Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Андоз — оё бояд онро супорем?

Андоз — оё бояд онро супорем?

Андоз — оё бояд онро супорем?

ШУМОРАИ ками одамон аз андозсупорӣ хурсанданд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки пули андози онҳо аз сабаби бесамар истифода шуданаш ё ба кисаи дигарон рафтанаш ва ё бо ягон роҳи қаллобӣ алоқаманд буданаш фоидае намеорад. Баъзеҳо бошанд, аз фикри он ки пули андоз барои дастгирӣ кардани корҳои аз ахлоқ берун сарф мешавад, андозсупориро рад мекунанд. Сокинони як шаҳри Шарқи Миёна аз андозсупорӣ даст кашиданашонро фаҳмонда қайд намуданд: «Мо ба тирҳое, ки фарзандони моро мекушанд, маблағ нахоҳем дод».

Чунин қайдҳо дар бораи андоз кам нестанд ва дар замони пешин низ ҷой доштанд. Пешвои гузаштаи ҳиндӣ Моҳандас К. Ганди фаҳмонд, ки барои чӣ виҷдонаш ба супоридани андоз роҳ намедод: «Агар шахс давлатеро, ки бевосита ё бавосита дар қувваҳои ҳарбӣ асос меёбад, дастгирӣ кунад, он гоҳ ӯ дар он гуноҳ шарик мешавад. Ҳар шахс, хоҳ пир бошад, хоҳ ҷавон бо супоридани андоз чунин давлатро дастгирӣ карда дар он гуноҳ ҳамроҳ мешавад».

Ба ҳамин монанд, файласуфи асри 19 Ҳенри Давид Торо супоридани андозро, ки ҷангро дастгирӣ мекард, рад менамуд ва барои муҳофизат кардани ин рафтораш меъёрҳои ахлоқиро асос меовард. Ӯ савол дод: «Магар шаҳрванд лаҳзае ё ба андозаи каме бояд роҳ диҳад, ки қонунгузор ба ҷои ӯ қарореро қабул кунад, ки худи шаҳрванд мувофиқи виҷдонаш бояд қабул мекард? Он гоҳ аз виҷдони ҳар як кас чӣ фоида аст?»

Ин мавзӯъ ба масеҳиён дахл дорад, зеро Китоби Муқаддас ба таври равшан таълим медиҳад, ки онҳо бояд дар ҳар маврид виҷдонашонро пок нигоҳ доранд (2 Тимотиюс 1:3). Аз тарафи дигар, Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки давлат ба ҷамъ кардани андоз ҳуқуқ дорад. Он қайд мекунад: «Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло [ҳокимиятҳои инсонӣ] итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд. Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон итоат кардан лозим аст. Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд. Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед: андозро — ба касе ки андоз меситонад» (Румиён 13:1, 5–7).

Аз ин сабаб масеҳиёни асри як чун шахсоне шинохта мешуданд, ки бо омодагӣ андозҳоро месупориданд, ҳатто агар қисми калони онҳо ба дастгирӣ кардани қувваҳои ҳарбӣ сарф шаванд ҳам. Хизматгорони имрӯзаи Яҳува низ чунин мекунанд *. Чаро андоз бояд супурд ҳангоме ки андозҳо корҳои ба масеҳиён раво набударо дастгирӣ мекунанд? Оё ҳангоми андозсупорӣ масеҳиён бояд садои виҷдони худро рад кунанд?

Андоз ва виҷдон

Ҷолиби диққат аст, ки қисми андозе, ки масеҳиёни асри як месупурданд, барои қувваҳои ҳарбӣ сарф мешуданд. Ба ин нигоҳ накарда онҳо ин андозҳоро месупориданд, то виҷдонашонро пок нигоҳ доранд. Аз тарафи дигар, Ганди ва Торо фикр мекарданд, ки барои нигоҳ доштани виҷдони пок онҳо бояд аз супоридани андоз, ки барои дастгирии қувваи ҳарбӣ сарф мешуд, даст кашанд.

Аҳамият диҳед, ки масеҳиён ба амри дар боби 13–и китоби Румиён навишташуда «на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон[–и худ] итоат» мекарданд (Румиён 13:5). Бале, виҷдони масеҳӣ супоридани андозро талаб мекунад, ҳатто дар мавриде ки ин маблағ барои дастгирӣ кардани корҳое, ки шахсан ӯ рад мекунад, истифода мешуд. Барои фаҳмидани ин чизи ба назар муқобил мо бояд чизи муҳимро дар бораи виҷдони худ — садои даруние, ки дуруст ё нодуруст будани рафтори моро мегӯяд, дарк кунем.

