Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо мегузоред, ки Яҳува ҳиссаи шумо бошад?

Оё шумо мегузоред, ки Яҳува ҳиссаи шумо бошад?

Оё шумо мегузоред, ки Яҳува ҳиссаи шумо бошад?

«Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (МАТ. 6:33).

1, 2. а) «Исроили Худо», ки дар Ғалотиён 6:16 дар борааш гуфта шудааст, киро тасвир мекунад? б) «Дувоздаҳ сибти Исроил», ки мо дар борааш дар Матто 19:28 мехонем, киро тасвир мекунад?

ВАҚТЕ КИ шумо номи Исроилро мехонед, чӣ ба хотиратон меояд? Оё шумо дар бораи писари Исҳоқ, Яъқуб, ки номаш баъдтар Исроил гашт, фикр мекунед? Ё шумо дар бораи наслҳои ӯ, халқи қадими Исроил фикр мекунед? Китоби Муқаддас ҳамчунин дар бораи Исроили рӯҳонӣ ё «Исроили Худо» сухан мегӯяд, ки аз 144 000 нафар иборат аст. Онҳо барои дар осмон чун подшоҳону коҳинон хизмат кардан бо рӯҳудқудс тадҳин шудаанд (Ғал. 6:16; Ваҳй 7:4; 21:12). Вале номи Исроил боз ба як маънои махсус истифода бурда мешавад. Мо дар бораи он дар ояти Матто 19:28 мехонем.

2 Исо ба шогирдонаш гуфт, ки дар дунёи нав, «вақте ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард». Дар ин оят «дувоздаҳ сибти Исроил», онҳоеанд, ки абадан дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ мекунанд. 144 000 нафар чун доварон ва коҳинони онҳо хизмат мекунанд.

3, 4. Тадҳиншудагон чӣ намунаи хуб нишон медиҳанд?

3 Чун коҳинону левизодагон дар гузашта, тадҳиншудагон ба хизмати худ чун ба як чизи пурарзиш менигаранд (Ад. 18:20). Тадҳиншудагон интизор нестанд, ки дар замин ягон мулк ё сарзамине гиранд. Ба ҷои ин, Ваҳй 4:10, 11 нишон медиҳад, ки онҳо хизмати худро ба Яҳува дар осмон давом медиҳанд. Онҳо дар он ҷо ҳамроҳи Исои Масеҳ чун подшоҳону коҳинон хизмат мекунанд (Ҳиз. 44:28).

4 Он тарзи ҳаёте ки тадҳиншудагон дар давоми дар замин буданашон мебаранд, нишон медиҳад, ки Яҳува ҳиссаи онҳо аст. Хизмати Худо барои онҳо чизи аз ҳама муҳимтарин аст. Онҳо ба қурбонии фидияи Масеҳ имон зоҳир карда, пайваста ба ӯ пайравӣ менамоянд ва ҳамин тавр «даъват ва интихоби худро» устувор мегардонанд (2 Пет. 1:10). Онҳо қобилиятҳои гуногун доранд ва дар вазъиятҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Лекин онҳо маҳдудиятҳояшонро чун баҳона истифода намебаранд ва дар хизмати Худо фақат бо кори андак қаноат намекунанд. Баръакс, онҳо дар ҳаёташон хизмати Худоро дар ҷои аввалин мегузоранд ва барои он ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд. Ва онҳо барои касоне, ки умеди дар биҳишти заминӣ абадӣ зистанро доранд, намунаи хуб мебошанд.

5. Чӣ тавр ҳамаи масеҳиён Яҳуваро ҳиссаи худ гардонда метавонанд ва чаро ин душвор буда метавонад?

5 Хоҳ мо умеди осмонӣ дошта бошем, хоҳ умеди заминӣ, бояд «хештанро [худро] инкор карда» ва сутуни шиканҷаи худро бардошта доимо Масеҳро пайравӣ намоем (Мат. 16:24). Миллионҳо касоне, ки дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ карданро интизоранд, бо ин роҳ ба Худо ибодат мекунанд ва Масеҳро пайравӣ менамоянд. Онҳо дар хизмати Худо фақат бо кори андак қаноат намекунанд, дар сурате ки ба кори бештаре кардан имконият доранд. Бисёриҳо барои ин ҳаёташонро оддӣ гардондаанд ва пешрави доимӣ шудаанд. Дигарон ҳар сол якчанд моҳ чун пешрави ёвар хизмат мекунанд. Дигарон бошанд, чун пешрав хизмат карда натавонанд ҳам, онҳо дар хизмат саъю кӯшиш мекунанд. Онҳоро ба Марям, ки ба сари Исо равғани атрафшон рехта буд, монанд кардан мумкин аст. Исо гуфт: «Вай барои Ман коре некӯ кард... Вай он чи метавонист, ба ҷо овард» (Марқ. 14:6–8). Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки онро Шайтон идора мекунад. Аз ин рӯ, ҳар кори аз дастамон меомадаро кардан метавонад душвор бошад. Вале мо бояд бо тамоми қувват кӯшиш кунем ва ба Яҳува такя намоем. Ҳоло дида мебароем, ки бо кадом чор роҳ мо инро карда метавонем.

