Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр падарон бо писарони худ муносибаташонро наздик нигоҳ дошта метавонанд?

Чӣ тавр падарон бо писарони худ муносибаташонро наздик нигоҳ дошта метавонанд?

Чӣ тавр падарон бо писарони худ муносибаташонро наздик нигоҳ дошта метавонанд?

«ДАДА, чаро шумо ин қадар чизҳои бисёрро медонед?» Оё писаратон ба шумо ягон бор чунин саволи ногаҳонӣ дода буд? Дар он вақт шумо шояд аз падар буданатон фахр карда будед. Вале агар писаратон насиҳатҳои оқилонаи шуморо ба кор барад ва аз онҳо фоида гирад, бешубҳа дили шумо боз ҳам бештар хурсанд хоҳад шуд (Масалҳо 23:15, 24) *.

Вале бо гузашти вақт, оё писаратон аз амалҳои шумо мисли пештара ба ваҷд меояд? Ё ба назар чунин мерасад, ки бо баробари калон шуданаш эҳтироми ӯ нисбати шумо кам шуда истодааст? Чӣ тавр дар сурате ки писаратон торафт ба камол расида мард мешавад, шумо бо ӯ муносибатҳои наздикро нигоҳ дошта метавонед? Дар аввал, биёед баъзе мушкилиҳоеро, ки падарон бо онҳо дучор мешаванд, дида бароем.

Се мушкилии паҳнгашта

1. НОРАСОИИ ВАҚТ. Дар бисёр мамлакатҳо оиларо асосан падарон таъмин мекунанд. Бисёр вақт кори онҳо талаб мекунад, ки вақти зиёдашонро дар ҷои кор гузаронанд. Дар баъзе ҷойҳо падарон бо фарзандони худ бениҳоят кам вақт мегузаронанд. Масалан, тадқиқоте, ки ба наздикӣ дар Франсия гузаронда шуд, нишон дод, ки падарон барои фарзандонашон дар як рӯз аз 12 дақиқа кам вақт сарф мекунанд.

МУЛОҲИЗА РОНЕД. Шумо барои писаратон чӣ қадар вақт ҷудо мекунед? Хуб мебуд, агар дар давоми як ё ду ҳафтаи дар пешистода вақтеро, ки шумо ҳар рӯз ҳамроҳи ӯ мегузаронед, нависед. Натиҷаҳои ба дастомада шояд шуморо ба ҳайрат оранд.

2. НОРАСОИИ НАМУНАИ ХУБ. Баъзе мардон бо падари худ қариб, ки ҳеҷ гуна муносибат надоштанд. «Ман бо падарам хеле кам муошират мекардам»,— мегӯяд Жан–Мари, ки сокини Франсия аст. Ин ба Жан–Мари чӣ хел таъсир кард? «Ин ба душворие оварда расонд, ки ман ҳеҷ гоҳ тасаввур накарда будам,— мегӯяд ӯ.— Масалан, барои ман бо писарам ба таври пурмазмун муошират кардан душвор аст». Дар дигар мавридҳо мардон падари худро хуб медонанд, лекин муносибати байни онҳо вайрон аст. Филиппи 43-сола мегӯяд: «Ба падарам душвор буд, ки ба ман меҳрубонӣ зоҳир кунад. Барои ҳамин, ман бояд сахт кӯшиш кунам, то бо писарам бештар меҳрубон бошам».

МУЛОҲИЗА РОНЕД. Оё шумо ҳис мекунед, ки муносибате, ки худи шумо бо падаратон доштед ба тарзи муносибати шумо ва писаратон таъсир мекунад? Оё шумо диққат додаед, ки шумо ба одатҳои хуби падаратон пайравӣ карда истодаед ё ба одатҳои бади ӯ? Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст?

