Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува — «Худои сулҳу осоиштагӣ» аст

Яҳува — «Худои сулҳу осоиштагӣ» аст

Яҳува — «Худои сулҳу осоиштагӣ» аст

«Худои сулҳу осоиштагӣ бо ҳамаи шумоён бод» (РУМ. 15:33).

1, 2. Дар бобҳои 32 ва 33–и китоби Ҳастӣ кадом вазъият тасвир шудааст ва он бо чӣ анҷом ёфт?

ТАРАФИ шарқии дарёи Ӯрдун. Шаҳри Фануил, наздикии водии Яббӯқ. Ду бародар — Эсов ва Яъқуб ба қарибӣ бо ҳам вомехӯранд. Онҳо якдигарро солҳои зиёд надидаанд. Бист сол пеш, Эсов ҳуқуқи нахустзодагиашро ба бародараш, Яъқуб, фурӯхта буд. Вақте Эсов мешунавад, ки Яъқуб ба хона баргашта истодааст, ӯ бо 400 нафар мардон ба пешвози Яъқуб мебарояд. Яъқуб инро шунида ба тарс меояд, зеро вай фикр мекард, ки бародараш шояд то ҳол аз ӯ дар ғазаб аст ва ӯро куштан мехоҳад. Аз ин рӯ, Яъқуб ҳамроҳи хизматгоронаш чун тӯҳфа ба Эсов зиёда аз 550 сар чорвои гуногунро мефиристад. Ҳар боре ки хизматгорон бо рамаи алоҳида ба назди Эсов меомаданд, онҳо мегуфтанд, ки ин тӯҳфаро ба ӯ бародараш фиристодааст.

2 Ва ниҳоят бародарон бо ҳам вомехӯранд! Яъқуб далерӣ ва фурӯтанӣ зоҳир кард. Ӯ то ба Эсов наздик шуданаш ҳафт маротиба то замин таъзим кард. Вале пеш аз ин, Яъқуб барои мулоим кардани дили бародараш аллакай қадами муҳимтаринро гузошта буд. Ӯ ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ пурсид, ки вайро аз Эсов муҳофизат кунад. Яҳува ба дуои вай ҷавоб дод. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Эсов ба пешвози ӯ давид, ва ӯро ба оғӯш кашид, ва сар бар гардани ӯ ниҳод, ва ӯро бӯсид» (Ҳас. 32:11–20; 33:1–4).

3. Аз воқеаи Яъқубу Эсов мо чӣ меомӯзем?

3 Ин воқеа ба мо нишон медиҳад, ки мо бояд барои ҳал кардани душвориҳое, ки ба сулҳу осоиштагии ҷамъомади масеҳӣ таҳдид мекунанд, ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Яъқуб ягон кори нодурусте накарда буд. Ба ӯ лозим набуд, ки аз Эсов бахшиш пурсад. Ин Эсов буд, ки ҳуқуқи нахустзодагиашро қадр накарда онро ҳамагӣ ба як табақ хӯрок ба Яъқуб фурӯхта буд. Ба ҳар ҳол, Яъқуб ҳар кори аз дасташ меомадаро кард, то ки бо ӯ дар сулҳ буда тавонад (Ҳас. 25:31–34; Ибр. 12:16). Намунаи Яъқуб нишон медиҳад, ки барои бо ҳамимонон дар сулҳ будан то чӣ андоза мо бояд саъю кӯшиш кунем. Ин ҳамчунин нишон медиҳад, ки вақте ки мо ба Яҳува дар ин бора дуо мегӯем, Ӯ ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад. Бисёр мисолҳои дигари Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки чӣ тавр мо бо дигарон сулҳро нигоҳ дошта метавонем.

Намунаи беҳтарин барои мо

4. Барои инсониятро аз гуноҳу марг наҷот додан Худо чӣ кор кард?

