Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Бедор бошед» — Чаро ин муҳим аст?

«Бедор бошед» — Чаро ин муҳим аст?

«Бедор бошед» — Чаро ин муҳим аст?

«ИН КАЙ воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Мат. 24:3). Мо ҷавоби Исоро ба ин саволи шогирдонаш аз боби 24–уми Матто, боби 13–уми Марқӯс ва боби 21–уми Луқо хонда метавонем. Исо аломати охирзамонро ба таври аниқу равшан ва як ба як фаҳмонда сипас ба пайравонаш гуфт: «Бедор бошед» (Мат. 24:42).

Агар он аломат ин қадар аниқу равшан зоҳир мегашт, пас чаро Исо «бедор бошед» гуфт? Дар бораи ду сабаби зерин фикр кунед. Якум, аз сабаби он ки чизҳои дигар метавонанд диққати баъзеҳоро парешон кунанд, онҳо шояд ба аломат беаҳамиятӣ намоянд. Дар натиҷа онҳо метавонанд имон ва ҳушёрии худро аз даст диҳанд. Дуюм, шахси масеҳӣ шояд иҷроиши қисмҳои аломатро эътироф кунад, лекин азбаски ин чизҳо шахсан ба ӯ таъсир намекунанд, ӯ метавонад фикр кунад, ки то «мусибати бузург» — марҳилаи охирини пешгӯии Исо ҳоло вақт ҳаст ва ба «бедор» мондан ҳоҷат нест (Мат. 24:21).

«Чизе намефаҳмиданд»

Исо ба пайравонаш дар бораи одамони рӯзҳои Нӯҳ хотиррасон кард. Он одамон албатта медиданд, ки Нӯҳ мавъиза мекард ва бо сохтани киштӣ машғул буд. Ҳамчунин онҳо дар бораи зӯроварии гирду атрофашон медонистанд. Ба ҳар ҳол, аксарият «чизе намефаҳмиданд» (Мат. 24:37–39). Имрӯз низ одамон ба огоҳиҳо чунин муносибат мекунанд. Барои мисол, дар роҳи мошингард аломатҳое гузошта мешаванд, ки суст кардани суръатро нишон медиҳанд, вале бисёр ронандаҳо ин аломатҳоро ба назар намегиранд. Ронандагон танҳо вақте ки дар сари роҳ кормандони БДА (ГАИ)–ро мебинанд, маҷбуран мошинро сусттар меронанд. Мисли ин, шахси масеҳӣ шояд аломати охирзамонро бинад, вале тавре зиндагӣ кунад, ки гӯё ӯ онро намебинад. Ин бо Ариэл ном духтараки наврас, ки дар Африкаи Ғарбӣ зиндагӣ мекунад, рӯй дод.

Ба Ариэл аз телевизор тамошо кардани бозии гандбол [тӯби дастӣ]–и занона маъқул буд. Вақте ки дар мактабашон дастаи гандболбозон ташкил шуд, вай ба хоҳиши бозӣ кардан дода шуд ва фаромӯш кард, ки ин ба дӯстии бо Худо доштааш хатарнок буда метавонад. Ӯ дарвозабон таъин шуд. Баъд бо вай чӣ рӯй дод? Ӯ мефаҳмонад: «Баъзе духтарони дастаамон бо писарбачагоне, ки нашъа ва сигор мекашиданд, мулоқот мекарданд. Онҳо маро барои аз дигарон фарқ карданам масхара мекарданд, вале ман фикр мекардам, ки ба ин тоб оварда метавонам. Ба таври ғайричашмдошт худи бозӣ ба саломатии рӯҳонии ман таъсири манфӣ мерасондагӣ шуд. Ақлу дили ман пурра бо фикри бозӣ банд буд. Дар давоми вохӯриҳои масеҳӣ ҳушу ёди ман бисёр вақт аз Толори Салтанат ба майдони гандболбозӣ мерафт. Шахсияти масеҳии ман низ зарар медид. Муҳаббат ба бозӣ ба хоҳиши сахти ғолиб омадан табдил ёфт. Ман бисёр машқ мекардам, то ки рӯҳияи рақобати пайдокардаамро қонеъ кунам. Стресс бисёр мешуд. Ман ҳатто аз барои гандболбозӣ дӯстонамро гум кардам».

