Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Яҳува шуморо мешиносад?

Оё Яҳува шуморо мешиносад?

Оё Яҳува шуморо мешиносад?

«Худованд мансубони Худро [касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд] мешиносад» (2 ТИМ. 2:19).

1, 2. а) Барои Исо чӣ муҳим буд? б) Мо бояд дар бораи кадом саволҳо фикр кунем?

ЯК РӮЗ фарисие ба назди Исо омада аз ӯ пурсид: «Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?» Исо гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» (Мат. 22:35–37). Исо Падари осмониашро хеле дӯст медошт ва дар ҳақиқат мувофиқи он суханон зиндагӣ мекард. Бо тарзи ҳаёташ Исо нишон дод, ки барои ӯ муҳим буд, ки Яҳува дар бораи ӯ чӣ фикр мекунад. Аз ин рӯ, чанде пеш аз маргаш, ӯ дар бораи итоаткории садоқатмандонае, ки нисбати Худо дошт, сухан ронда гуфт: «Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам ва дар муҳаббати Ӯ мемонам» (Юҳ. 15:10).

2 Бисёриҳо имрӯз мегӯянд, ки Худоро дӯст медоранд. Бешубҳа, мо низ худро дар қатори чунин шахсон меҳисобем. Лекин, ба ҳар яки мо лозим аст, ки дар бораи саволҳои зерин фикр кунем: Яҳува дар бораи ман чӣ фикр мекунад? Оё ман гуфта метавонам, ки Яҳува маро «мешиносад», ё оддитар гӯем оё ман илтифоти Худоро соҳибам? Оё Ӯ ба ман низ чун ба яке аз мансубони худ, яъне чун ба касе ки аз они Ӯст, менигарад? (2 Тим. 2:19). Чӣ шарафи бузург аст, ки мо бо Ҳокими Олам чунин муносибатҳои наздик дошта метавонем!

3. Чаро ба баъзеҳо бовар кардан душвор аст, ки онҳо аз они Яҳува буда метавонанд ва чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки ин фикрашонро дигар кунанд?

3 Вале, барои баъзе касоне, ки Яҳуваро сахт дӯст медоранд, бовар кардан душвор аст, ки онҳо бо Худо дӯст буда метавонанд. Баъзеҳо худро беқадру нодаркор ҳис мекунанд ва аз ин рӯ фикр мекунанд, ки аз они Яҳува буда наметавонанд. Лекин, чӣ қадар хурсандиовар аст, ки Яҳува ба мо дигар хел менигарад (1 Подш. 16:7). Павлуси ҳавворӣ ба ҳамимононаш гуфт: «Касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст» (1 Қӯр. 8:3). Муҳаббати шумо ба Худо — яке аз шартҳои муҳим аст барои аз тарафи Худо шинохта шудан. Фикр кунед: Чаро шумо ин маҷалларо хонда истодаед? Чаро шумо мекӯшед, ки ба Худо бо тамоми дили худ, бо тамоми ҷони худ, бо тамоми ҳуши худ ва бо тамоми қуввати худ хизмат кунед? Агар шумо ҳаётатонро ба Худо бахшида бошеду хизматгори таъмидёфтаи Ӯ бошед, чӣ шуморо ба гузоштани ин қадамҳо барангехт? Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки Яҳува, ки дилҳоро имтиҳон мекунад, ба худ «неъматҳо», яъне шахсони пурқимматро ҷалб мекунад. (Ҳаҷҷай 2:7; Юҳанно 6:44–ро бихонед.) Пас, шумо метавонед боварӣ дошта бошед, ки шумо ба Яҳува аз он сабаб хизмат карда истодаед, ки Ӯ шуморо ҷалб кардааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ онҳоеро, ки ҷалб кардааст тарк намекунад, агар онҳо ба Ӯ содиқ монанд. Онҳо барои Худо пурқимматанд ва Ӯ онҳоро хеле дӯст медорад (Заб. 93:14).

4. Чаро мо бояд ҳамеша дар хотир дорем, ки дӯстии мо бо Яҳува чизи пурқиммат аст?

