Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пешниҳодҳо барои ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсӣ

Пешниҳодҳо барои ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсӣ

Пешниҳодҳо барои ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсӣ

ДАР аввали соли 2009 ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон ҷадвали вохӯриҳои худро тағйир доданд. Ду вохӯрие, ки дар мобайни ҳафта мегузашт бо ҳам якҷоя карда шуд ва ҳама ташвиқ карда шуданд, ки як шоми холишударо барои ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ истифода баранд. Оё шумо аз ин чорабинии нав истифода мебаред? Оё шумо аз он пурра манфиат мегиред?

Баъзеҳо намедонанд, ки дар давоми ибодати оилавӣ маҳз кадом мавзӯъро бояд муҳокима кунанд. Мақсади Ҳайати Роҳбарикунанда он нест, ки барои ҳама оилаҳо як тарзи гузаронидани ибодати оилавиро муайян намояд. Азбаски вазъиятҳо гуногунанд дуруст мебуд, ки ҳар як сарвари оила ё шахси муҷаррад худаш муайян созад, ки ин шомро чӣ тавр ба таври беҳтарин истифода бурда метавонад.

Баъзеҳо дар ибодати оилавиашон ба вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ мебинанд, вале ин ягона роҳ нест. Дигарон Навиштаҳоро мехонанд, онро муҳокима мекунанд ва ҳатто дар асоси ҳикояҳои Китоби Муқаддас саҳначаҳо нишон медиҳанд, ки ин хусусан ба кӯдакони хурдсол манфиатбахш аст. Шояд на ҳамеша зарур ва ҳатто фоиданок аст, ки тарзи гузаронидани он мисли вохӯриҳои ҷамъомад, ба воситаи саволу ҷавоб бошад. Бисёр вақт фазои орому озод ба муҳокима ва баён кардани фикру ақидаи худ бештар мусоидат мекунад. Чунин муҳит ба ёфтани фикрҳои шавқовар кӯмак мекунад, ки ин метавонад ибодати оилавиро барои ҳама фаромӯшнашаванда ва хурсандиовар гардонад.

Як падаре, ки се фарзанд дорад менависад: «Он чизе, ки мо мекунем асосан дар хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас асос меёбад. Ҳар яке аз мо пеш аз шоми ибодати оилавӣ бобҳои даркориро мехонем, фарзандон баъзе ҷойҳоро интихоб карда таҳқиқ мекунанд, ва баъд дар бораи маълумоти ёфтаашон дар пеши ҳама нақл мекунанд. Майкл, ки ҳафтсола аст, бисёр вақт расм мекашад ё сархати мақоларо ба дафтарчаи худаш рӯбардор мекунад. Дэйвиди 13-сола ва Кэйтлини 15-сола воқеаи дар Китоби Муқаддас овардашударо аз назари шахси мушоҳидакунанда навишта метавонанд. Масалан, вақте ки мо оиди он мехондем, ки чӣ тавр Юсуф хоби соқӣ ва нонвойи фиръавнро фаҳмонд, Кэйтлин аз назари шахси дигар, ки гӯё дар ҳабсхона буд ва давоми воқеаро мушоҳида мекард, иншо навишт» (Ҳастӣ, боби 40).

Албатта, ҳолатҳо фарқ мекунанд. Он чизе, ки ба як шахс ё оила мувофиқ аст, шояд ба дигаре мувофиқ наояд. Дар чорчӯбаи овардашуда якчанд пешниҳодот номбар шудаанд, ки шумо дар давоми ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ истифода бурда метавонед. Ва бешубҳа шумо низ метавонед дар бораи бисёр роҳҳои дигари гузарондани ибодати оилавӣ фикр кунед.

[Чорчӯба/Тасвир дар саҳифаи 7]

Барои оилаҳое, ки фарзандони наврас доранд:

• Китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ»–ро хонед ва муҳокима кунед.

• Ҳолатҳои гуногуни воқеаҳои замони Китоби Муқаддасро дида баромада, бо фарзандони навраси худ машқ кунед, ки «Дар ҳолати... онҳо чӣ кор мекарданд?» (Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи соли 2011, саҳ. 3–5 нигоҳ кунед.)

• Дар бораи мақсадҳои дарозмӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат гап занед.

• Вақт аз вақт филмҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро тамошо кунед ва муҳокима намоед.

• Рубрикаи «Барои наврасон»–ро аз маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» дида бароед.

Барои ҳамсароне, ки фарзанд надоранд:

• Аз китоби «Сирри хушбахтии оила» бобҳои 1, 3 ва аз 11 то 16-ро муҳокима кунед.

• Аз хониши Китоби Муқаддас чизҳои таҳқиқ карда ёфтаатонро ба ҳамдигар нақл кунед.

• Ба омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад ё ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» тайёрӣ бинед.

• Маслиҳат кунед, ки чӣ тавр якҷоя доираи хизмататонро васеъ карда метавонед.

Барои бародарон ва хоҳарони муҷаррад ё онҳое, ки аъзоёни оилаашон Шоҳиди Яҳува нестанд:

• Адабиётҳои наверо, ки дар анҷуманҳои вилоятӣ гирифтед, омӯзед.

• «Солнома»–ҳои солҳои гузашта ва навро хонед.

• Оиди саволҳое, ки бештар одамони маҳаллатон медиҳанд, таҳқиқот гузаронед.

• Барои мавъизакунӣ пешниҳодҳо тайёр кунед.

Барои оилаҳое, ки кӯдакони хурд доранд:

• Аз Китоби Муқаддас саҳначаҳо тайёр кунед.

• Бозиҳоеро ташкил кунед, ки чизҳои азёдкардаи кӯдаконро месанҷанд. Масалан, бозиҳои ба ин монанд дар саҳифаҳои 30 ва 31– маҷаллаи «Бедор шавед» (рус.) оварда мешаванд.

• Баъзан ягон чизи наверо, ки ба фарзандонатон маъқул мешавад, дохил кунед. (Нигаред ба мақолаи «Ин ба кӯшиш кардан меарзад» дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 феврали соли 2011, саҳ. 11.)

• Аз маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» рубрикаи «Фарзандони худро таълим диҳед»–ро дида бароед.