Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо мероси рӯҳониамонро қадр мекунед?

Оё шумо мероси рӯҳониамонро қадр мекунед?

«Худо... ба ғайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад» (АЪМ. 15:14).

1, 2. а) «Хаймаи Довуд» гуфта чӣ дар назар дошта шудааст ва он бояд чӣ тавр барқарор мешуд? б) Киҳо имрӯз якҷоя чун ходимони Яҳува хизмат мекунанд?

 СОЛИ 49-уми эраи мо, вақте ки ҳайати роҳбарикунанда дар Ерусалим вохӯрии муҳиме мегузаронд, Яъқуби шогирд чунин гуфт: «Шимъӯн [Петрус] фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо [бори] аввал ба ғайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад; гуфтаҳои анбиё низ ба ин мутобиқ аст, чунон ки навишта шудааст: “Баъд аз ин руҷӯъ намуда, хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям, то ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегӯяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад”. Ба Худо ҳамаи корҳояшон абадан маълум аст» (Аъм. 15:13–18).

2 «Хаймаи Довуд» ба подшоҳоне, ки аз авлоди Довуд ба тахт нишаста буданд, ишора мекунад. Ин «хайма» вақте фурӯ ғалтид, ки шоҳи охирини Яҳудо, Сидқиёҳу, аз тахт ронда шуд (Омӯс 9:11). Лекин мувофиқи пешгӯии Омӯс Худо бояд «хаймаи Довудро... аз нав барқарор» мекард. Ин маънои онро дошт, ки аз насли Довуд бояд подшоҳи дигаре ба миён меомад, ки ӯ Исо буд (Ҳиз. 21:27; Аъм. 2:29–36). Чӣ тавре ки Яъқуб дар он вохӯрии таърихӣ қайд кард, иҷрошавии ин пешгӯии Омӯс ҳангоми ҷамъ кардани ворисони Салтанат аз қатори ҳам яҳудиён ва ҳам ғайрияҳудиён сар шуд. Имрӯз бақияи масеҳиёни тадҳиншуда ва миллионҳо «гӯсфандони дигар»-и Исо дар якҷоягӣ чун хизматгорони Яҳува ҳақиқати Китоби Муқаддасро ба дигарон нақл мекунанд (Юҳ. 10:16).

ХАЛҚИ ЯҲУВА БО ДУШВОРӢ РӮ БА РӮ МЕШАВАД

3, 4. Чӣ тавр халқи Яҳува дар Бобил имони худро зинда нигоҳ дошт?

3 Вақте ки яҳудиён ба асирии Бобил бурда шуданд, аён гашт, ки «хаймаи Довуд» фурӯ ғалтидааст. Ҳарчанд дини бардурӯғ дар тамоми қаламрави Бобил паҳн гашта буд, халқи Худо дар давоми ҳафтод соли дар асирӣ буданаш (аз соли 607-и то эраи мо то соли 537-и то эраи мо) имони худро зинда нигоҳ дошт. Имрӯз низ халқи Худо дар ҷаҳони Шайтон зиндагӣ карда, ба Яҳува садоқатмандиашро нигоҳ медорад (1 Юҳ. 5:19). Ходимони Худо мероси бои рӯҳонӣ доранд, ки ба онҳо ҳам дар замони гузашта барои содиқ мондан кӯмак мекард ва ҳам имрӯз ёрӣ медиҳад.

4 Каломи навишташудаи Худо қисми мероси рӯҳонии мо мебошад. Ҳарчанд яҳудиёни дар асирии Бобилбуда Навиштаҳоро ба пуррагӣ надоштанд, онҳо бо Шариати Мусо ва Даҳ аҳкоми он шинос буданд. Онҳо ҳамчунин «сурудҳои Сион»-ро медонистанд, масалҳои зиёдро дар ёд доштанд ва аз амалҳои далеронаи ходимони пешини Яҳува бохабар буданд. Он асирон ҳангоми ба хотир овардани Сион мегиристанд, зеро ба ватанашон баргаштан мехостанд. Бале, онҳо Яҳуваро фаромӯш накарданд. (Забур 136:1–6-ро бихонед.) Ба туфайли ҳамаи ин онҳо ҳатто дар Бобил, ки аз таълимот ва урфу одатҳои бардурӯғ пур буд, имони худро зинда нигоҳ доштанд.

ТАЪЛИМОТИ СЕГОНА НАВ НЕСТ

5. Дар Бобил ва Мисри қадим чӣ гуна сегонаҳо вуҷуд доштанд?

