Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳамаи андӯҳгинонро тасаллӣ бахшед

Ҳамаи андӯҳгинонро тасаллӣ бахшед

Ҳамаи андӯҳгинонро тасаллӣ бахшед

«Худованд маро тадҳин намудааст... то ки... ҳамаи мотамзадагонро тасаллӣ бахшам» (ИШ. 61:1, 2).

1. Исо барои андӯҳгинон чӣ кор мекард ва чаро?

ИСОИ МАСЕҲ гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам» (Юҳ. 4:34). Вақте ки Исо дар замин супориши аз Худо гирифтаашро иҷро менамуд, ӯ хислатҳои олиҷаноби Падарашро зоҳир мекард. Муҳаббати бузурге, ки Яҳува нисбати инсоният дорад, аз ҷумлаи онҳо буд (1 Юҳ. 4:7–10). Павлуси ҳавворӣ як ҷониби ин муҳаббатро қайд намуда Яҳуваро «Худои ҳар тасалло» номид (2 Қӯр. 1:3). Чӣ тавре ки Ишаъё пешгӯӣ карда буд, Исо чунин муҳаббатро зоҳир менамуд. (Ишаъё 61:1, 2–ро бихонед.) Исо ин пешгӯиро дар куништи шаҳри Носира хонд ва суханони онро ба худаш нисбат дод (Луқ. 4:16–21). Дар давоми тамоми хизматаш Исо меҳрубонона андӯҳгинонро тасаллӣ медод ва ба онҳо рӯҳбаландӣ ва оромӣ мебахшид.

2, 3. Барои чӣ ба пайравони Масеҳ лозим аст, ки мисли ӯ дигаронро тасаллӣ диҳанд?

2 Ба ҳама пайравони Исо лозим аст, ки мисли ӯ андӯҳгинонро тасаллӣ бахшанд (1 Қӯр. 11:1). Павлус гуфт: «Ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед» (1 Тас. 5:11). Хусусан имрӯз одамон ба тасаллӣ ниёз доранд, зеро мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ мекунем (2 Тим. 3:1). Одамони самимӣ дар саросари ҷаҳон беш аз беш бо касоне дучор мешаванд, ки бо гуфтор ва рафтори худ онҳоро ғамгин мекунанд ва азобу озор медиҳанд.

3 Мувофиқи пешгӯии Китоби Муқаддас дар ин рӯзҳои охири ин дунёи шарир бисёриҳо «худписанд... ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл, ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ, ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ» гаштаанд ва «айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд». Чунин рӯҳия ҳоло аз пештара бадтар ба чашм мерасад, зеро «одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида» истодаанд (2 Тим. 3:2–4, 13).

4. Дар рӯзҳои мо бо вазъияти ҷаҳонӣ чӣ рӯй дода истодааст?

4 Ҳамаи ин ба мо тааҷҷубовар нест, зеро Каломи Худо мегӯяд, ки «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳ. 5:19). «Тамоми ҷаҳон» — сохторҳои сиёсӣ, динӣ, тиҷоратӣ ва ҳамчунин воситаҳои ахборотиву таблиғотиро дар бар мегирад. Ҳеҷ шубҳае нест, ки Шайтон Иблис «мири ин ҷаҳон» ва «худои ин дунё» мебошад (Юҳ. 14:30; 2 Қӯр. 4:4). Вазъияти рӯи замин торафт бадтар шуда истодааст, зеро Шайтон ҳоло хеле дар хашм аст ва медонад, ки барояш вақт хеле кам мондааст (Ваҳй 12:12). Чӣ тасаллибахш аст донистани он ки Худо ба наздикӣ Шайтон ва тартиботи шариронаи вайро дигар тоқат нахоҳад кард ва саволеро, ки Шайтон оиди ҳокимияти Ӯ бардошта буд, ҳал хоҳад намуд (Ҳас. боби 3; Айюб боби 2).

Хушхабар дар тамоми рӯи замин мавъиза шуда истодааст

5. Чӣ тавр пешгӯӣ дар бораи кори мавъиза дар ин рӯзҳои охирзамон иҷро шуда истодааст?