4 Агар Яҳува боре моро ҷалб карда бошад, пас ба мо лозим аст, ки худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ дорем. (Яҳудо 20, 21–ро бихонед.) Дар хотир доред, ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шахс метавонад оҳиста–оҳиста аз Худо дур шавад ё ҳатто аз Ӯ рӯй гардонад ва дӯстиашро бо Ӯ гум кунад (Ибр. 2:1; 3:12, 13). Масалан, пеш аз суханони дар 2 Тимотиюс 2:19 навишташуда, Павлуси ҳавворӣ дар бораи Ҳумниюс ва Филитус сухан ронд. Аз афташ он ду мард як вақтҳо аз они Яҳува буданд, вале баъдтар аз ҳақиқат рафтанд (2 Тим. 2:16–18). Дар ҷамъомади Ғалотия низ, баъзеҳо ҳақиқатро тарк карданд (Ғал. 4:9). Мо бояд ҳамеша дар хотир дорем, ки дӯстии мо бо Яҳува чӣ қадар пурқиммат аст.

5. а) Баъзе хусусиятҳое, ки Худо қадр мекунад, кадоманд? б) Кадом мисолҳоро мо дида мебароем?

5 Баъзе хусусиятҳоро Яҳува бахусус қадр мекунад ва барои он ки Яҳува моро шиносад, мо ин хусусиятҳоро бояд дар худ дошта бошем (Заб. 14:1–5; 1 Пет. 3:4). Баъзе шахсоне, ки Худо онҳоро мешинохт, бо имон ва фурӯтаниашон фарқ мекарданд. Ҳоло мисоли ду мардеро дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува онҳоро барои ин хусусиятҳояшон дӯст медошт. Ҳамчунин мисоли як марди дигареро муҳокима мекунем, ки аз сабаби мағрур шуданаш Яҳува ӯро рад намуд. Аз ин мисолҳо мо барои худ дарси муҳиме гирифта метавонем.

Падари ҳамаи имондорон

6. а) Иброҳим чӣ тавр ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир кард? б) Ба кадом маъно Яҳува Иброҳимро мешинохт?

6 Иброҳим марде буд, ки «ба Худо имон овард». Ӯ «падари ҳамаи имондорон» номида шудааст (Ҳас. 15:6; Рум. 4:11). Азбаски Иброҳим ба Яҳува имон дошт, вай хона, кор, дӯстонашро тарк кард ва аз баҳри ҳаёти бароҳат баромада ба сарзамини дуре сафар кард (Ҳас. 12:1–4; Ибр. 11:8–10). Иброҳим солҳои дароз имонашро қавӣ нигоҳ медошт. Ин аз он аён буд, ки ӯ ба амри Яҳува итоат карда, писари худ, «Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд» (Ибр. 11:17–19). Иброҳим ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир кард ва дар назари Ӯ бахусус азиз гашт; Худо ӯро дар ҳақиқат мешинохт. (Ҳастӣ 18:19–ро бихонед.) Яҳува на танҳо дар бораи вуҷуд доштани Иброҳим медонист, Ӯ вайро чун дӯсти худ қадр мекард (Яъқ. 2:22, 23).

7. Иброҳим дар бораи ваъдаҳои Яҳува чиро медонист ва ин ба ҳаёти ӯ чӣ гуна таъсир мекард?

7 Яҳува ба Иброҳим ваъда дод, ки насли ӯ «шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард» ва онҳо «мисли реге, ки дар соҳили баҳр аст» афзун хоҳанд шуд (Ҳас. 22:17, 18). Ҳарчанд ин ваъдаҳо дар давоми ҳаёти Иброҳим иҷро нашуданд, вай ба Яҳува имони қавӣ зоҳир карданро давом дод. Ӯ медонист, ки агар Худо ягон чизро ваъда диҳад, албатта онро иҷро мекунад. Бале, Иброҳим мувофиқи имонаш мезист. (Ибриён 11:13–ро бихонед.) Оё Яҳува моро низ чун одамоне, ки имони ба имони Иброҳим монанд дорем, мешиносад?

Яҳуваро интизор шудан нишонаи имон аст

8. Баъзе чизҳое, ки аксарияти одамон сахт мехоҳанд, кадоманд?

8 Шояд мо хоҳишҳое дорем, ки иҷрошавии онҳоро сахт мехоҳем. Масалан, оиладор шудан, соҳиби фарзандон гаштан ва саломатии хуб доштан. Чунин хоҳишҳо табииянд ва дар онҳо ягон нодурустие нест. Вале бисёре аз мо шояд он чиро, ки мехоҳем ба даст оварда наметавонем. Агар мо чизеро сахт хоҳему лекин ҳоло онро ба даст оварда натавонем, мо чӣ кор мекунем? Рафтори мо дар ин ҳолат нишон дода метавонад, ки имони мо то чӣ андоза мустаҳкам аст.

