Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё ҳамаи «масеҳиён» пайравони ҳақиқии Масеҳанд?

Оё ҳамаи «масеҳиён» пайравони ҳақиқии Масеҳанд?

Оё ҳамаи «масеҳиён» пайравони ҳақиқии Масеҳанд?

Дар дунё чӣ қадар масеҳиён вуҷуд доранд? Мувофиқи як маҷалла соли 2010 дар саросари ҷаҳон қариб 2, 3 миллиард нафар дини масеҳиро пайравӣ мекарданд. Ҳамчунин дар ин маҷалла қайд шуда буд, ки ин масеҳиён ба беш аз 41 000 равия тааллуқ дошта, ҳар кадоми онҳо таълимот ва қоидаву меъёрҳои худро доранд. Фаҳмост, ки баъзеҳо ин қадар равияҳои дини масеҳиро дида сари калобаашонро гум мекунанд, ҳатто дилхунук мешаванд. Шояд онҳо ҳайрон шуда гӯянд: «Оё ҳамаи онҳое, ки худро масеҳӣ меноманд, пайравони ҳақиқии Масеҳанд?». (Atlas of Global Christianity)

Мисоли сайёҳро мегирем. Барои ба давлати дигар рафтан ӯ бояд аз сарҳад гузарад. Ҳамчунин ӯ барои кӣ буданашро исбот намудан ягон ҳуҷҷат, масалан, шиносномаашро бояд нишон диҳад. Ба ин монанд, барои масеҳии ҳақиқӣ танҳо дар сухан «ман ба Масеҳ имон дорам» гуфтан кифоя нест. Ӯ бояд инро исбот кунад. Чӣ тавр?

Калимаи «масеҳӣ» бори аввал тақрибан соли 44-уми милодӣ истифода шуд. Нависандаи Китоби Муқаддас Луқо қайд карда буд: «Маҳз дар Антиохия шогирдон аввалин бор бо роҳнамоии Худо масеҳӣ номида шуданд» (Корнома 11:26). Аҳамият диҳед, онҳое ки масеҳӣ номида шуданд, шогирдони Масеҳ буданд. Чӣ нишон медиҳад, ки шахс шогирди Исои Масеҳ аст? Дар «Фарҳанги байналмилалии худошиносии Аҳди Ҷадид» чунин шарҳ дода шудааст: «Шогирди Исо будан маънои онро дорад, ки шахс тамоми ҳаёти худро... ба таври ҳамешагӣ қурбон мекунад». Пас, масеҳии ҳақиқӣ шахсест, ки пурра ва бечунучаро аз рӯйи таълимоту дастуроти Ҳазрати Исо, ки асосгузори масеҳият аст, зиндагӣ мекунад.

Оё чунин шахсонро дар байни онҳое, ки худро масеҳӣ меноманд, пайдо кардан мумкин аст? Ба гуфти Исо пайравони ҳақиқии ӯро аз рӯйи чӣ шинохта метавонем? Биёед бинем, ки Китоби Муқаддас ба ин саволҳо чӣ ҷавоб медиҳад. Аз мақолаҳои навбатӣ мефаҳмем, ки чӣ тавр аз рӯйи панҷ ҷиҳате, ки Исо қайд кард, пайравони ҳақиқии ӯро фарқ кардан мумкин аст. Мо дида мебароем, ки чӣ тавр масеҳиёни асри як пайравони ҳақиқӣ буданашонро нишон доданд ва киҳо имрӯз дар асл пайравони ҳақиқии Масеҳ мебошанд.