Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Минбаъд низ ба Яҳува наздик шавед

Минбаъд низ ба Яҳува наздик шавед

«Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (ЯЪҚ. 4:8).

1, 2. а) Чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки одамонро гумроҳ созад? б) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба Худо наздик шавем?

 ЯҲУВА ХУДО одамонро, тавре офаридааст, ки мо барои ба Ӯ наздик шудан ниёз дорем. Лекин Шайтон мехоҳад, то мо мисли вай фикр кунем, ки ба Яҳува эҳтиёҷ надорем. Ин дурӯғест, ки Шайтон дар боғи Адан аз он истифода бурда Ҳавворо фиреб кард ва то ба ҳол онро паҳн карда истодааст (Ҳас. 3:4–6). Аз он вақт инҷониб аксари одамон фикр мекунанд, ки ба Худо ниёз надоранд.

2 Хушбахтона мо метавонем ба ин доми Шайтон наафтем, зеро мо «аз дасисаҳои вай бехабар нестем» (2 Қӯр. 2:11). Шайтон мекӯшад, ки моро аз Яҳува дур созад ва барои ин моро бармеангезад, ки қарорҳои нодуруст қабул кунем. Лекин, чӣ тавре ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, мо метавонем дар мавридҳои бо кор, вақтхушӣ ва оила алоқаманд, интихоби дуруст кунем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Шайтон барои ба васваса андохтани мо техника ва технология, саломатӣ, пул ва ҳисси фахрро истифода мебарад. Агар мо дар ин мавридҳо интихоби дуруст кунем, мо метавонем «ба Худо наздик» шавем (Яъқ. 4:8).

ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯ

3. Мисол оред, ки чӣ тавр таҷҳизоти электрониро ба таври дуруст ва нодуруст истифода бурдан мумкин аст.

3 Таҷҳизотҳои техникӣ ва электронӣ имрӯз дар тамоми ҷаҳон дастрасанд. Дуруст истифода бурдани чунин чизҳо метавонад фоиданок бошад. Лекин нодуруст истифода бурдани онҳо метавонад моро аз Падари осмониамон дур созад. Мисоли компютерро дида мебароем. Маҷаллае, ки шумо дар даст доред, тавассути компютерҳо омода шуда ба чоп баромада аст. Ҳамчунин ба воситаи компютер мо таҳқиқ мегузаронем, муошират мекунем ва баъзан онро барои хуб гузаронидани вақт истифода мебарем. Лекин ҳамзамон компютерҳо метавонанд тамоми диққати моро ба худ ҷалб кунанд. Таблиғот одамонро ба таври моҳирона бовар мекунонад, ки онҳо бояд чизҳои навбаромадро дошта бошанд. Масалан, ҷавоне хоҳиши хеле сахт дошт, ки компютери планшетӣ харад ва барои ин ӯ пинҳонӣ яке аз гурдаҳои худро фурӯхт. То чӣ андоза бехирадона аст чунин рафтор!

4. Чӣ ба як масеҳӣ кӯмак кард, ки одати худро дар мавриди аз ҳад зиёд истифода бурдани компютер тарк кунад?

4 Агар шумо аз сабаби нодуруст ё бемеъёр истифода бурдани таҷҳизоти электронӣ муносибати наздики бо Яҳува доштаатонро аз даст диҳед, ин аз рафтори он ҷавон ҳам бадтар хоҳад буд. Ёдгор *, ном масеҳии 28-солае чунин мегӯяд: «Ман медонам, ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд барои корҳои рӯҳонӣ “фурсатро ғанимат” донем. Лекин вақте ки гап дар бораи компютер меравад, ман душмани ашаддии худам ҳастам». Ёдгор пай бурд, ки ӯ бисёр вақт то нисфи шаб аз Интернет истифода мебарад. Ӯ илова мекунад: «Чӣ қадаре ки ман монда бошам, ҳамон қадар ба ман дар Интернет бас кардани сӯҳбат ё тамошои видеонаворҳои кӯтоҳ, ки на ҳамавақт фоиданоканд, душвор мегардад». Барои даст кашидан аз ин одат Ёдгор тавре кард, ки компютераш дар вақте, ки ӯ бояд хоб равад, худ ба худ хомӯш мешавад. (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро бихонед.)