Чӣ тавре ки Торо гуфт, ҳар як шахс чунин садои дарунӣ дорад. Лекин ин садо на ҳамеша боваринок аст. Барои ба Худо мақбул шудан виҷдонамон бояд ба меъёрҳои ахлоқии Ӯ мувофиқ бошад. Бисёр вақт ба мо лозим меояд, ки тарзи фикрронӣ ё нуқтаи назарамонро ба тарзи фикрронии Худо мувофиқ гардонем, зеро фикрҳои Ӯ аз фикрҳои мо болотаранд (Забур 18:8). Аз ин рӯ, мо бояд бикӯшем, ки нуқтаи назари Худоро оиди ҳокимиятҳои инсонӣ бифаҳмем. Он чӣ гуна аст?

Чӣ тавре ки мебинем Павлуси ҳавворӣ ҳокимиятҳои инсониро «мулозимони Худо», яъне хизматгорони Худо номид (Румиён 13:6). Ин чӣ маъно дорад? Оддӣ карда гӯем, ин маънои онро дорад, ки онҳо тартиботро нигоҳ медоранд ва корҳои ба ҷамъият фоиданокро ба ҷо меоранд. Ҳатто дар давлате, ки пур аз ришвахӯрӣ шудааст, бисёр вақт чунин тарзҳои хизматрасонӣ ба мисли почта, мактабу донишгоҳҳо, хизмати сӯхторхомӯшкунӣ ва милитсия вуҷуд доранд. Ҳарчанд Худо аз камбудиҳои ин ҳокимиятҳои инсонӣ пурра огоҳ аст, Ӯ вуҷуд доштани онҳоро муддате тоқат мекунад. Ӯ роҳ медиҳад, ки ин давлатҳо бар инсоният роҳбарӣ кунанд ва ба мо мефармояд, ки аз ҳурмат ба ин сохтораш андоз супорем.

Лекин Худо ба роҳбарӣ кардани ҳокимиятҳои инсонӣ фақат муваққатан роҳ медиҳад. Иродаи Ӯ дар он аст, ки ба ҷои ҳамаи онҳо Салтанати осмонии худро барпо кунад ва тамоми зарареро, ки роҳбарии инсонӣ дар давоми асрҳо ба одамон расонда буд, пурра бартараф кунад (Дониёл 2:44; Матто 6:10). Ҳозир бошад, Худо ба масеҳиён ҳуқуқ намедиҳад, ки бо насупоридани андоз ё ягон роҳи дигар ба ҳокимият беитоатӣ кунанд.

Лекин чӣ бояд кард, агар монанди Ганди шумо ба ҳар ҳол ҳис кунед, ки супоридани андоз, ки ҷангро дастгирӣ мекунад, гуноҳ аст? Чӣ тавре ки ҳангоми ба баландӣ баромадан чизҳои гирду атрофро мо хубтар дида метавонем, ҳамин тавр вақте мо мулоҳиза мекунем, ки тарзи фикрронии Худо аз тарзи фикрронии мо чӣ қадар баланд аст, ба мо дигар кардани он осонтар мешавад. Тавассути пайғамбар Ишаъё Худо гуфт: «Чунон ки осмон аз замин баланд аст, ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо, ва фикрҳои Ман аз фикрҳои шумо баланд аст» (Ишаъё 55:8, 9).

Оё ҳокимиятҳои инсонӣ ҳокимияти пурра доранд?

Таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи супоридани андоз маънои онро надорад, ки ҳокимиятҳои инсонӣ аз тобеони худ итоати пурра талаб карда метавонанд. Исо таълим медод, ки Худо ба ин давлатҳо фақат ҳокимияти маҳдуд додааст. Вақте аз Исо пурсиданд, ки оё дар назари Худо ба ҳокимияти Рум, ки он вақт ҳукмронӣ мекард супоридани андоз дуруст аст ё не ӯ ҷавоб дод: «Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чи аз они Худост — ба Худо» (Марқӯс 12:13–17).

«Қайсар» давлатро тасвир мекунад, ки он пулҳои қоғазину тангаро бароварда барои муқаррар кардани арзиши он кӯмак мекунад. Пас, аз нуқтаи назари Худо давлат ҳақ дорад, ки онро ба намуди андоз аз нав талаб кунад. Вале Исо нишон дод, ки он чиро ки «аз они Худост», яъне ҳаёт ва ибодати моро ягон сохтори инсонӣ талаб карда наметавонад. Вақте ки қонуну талаботҳои инсонӣ ба қонуни Худо муқобилат мекунанд, масеҳиён мефаҳманд, ки «ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:29).