Аввал Салтанати Худоро ҷӯед

6. а) Чӣ тавр одамони ин ҷаҳон нишон медиҳанд, ки ҳиссаи онҳо танҳо дар ин ҳаёт аст? б) Чаро ба Довуд пайравӣ кардан беҳтар аст?

6 Исо пайравонашро таълим медод, ки аввал Салтанати Худо ва адолати онро ҷӯянд. Одамони ин ҷаҳон одатан танҳо фоидаи худро меҷӯянд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки чунин касон «аз ин зиндагӣ баҳраманданд». (Забур 16:1, 13–15-ро бихонед.) Онҳо ба Офаридгори худ ҳеҷ аҳамият надода ҳамаи кӯшишҳояшонро ба он равона мекунанд, ки барои худ ҳаёти бароҳат созанд, оила барпо кунанд ва баъди худ ба фарзандонашон меросе гузоранд. Ҳиссаи онҳо танҳо дар ин ҳаёт аст. Баръакси ин, Довуд мехост, ки дар пеши Яҳува «номи нек» дошта бошад. Суханони баъдтар навиштаи писари ӯ, Сулаймон, нишон медиҳанд, ки ҳамаи мо бояд ба ин кӯшиш намоем (Воиз 7:1). Монанди Ософ, Довуд низ медонист, ки дӯсти Яҳува будан аз манфиатҳои худро дар ҳаёт дар ҷои аввал гузоштан, чӣ қадар беҳтар аст. Аз муносибатҳои бо Худо доштааш Довуд хушбахт буд. Дар рӯзҳои мо, бисёр масеҳиён хизмати Яҳуваро назар ба кор дар ҷои аввал мегузоранд.

7. Чӣ тавр як бародари мо Салтанатро дар ҷои аввал гузошта соҳиби баракат шуд?

7 Мисоли Жан–Клодро, ки дар ҷумҳурии Африкаи Марказӣ зиндагӣ мекунад, дида мебароем. Ӯ пири ҷамъомад аст ва зану се фарзанд дорад. Дар он давлат ёфтани кор душвор аст ва аксари одамон барои нигоҳ доштани ҷои кори худ қариб ба ҳама чиз тайёранд. Як рӯз сардораш ба Жан–Клод гуфт, ки ӯ минбаъд бояд шабона кор кунад. Ин кор бояд соати 6:30 бегоҳ сар мешуд ва бе рӯзи истироҳат буд. Жан–Клод фаҳмонд, ки ғайр аз таъмини моддии аҳли оилааш ӯ боз бояд дар бораи ниёзҳои рӯҳонии онҳо ғамхорӣ кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки вай бояд ба ҷамъомад кӯмак расонад. Сардор ба вай чунин ҷавоб дод: «Ба ту омад кардааст, ки ту кор дорӣ, барои ҳамин ту бояд ҳама чизи дигарро, аз он ҷумла занат, фарзандонат ва проблемаҳоятро фаромӯш кунӣ. Ту бояд ҳаётатро танҳо ба корат бахшӣ. Интихоб кун: ё динат ё корат». Шумо дар ҷои ӯ чӣ кор мекардед? Жан–Клод медонист, ки агар ӯ корашро гум кунад, Худо дар бораи вай ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ фикр кард, ки бекор намемонад, зеро дар хизмати Худо кор бисёр аст ва Яҳува ба ӯ кӯмак мекунад, ки нисбати ниёзҳои моддии оилааш ғамхорӣ кунад. Барои ҳамин, вай ба вохӯрии навбатӣ рафт. Баъди он, вай барои ба кор рафтан тайёрӣ дид, ҳарчанд намедонист, ки ӯро аз кор хориҷ кардаанд ё не. Дар ҳамин вақт телефон шуд. Хабар доданд, ки сардор аз кор хориҷ шудааст, бародари мо бошад, не.

8, 9. Ба кадом маъно мо метавонем ба коҳинон ва левизодагон пайравӣ кунем ва Яҳуваро ҳиссаи худ донем?