3. НОРАСОИИ МАСЛИҲАТИ ОҚИЛОНА. Дар баъзе маданиятҳо дар тарбияи фарзанд нақши падарро камаҳамият меҳисобанд. Лука, ки дар Аврупои Ғарбӣ ба воя расидааст, чунин мегӯяд: «Дар ҷое ки ман калон шудам одамон фикр мекарданд, ки ғамхорӣ нисбати фарзандон ин кори зан аст». Дар дигар маданиятҳо бошад, падарон ташвиқ карда мешаванд, ки дар тарбия танҳо сахтгиру бадқаҳр бошанд. Масалан, Георг, ки дар яке аз мамлакатҳои Африка калон шудааст, чунин мегӯяд: «Дар маданияти ман падарон бо фарзандонашон бозӣ намекунанд, зеро метарсанд, ки ин обрӯи онҳоро паст мезанад. Барои ҳамин, ман ҳамеша ҳангоми бо писарам вақт гузарондан ба ташвиш меоям».

МУЛОҲИЗА РОНЕД. Дар маҳалли шумо нақши падар аз чӣ иборат аст? Оё ба онҳо чунин ақидаро таълим додаанд, ки ба воя расондани кӯдак кори зан аст? Оё падарон ташвиқ карда мешаванд, ки ба писаронашон муҳаббату навозиш зоҳир кунанд ё аксарияти одамони маҳаллатон чунин мешуморанд, ки ин кор ба падарон нораво аст?

Агар шумо падар бошеду бо як ё якчандтои ин мушкилиҳо рӯ ба рӯ шавед, шумо чӣ тавр муваффақият ба даст оварда метавонед? Маслиҳатҳои зеринро дида бароед.

Муносибатро бо писаратон аз хурдиаш сар кунед

Писарон гӯё бо чунин хоҳиш таваллуд мешаванд, ки ба падарашон тақлид кунанд. Пас, вақте ки писари шумо ҳоло хурд аст, ин хоҳиши ӯро дуруст истифода баред. Инро шумо чӣ тавр карда метавонед? Ва кай шумо метавонед вақт ёбед, ки онро бо ӯ гузаронед?

Ҳар вақте ки тавонед, писаратонро ба корҳои ҳаррӯзаи худ ҳамроҳ кунед. Масалан, агар шумо бо корҳои хона машғул бошед, ӯро таклиф кунед, ки ба шумо ёрдам диҳад. Метавонед ба ӯ ҷорӯбча ё белча диҳед. Бешубҳа вай хурсанд мешавад, ки дар паҳлӯи падараш, ки барояш чун қаҳрамон ва намуна аст, кор мекунад! Ин шояд барои ба анҷом расондани кор аз шумо вақти зиёдро талаб намояд, лекин муносибатҳои байни шумо мустаҳкам мешаванд ва шумо ба ӯ меҳнат карданро ёд медиҳед. Хеле пеш, Китоби Муқаддас падаронро бармеангехт, ки фарзандонашонро дар корҳои ҳаррӯзаи худ ҳамроҳ кунанд ва он имкониятҳоро барои муошират кардан ва таълим додани онҳо истифода баранд (Такрори Шариат 6:6–9). Чунин маслиҳатҳо то ҳол қобили корбурданд.

Ғайр аз он ки ҳамроҳи писаратон кор кунед, вақт ёбед, ки ҳамроҳи ӯ бозӣ кунед. Бозӣ кардан на фақат барои якҷоя хурсандӣ намудан имконият медиҳад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки вақте ки падарон бо фарзандони хурдсоли худ бозӣ мекунанд, онҳо фарзандонашонро ба далеру ҷасур будан бармеангезанд.

Бозӣ байни падару писар ҳатто вазифаи аз ин муҳимтарро иҷро мекунад. Тадқиқотчӣ Мишел Физ мегӯяд: «Маҳз дар бозӣ писар бо падараш ба таври беҳтарин муошират мекунад». Дар давоми бозӣ падар метавонад ба писараш, ҳам бо сухан ва ҳам бо амал меҳрубониашро зоҳир кунад. Бо ин ӯ ҳамчунин ба писараш зоҳир кардани меҳрубониро ёд медиҳад. «Вақте ки писарам, хурд буд, мо бисёр вақт ҳамроҳ бозӣ мекардем,— мегӯяд Андрэ, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад.— Ман ӯро ба оғӯш мегирифтам ва ӯ низ ёд гирифт, ки ба ман муҳаббаташро зоҳир кунад».