9, 10. а) Чӣ тавр баъзеҳо ба қонеъ кардани хоҳишҳои худ мекӯшанд? б) Шумо ба иҷрошавии ваъдаҳои Худо чӣ гуна муносибат мекунед?

9 Чӣ қадар бехирадона мебуд агар мо барои қонеъ кардани хоҳишҳои шахсиамон бар муқобили роҳнамоии Худо амал мекардем. Ин ба дӯстии мову Худо зарар мерасонд. Масалан, баъзеҳо чунин тарзи муолиҷаро интихоб мекунанд, ки ба принсипҳои Китоби Муқаддас муқобиланд. Дигарон ба коре медароянд, ки он вақти хеле зиёди онҳоро мегирад ва дар натиҷа барои оилаашон ва вохӯриҳои ҷамъомад дигар вақт намемонад. Баъзеҳо бо шахсе, ки хизматгори Яҳува нест, муносибатҳои ошиқона оғоз мекунанд. Агар шахси масеҳӣ чунин рафтор кунад, оё гуфтан мумкин аст, ки ӯ мекӯшад аз тарафи Худо шинохта шавад, яъне илтифоти Ӯро ба даст орад? Тасаввур кунед, ки Худо чӣ ҳис мекард агар Иброҳим дар иҷрошавии ваъдаҳои Худо бетоқатӣ менамуд. Чӣ мешуд, агар Иброҳим ба ҷои интизор шудани Яҳува аз рӯи хости худаш амал карда хонаи калоне мехарид ва шахси машҳуре мешуд? (Бо Ҳастӣ 11:4 муқоиса кунед.) Оё он вақт Яҳува минбаъд низ ӯро дӯсти худ меҳисобид?

10 Шумо чӣ хоҳишҳое доред, ки иҷрошавии онҳоро сахт мехоҳед? Оё имони шумо кофӣ аст, ки Яҳуваро, ки ин чизҳоро ба шумо медиҳад, интизор шавед? (Заб. 144:16). Чун дар мавриди Иброҳим, баъзе ваъдаҳои Худо шояд на ҳамон тавр тез иҷро шаванд, ки мо мехостем. Ба ҳар ҳол, агар мо имони ба имони Иброҳим монанд инкишоф диҳему мувофиқи он зиндагӣ кунем, Яҳува моро фаромӯш нахоҳад кард. Ӯ албатта моро мукофот хоҳад дод (Ибр. 11:6).

Мисоли шахси фурӯтан ва мисоли шахси мағрур

11. Бисёр солҳо Қӯраҳ ба Яҳува чӣ гуна муносибат дошт ва мо инро аз куҷо медонем?

11 Ҳоло мисоли ду мард — Мусо ва Қӯраҳро дида мебароем. Дар мавриди эҳтиром кардани тартиботу қарорҳои Яҳува онҳо тамоман ба таври гуногун рафтор карданд, ки ин ба назари Яҳува нисбати онҳо таъсир кард. Қӯраҳ левизодае аз хонадони қаҳотиён буд. Эҳтимол ӯ дида буд, ки чӣ тавр Яҳува исроилиёнро аз баҳри Сурх гузаронда онҳоро наҷот дод. Вай ҳамчунин дар кӯҳи Сино дар нобуд кардани исроилиёни беитоат иштирок карда буд ва ба бардошта бурдани сандуқи аҳд кӯмак мекард (Хур. 32:26–29; Ад. 3:30, 31). Ӯ аз афташ солҳои зиёд ба Яҳува содиқ буд ва барои ҳамин бисёр исроилиён ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд.

12. Мувофиқи расми саҳифаи 31, чӣ тавр ғурур ба муносибати байни Қӯраҳу Худо таъсир кард?

12 Вале вақте ки исроилиён дар роҳи Замини ваъдашуда буданд, Қӯраҳ ба чунин фикр дода шуд, ки дар тарзе, ки Яҳува халқро роҳбарӣ мекунад, хатогие ҳаст. Ва ӯ хост, ки вазъиятро ислоҳ кунад. Баъд 250 нафар сардорони ҷамоат низ ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Қӯраҳ ва ҳамроҳони ӯ шояд фикр мекарданд, ки муносибати онҳо бо Яҳува қавӣ аст. Онҳо ба Мусо ва Ҳорун гуфтанд: «Бас кунед! Зеро ки тамоми ҷамоат саросар муқаддасанд, ва Худованд дар миёни онҳост» (Ад. 16:1–3). Ин тарзи фикррониву рафтори онҳо хеле худбоварона ва мағрурона буд. Мусо ба онҳо гуфт: «Худованд нишон хоҳад дод, ки кадом кас аз они Ӯст». (Ададҳо 16:5–ро бихонед.) То охири рӯзи дигар, Қӯраҳ ва ҳамаи онҳое, ки дар исён ба ӯ ҳамроҳ буданд, мурданд (Ад. 16:31–35).