8 Баъзеи шумо шояд бо вазъияти ба ин монанд дучор шуда бошед. Шояд шумо хавотир шуда будед, ки агар коратонро аз даст диҳед, оилаатонро чӣ тавр таъмин мекунед (1 Тим. 5:8). Вале новобаста аз он ки бо шумо чунин воқеа рӯй додааст ё не, шумо аз таҷрибаи худ эҳтимол медонед, ки Худо онҳоеро, ки Ӯро ҳиссаи худ донистаанду хизматашро дар ҷои аввали ҳаёташон гузоштаанд, ҳеҷ гоҳ ноумед намекунад. Вақте ки Исо ба шогирдонаш аввал Салтанати Худоро биҷӯед гуфт, вай онҳоро боварӣ бахшид, ки «ҳамаи ин чизҳо» — ба монанди хӯрок, нӯшокӣ ва либос ба онҳо «ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:33).

9 Дар бораи левизодагон, ки мулки меросӣ нагирифта буданд, фикр кунед. Азбаски ибодати пок барои онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дошт, барои ризқу рӯзӣ онҳо бояд ба Яҳува, ки «Ман ҳиссаи ту» гуфта буд, такя мекарданд (Ад. 18:20). Ҳарчанд мо дар маъбади аслӣ чун коҳинону левизодагон хизмат намекунем, мо ҳам метавонем аз Яҳува дилпур бошем, ки моро тарк намекунад. Азбаски охири ин тартибот торафт наздик шуда истодааст, ҳаёт барои мо, ки «тамға»–и ҳайвони ваҳширо қабул накардаем, торафт душвор мегардад. Аз ин рӯ, торафт бештар муҳим мегардад, ки мо ба Худо такя кунем, ки Ӯ дар бораи мо ғамхорӣ мекунад (Ваҳй 13:17)

Аввал адолати Худоро биҷӯед

10, 11. Чӣ тавр баъзеҳо дар мавриди кор ба Яҳува такя карданд? Мисол оред.

10 Исо боз ба шогирдонаш гуфт, ки аввал адолати Худоро биҷӯянд (Мат. 6:33). Ин маънои онро дорад, ки мо меъёрҳоеро, ки Яҳува оиди некиву бадӣ муқаррар кардааст, аз меъёрҳои одамӣ боло мегузорем. (Ишаъё 55:8, 9–ро бихонед.) Шояд шумо донед, ки баъзе одамон дар гузашта тамоку парвариш мекарданд, ё маҳсулоти аз тамоку сохташударо мефурӯхтанд, ба дигарон ҷангро таълим медоданд ё бо истеҳсолу фурӯши яроқ машғул буданд. Вале баъди фаҳмидани дониши ҳақиқат, аксарияти онҳо кори худро дигар карданд, то ба талабот оиди таъмид мувофиқат кунанд (Иш. 2:4; 2 Қӯр. 7:1; Ғал. 5:14).

11 Мисоли Эндрю инро нишон медиҳад. Вақте ки ӯ ва занаш дар бораи Яҳува фаҳмиданд, онҳо қарор доданд, ки ба Ӯ хизмат мекунанд. Эндрю корашро хеле дӯст медошт, вале онро тарк кард. Чаро? Зеро ташкилоте, ки ӯ дар он кор мекард, бо амалиётҳои ҷангӣ алоқаманд буд ва ӯ хост, ки он чизе ки дар назари Худо дуруст аст, ҳамонро кунад. Вақте ки Эндрю аз он кор рафт, ӯ ду фарзанд дошт ва пули ӯ фақат барои якчанд моҳи охир мерасиду халос. Аз нуқтаи назари инсонӣ ӯ гӯё «мулк»–е надошт. Вай ба Яҳува такя карда аз паи ҷустани кор шуд. Ҳоло гузаштаро ба ёд оварда, ӯ ва оилааш бо боварӣ гуфта метавонанд, ки «дасти Худованд кӯтоҳ нест» (Иш. 59:1). Ҳаёти оддӣ бурда Эндрю ва зани ӯ ҳатто имконият пайдо карданд, ки чун пешрав хизмат кунанд. «Баъзан мо аз ҷиҳати пул, хона, саломатӣ ва аз сабаби торафт пир шуданамон азоб мекашидем,— мегӯяд ӯ,— вале Яҳува ҳамеша моро дастгирӣ мекард... Мо бе ягон шубҳа гуфта метавонем, ки хизмати Яҳува — кори аз ҳама пуршараф ва арзанда аст» * (Воиз 12:13).