Як мавриди дигаре, ки муҳаббати падару писарро мустаҳкам гардонда метавонад — ин пеш аз хоб кардан аст. Мунтазам ба ӯ ягон ҳикояеро хонед ва вақте ки ӯ ба шумо хурсандӣ ё ташвишҳои рӯзи ба анҷом расидаро нақл мекунад, ботаваҷҷӯҳ бошед. Агар ин тавр кунед, дар айёми калон шудани писаратон, барои ӯ муоширатро бо шумо давом додан осонтар мегардад.

Машғулияти дӯстдоштаи ӯро дастгирӣ кунед

Шояд ба назар чунин тобад, ки баъзе писарони ба балоғатрасида ба кӯшиши муоширати падар беаҳамиятанд. Вақте ки писаратон ба саволҳои шумо ҷавоб намедиҳад, ин маънои онро надорад, ки вай дигар сӯҳбат карданӣ нест. Агар бо ӯ тарзи муошират карданро тағийр диҳед, ӯ шояд бо омодагӣ дили худро мекушояд.

Жак, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, баъзан барои бо писараш Жером сӯҳбат кардан душворӣ мекашид. Аммо ба ҷои он ки ӯ писарашро барои муошират маҷбур кунад вай мувофиқи табъи дилаш амал кард — ӯ бо писараш футбол бозӣ мекард. «Баъд аз бозӣ,— мегӯяд Жак,— мо дар болои алаф менишастем ва камтар дам мегирифтем. Дар ҳамин хел маврид писарам дилашро мекушод. Дар чунин шароитҳои оддӣ ӯ ҳис кард, ки ман маҳз барои ӯ шуда, дар ин дам бо ӯ вақт мегузаронам ва ба туфайли ин байни мо муносибатҳои наздик пайдо шуд».

Чӣ агар писаратон ба варзиш шавқ надошта бошад? Андрэ он лаҳзаҳоро, ки ҳамроҳи писараш ситорагонро тамошо мекард, бо некӣ ба хотир меорад. Андрэ мегӯяд: «Мо шабонгоҳ дар берун дар ҳавои салқин менишастем. Сипас худро бо ягон чизи гарм мепӯшондем ва ба дастамон стакони чой гирифта ба осмони ситоразор нигоҳ мекардем. Мо дар бораи Оне ки ситораҳоро офарид, гуфтугӯ мекардем. Мо дар бораи корҳои шахсиамон гап мезадем. Мо қариб ки дар бораи ҳама чиз сӯҳбат кардем» (Ишаъё 40:25, 26).

Чӣ агар он чизе ки писаратон ба он шавқ дорад, ба шумо маъқул нест? Дар чунин маврид, шояд ба шумо лозим меояд, ки хоҳиши худро ба як тараф гузоред (Филиппиён 2:4). Иан, ки дар Африқои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Ман ба варзиш назар ба писарам, Вон, шавқи хеле зиёд доштам. Ӯ бошад ба самолёт ва компютер шавқ дошт. Барои ҳамин ман кӯшиш кардам, ки дар бораи ин чизҳо низ шавқ пайдо кунам ва ӯро ба намоишгоҳи самолётҳо мебурдам ва дар компютер чун пилот самолётро идора мекардам. Ман ҳис мекунам, ки аз сабаби он ки якҷоя дар фаъолияти хурсандиовар иштирок карда будем, Вон ба муоширати ошкорову кушодтар майл пайдо кард».

Ӯро тавре тарбия кунед, ки ба худ боварӣ дошта бошад

«Нигоҳ кунед, дадаҷон нигоҳ кунед!» Оё писарчаи шумо низ чунин нидо мекунад, вақте ки ягон чизи навро аз худ мекунад? Агар ӯ аллакай наврас аст, оё ӯ мисли пештара ошкоро таърифи шуморо меҷӯяд? Шояд не. Аммо ӯ бешубҳа ба ин ниёз дорад, то ба балоғат расида, бомулоҳизаву соҳиби ақли солим бошад.

