Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Биёед бо ҳам шодӣ кунем!

Биёед бо ҳам шодӣ кунем!

Биёед бо ҳам шодӣ кунем!

ХУРСАНД ва шод будан рӯз аз рӯз душвортар шуда истодааст. Ба назари бисёриҳо чунин метобад, ки гӯё ягон чизи мусбие нест, ки ба дигарон нақл кунанд. Ҳаёти ҳозира, хусусан зиндагӣ дар шаҳрҳои калон, одамонро бармеангезад, ки аз муошират бо дигарон канораҷӯӣ кунанд ва худро дур гиранд.

Як профессори психобиология Алберто Оливериё дар бораи ҳаёти имрӯза мегӯяд: «Танҳоӣ як чизи муқаррарӣ аст ва шубҳае нест, ки зиндагӣ дар шаҳрҳои калон ба ин мусоидат мекунад. Дар бисёр мавридҳо ин сабаби он мегардад, ки мо ба ҳамкор, ҳамсоя ё кассири супермаркети дар назди хонаамон буда таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир намекунем». Чунин танҳоӣ бисёр вақт шахсро ба афсурдаҳолӣ (депрессия) оварда мерасонад.

Лекин ҳолати хоҳару бародарони масеҳии мо ва ҳамчунин рӯҳияи онҳо аз ин фарқ мекунад. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ҳамеша шод бошед» (1 Тас. 5:16). Мо сабабҳои бисёр дорем, ки хурсанд бошем ва бо ҳам шодӣ кунем. Масалан, мо ба Яҳува Худо, ки шахсияти баландтарин дар Олам аст, ибодат мекунем; мо ҳақиқати Китоби Муқаддасро мефаҳмем; мо ба наҷот ва ҳаёти ҷовидонӣ умед дорем; ва ҳамчунин мо ба дигарон ёрӣ дода метавонем, ки ин баракатҳоро ба даст оранд (Заб. 105:4, 5; Ирм. 15:16; Рум. 12:12).

Ба масеҳиён хос аст, ки шод бошанд ва шодии худро бо дигарон бо ҳам бинанд. Пас, тааҷҷубовар нест, ки чаро Павлус ба филиппиён чунин навишт: «[Ман] шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам; шумо низ... шод бошед ва бо ман шодӣ кунед» (Фил. 2:17, 18). Ин ҷо, дар давоми ҳамагӣ як ҷумла Павлус аллакай ду бор дар бораи шод будан ва бо дигарон шодӣ кардан сухан ронд.

Албатта масеҳиён бояд эҳтиёт шаванд, ки ба майли худро аз дигарон дур гирифтан дода нашаванд. Касе, ки худро аз ҳамимонон дур мегирад, бо онҳо шодӣ карда наметавонад. Павлус гуфт: «Дар Худованд шод бошед» (Фил. 3:1). Пас, чӣ тавр мо мувофиқи ин суханон амал карда ҳамроҳи бародаронамон шод буда метавонем?

Бо ҳамимонон шодӣ кунед

Вақте ки Павлус ба ҷамъомади шаҳри Филиппӣ нома навишт, ӯ аз сабаби кори мавъиза эҳтимол дар маҳбаси шаҳри Рум буд (Фил. 1:7; 4:22). Вале дар ҳабс буданаш ғайрати ӯро ба кори мавъиза суст накард. Баръакс, ӯ шод буд, ки ба Яҳува то ҳадди имкон пурра хизмат мекунад ва худро чун «қурбонии рехтание бар қурбонӣ» меорад (Фил. 2:17). Рӯҳияи Павлус нишон медиҳад, ки шодиву хурсандӣ аз вазъияти шахс вобаста нест. Ҳарчанд дар ҳабс буд, ӯ гуфт: «Шодӣ хоҳам кард» (Фил. 1:18).

Павлус дар шаҳри Филиппӣ ҷамъомад ташкил карда буд ва ба бародарони он ҷо дилбастагии хосса дошт. Ӯ медонист, ки агар дар бораи шодие, ки аз хизмати Яҳува мегирад, ба онҳо нақл кунад, онҳо рӯҳбаланд мешаванд. Аз ин рӯ, вай навишт: «Эй бародарон, мехоҳам шумо бидонед, ки саргузашти ман боиси пешрафти зиёдтари башорат гардидааст, ба тавре ки занҷирҳои ман дар Исо ба тамоми сарбозхона ва ба ҳамаи дигарон машҳур шудааст» (Фил. 1:12, 13). Вақте ки Павлус ба филиппиён инро нақл кард, онҳо рӯҳбаланд шуданд. Ӯ бо бародарони филиппиаш шодӣ мекард, онҳо бошанд, бо ӯ. Вале барои шодӣ кардан ба филиппиён лозим буд, ки аз душвориҳое, ки Павлус дар ҳабс аз сар мегузаронд, рӯҳафтода нашаванд. Ба ҷои ин, онҳо бояд ба намунаи ӯ пайравӣ мекарданд (Фил. 1:14; 3:17). Ҳамчунин филиппиён метавонистанд минбаъд низ дар ҳаққи Павлус дуо гӯянд ва дар бораи эҳтиёҷоти вай то ҳадди имкон ғамхорӣ намоянд (Фил. 1:19; 4:14–16).