5 Дар давоми ин замони душвори таърихи инсоният он чи ки Исо пешгӯӣ карда буд, иҷро шуда истодааст. Ӯ гуфт: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Мат. 24:14). Ин кори умумиҷаҳонии шаҳодатдиҳӣ дар бораи Салтанати Худо ҳоло торафт пеш рафта истодааст. Имрӯз беш аз 7 500 000 нафар Шоҳидони Яҳува дар зиёда аз 107 000 ҷамъомадҳо дар бораи Салтанати Худо мавъиза мекунанд, ки маҳз дар ин бора Исо мавъиза мекард ва таълим медод (Мат. 4:17). Дар натиҷаи кори имрӯзаи мавъиза бисёр одамони андӯҳгин тасаллӣ меёбанд. Танҳо дар ду соли охир 570 601 нафар одамон чун Шоҳидони Яҳува таъмид гирифтанд!

6. Шумо дар бораи пешравии кори мавъиза чӣ фикр доред?

6 Ба чунин миқёси баланд расидани кори мавъизаро аз рӯи он баҳо додан мумкин аст, ки Шоҳидони Яҳува ҳоло адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ба беш аз 500 забон тарҷума ва паҳн мекунанд. Ҳеҷ гоҳ дар таърихи инсоният чизи ба ин монанд рӯй надода буд! Ҳарчанд ин ҷаҳонро Шайтон идора мекунад, халқи Яҳува дар хизмати худ фаъол аст ва торафт афзуда истодааст. Бе ёрдаму роҳнамоии рӯҳулқудси Худо ин имконнопазир мебуд. Азбаски хушхабар дар тамоми рӯи замин мавъиза шуда истодааст, Навиштаҳо на танҳо ба халқи Яҳува, балки ҳамчунин ба онҳое, ки хабари Салтанатро қабул мекунанд, тасаллӣ мебахшанд.

Тасаллӣ аз ҳамимонон

7. а) Чаро мо наметавонем интизор шавем, ки ҳоло Яҳува ҳама ҳолатҳоеро, ки моро ғамгин мекунанд, бартараф менамояд? б) Мо аз куҷо медонем, ки бароямон ба таъқиботу азобҳо тоб овардан имконпазир аст?

7 Дар ин ҷаҳони пур аз бадӣ ва азоб мо низ бешубҳа аз баъзе ҷиҳатҳо азоб мекашем. То нобудшавии ин тартибот мо наметавонем аз Худо интизор шавем, ки Ӯ ҳамаи чизҳоеро, ки моро ғамгину рӯҳафтода мекунанд, бартараф намояд. Ҳамзамон дар вақти рӯбарӯшавӣ бо таъқиботҳои пешгӯишуда маълум мегардад, ки оё мо беайбиамонро назди Яҳува нигоҳ медорем ва ҳокимияти Ӯро дастгирӣ мекунем ё не (2 Тим. 3:12). Лекин, бо кӯмаку тасаллии Падари осмониамон мо метавонем мисли масеҳиёни тадҳиншудаи шаҳри қадимаи Таслӯникӣ таъқиботу азобҳоро бо сабр ва имон паси сар кунем. (2 Таслӯникиён 1:3–5-ро бихонед.)

8. Кадом мисолҳои Навиштаҳо исбот мекунанд, ки Яҳува хизматгоронашро тасаллӣ мебахшад?

8 Яҳува албатта ба хизматгоронаш он тасаллиеро, ки онҳо ба он мӯҳтоҷанд, медиҳад. Масалан, вақте ки маликаи шарир Изобал ба ҳаёти Илёс–пайғамбар таҳдид кард, пайғамбар аз тарс гурехт ва ҳатто гуфт, ки мурдан мехоҳад. Лекин Яҳува ба ҷои танқид кардани Илёс ӯро тасаллӣ дод ва далерӣ бахшид, то ӯ хизматашро чун пайғамбар давом диҳад (1 Подш. 19:1–21). Ҳамчунин аз намунаи ҷамъомади масеҳии асри як аён аст, ки Яҳува халқи худро тасаллӣ медиҳад. Масалан, мо дар бораи замоне мехонем, ки тамоми ҷамъомадҳо «дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд». Беш аз ин, онҳо «модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд» (Аъм. 9:31). Мо низ бисёр миннатдорем, ки «тасаллои Рӯҳулқудс»–ро дорем!

9. Чаро дониш дар бораи Исо моро тасаллӣ мебахшад?

9 Чун масеҳиён мо, вақте ки дар бораи Исои Масеҳ мефаҳмему ба намунаи ӯ пайравӣ мекунем, тасаллӣ меёбем. Исо гуфт: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст» (Мат. 11:28–30). Исо бо одамон меҳрубонона ва бо муҳаббат муомила мекард. Вақте ки мо дар ин бора мефаҳмему худамон низ ба намунаи Исо пайравӣ мекунем, ин ташвишу стрессҳоеро, ки мо эҳтимол ҳис мекунем, ба андозае сабук мекунад.