12. Барои меъёрҳои Худоро дар ҷои аввал гузоштан ба мо кадом хусусият лозим аст? Аз маҳалли худ ягон воқеаро нақл кунед.

12 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: “Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун”, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд» (Мат. 17:20). Оё шумо меъёрҳои Худоро дар ҷои аввал мегузоштед, агар дар натиҷаи он мушкилиҳо пайдо мешуд? Агар шумо ба чунин карданатон боварӣ надошта бошед, бо дигар аъзоёни ҷамъомад гап занед. Воқеаҳои ҳаёти онҳо оиди он ки чӣ тавр Яҳува ба онҳо ёрӣ дода буд, бешубҳа имони шуморо қавӣ мегардонанд.

Атоҳои рӯҳонии Яҳуваро қадр кунед

13. Агар мо дар хизмати Яҳува кӯшиш кунем, мо дар мавриди кӯмаки рӯҳонӣ чиро интизор шуда метавонем?

13 Агар шумо хизмати Яҳуваро қадр кунед, шумо боварӣ дошта метавонед, ки чун дар мавриди левизодагон Ӯ нисбати ниёзҳои ҷисмониву рӯҳонии шумо ғамхорӣ хоҳад кард. Дар бораи Довуд фикр кунед. Ҳатто дар вақти дар ғор пинҳон шуданаш, ӯ боварӣ дошт, ки Худо ба ӯ кӯмак мекунад. Мо ҳам ба Яҳува такя карда метавонем, ҳатто вақте ки ягон роҳи ҳалли мушкилиамонро намебинем. Ба ёд оред, ки вақте ки Ософ «ба қудсҳои Худо даромад», ба саволе ки ӯро азоб медод, ҷавоб ёфт (Заб. 72:17). Ба мо низ лозим аст, ки ба Яҳува — Сарчашмаи ғизои рӯҳониамон муроҷиат кунем. Ҳамин тавр мо нишон медиҳем, ки дар кадом вазъияте ки набошем имконияти ба Худо хизмат карданро қадр мекунем. Бо ин роҳ мо мегузорем, ки Яҳува ҳиссаи мо бошад.

14, 15. Вақте ки дар фаҳмиши ин ё он ояти Навиштаҳо дигаргунӣ дароварда мешавад, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем ва чаро?

14 Шумо чӣ тавр муносибат мекунед, вақте ки Яҳува, Сарчашмаи нури рӯҳонӣ, ба «умқҳои Худо», ки дар Китоби Муқаддас ҳастанд, равшанӣ меандозад? (1 Қӯр. 2:10–13). Дар ин бобат Петруси ҳавворӣ намунаи хеле хуб гузоштааст. Исо ба шунавандагонаш гуфт: «Агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред». Ин суханонро ба маънои аслӣ фаҳмида, бисёр шогирдонаш гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?» Ва онҳо «аз Ӯ дур шуда, дигар Ӯро пайравӣ накарданд». Лекин Петрус ба Исо гуфт: «Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст» (Юҳ. 6:53, 60, 66, 68).

15 Петрус суханони Исоро пурра нафаҳмид. Вале ӯ боварӣ дошт, ки Яҳува ба одамон ҳақиқатро ба воситаи Исо мефаҳмонад. Имрӯз, вақте ки ягон ҷониби ҳақиқати Навиштаҳо равшантар мегардад, оё шумо кӯшиш мекунед, ки сабаби ин дигаргуниро фаҳмед? (Мас. 4:18). Дар асри як сокинони Бирия «бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд» (Аъм. 17:11). Агар шумо ба намунаи онҳо пайравӣ кунед, шумо хизмати Яҳуваро бештар қадр хоҳед кард. Шумо дар ҳақиқат миннатдор хоҳед буд, ки Яҳува ҳиссаи шумо аст.

Танҳо дар Худованд издивоҷ кунед

16. Дар алоқамандӣ бо амре, ки дар ояти 1 Қӯринтиён 7:39 дода шудааст, чӣ тавр масеҳиёни муҷаррад нишон медиҳанд, ки Худо ҳиссаи онҳост?