Волидон, ба кӯдаконатон кӯмак кунед, ки аз техника ва технология оқилона истифода баранд

5, 6. а) Волидон нисбати фарзандонашон чӣ гуна масъулият доранд? б) Волидон чӣ кор карда метавонанд, то фарзандонашон муоширати хуб дошта бошанд?

5 Волидони азиз, шарт нест, ки шумо ҳар як қадами фарзандонатонро идора кунед, лекин дар мавриди истифодабарии компютер ба шумо лозим аст, ки онҳоро назорат кунед. Кӯдаконатонро фақат бо мақсади он ки онҳо бо чизе банд бошанду ба шумо халал нарасонанд, ба ҳоли худ нагузоред. Роҳ надиҳед, ки онҳо ба сайтҳои бадахлоқонаи интернетӣ дароянд, бо бозиҳои бераҳмона ё сеҳру ҷоду машғул шаванд ва бо одамони бад муошират кунанд. Дар акси ҳол, онҳо чунин фикр карда метавонанд: «Азбаски дадаву очаам чизе нагуфтанд, ин корро кардан мумкин аст». Шумо, волидон, вазифадоред, ки фарзандонатонро, аз он ҷумла фарзандони наврасатонро аз ҳар чизе, ки онҳоро аз Яҳува дур карда метавонад, муҳофизат кунед. Ҳатто ҳайвонҳо бачаҳои худро аз хатар муҳофизат мекунанд. Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ кор мекунад хирс-модар, агар чизе ё касе ба бачаи вай зарар расониданӣ шавад! (Бо Ҳушаъ 13:8 муқоиса кунед.)

6 Ба фарзандонатон кӯмак кунед, то бо масеҳиёни синну солашон гуногун, ки дар рафтор намунаанд, муошират кунанд. Ва дар хотир доред, ки фарзандонатон ба он ниёз доранд, ки шумо ҳамроҳашон вақт гузаронед! Аз ин рӯ, барои дар якҷоягӣ хандидан, бозӣ кардан, кор кардан ва ба Худо наздик шудан вақт ҷудо кунед *.

САЛОМАТӢ

7. Чаро ҳамаи мо мехоҳем, ки сиҳату саломат бошем?

7 «Саломатиатон чӣ хел?» Ин суханоне, ки мо одатан дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мебарем, ҳақиқати талхро ошкор месозанд. Азбаски нахустволидонамон ба Шайтон гузоштанд, ки онҳоро аз Яҳува дур созад, ҳамаи мо имрӯз касал мешавем. Шайтон аз бемор шудани мо хурсанд мегардад, зеро дар ин ҳолат хизмат кардани мо ба Яҳува душвортар мебошад. Ва агар мо бимирем, ба Яҳува хизмат карданамон тамоман имконнопазир мегардад (Заб. 113:25). Пас, тааҷҷубовар нест, ки мо барои саломат будан ҳар кори аз дастамон меомадаро кардан мехоҳем *. Ҳамчунин ба мо лозим аст, ки нисбати саломатӣ ва беҳбудии ҳамимононамон бепарво набошем.

8, 9. а) Дар мавриди саломатӣ чӣ тавр мо метавонем аз ҳад нагузарем? б) Зиёд кардани шодмонӣ чӣ манфиатҳо меорад?

8 Лекин муҳим аст, ки дар мавриди ғамхорӣ кардан ба саломатиамон аз ҳад нагузарем. Баъзеҳо ин ё он намуди парҳез, табобат, маводҳои ороишӣ ё дорувориро назар ба кори мавъизаи хушхабар бо ғайрати бештар «мавъиза» мекунанд. Шояд онҳо самимона бовар мекунанд, ки ба дигарон кӯмак карда истодаанд. Лекин нигоҳ накарда ба ин, то саршавӣ ё баъди вохӯриҳо ё анҷуманҳо таърифу тавсия кардани маводҳои ороишӣ, доруворӣ ё ягон намуди табобат бемаврид аст. Чаро?