Ба намунаи Яҳува Худо, ки бо яке аз писаронаш муносибат карда буд, диққат диҳед. Вақте ки Исо дар замин ба кори махсус шурӯъ кард, Худо ҳиссиёташро ба ӯ дар назди ҳама иброз карда, чунин гуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст» (Матто 3:17; 5:48). Ин рост аст, ки шумо ба насиҳат кардан ва таълим додани писаратон вазифадоред (Эфсӯсиён 6:4). Лекин оё шумо ҳамчунин имконият меҷӯед, то писаратонро барои сухан ва кори хубаш таъриф кунед?

Барои баъзе мардон изҳор кардани муҳаббат ва таваҷҷӯҳ душвор аст. Онҳо шояд дар оилае ба воя расидаанд, ки волидонашон бештар ба хатогиҳои онҳо диққат медоданд на ба муваффақияташон. Агар дар мавриди шумо низ чунин бошад, бароятон кӯшиши зиёд кардан лозим аст, то ба писаратон ҳисси худбовариро тарбия кунед. Шумо инро чӣ тавр карда метавонед? Лука, ки пештар оиди ӯ нақл карда шуд, бо писараш Мануэл, ки 15–сола аст, мунтазам якҷоя кори хонаро мекунад. «Баъзан,— мегӯяд Лука,— ман ба Мануэл мегӯям, ки корро худаш сар кунад ва агар ӯ ба кӯмаки ман ниёз дошта бошад, баъд ман ёрдам мекунам. Бисёр вақт ӯ мустақилона кор мекунад. Ӯ аз муваффақиятҳои ба даст овардааш қаноатмандиро ҳис мекунад ва ин барои ба худ боварӣ пайдо кардан ба ӯ кӯмак мерасонад. Ҳангоми муваффақиятҳояш ӯро таъриф мекунам. Вақте ки ягон корро на он қадар хуб, чӣ хеле ки худаш мехост, иҷро кунад ҳам, ман ба ҳар ҳол ба ӯ мегӯям, ки кӯшиши ӯро қадр мекунам».

Шумо ҳамчунин метавонед ҳисси худбоварии писаратонро зиёд гардонед, бо он ки ба ӯ кӯмак кунед то дар ҳаёташ мақсадҳои арзиштареро гузорад. Чӣ агар писаратон мақсадҳояшро на он қадар тез ба даст оварда истодааст, гарчанд шумо мехоҳед, ки ӯ тезтар ҳаракат кунад? Ё чӣ агар мақсадҳои ӯ бад набошад ҳам, лекин аз мақсадҳое, ки шумо барои ӯ гузоштаед фарқ мекунанд? Дар ин маврид ба шумо шояд лозим ояд, ки хоҳишҳои худро аз нав тафтиш кунед. Жак, ки дар борааш гуфта будем, мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам, ки дар назди писарам мақсадҳое гузорам, ки вай аз ӯҳдааш баромада тавонад. Вале ман ҳамчунин кӯшиш мекунам, ки ин мақсадҳои вай бошад, на мақсадҳои ман. Сипас ман ба худ хотиррасон мекунам, ки писарам барои ба мақсадаш расидан, бояд мувофиқи қобилияти худ ҳаракат кунад, на ин ки ман ба ӯ фишор оварам». Агар шумо нуқтаи назари писаратонро гӯш кунед, барои кори хубаш вайро таъриф кунед ва барои бартараф кардани нобарориҳояш ӯро рӯҳбаланд созед, шумо барои расидан ба мақсадаш ба ӯ кӯмак хоҳед кард.

Бояд гуфт, ки дар муносибати шумо нофаҳмиҳо ва душвориҳо хоҳанд буд. Аммо ба ҳар ҳол, ба ин нигоҳ накарда, писаратон эҳтимол хоҳиш пайдо мекунад, то бо шумо наздик бошад. Охир, кӣ намехоҳад, ки ба он шахсе наздик бошад, ки барои муваффақ гаштан кӯмак мерасонад!

[Эзоҳ]

^ сарх. 2 Ҳарчанд дар ин мақола диққат ба муносибати байни падарону писарон равона шудааст, принсипҳое, ки муҳокима мешаванд, ҳамчунин ба муносибати падарону духтарон низ дахл доранд.