16 Боз дар кадом ҷониби ҳаёт ба масеҳиён лозим аст, ки ниятҳои Худоро дар хотир доранд? Ин итоат ба амри Китоби Муқаддас оиди «фақат дар Худованд» издивоҷ кардан аст (1 Қӯр. 7:39). Бисёриҳо нисбат ба рад кардани ин насиҳати Худо муҷаррад монданро беҳтар донистанд. Худо нисбати чунин шахсон меҳрубонона ғамхорӣ мекунад. Довуд чӣ кор мекард, вақте ки худро танҳо ҳис мекард ва гӯё касе набуд, ки ба ӯ ёрӣ диҳад? «Андӯҳамро пеши [Худо] изҳор менамоям,— гуфт ӯ.— Тангиамро пеши Ӯ баён мекунам, вақте ки рӯҳам дар ман аз ҳол мерафт» (Заб. 141:1–3). Чунин ҳиссиёт шояд гоҳ–гоҳ дар Ирмиё, ки тӯли даҳсолаҳо ба Худо чун шахси муҷаррад хизмат кардааст, пайдо мешуд. Шумо метавонед намунаи ӯро аз боби 8–уми китоби «Худо ба воситаи Ирмиё ба мо чӣ мегӯяд» (рус.) омӯзед.

17. Як хоҳари муҷаррад ҳангоми худро танҳо ҳис кардан чӣ кор мекунад?

17 «Ман ҳеҷ гоҳ қарор накарда будам, ки муҷаррад мемонам»— мегӯяд хоҳаре аз Иёлоти Муттаҳида. «Ман издивоҷ мекунам, агар шахси бароям мувофиқро вохӯрам. Модари ман, ки Шоҳиди Яҳува нест, маро маҷбур карданӣ мешуд, ки ба касе ки набошад, ба шавҳар бароям. Ман аз ӯ пурсидам, ки оё ӯ мехост, ки дар сурати нобарор шудани издивоҷи ман ҷавобгариро ба гардан гирад. Бо гузашти вақт модарам дид, ки ман ҷои кори доимӣ дорам, худамро таъмин мекунам ва хушбахтам. Ӯ дигар ба ман фишор намеовард». Ин хоҳар баъзан худро танҳо ҳис мекунад. Ӯ мегӯяд: «Дар ин ҳолат ман мекӯшам, ки Яҳуваро пушту паноҳи худ кунам. Ӯ ҳеҷ гоҳ маро намепартояд». Чӣ ба ӯ кӯмак мекунад, ки ба Яҳува такя намояд? Ӯ мегӯяд: «Дуо кӯмак мекунад, то ман ҳис кунам, ки Худо воқеӣ аст ва ман ҳеҷ гоҳ танҳо нестам. Шахсияти баландтарини олам маро мешунавад, пас чӣ тавр ман худро бақадр ва хурсанд ҳис накунам?» Ӯ боварӣ дорад, ки «додан аз гирифтан беҳтар аст», аз ин рӯ мегӯяд: «Ман вақту қуввати худро ба он медиҳам, ки ба дигарон ёрӣ расонам ва дар ивазаш ҳеҷ чиз интизор намешавам. Вақте ман фикр мекунам, ки чӣ тавр ман ба касе кӯмак карда метавонам, ман хурсандӣ мегирам» (Аъм. 20:35). Бале, ӯ Яҳуваро ҳиссаи худ медонад ва аз имконияти ба Ӯ хизмат кардан, хурсанд аст.

18. Чӣ тавр шумо ҳиссаи Яҳува шуда метавонед?

18 Новобаста аз он ки бо кадом вазъият дучор мешавед, шумо метавонед гузоред, ки Худо ҳиссаи шумо бошад. Ин тавр карда шумо дар байни халқи хушбахти Ӯ хоҳед буд (2 Қӯр. 6:16, 17). Он гоҳ шумо чун хизматгорони содиқи гузаштаи Худо ҳиссаи Яҳува гашта метавонед. (Такрори Шариат 32:9, 10–ро бихонед.) Чӣ тавре ки Исроил аз байни дигар халқҳо ҳиссаи Худо гашта буд, ҳамин тавр Ӯ метавонад шуморо низ ҳиссаи худ гардонад ва дар ҳаққатон меҳрубонона ғамхорӣ кунад (Заб. 16:8).

[Эзоҳ]

^ сарх. 11 Ба маҷаллаи «Бедор шавед» (рус.) аз моҳи ноябри соли 2009, саҳифаҳои 12–14 нигоҳ кунед.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

Чӣ тавр шумо мегузоред, ки Яҳува ҳиссаи шумо гардад, агар...

• аввал Салтанати Худо ва адолати Ӯро ҷӯед?

• атоҳои рӯҳониро қадр кунед?

• ба амри Худо оиди фақат дар Худованд издивоҷ кардан итоат намоед?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 12]

Яҳува ҳиссаи мо мешавад, агар мо хизмати Ӯро дар ҷои аввал гузорем

[Tасвир дар саҳифаи 14]

Намунаи Ирмиё рӯҳбаландкунанда аст