13, 14. Бо кадом роҳҳо Мусо фурӯтан буданашро нишон дод?

13 Мусо бошад, баръакси Қӯраҳ рафтор кард. Вай «марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин» буд (Ад. 12:3). Ӯ аниқ аз рӯи амри Яҳува амал кард ва бо ин нишон дод, ки шахси ҳалиму фурӯтан аст (Хур. 7:6; 40:16). Мо дар Китоби Муқаддас намехонем, ки ӯ доимо ба тарзи рафтори Яҳува норозигӣ баён мекард ё аз дастуроти додаи Ӯ ба ғазаб меомад. Масалан, сохтани хаймаи муқаддасро амр дода Яҳува ба ӯ оиди қисмҳои майдатарини он — ранги ришта, шумораи ҳалқаҳое, ки дар чодир дӯхта мешуданд — дастурот дод (Хур. 26:1–6). Агар ягон нозир дар ташкилоти Яҳува ба шумо оиди чизҳои майда–чуйда дастурот диҳад, шояд баъзан шумо асабӣ шавед. Вале Яҳува нозири комил аст. Ӯ ба хизматгоронаш супоришҳо медиҳад ва боварӣ дорад, ки онҳо онро хуб ба ҷо меоранд. Вақте Ӯ оид ба бисёр чизҳои майда дастур медиҳад, вай барои ин сабабҳои асоснок дорад. Аҳамият диҳед, ки ҳарчанд Яҳува оид ба чизҳои майдатарини хаймаи муқаддас дастурот дод, Мусо хафа нашуд ва фикр накард, ки гӯё Яҳува ӯро ҳурмат намекунад ё қобилиятҳои эҷодкории ӯро маҳдуд мекунад. Баръакс, Мусо назорат кард, то коргарон «мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд» амал кунанд (Хур. 39:32). Чӣ фурӯтание! Мусо мефаҳмид, ки ин кори Яҳува аст ва Ӯ барои иҷро кардани он вайро танҳо истифода мебарад.

14 Фурӯтании Мусо ҳамчунин дар вазъиятҳои душвор, ки шахсан ба ӯ таъсир мекарданд, аён гашт. Боре, вақте ки халқ аз набудани об нолиш кард, Мусо худдориро аз даст дода Худоро ҷалол надод. Дар натиҷа Яҳува ба Мусо гуфт, ки ӯ халқро ба Замини ваъдашуда намебарад (Ад. 20:2–12). Ӯ ва бародараш Ҳорун солҳои бисёр ғур–ғур ва нолиши исроилиёнро тоқат карданд. Баъд, аз сабаби як бор хато карданаш Мусо аз он чизе, ки солҳои зиёд интизор буд, маҳрум гашт! Мусо чӣ кор кард? Ӯ албатта зиқ шуд. Вале фурӯтанона қарори Яҳуваро қабул кард. Ӯ медонист, ки Яҳува Худои одил аст ва «ноинсофӣ надорад» (Такр. Ш. 3:25–27; 32:4). Имрӯз, вақте ки мо дар бораи Мусо сухан меронем, мо ӯро чун шахсе ёдовар мешавем, ки аз тарафи Яҳува шинохта шуда буд. (Хуруҷ 33:12, 13–ро бихонед.)

Итоат ба Яҳува фурӯтанӣ металабад

15. Аз рафтори мағруронаи Қӯраҳ мо чӣ меомӯзем?