4 Намунаи беҳтаринини сулҳҷӯӣ Яҳува мебошад. Ӯ «Худои сулҳу осоиштагӣ аст» (Рум. 15:33). Фикр кунед, ки барои он ки мо бо Ӯ дӯст шуда тавонем, Яҳува ба чӣ тайёр буд. Азбаски мо насли Одаму Ҳавво ҳастем мо гуноҳ мекунем. Ва онҳое, ки гуноҳ мекунанд сазовори марг ҳастанд (Рум. 6:23). Вале, Яҳува аз муҳаббати бузургаш барои наҷоти мо Писари азизашро аз осмон фиристод, то ки ӯ чун инсони комил таваллуд шавад. Ва Исо бо омодагӣ хоҳиши Падарро иҷро кард ва ҳаёташро барои мо қурбон намуд (Юҳ. 10:17, 18). Баъд Яҳува Исоро ба ҳаёти осмонӣ эҳё кард, ки дар он ҷо Исо баҳои қурбониашро ба Падараш пешкаш кард. Ин қурбонӣ ё фидия ҳамаи он касонеро, ки аз гуноҳашон тавба мекунанд, аз марги абадӣ наҷот медиҳад. (Ибриён 9:14, 24–ро бихонед.)

5, 6. Чӣ тавр қурбонии Исо ба одамон кӯмак мекунад, ки дӯсти Худо шаванд?

5 Аз сабаби гуноҳ инсоният душмани Худо гашта буд. Чӣ тавр қурбонии Исо ба инсоният кӯмак мекунад? Дар Ишаъё 53:5 мо мехонем: «Сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем». Қурбонии Исо ба одамони итоаткор имконпазир сохт, ки дӯсти Худо гарданд. Каломи Худо мегӯяд: «Мо бо хуни [Исо] фидияе аз омурзиши гуноҳҳоро... пайдо кардаем» (Эфс. 1:7).

6 Китоби Муқаддас қайд мекунад: «Писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият [«тамоми пуррӣ», ТФ] дар [Масеҳ] сокин бошад». Ин маънои онро дорад, ки Исо дар иҷрошавии нияти Худо нақши асосӣ мебозад. Яҳува чӣ ният дорад? Ӯ ният дорад, ки аз нав «ҳама чизро бо Худ оштӣ дода бо хуни... [Исои Масеҳ] осоиштагиро барқарор намояд». «Ҳама чиз»–е, ки Худо бо худ оштӣ медиҳад, «он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст» дар бар мегирад. Онҳо чистанд? (Қӯлассиён 1:20–ро бихонед.)

7. Он чи ки «дар осмон аст» ва он чи ки «бар замин аст» чистанд?

7 Фароҳам овардани фидия имконпазир сохт, ки масеҳиёни тадҳиншуда чун писарони Худо «бо имон сафед шуда бо Худо... сулҳу осоиштагӣ» дошта бошанд. (Румиён 5:1–ро бихонед.) Китоби Муқаддас онҳоро он чи ки «дар осмон аст» меномад, зеро онҳо умеди осмонӣ доранд ва чун подшоҳон бар замин салтанат» меронанд ва чун коҳинон хизмат мекунанд (Ваҳй 5:10). Он чи ки «бар замин аст» — ин инсонияти тавбакарда аст, ки дар замин абадӣ зиндагӣ хоҳад кард (Заб. 36:29).

8. Вақте ки дар ҷамъомад ягон вазъияти душвор ба миён меояд, чӣ тавр намунаи Яҳува ба мо кӯмак мекунад?

8 Миннатдории самимии худро барои фидия изҳор намуда, Павлус ба масеҳиёни тадҳиншудаи шаҳри Эфсӯс навишт: «Худои пур аз марҳамат... моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард,— бо файз шумо наҷот ёфтаед» (Эфс. 2:4, 5). Ҳамаи мо, хоҳ умеди осмонӣ дорем, хоҳ умеди заминӣ барои марҳамату файзи Худо хеле сипосгузорем. Вақте мо фикр мекунем, ки барои бо Ӯ сулҳ доштани одамон, Яҳува ба кадом кор тайёр буд, дилҳои мо аз миннатдорӣ лабрез мешаванд. Баъзан мо бо вазъиятҳое дучор мешавем, ки ягонагии ҷамъомадро зери хатар мегузоранд. Дар чунин ҳолатҳо мо бояд оиди намунаи Худо мулоҳиза кунем ва сулҳҷӯ бошем.