10, 11. Дар ҷамъомад кӣ тасаллӣ дода метавонад?

10 Мо ҳамчунин аз ҳамимононамон тасаллӣ ёфта метавонем. Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр пирони ҷамъомад ба онҳое, ки имонашон суст мегардад, кӯмак мекунанд. Яъқуби шогирд навишт: «Оё касе аз шумо [аз ҷиҳати рӯҳонӣ] бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд,— ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд» (Яъқ. 5:14, 15). Дигар аъзоёни ҷамъомад низ тасаллӣ бахшида метавонанд.

11 Бисёр вақт ба занон дар бораи проблемаҳои худ ба дигар занон гап задан осонтар аст. Хусусан хоҳарони солхӯрда, ки таҷрибаи бештар доранд, ба хоҳарони ҷавонтар маслиҳатҳои хеле хуб дода метавонанд. Ин занони рӯҳан баркамол шояд аллакай вазъиятҳои ба ин монандро дар ҳаёташон аз сар гузаронида бошанд. Бо дилсӯзӣ ва меҳру навозиши занонаи худ онҳо ба хоҳарони ҷавон кӯмаки калон расонда метавонанд. (Титус 2:3–5-ро бихонед.) Албатта, пирон ва дигарон низ метавонанд ва бояд касони аз байни мо афсурдадилро тасаллӣ диҳанд (1 Тас. 5:14, 15). Ва хуб мебуд дар хотир дорем, ки Худо «моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем» (2 Қӯр. 1:4).

12. Чаро ташрифорӣ ба вохӯриҳои масеҳӣ хеле муҳим аст?

12 Барои тасаллӣ гирифтан ташрифорӣ ба вохӯриҳои масеҳӣ аҳамияти хеле калон дорад. Маълумоте, ки мо он ҷо аз Китоби Муқаддас мешунавем, моро рӯҳбаланд мекунад. Мо мехонем, ки Яҳудо ва Сило «бародаронро бо суханони бисёр насиҳат ва тақвият» медоданд (Аъм. 15:32). Пеш ва баъди вохӯриҳоямон аъзоёни ҷамъомад байни ҳам муошират карда аз ин рӯҳбаландӣ меёбанд. Пас, ҳатто агар мо аз сабаби ягон проблема азоб кашида истода бошем ҳам, биёед аз дигарон худро дур нагирем, зеро ин вазъиятро беҳтар нахоҳад кард (Мас. 18:1). Ба ҷои ин, хуб мебуд, ки мувофиқи насиҳати зери илҳоми илоҳӣ гуфтаи Павлус амал кунем. Ӯ гуфт: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед» (Ибр. 10:24, 25).

Аз Каломи Худо тасаллӣ гиред

13, 14. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Навиштаҳо моро тасаллӣ бахшида метавонанд.

13 Хоҳ мо масеҳиёни таъмидёфта бошем, хоҳ акнун дар бораи Худо ва мақсадҳои Ӯ фаҳмида истодаем, мо аз Каломи навишташудаи Худо тасаллии калон гирифта метавонем. Павлус навишт: «Ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем» (Рум. 15:4). Навиштаҳои Муқаддас метавонанд моро тасаллӣ бахшанд ва «ба ҳар амали нек» пурра тайёр созанд (2 Тим. 3:16, 17). Донистани ҳақиқат дар бораи ниятҳои Худо ва доштани умеди ҳақиқӣ ба оянда ба мо бешубҳа тасаллии калон меоранд. Аз ин рӯ, биёед Китоби Муқаддас ва адабиётҳои бар он асосёфтаро, ки моро тасаллӣ мебахшанд ва аз бисёр ҷиҳат бароямон фоиданоканд, пурра истифода барем.

14 Исо дар он ба мо намунаи олиҷаноб гузоштааст, ки ӯ бо истифодаи Навиштаҳо ба дигарон дастур медод ва онҳоро тасаллӣ мебахшид. Масалан, баъди эҳё шуданаш Исо ба ду шогирдаш зоҳир шуда Навиштаҳоро ба онҳо пурра маънидод кард. Суханони гуфтаи Исо ба дили онҳо сахт таъсир карданд (Луқ. 24:32). Дар пайравӣ ба намунаи олиҷаноби Исо Павлуси ҳавворӣ «аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард». Дар шаҳри Бирия онҳое, ки ӯро мешуниданд, «бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд» (Аъм. 17:2, 10, 11). Пас, хеле муҳим аст, ки мо Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонда аз он ва аз дигар адабиётҳоямон манфиат гирем, зеро онҳо барои он пешбинӣ шудаанд, ки дар ин замонҳои ноором ба мо тасаллӣ ва умед бахшанд.