Масеҳиён имрӯз метавонанд ба ташвиш оянд, ки чӣ тавр пули барои андоз супоридаи онҳо сарф мешавад, вале онҳо намекӯшанд, ки бо насупоридани андоз ё ягон кори дигар ба корҳои давлат таъсир кунанд ё халал расонанд. Ин нишон медод, ки онҳо ба қарори Худо оиди бартараф кардани мусибатҳои инсонӣ кам боварӣ доранд. Ба ҷои ин, онҳо босаброна он вақтеро интизоранд, ки Худо тавассути подшоҳии Писараш ба корҳои одамон дахолат мекунад. Исо дар ин бора гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36).

Риоя кардани таълимоти Китоби Муқаддас манфиат меорад

Таълимоти Китоби Муқаддасро оиди супоридани андоз риоя намуда шумо метавонед якчанд манфиат ба даст оред. Шумо аз ҷазое, ки қонуншиканон мегиранд ва ҳамчунин аз тарси ба даст афтодан эмин хоҳед монд (Румиён 13:3–5). Муҳимтар аз ин, шумо дар пеши Худо виҷдонатонро пок нигоҳ медоред ва бо итоаткорӣ ба қонун Ӯро ҷалол медиҳед. Ҳатто агар баъзеҳо андоз насупорида ё дар мавриди андоз беинсофӣ карда нисбат ба шумо пули бештар ба даст оранд ҳам, шумо метавонед аз Худо дилпур бошед, зеро Ӯ ваъда додааст, ки нисбати хизматгорони содиқаш ғамхорӣ мекунад. Яке аз нависандагони Китоби Муқаддас Довуд ин фикрро чунин баён кард: «Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд» (Забур 36:25).

Ва ниҳоят, фаҳмидан ва риоя кардани амри Китоби Муқаддас оиди супоридани андоз ба ақлу дили шумо оромӣ мебахшад. Худо шуморо барои ҳамаи корҳои давлат, ки бо андозҳои супоридаи шумо дастгирӣ карда мешаванд, ҷавобгар намеҳисобад,— ҳамон тавре ки милитсия шуморо ба он ки иҷорадиҳандаатон иҷорапулиро чӣ тавр сарф мекунад, ҷавобгар намеҳисобад. Пеш аз фаҳмидани ҳақиқати Китоби Муқаддас марде бо номи Стелвио аз Аврупои ҷанубӣ тӯли солҳо мекӯшид, ки дар сиёсат тағйирот дарорад. Сабаби бас кардани кӯшишҳояшро фаҳмонда ӯ мегӯяд: «Ман бояд иқрор мешудам, ки инсон барои ба ҷаҳон овардани адолат, сулҳ ва бародарият қодир нест. Танҳо Салтанати Худо дар ҳақиқат метавонад ҷамъияти дигар ва беҳтаре орад».

Мисли Стелвио, агар шумо содиқона он чиро, ки «аз они Худост — ба Худо» диҳед, шумо низ метавонед аз ин ваъда дилпур бошед. Шумо он вақтеро ки Худо бар тамоми рӯи замин ҳукмронии одилона меораду зарар ва беадолатиҳои расонидаи ҳокимияти инсониро бартараф мекунад, хоҳед дид.

[Эзоҳ]

^ сарх. 6 Барои гирифтани маълумот оиди он ки Шоҳидони Яҳува дар мавриди андозсупорӣ обрӯи хуб доранд, ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 ноябри с. 2002 (рус.), саҳ. 13, сарх. 15 ва «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 майи с. 1996 (рус.), саҳ. 17, сарх. 7 нигаред.

[Tасвир дар саҳифаи 12]

Ба мо лозим аст, ки нуқтаи назарамонро ба нуқтаи назари Худо мувофиқ гардонем, зеро фикрҳои Ӯ аз фикрҳои мо болотаранд

[Tасвир дар саҳифаи 13]

Бо итоаткорона супоридани андоз масеҳиён дар пеши Худо виҷдонашонро пок нигоҳ медоранд ва ба он ки Худо дар бораи ниёзҳои онҳо ғамхорӣ мекунад, боварӣ зоҳир мекунанд

[Tасвир дар саҳифаи 12]

«Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чи аз они Худост — ба Худо»

[Tасвир дар саҳифаи 12]

Copyright British Museum