9 Мақсади ҷамъ омадани мо ин муҳокима кардани мавзӯъҳои рӯҳонӣ ва зиёд намудани яке аз хусусиятҳои самари рӯҳ — шодмонӣ мебошад (Ғал. 5:22). Дар чунин вохӯриҳо додани маслиҳат оиди саломатӣ ё доруворӣ, хоҳ аз мо пурсида бошанд, хоҳ не, метавонад диққатро аз мақсади ҷамъомадҳоямон дур кунад ва дигаронро аз хурсандӣ маҳрум созад (Рум. 14:17). Шахс бояд худаш қарор қабул кунад, ки чӣ тавр нисбати саломатиаш ғамхорӣ мекунад. Беш аз ин, ҳеҷ кас одамонро аз тамоми бемориҳо шифо бахшида наметавонад. Ҳатто духтурони беҳтарин худашон пир ва касал шуда оқибат мемиранд. Аз ҳад зиёд дар бораи саломатӣ ғаму ташвиш хӯрдан умри моро дароз карда наметавонад (Луқ. 12:25). Аз тарафи дигар, «дили шод саломатӣ мебахшад» (Мас. 17:22).

10. а) Чӣ моро дар назари Яҳува зебо мегардонад? б) Кадом вақт мо соҳиби саломатии комил мешавем?

10 Ҳамчунин, ғамхорӣ кардан оиди намуди зоҳирии худ нодуруст нест. Лекин ҳоҷат нест, ки барои пинҳон кардани синну соли аслиамон мо аз ҳад зиёд кӯшиш кунем. Нишонаҳои солхӯрдагӣ аз хирад ва зебогии ботинӣ шаҳодат дода метавонанд. Масалан, Китоби Муқаддас дар бораи шахсони солхӯрда мегӯяд, ки агар онҳо дар роҳи адолат бошанд, «мӯи сафед тоҷи зебоии онҳост» (Мас. 16:31, ТТФ). Барои Яҳува зебогии ботинии мо аз намуди зоҳириамон муҳимтар аст ва мо низ бояд чунин тарзи фикррониро дошта бошем. (1 Петрус 3:3, 4-ро бихонед.) Пас, оё аз рӯи хирад аст, ки мо танҳо барои зебогии зоҳирӣ ба табобатҳо ва ҷароҳатҳои нолозим ва эҳтимол хатарнок розӣ шавем? «Шод будан ба ҳузури Худованд» манбаи зебогии ҳақиқиест, ки аз ботин мебарояд ва он аз синну сол ё саломатӣ вобаста нест (Наҳ. 8:10). Танҳо дар дунёи нав мо саломатии комил ба даст меорем ва аз нав ҷавон мешавем (Айюб 33:25; Иш. 33:24). То он вақт ба мо лозим аст, ки интихоби оқилона кунем ва ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир намоем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки ҳоло аз ҳаёти худ баҳра барем ва оиди саломатӣ аз ҳад зиёд ғаму ташвиш нахӯрем (1 Тим. 4:8).

ПУЛ

11. Чӣ тавр пул барои мо дом шуда метавонад?

11 Пул худ аз худ чизи бад нест, ҳамчунин боинсофона пул кор кардан ҳам ягон нодурустие надорад (Воиз 7:12; Луқ. 19:12, 13). Лекин зарпарастӣ, яъне муҳаббат ба пул моро бешубҳа аз Яҳува дур месозад (1 Тим. 6:9, 10). «Андешаҳои дунёӣ», яъне аз ҳад зиёд ғам хӯрдан оиди чизҳои зарурӣ моро аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст карда метавонад. Ҳамчунин «ҳирси сарват» метавонад моро ба фикри он барангезад, ки гӯё боигарӣ гарави хушбахтӣ ва бехатарӣ аст (Мат. 13:22). Исо ба таври равшан нишон дод, ки «ҳеҷ кас» ҳам ба Худо ва ҳам ба боигарӣ хизмат карда наметавонад (Мат. 6:24).