Роҳҳои дигаре, ки мо дигаронро тасаллӣ бахшида метавонем

15, 16. Баъзе аз роҳҳое, ки мо ба ҳамимононамон кӯмаку тасаллӣ дода метавонем, кадоманд?

15 Мо бо бисёр роҳҳо метавонем ба ҳамимононамон ёрӣ диҳем ва онҳоро тасаллӣ бахшем. Масалан, ба пиронсолон ва шахсони бемор мо бо он кӯмак карда метавонем, ки барояшон рафта аз бозор харид кунем. Мо метавонем ба дигарон дар корҳои хонаашон дасти ёрӣ дароз карда ҳамин тавр ба онҳо таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир кунем (Фил. 2:4). Мо метавонем ҳамимононамонро барои ӯҳдабароӣ ва хислатҳои хуби онҳо, аз он ҷумла муҳаббат, далерӣ ва имонашон таъриф кунем.

16 Бо мақсади тасаллӣ додани пиронсолон мо метавонем ба хабаргирии онҳо равем ва он чиро ки онҳо дар бораи воқеаҳои гузаштаи ҳаёти худ ва баракатҳои дар хизмати Яҳува ёфтаашон нақл мекунанд, бодиққат гӯш кунем. Ва ин дар асл метавонад худи моро рӯҳбаланд кунад ва тасаллӣ бахшад. Ба касе, ки ба хабаргирии ӯ меравем, мо метавонем Китоби Муқаддас ва адабиётҳои бар он асосёфтаро хонем. Шояд мо ҳамроҳи ӯ метавонем мақолаи онҳафтаинаи «Бурҷи дидбонӣ» ё маълумотеро, ки дар омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад баррасӣ мешавад, муҳокима намоем. Ё якҷоя бо ӯ ягон филми ташкилотамонро тамошо кунем. Ҳамчунин мо метавонем ягон воқеаи рӯҳбаландкунандаи аз адабиётҳоямон ёфтаамонро ба ӯ хонда диҳем ё нақл кунем.

17, 18. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува хизматгорони содиқашро дастгирӣ мекунад ва онҳоро тасаллӣ мебахшад?

17 Агар мо пай барем, ки ягон бародар ё хоҳарамон ба тасаллӣ ниёз дорад, мо метавонем дар ҳаққи ӯ дуо гӯем (Рум. 15:30; Қӯл. 4:12). Вақте ки мо аз душвориҳои зиндагӣ худамон азоб мекашем ва ҳамзамон ба тасаллӣ додани дигарон мекӯшем, мо метавонем ҳамон имон ва бовариеро, ки забурнавис дошт, дар худ дошта бошем. Ӯ месуруд: «Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад» (Заб. 54:23). Дар ҳақиқат, Яҳува ҳамеша моро тасаллӣ мебахшад ва дастгирӣ мекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ хизматгорони содиқашро ноумед намекунад.

18 Худо ба хизматгорони даврони пешаш гуфта буд: «Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам» (Иш. 51:12). Яҳува барои мо низ ҳамин тавр мекунад ва кӯшишҳои моро дар тасаллӣ додани дигарон баракат медиҳад. Хоҳ мо умеди осмонӣ дошта бошем, хоҳ заминӣ, ҳар яки мо метавонем аз суханоне, ки Павлус ба масеҳиёни тадҳиншудаи замони худ гуфт, тасаллӣ ёбем. Ӯ гуфт: «Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст, бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад» (2 Тас. 2:16, 17).

Оё дар хотир доред?

• Кори мавъиза, ки тавассути он андӯҳгинон тасаллӣ меёбанд, то чӣ андоза пеш рафтааст?

• Баъзе аз корҳое, ки мо барои тасаллӣ додани дигарон карда метавонем, кадоманд?

• Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува халқи худро тасаллӣ мебахшад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 24]

Оё шумо дар тасаллӣ бахшидани андӯҳгинон саҳм мегузоред?

[Tасвир дар саҳифаи 26]

Ҳам ҷавонон ва ҳам солхӯрдагон рӯҳбаланд карда метавонанд