Аз мисоли Иброҳим ва Исҳоқ ба худ дарс гиред

9, 10. Вақте ки байни чӯпонони Иброҳиму Лут низоъ ба амал омад, чӣ тавр Иброҳим бо ҷиянаш сулҳҷӯёна муносибат кард?

9 Дар бораи Иброҳим Китоби Муқаддас мегӯяд: «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд» (Яъқ. 2:23). Як роҳе, ки бо он Иброҳим имонашро нишон медод, ин сулҳҷӯ будани вай буд. Масалан, вақте ки рамаю чорвои Иброҳим зиёд гашт, байни чӯпонони ӯ ва чӯпонони ҷиянаш Лут низоъ ба амал омад (Ҳас. 12:5; 13:7). Ҳалли беҳтарини масъала ин буд, ки Иброҳиму Лут аз ҳам ҷудо шуда ба заминҳои гуногун раванд. Дар ин вазъияти душвор Иброҳим чӣ хел рафтор мекунад? Ба ҷои он ки аз синну соли худ ва мавқеи дар пеши Худо доштааш истифода бурда ба ҷиянаш амр диҳад, Иброҳим хост, ки сулҳро бо ҷиянаш нигоҳ дорад.

10 «Зинҳор, дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад,— гуфт Иброҳим ба ҷиянаш,— зеро ки хешу табор ҳастем». Ва ӯ давом дод: «Магар тамоми замин пеши ту нест? Пас, хоҳишмандам, ки аз ман ҷудо шавӣ. Агар ба тарафи чап равӣ, ман ба тарафи рост хоҳам рафт; ва агар ба тарафи рост равӣ, ман ба тарафи чап хоҳам рафт». Лут қисми беҳтарини замин, замини ҳосилхезро, интихоб кард ва Иброҳим интихоби ӯро қабул намуд ва ба дил нисбати ӯ кина нагирифт (Ҳас. 13:8–11). Баъдтар, вақте ки душманон Лутро ба асирӣ бурданд, Иброҳим шитоб кард, то ӯро наҷот диҳад (Ҳас. 14:14–16).

11. Чӣ тавр Иброҳим бо ҳамсоягонаш, фалиштиён, сулҳро нигоҳ дошт?

11 Ҳамчунин дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр Иброҳим дар замини Канъон бо ҳамсоягони худ, фалиштиён сулҳро нигоҳ дошт. Фалиштиён чоҳеро, ки хизматгорони Иброҳим дар Беэр–Шобаъ кофта буданд, «бо зӯрӣ гирифта» аз они худ карданд. Дар ин маврид Иброҳим — марде, ки барои аз асирӣ наҷот додани ҷиянаш ба чор подшоҳ ғолиб омада буд, чӣ гуна рафтор кард? Ба ҷои ҷангу ҷанҷол карда кашида гирифтани чоҳи худ, Иброҳим қарор дод, ки дар ин бора чизе намегӯяд. Баъдтар, подшоҳи фалиштиён назди Иброҳим омада хост, ки бо ӯ аҳди сулҳ бандад. Иброҳим розӣ шуд, ки бо насли шоҳ меҳрубонона муносибат мекунад. Танҳо баъд аз ин, Иброҳим ба подшоҳ дар бораи чоҳи бо зӯрӣ гирифташудаи худ ҳарф кушод. Подшоҳ дар бораи чоҳ шунида хеле ба ҳайрат омад ва онро ба Иброҳим баргардонд. Ва Иброҳим дар он замини бегона бо сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро давом дод (Ҳас. 21:22–31, 34).

12, 13. а) Исҳоқ чӣ тавр ба намунаи падараш пайравӣ кард? б) Чӣ тавр Яҳува Исҳоқро барои сулҳҷӯиаш баракат дод?