12. Бо кадом роҳҳо одамон мекӯшанд, ки дар муддати кӯтоҳ пули зиёд ба даст оранд ва чӣ тавр мо метавонем ба чунин васвасаҳо дода нашавем?

12 Муносибати нодуруст ба пул метавонад моро ба корҳои нодуруст тела диҳад (Мас. 28:20). Хоҳиши дар муддати кӯтоҳ ба даст овардани пули зиёд баъзеҳоро барангехт, ки барои бозии лоторея чиптаҳо харанд. Баъзе бародарон бо коре машғул шуданд, ки ба назарашон онҳоро дар муддати кӯтоҳ серпул мекард ва онҳо ҳатто дигар аъзоёни ҷамъомадро ба ин кор ташвиқ мекарданд. Дар мавридҳои дигар, бародарон аз аъзоёни ҷамъомад хоҳиш мекарданд, ки барои дастгирӣ кардани ягон фаъолият ба онҳо пул қарз диҳанд ва ваъда медоданд, ки ин пулашонро бо фоизи хеле калон бармегардонанд. Агар мо чашмгурусна бошем, шояд мо чунин пешниҳодро қабул мекунем ва дар натиҷа пули зиёдамонро аз даст медиҳем. Бинобар ин, эҳтиёт шавед, ки ба доми чашмгуруснагӣ наафтед. Одатан дар муддати кӯтоҳ пули зиёд кор кардан имконнопазир аст.

13. Чӣ тавр муносибати Яҳува ба пул аз муносибати ин ҷаҳон фарқ мекунад?

13 Агар мо «аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро» биҷӯем, Яҳува кӯшишҳои моро барои ба даст овардани чизҳои зарурӣ баракат медиҳад (Мат. 6:33; Эфс. 4:28). Ӯ намехоҳад, ки бо сабаби аз ҳад зиёд кор карданамон дар давоми вохӯриҳо хоби мо барад ё ҳангоми дар Толори Салтанат нишастанамон дар ғаму ташвиши пул бошем. Бисёри одамони гирду атрофамон боварӣ доранд, ки танҳо баҳри пулкоркунӣ сарф кардани тамоми қувваташон ба онҳо ояндаи бехатар ва ҳаёти осударо фароҳам месозад. Онҳо аксар вақт фарзандони худро низ ба чунин мақсадҳо бармеангезанд. Исо нишон дода буд, ки чунин тарзи фикрронӣ бехирадона аст. (Луқо 12:15–21-ро бихонед.) Ин ба мо мисоли Ҷеҳазиро ба хотир меорад. Ӯ фикр мекард, ки метавонад ҳам чашмгуруснагии худро қонеъ кунад ва ҳам бо Яҳува муносибати наздик дошта бошад (4 Подш. 5:20–27).

14, 15. Чаро фикри он ки пул гарави бехатарӣ аст, нодуруст мебошад? Мисол оред.

14 Аз рӯи маълумот баъзе уқобҳо барои он ғарқ мешаванд, ки моҳии аз ҳад вазнинро аз чанголи худ сар додан намехоҳанд. Оё бо масеҳӣ вазъияти ба ин монанд рӯй дода метавонад? Пири ҷамъомаде бо номи Алишер чунин мегӯяд: «Ман одатан хеле сарфакорам. Агар ман каме зиёдтар шампун резам, ман онро гашта ба қуттиаш меандозам». Бо вуҷуди ин, Алишер саргарми хариду фурӯши аксияҳо шуд ва фикр мекард, ки дертар метавонад корашро партояд ва чун пешрав хизмат кунад. Ӯ ба омӯхтани ҳар гуна пешниҳодҳо ва маълумотҳо оиди хариду фурӯши аксияҳо дода шуд. Пасандоз ва пулҳои қарзгирифтаашро истифода бурда ӯ аксияҳоеро харид, ки арзишашон аз рӯи пешбиниҳо бояд ба зудӣ баланд мешуд. Лекин, ба ҷои ин қурби онҳо ногаҳон паст шуд. Алишер мегӯяд: «Ман сахт мехостам, ки пулҳои худро баргардонам. Ман фикр мекардам, ки агар андаке сабр кунам, қурби аксияҳо боз баланд мешавад».

