карданд.

^ сарх. 20 Имрӯз Худо бо мо ба воситаи Китоби Муқаддас сухан меронад. Китоби Муқаддас қодир аст, ки ҳаёти моро дигаргун созад. Аз ин рӯ, ояти Ибриён 4:12 ҳамчунин ба Китоби Муқаддас дахл дорад.

Оё шумо дар хотир доред?

• Барои имрӯз ба оромии Худо дохил шудан мо бояд чӣ кор кунем?

• Вақте мо аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки Худо аз мо чӣ талаб мекунад, чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ба Худо писанд омадан мехоҳем?

• Дар кадом вазъиятҳо мувофиқи роҳнамоии Яҳува амал кардан душвор буда метавонад? Вале чаро ба Ӯ итоат кардан хеле муҳим аст?

• Ояти Ибриён 4:12 кадом ду маъноро дар бар мегирад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 25]

Волидон сахт зиқ мешаванд