12 Писари Иброҳим, Исҳоқ, монанди падараш сулҳро дӯст медошт. Ӯ низ ҳар кори аз дасташ меомадаро кард, то ки бо фалиштиён сулҳро нигоҳ дорад. Азбаски дар замин қаҳтиву гуруснагӣ буд, Исҳоқ бо оилааш аз мавзеи беоби Беэр–лаҳай–рӯӣ, ки дар Наҷаб воқеъ буд, ба замини нисбатан ҳосилхез, ба Ҷарор, замини фалиштиён равон шуд. Дар он ҷо Яҳува бо ҳосили фаровон Исҳоқро баракат дод ва рамаи ӯро зиёд гардонд. Фалиштиён ба ӯ ҳасад пайдо карданд. Онҳо намехостанд, ки боигарии Исҳоқ чун аз они падараш торафт зиёд гардад, барои ҳамин онҳо чоҳҳои ӯро бо хок пур карданд. Оқибат, подшоҳи фалиштиён ба Исҳоқ гуфт: «Аз назди мо бирав». Барои нигоҳ доштани сулҳ Исҳоқ гуфти подшоҳро иҷро кард (Ҳас. 24:62; 26:1, 12–17).

13 Баъди он ки Исҳоқ ҳамроҳи оилааш, хизматгоронаш, рамааш ва чизу чорааш ба ҷои дигар равона шуд, чӯпононаш чоҳи дигаре кофтанд. Чӯпонони фалиштӣ аз барои он чоҳ баҳс карда гуфтанд, ки об аз они онҳо аст. Мисли падараш Иброҳим Исҳоқ барои чоҳ ҷанҷол накард. Ба ҷои ин, вай ба хизматгоронаш гуфт, ки чоҳи дигаре кобанд. Фалиштиён аз барои ин чоҳ низ баҳс карданд. Ва боз барои сулҳро нигоҳ доштан Исҳоқ ҳамроҳи одамонаш ва чизу чорааш ба дигар ҷо кӯчид. Дар он ҷо хизматгоронаш чоҳе кофтанд, ки онро Исҳоқ Раҳӯбӯт номид. Баъдтар, ӯ ба мавзеи нисбатан ҳосилхез — Беэр–Шобаъ равон шуд. Дар он ҷо Яҳува ӯро баракат дод ва гуфт: «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард» (Ҳас. 26:17–25).

14. Вақте ки шоҳи фалиштӣ бо Исҳоқ аҳди сулҳ бастанӣ шуд, чӣ тавр ӯ чун шахси сулҳҷӯ рафтор кард?

14 Албатта Исҳоқ метавонист, ки барои чоҳҳои кофтаи хизматгоронаш ҷанҷол кунад. Барои чӣ? Барои он, ки Яҳува бо ӯ буд. Ҳатто шоҳи фалиштӣ инро фаҳмид. Шоҳ ҳамроҳи одамонаш ба Беэр–Шобаъ назди Исҳоқ омад, то бо ӯ аҳди сулҳ бандад. Онҳо ба Исҳоқ гуфтанд: «Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст». Вале барои нигоҳ доштани сулҳ Исҳоқ як бор неву якчанд бор аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчида буд. Ин дафъа ҳам Исҳоқ ҷанҷол накард, балки чун шахси сулҳҷӯ рафтор намуд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ӯ барои онҳо зиёфате барпо намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд. Ва бомдодон бархоста, ба якдигар қасам ёд карданд; ва Исҳоқ бо онҳо видоъ намуд, ва онҳо аз пеши ӯ ба саломатӣ рафтанд» (Ҳас. 26:26–31).

Аз мисоли Юсуф ба худ дарс гиред

15. Чаро бародаронаш бо Юсуф сулҳҷӯёна гап зада наметавонистанд?

15 Писари Исҳоқ Яъқуб, «марди ҳалим» буд (Ҳас. 25:27). Чӣ хеле ки дар боло гуфтем, ӯ барои бо бародараш Эсов сулҳро нигоҳ доштан ҳар кори аз дасташ меомадаро кард. Бешубҳа Яъқуб сулҳҷӯиро аз намунаи хуби падараш Исҳоқ ёд гирифта буд. Лекин дар бораи писарони Яъқуб чӣ гуфтан мумкин аст? Аз ҳамаи 12 писаронаш ӯ Юсуфро бештар дӯст медошт. Вай итоаткор буд, падарашро эҳтиром менамуд, аз ин рӯ Яъқуб метавонист ба ӯ такя кунад (Ҳас. 37:2, 14). Лекин, бародарони калонии Юсуф ба ӯ чунон рашк мекарданд, ки бо ӯ сулҳҷӯёна гап зада наметавонистанд. Онҳо бераҳмона Юсуфро ба ғуломӣ фурӯхтанд ва бо фиреб падарашонро бовар кунонданд, ки Юсуфро ҳайвони ваҳшие куштааст (Ҳас. 37:4, 28, 31–33).