Лекин дар давоми як бозӣ чизе рӯй дод, ки ӯ дар бораи вазъияти худ ба фикр рафт. Дастаи дигар ба дарвозаи онҳо бояд зарбаи ҷаримавӣ мезад. Ариэл тайёр буд, ки дарвозаро муҳофизат карда тӯбро ба гол шудан роҳ надиҳад. Ӯ мегӯяд: «Худам нафаҳмидам, ки чӣ тавр ба Яҳува дар бораи доштани тӯб дуо гуфтам! Аз ин воқеа ман дарк кардам, ки то чӣ андоза рӯҳонияти ман зарар дидааст. Чӣ тавр ман онро аз нав барқарор кардам?

Ман филми ташкилоти мо — “Саволҳои ҷавонон. Ҳаётамро ба чӣ бахшам? *”–ро тамошо карда будам. Ман қарор додам, ки онро боз як бор тамошо мекунам ва ин дафъа ба он ҷиддӣ аҳамият медиҳам. Охир, вазъияти ман ба вазъияти Андре, ҷавонписар аз он филм, монанд буд. Ман хусусан ба он аҳамият додам, ки пири ҷамъомад ба Андре чӣ маслиҳат дод: ӯ гуфт, ки ояти Филиппиён 3:8–ро хонда дар борааш мулоҳиза ронад. Ин барои ман кофӣ буд. Ман дастаи худро тарк кардам.

Чӣ қадар ин маро дигар кард! Рӯҳияи рақобат ва стрессе, ки ман аз он ҳис мекардам аз байн рафт. Ман худамро хушбахттар ва ба дӯстони масеҳиям наздиктар ҳис мекардам. Корҳои рӯҳонӣ акнун барои ман маънои бештар пайдо карданд. Дар вохӯриҳо ман акнун бодиққат будам ва аз нав аз онҳо ҳаловат мебурдам. Хизматам низ беҳтар шуд. Ҳоло ман мунтазам чун пешрави ёвар хизмат мекунам».

Агар ягон чиз диққататонро ба худ ҷалб карда шуморо ба рад кардани аломати гуфтаи Исо барангезад, пас ба шумо лозим аст, ки мисли Ариэл чораҳои қатъӣ андешед. Шумо метавонед баъзе чизҳои дар поён овардашударо санҷида бинед. Бо ёрии «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» таҳқиқ гузаронед. Индексро харитаи ганҷҳои ниҳонӣ номидан мумкин аст. Он ба шумо нишон медиҳад, ки маслиҳатҳои хуб ва мисоли онҳоеро, ки дар вазъияти ба шумо монанд қарор доштанд, аз куҷо ёфтан мумкин аст. Барои аз вохӯриҳо пурра манфиат гирифтан ба онҳо хуб тайёрӣ бинед ва қайдҳо кунед. Агар шумо ба саҳна наздиктар шинед, шумо шояд бештар бодиққат буда метавонед. Вақте ки баранда ба шунавандагон савол медиҳад, кӯшиш кунед, ки аз аввал дар муҳокима иштирок намоед. Илова бар ин, барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедор мондан аз хабарҳои охирин бохабар шавед ва воқеаҳои дар ҷаҳон рӯйдодаистодаро бо аломати пешгӯикардаи Исо ва дигар хусусиятҳои «айёми охир» муқоиса намоед (2 Тим. 3:1–5; 2 Пет. 3:3, 4; Ваҳй 6:1–8).

«Тайёр бошед»

Аломати охирзамон «дар тамоми олам» иҷро шуда истодааст (Мат. 24:7, 14). Миллионҳо одамон дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки бемориву вабоҳо, гуруснагӣ, заминҷунбиҳо ва дигар воқеаҳои пешгӯишуда ба он ҷойҳо зарбаи сахт мерасонанд. Бисёри дигарон бошанд, дар ҷойҳои нисбатан тинҷу ором зиндагӣ мекунанд. Агар шахсан шумо баъзе қисмҳои аломатро ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти худ ҳис накарда бошед, оё бояд чунин фикр кунед, ки то мусибати бузург ҳоло вақт бисёр аст? Ин хел фикр кардан аз рӯи хирад намебуд.