15 Дар тӯли моҳҳо Алишер ғайр аз аксияҳои худ дигар дар бораи ҳеҷ чиз фикр карда наметавонист. Ба вай диққати худро ба чизҳои рӯҳонӣ равона кардан душвор буд ва шабҳо хобаш намебурд. Лекин қурби аксияҳо дигар баланд нашуд. Алишер тамоми пасандозҳояшро аз даст дод ва маҷбур шуд, ки хонаашро фурӯшад. Ӯ иқрор мешавад: «Ман ба оилаам дарду ғами хеле зиёд овардам». Лекин вай аз ин воқеа барои худ дарси муҳим гирифт. Ӯ мегӯяд: «Ҳоло ман медонам, ки ҳар касе, ки ба ин ҷаҳони Шайтон умед мебандад, сахт рӯҳафтода хоҳад шуд» (Мас. 11:28). Дар ҳақиқат, ба пасандозҳо, сармоягузорӣ ё қобилияти пулкоркунӣ умед бастан ба он баробар аст, ки мо ба «худои ин дунё» — Шайтон умед мебандем (2 Қӯр. 4:4; 1 Тим. 6:17). Пас аз ин Алишер ҳаёти худро оддӣ гардонд, то вақти зиёдашро барои мавъизаи хушхабар сарф кунад. Дар натиҷа ӯ ва оилааш хушбахттар гаштанд ва муносибаташон бо Яҳува боз ҳам наздиктар шуд. (Марқӯс 10:29, 30-ро бихонед.)

ФАХР

16. Оиди чӣ фахр кардан хуб аст, лекин агар мо дар бораи худ аз ҳад зиёд фикр кунем, ин ба чӣ оварда мерасонад?

16 Мо бояд ҳамеша аз он фахр кунем, ки мо Шоҳидони Яҳува ҳастем (Ирм. 9:24). Худэҳтиромкунӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки қарорҳои дуруст қабул намоем ва меъёрҳои ахлоқии худро паст накунем. Лекин агар мо фикру ақидаи шахсӣ ё мавқеи худро аз ҳама боло гузорем, ин ба мағрурӣ оварда мерасонад ва моро аз Яҳува дур мекунад (Заб. 137:6; Рум. 12:3).

Ба ҷои дар ҷамъомад оиди мавқеъ аз ҳад зиёд фикр кардан, беҳтараш аз хизмати худ хурсандӣ гиред!

17, 18. а) Дар Китоби Муқаддас кадом намунаҳои шахсони фурӯтан ва мағрур оварда шудаанд? б) Чӣ тавр як бародар ба ғурур нагузошт, ки ӯро аз Яҳува дур кунад?

17 Дар Китоби Муқаддас намунаҳои ҳам шахсони мағрур ва ҳам шахсони фурӯтан оварда шудаанд. Шоҳ Довуд фурӯтанона роҳнамоии Яҳуваро меҷуст ва Яҳува ӯро баракат медод (Заб. 130:1–3). Лекин Яҳува подшоҳони Бобил Набукаднесар ва Балшасарро барои мағруриашон ҷазо дод (Дон. 4:30–37; 5:22–30). Баъзан мо бо ҳолатҳое дучор мешавем, ки дар онҳо фурӯтаниамон зери озмоиш қарор мегирад. Ходими ёвари 32-солае бо номи Раҳим ба ҷамъомади нав гузашт. Ӯ нақл мекунад: «Ман интизор будам, ки дере нагузашта маро пири ҷамъомад таъин мекунанд, лекин аз байн як сол гузашту ин рӯй надод». Оё Раҳим ба ғазаб омада фикр кард, ки пирон ба ӯ эҳтироми муносиб зоҳир накарданд? Оё ӯ ташрифорӣ ба ҷамъомадҳоро бас карда ба кибру ғурур гузошт, ки ӯро аз Яҳува ва халқаш дур созад? Шумо дар чунин ҳолат чӣ кор мекардед?