Оё мо мисли Павлуси ҳавворӣ рӯҳияи шодмонӣ зоҳир мекунем? Оё мо мекӯшем, ки дар вазъиятҳои ҳаётӣ ва хизмати масеҳии худ ҷиҳатҳои мусбиро бинем? Ҳангоми муошират бо бародаронамон хуб мебуд, ки аз хизмат шод буданамонро бо нақл кардани ягон воқеа нишон диҳем. Барои ин ягон воқеаи ғайриоддиро интизор шудан шарт нест. Шояд мо дар хизмат бо истифодаи пешниҳоди самаранок ё бо овардани далелҳо шавқи касро ба хушхабари Салтанат бедор кардем. Эҳтимол мо дар асоси ояти Китоби Муқаддас бо соҳибхона сӯҳбати нағз гузарондем. Ё чунин шуд, ки моро дар вақти хизмат чун Шоҳидони Яҳува шинохтанд ва ин шаҳодати хубе гашт. Нақл кардани чунин воқеаҳо як роҳи бо ҳам шодӣ кардан аст.

Бисёри хизматгорони Яҳува барои кори мавъиза фидокориҳо кардаанд ва то ҳол мекунанд. Пешравон, нозирони сайёр, ходимони Байт–Ил, миссионерон ва ходимони барномаҳои байналхалқӣ худро ба хизмати пурравақт бахшидаанд ва аз ин шоданд. Оё мо бо онҳо шодӣ мекунем? Пас, биёед миннатдориамонро ба ин бародарону хоҳарони азизамон, ки дар кори Салтанати Худо ба мо «ҳамкоронанд» зоҳир кунем (Қӯл. 4:11). Мо онҳоро дар вохӯриҳои ҷамъомад ё анҷуманҳо самимона рӯҳбаланд карда метавонем. Ҳамчунин мо метавонем ба хизмати боғайратонаи онҳо пайравӣ кунем. Ва мо метавонем барои гӯш кардани воқеаҳои хизмати онҳо ва фикрҳои рӯҳбаландкунандаашон «вазъият» ҷӯем. Чӣ тавр? Масалан, онҳоро ба меҳмонӣ таклиф карда бо онҳо якҷоя хӯрок хӯрдан мумкин аст (Фил. 4:10).

Бо касоне, ки бо озмоишҳо дучор мешаванд, шодӣ кунед

Тоб овардан ба таъқиботҳою озмоишҳо хоҳиши ба Яҳува содиқ мондани Павлусро боз ҳам қавӣ карданд (Қӯл. 1:24; Яъқ. 1:2, 3). Вай медонист, ки бародарони филиппӣ эҳтимол бо чунин озмоишҳо дучор мешаванд. Донистани он ки бо истодагарӣ дар озмоишҳо вай бародаронашро рӯҳбаланд карда метавонад, ба ӯ шодӣ мебахшид. Барои ҳамин ӯ гуфт: «Ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ уқубат ҳам кашед, бо ҳамон корнамоие ки шумо дар ман дидаед ва ҳоло дар бораи ман мешунавед» (Фил. 1:29, 30).

Имрӯз ба ҳамин монанд масеҳиён аз сабаби кори мавъиза бо муқобилиятҳо дучор мешаванд. Баъзан ин муқобилатҳо бо зӯроварӣ алоқаманданд, лекин бисёр вақт не. Масалан, чунин шуданаш мумкин аст, ки осиён дар бораи мо дурӯғ мегӯянд, аъзоёни оилаамон аз мо ба ғазаб меоянд, ҳамкорон ё ҳамсинфонамон моро масхара мекунанд. Исо огоҳ кард, ки ин озмоишҳо набояд моро ба ҳайрат оранд ё рӯҳафтода кунанд. Баръакс, онҳо сабаби шодии мо мебошанд. Ӯ гуфт: «Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст» (Мат. 5:11, 12).

Агар мо шунавем, ки бародарони мо дар баъзе мамлакатҳо бо таъқиботҳои сахт рӯ ба рӯ шудаанд, мо набояд аз ин ба тарсу ҳарос афтем. Баръакс, мо бояд аз истодагарии онҳо шодӣ кунем. Мо метавонем дар ҳаққи онҳо дуо гӯем ва аз Яҳува пурсем, ки имони онҳоро мустаҳкам кунад ва ба онҳо истодагарӣ диҳад (Фил. 1:3, 4). Шояд ҳамаи он коре ки мо нисбати он бародарон карда метавонем ҳамин бошад. Вале дар ҷамъомади худи мо шахсоне ёфт мешаванд, ки дар озмоишҳояшон кӯмак кардан аз дасти мо меояд. Мо метавонем ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунем ва онҳоро дастгирӣ намоем. Мо метавонем имконият ҷӯем, ки ҳамроҳи онҳо шодӣ кунем. Масалан, онҳоро баъзан ба шоми ибодати оилавиамон таклиф кунем, ҳамроҳ ба мавъиза равем ё якҷоя истироҳат кунем.

Мо барои бо ҳам шодӣ кардан сабабҳои зиёд дорем! Мо намехоҳем, ки рӯҳияи ин ҷаҳонро дошта бошем ва аз дигарон худро дур гирем. Баръакс, мо мехоҳем, ки минбаъд низ бо бародарону хоҳаронамон бошем ва шодиву хурсандии худро бо онҳо бинем. Бо ин роҳ мо на танҳо ба муҳаббату ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунем, балки аз бародарияти масеҳӣ пурра ҳаловат мебарем (Фил. 2:1, 2). Бале, «ҳамеша дар Худованд шод бошед», зеро Павлус моро ташвиқ мекунад: «Боз мегӯям: шод бошед» (Фил. 4:4).

[Tасвир дар саҳифаи 31]

Globe: Courtesy of Replogle Globes