15 Вақте ки дар ташкилоти Яҳува ягон дигаргунӣ дароварда мешавад мо ба он дигаргунӣ ё қарорҳои касоне, ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, чӣ гуна муносибат мекунем? Аз ин муносибати мо вобаста аст, ки мо аз тарафи Яҳува шинохта мешавем ё не. Қӯраҳ ва ҳамроҳонаш аз сабаби худбоварӣ, ғурур ва беимониашон худро аз Худо бегона сохтанд. Қӯраҳ фикр мекард, ки Мусо фақат як шахси пир асту худаш қарор қабул мекунад, вале ӯ фаромӯш кард, ки дар асл халқро Яҳува роҳнамоӣ мекард. Дар натиҷа, вай ба онҳое, ки Худо истифода мебурд, садоқатмандӣ зоҳир накард. Қӯраҳ бояд амал кардани Яҳуваро интизор мешуд. Яҳува метавонист ба ӯ барои бартараф кардани шубҳаҳояш кӯмак кунад ё агар дар тарзи роҳбарӣ кардани халқ дигаргуние лозим бошад, онро дарорад. Вале ҳама кор бо он анҷом ёфт, ки Қӯраҳ солҳои зиёди хизмати содиқонаашро бо рафтори мағруронаи худ бекор кард!

16. Чӣ тавр пайравӣ ба намунаи Мусо ба мо кӯмак мекунад, ки аз тарафи Яҳува шинохта шавем?

16 Он чи ки бо Қӯраҳ рӯй дод, имрӯз барои пирон ва дигар аъзоёни ҷамъомад огоҳие мебошад. Барои Яҳуваро интизор шудан ва мувофиқи роҳнамоии шахсони таъиншуда амал кардан ба мо фурӯтанӣ лозим аст. Оё мо нишон медиҳем, ки мисли Мусо шахси фурӯтан ва ҳалим ҳастем? Оё мо мавқеи онҳоеро, ки дар байни мо роҳбариро ба ӯҳда доранд эътироф мекунем ва ба роҳнамоии онҳо итоат менамоем? Оё дар вақти иҷро нашудани он чизе ки мо умед доштем, мо ҳиссиёти худро идора карда метавонем? Агар ба ин саволҳо ҷавоби мо мусбӣ бошад, мо низ илтифоти Яҳуваро ба даст меорем. Агар мо фурӯтан ва итоаткор бошем, мо барои Ӯ азизу қадрнок хоҳем буд.

Яҳува шахсонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад

17, 18. Кадом хусусиятҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки минбаъд низ аз они Яҳува бошем?

17 Мулоҳиза дар бораи намунаи шахсоне, ки Яҳува онҳоро ҷалб карда буду чун одамони нек мешинохт, барои мо хеле фоиданок аст. Иброҳим ва Мусо монанди мо нокомил буданд ва камбудиҳо доштанд. Вале онҳоро Яҳува чун дӯстон, яъне чун шахсоне ки ба ӯ таалуқ доранд, мешинохт. Аз намунаи Қӯраҳ бошад мо мебинем, ки шахс аз Яҳува дур гашта бо ӯ бегона гашта метавонад. Хуб мешуд, ки ҳар яки мо аз худ бипурсем: «Яҳува дар бораи ман чӣ фикр мекунад? Аз ин мисолҳои Китоби Муқаддас ман барои худ чӣ дарс гирифта метавонам?»

18 Ба шахсони содиқе, ки Яҳува ба худ ҷалб кардааст, Ӯ чун ба онҳое менигарад, ки аз они Ӯ ҳастанд. Ин фикр моро хеле рӯҳбаланд мекунад. Пас, инкишоф додани чунин хусусиятҳоро ба монанди имон ва фурӯтанӣ давом диҳед. Онҳо шуморо дар назари Худои мо боз ҳам пурқимматтар мегардонанд. Аз тарафи Яҳува шинохта шудан бешубҳа як шарафи бузургест, ки он имрӯз ба ҳаёти мо қаноатмандӣ меорад ва баракатҳои олиҷаноби ояндаро бароямон имконпазир месозад (Заб. 36:18).

Оё шумо дар хотир доред?

• Бо Яҳува чӣ муносибати пурарзишеро мо ба даст оварда метавонем?

• Чӣ тавр шумо ба имони Иброҳим пайравӣ карда метавонед?

• Аз намунаи Мусо ва Қӯраҳ мо чӣ дарсҳо гирифта метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 29]

Оё мо мисли Иброҳим имон дорем, ки Яҳува ваъдаҳояшро пурра иҷро мекунад?

[Tасвир дар саҳифаи 31]

Қӯраҳ намехост ба роҳнамоӣ фурӯтанона итоат кунад

[Tасвир дар саҳифаи 32]

Оё Яҳува шуморо чун як шахсе, ки ба роҳнамоиҳо фурӯтанона итоат мекунад, мешиносад?