18 «Ман аз адабиётамон оиди умедвории дуру дароз ҳар гуна маълумотеро, ки ёфта метавонистам, хондам»,— ба хотир меорад Раҳим (Мас. 13:12). «Оҳиста-оҳиста ман фаҳмидам, ки бояд дар худ пурсабрӣ ва фурӯтанӣ инкишоф диҳам. Ба ман лозим буд, то ба Яҳува гузорам, ки маро таълим диҳад». Раҳим диққаташро ба чизи дигар равона кард — ҳоло ӯ кӯшиш мекард, ки ҳам дар ҷамъомад ва ҳам дар мавъиза, ба дигарон бештар кӯмак кунад. Дере нагузашта ӯ бо якчанд нафар омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронд ва онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ мекарданд. Ӯ мегӯяд: «Вақте ки маро баъди яку ним сол чун пири ҷамъомад таъин карданд, ин барои ман ногаҳонӣ буд. Ман он вақт дар бораи таъинот аз ҳад зиёд фикр намекардам, зеро аз хизмати худ хурсандии зиёд мегирифтам». (Забур 36:3, 4-ро бихонед.)

ҲЕҶ ГОҲ АЗ ЯҲУВА ДУР НАШАВЕД

19, 20. а) Мо чӣ кор карда метавонем, то чизҳои дар ин мақола дида баромадаамон моро аз Яҳува дур насозанд? б) Дар мавриди ба Яҳува наздик будан мо ба кадом намунаҳо пайравӣ карда метавонем?

19 Ҳамаи он ҷонибҳои ҳаёт, ки мо дар ин мақола ва мақолаи гузашта дида баромадем, дар ҳаёти мо ҷои муносиби худро доранд. Масалан, мо аз ходими Яҳува буданамон фахр мекунем. Оилаи хушбахт ва саломатии хуб атоҳои пурарзиши Яҳува мебошанд. Мо мефаҳмем, ки кор ва пул барои ғамхорӣ кардан нисбати эҳтиёҷотамон ба мо кӯмак мекунанд. Мо медонем, ки вақтхушӣ тароватбахш ва техникаю технология фоиданок буда метавонанд. Лекин, ҳамзамон мо бояд дар хотир дорем, ки дар ҷои номувофиқ гузоштани яке аз ин чизҳо моро аз Яҳува дур карда метавонад.

Ба чизе нагузоред, ки шуморо аз Яҳува дур созад!

20 Шайтон бешубҳа мехоҳад, ки шумо худро аз Яҳува дур созед. Лекин, шумо худатон ва оилаатонро аз ин нохушӣ муҳофизат карда метавонед! (Мас. 22:3). Ба Яҳува наздик шавед ва ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то бо Ӯ муносибати наздикро нигоҳ доред. Ва дар ин намунаҳои зиёди Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак карда метавонанд. Ҳанӯх ва Нӯҳ «пеши Худо роҳ» мерафтанд (Ҳас. 5:22; 6:9). Мусо «мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд» (Ибр. 11:27). Исо ҳамеша дастгирии Худоро ҳис мекард, зеро ӯ доимо тавре рафтор менамуд, ки ба Падари осмониаш писанд буд (Юҳ. 8:29). Ба ин намунаҳо пайравӣ намоед. «Ҳамеша шод бошед. Пайваста дуо гӯед. Барои ҳама чиз шукр гӯед» (1 Тас. 5:16–18). Ва ба чизе нагузоред, ки шуморо аз Яҳува дур созад!

^ сарх. 4 Номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 6 Ба «Бедор шавед!» (рус.) аз моҳи октябри с. 2011 [ba815-U] зери мавзӯи «Чӣ тавр кӯдакро шахси масъулиятнок тарбия кунем?» нигоҳ кунед.

^ сарх. 7 Ба «Бедор шавед!» (рус.) аз моҳи марти с. 2011 [ba808-U] зери мавзӯи «Панҷ тарзи беҳтар кардани саломатӣ» нигоҳ кунед.