16, 17. Чӣ тавр тарзи муомилаи Юсуф бо бародаронаш нишон дод, ки вай бо онҳо сулҳро нигоҳ доштан мехоҳад?

16 Яҳува бо Юсуф буд. Бо гузашти вақт, Юсуф сарвазир, яъне баъди фиръавн шахси дуюми Миср гашт. Вақте ки аз сабаби қаҳтии сахт бародарони Юсуф ба Миср омаданд, онҳо ӯро дар либоси мисрӣ ҳатто нашинохтанд (Ҳас. 42:5–7). Юсуф метавонист бо бародаронаш айнан ҳамон тавре, ки онҳо бо ӯ ва падараш рафтор карда буданд, рафтор кунад. Лекин Юсуф ба ҷои қасдгирӣ кӯшиш намуд, ки бо онҳо дар сулҳ бошад. Вақте аён гашт, ки бародаронаш пушаймон гаштанд, ӯ худро ба онҳо ошкор кард ва гуфт: «Ғамгин ва мутаассиф нашавед, ки маро ба ин ҷо фурӯхтед; зеро ки Худо маро пеш аз шумо барои ҳифзи ҳаёт фиристод». Сипас ӯ ҳамаи бародарони худро бӯсид ва дар оғӯш гирифта, гиря кард (Ҳас. 45:1, 5, 15).

17 Баъди марги падарашон Яъқуб бародарони Юсуф фикр карданд, ки Юсуф шояд мехоҳад аз онҳо қасд гирад. Вақте ки онҳо дар ин бора ба Юсуф гап заданд, ӯ «бигрист» ва гуфт: «Натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯдакони шуморо хоҳам дод». Дар ин маврид низ Юсуф сулҳдӯст буданашро нишон дод. Ӯ «онҳоро тасаллӣ дод, ва суханони дилпазир ба онҳо гуфт» (Ҳас. 50:15–21).

«Барои омӯхтани мо навишта шудааст»

18, 19. а) Шумо аз намунаҳое, ки дар ин мақола муҳокима кардем, чӣ омӯхтед? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

18 «Ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем» (Рум. 15:4). Мо аз намунаи бузургтарин, Яҳува, ва ҳамчунин аз намунаҳои Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва Юсуф чӣ омӯхтем?

19 Агар мо дар бораи ҳамаи корҳое, ки Яҳува барои бо Ӯ дӯст буда тавонистанамон кардааст, фикр кунем, мо барангехта мешавем, ки барои бо дигарон дар сулҳ будан ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Намунаҳои Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва Юсуф нишон медиҳанд, ки волидон метавонанд ба фарзандонашон намунаи хуб бошанд. Ҳамчунин ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува кӯшишҳои онҳоеро, ки сулҳро нигоҳ доштан мехоҳанд, баракат медиҳад. Ана барои чӣ Павлус Яҳуваро «Худои сулҳу осоиштагӣ» номид! (Румиён 15:33; 16:20–ро бихонед.) Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чаро Павлус гуфт, ки мо бояд бо дигарон сулҳро нигоҳ дорем ва чӣ тавр ин корро карда метавонем.

Шумо чӣ омӯхтед?

• Пеш аз бо Эсов вохӯрданаш Яъқуб чӣ кор кард, то бо ӯ сулҳро нигоҳ дорад?

• Он чизе ки Яҳува барои бо Ӯ дӯст шуда тавонистани инсоният кард, ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад?

• Шумо аз намунаи сулҳҷӯии Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва Юсуф чиро ёд гирифтед?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 19]

Барои бо Эсов сулҳро нигоҳ доштан Яъқуб кадом қадами муҳимтаринро гузошт?