Масалан, дар бораи пешгӯии Исо оиди «қаҳтию вабоҳо» фикр кунед (Луқ. 21:11). Якум, Исо нагуфт, ки ин чизҳо дар ҳама ҷо ва дар як вақт рӯй медиҳанд ё ба ҳама як хел таъсири бад мерасонанд. Ба ҷои ин, ӯ гуфт, ки ин чизҳо «дар ҳар ҷо», яъне дар ҷойҳои гуногун рӯй хоҳанд дод. Пас, мо наметавонем интизор шавем, ки чунин воқеаҳо дар як вақт дар ҳама ҷо рӯй медиҳанд. Дуюм, дарҳол баъди дар бораи қаҳтиву гуруснагӣ пешгӯӣ карданаш Исо қайд кард, ки касе аз пайравонаш ба пурхӯрӣ дода нашавад. Ӯ гуфт: «Бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ... сахт шавад» (Луқ. 21:34). Ҳамин тавр, ҳамаи масеҳиён набояд интизор шаванд, ки ҳар як қисми аломатро дар ҳаёти худ ҳис мекунанд. Исо гуфт: «Вақте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст» (Луқ. 21:31). Аз воситаҳои ҳозиразамони ахборотӣ, ба мисли телевизор ва Интернет, мо иҷрошавии ҳама қисмҳои аломатро дида метавонем, ҳатто агар он чизҳо дар маҳалли мо рӯй надиҳанд ҳам.

Ҳамчунин дар ёд доред, ки Яҳува аллакай «рӯз ва соат»–и сар шудани мусибати бузургро муайян кардааст (Мат. 24:36). Ягон воқеае, ки дар замин рӯй медиҳад, «рӯз ва соат»–и муқарраркардаи Яҳуваро тағйир дода наметавонад.

Исо ҳамаи масеҳиёнро новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, огоҳ намуда гуфт: «Тайёр бошед» (Мат. 24:44). Мо бояд ҳамеша тайёр бошем. Албатта мо ҳар рӯз наметавонем, ки тамоми рӯз бо корҳои рӯҳонӣ машғул бошем. Ва ҳеҷ яке аз мо намедонад, ки ҳангоми сар шудани мусибати бузург бо чӣ кор машғул хоҳад буд. Баъзеҳо шояд он вақт дар киштзор кор карда истода бошанд ё бо корҳои хона машғул бошанд (Мат. 24:40, 41). Пас, чӣ кор кунем, ки тайёр бошем?

Эмануэл ва занаш Викторин ҳамроҳи шаш духтарашон дар як қисми Африка зиндагӣ мекунанд, ки он ҷо онҳо ҳама қисмҳои аломати охирзамонро ҳис намекунанд. Лекин онҳо мехоҳанд тайёр бошанд, аз ин рӯ қарор доданд, ки Китоби Муқаддасро ҳар рӯз муҳокима мекунанд. Эмануэл мефаҳмонад: «Вақти ба ҳама қулайро ёфтан душвор буд. Ниҳоят мо барои ин ним соатро, аз соати шаш то шашу ними саҳар, интихоб кардем. Баъди дида баромадани матни рӯз мо ба якчанд сархати адабиёте, ки дар давоми ҳафта дар ҷамъомад омӯхта мешавад, тайёрӣ мебинем». Оё ин чиз ба онҳо барои бедор мондан кӯмак кард? Албатта! Эмануэл дар ҷамъомад координатори шӯрои пирон аст. Викторин зуд–зуд чун пешрави ёвар хизмат мекунад ва ба бисёриҳо барои қабул кардани ҳақиқат кӯмак мекунад. Ҳамаи духтарони онҳо дар ҷамъомад фаъоланд.

Исо моро насиҳат карда гуфта буд: «Барҳазар ва бедор бошед» (Марқ. 13:33). Ба ҳеҷ чиз нагузоред, ки диққати шуморо парешон карда ба бедор буданатон халал расонад. Мисли Ариэл ба маслиҳатҳои хубе, ки дар адабиётҳоямон ва вохӯриҳои ҷамъомад дода мешаванд, бодиққат бошед. Монанди оилаи Эмануэл ҳар рӯз кӯшиш кунед, ки бо кардани коре «тайёр» ва «бедор» буданатонро нишон диҳед.

[Эзоҳ]

^ сарх. 8 Филми ҳозиразамон дар бораи масеҳии ҷавоне, ки барои кардани кори дар назари Яҳува дуруст мубориза мебарад.

[Tасвир дар саҳифаи 29]

Муҳокимаи ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас ба Эмануэл ва оилаи ӯ кӯмак мекунад, ки тайёр бошанд