5 Таълимот оиди сегона будани Худо хусусияти ибодати бобилиён буд. Яке аз сегонаҳои Бобил аз Син — худои моҳ, Шамаш — худои офтоб ва Иштар — олиҳаи ҳосилхезӣ ва ҷанг иборат буд. Мисриён бошанд, худоёнеро парастиш менамуданд, ки як оиларо ташкил мекарданд ва он аз худои падар, худои модар ва худои писар иборат буд. Дар як энсиклопедия оиди сегонаҳои Мисри қадим гуфта шудааст, ки дар онҳо падар на ҳамеша нақши муҳимро мебозид. Баъзан ба вай танҳо нақши шавҳари олиҳа дода мешуд ва худи олиҳа худои асосӣ ҳисоб меёфт («New Larousse Encyclopedia of Mythology»). Яке аз сегонаҳои мисрӣ аз худо Осирис, олиҳа Исида ва писари онҳо — худо Гор иборат буд.

6. Сегона чист ва чаро ходимони Яҳува ба ин таълимоти бардурӯғ бовар намекунанд?

6 Дар динҳои масеҳӣ низ оиди Сегона таълим медиҳанд. Сарварони ин динҳо мегӯянд, ки Падар, Писар ва рӯҳулқудс як Худо мебошанд. Лекин ин таълимот беҳурматӣ нисбати Ҳокими Даҳр — Яҳува аст, зеро Ӯро чун қисми Сегона, та́нҳо чун як қисми ба ном худо тасвир мекунад. Ходимони Яҳува аз чунин таълимоти бардурӯғ эминанд, зеро онҳо ба ин суханони илҳомбахшидашуда бовар мекунанд: «Бишнав, эй Исроил! Худованд [Яҳува] Худои мо Худои ягона аст» (Такр. Ш. 6:4). Худи Исо ин суханонро иқтибос оварда буд ва бешубҳа ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ бо ӯ розиянд (Марқ. 12:29).

7. Чаро шахсе, ки ба Сегона бовар мекунад, чун масеҳии ҳақиқӣ таъмид гирифта наметавонад?

7 Таълимот оиди Сегона ба амри зерини Исо, ки ба шогирдонаш дода буд, зид аст: «Аз ҳамаи халқҳо шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва рӯҳулқудс таъмид диҳед» (Мат. 28:19, ТДН). Барои чун масеҳии ҳақиқӣ ва Шоҳиди Яҳува таъмид гирифтан, шахс бояд эътироф кунад, ки Падар, яъне Яҳува Шахсияти бузургтарин дар олам аст ва Исо бо вуҷуди мавқеи баландро ишғол карданаш зери ҳокимияти Падар қарор дорад. Шахси таъмидгиранда ҳамчунин бояд боварӣ дошта бошад, ки рӯҳулқудс ин қувваи фаъоли Худо мебошад, на ин ки қисми Сегона (Ҳас. 1:2). Шахсе, ки ба Сегона бовар карданро давом медиҳад, чун рамзи ба Яҳува Худо бахшидани худ таъмид гирифта наметавонад. То чӣ андоза миннатдорем мо, ки мероси рӯҳониамон моро аз таълимотҳое, ки Худоро бадном месозанд, муҳофизат мекунад!

СЕҲРУ ҶОДУ

8. Бобилиён оиди худоён ва девҳо чӣ ақида доштанд?

8 Сокинони Бобил на танҳо ба худоҳои худ, балки ҳамчунин ба девҳо ва сеҳру ҷоду боварӣ доштанд. Дар як энсиклопедия гуфта шудааст: «Ғайр аз худоҳо бобилиён ҳамчунин ба девҳо, ки метавонистанд шахсро гирифтори бемориҳои гуногуни ҷисмонӣ ва равонӣ кунанд, бовар мекарданд. Ба назар чунин менамояд, ки дини бобилиён асосан ба он равона шуда буд, ки пайравонаш бо девҳо муборизаи шадид баранд ва дар ҳама ҷо ба худоҳояшон дуо гуфта дар ин мубориза кӯмак пурсанд» («The International Standard Bible Encyclopaedia»).

9. а) Баъди озодшавӣ аз асирии Бобил бисёри яҳудиён ба доми кадом ақидаҳои бардурӯғ афтоданд? б) Чӣ моро аз хатари дидаву дониста бо девҳо алоқа кардан муҳофизат мекунад?

9 Баъди озодшавӣ аз асирии Бобил бисёри яҳудиён ба доми таълимотҳои бардурӯғ афтоданд. Дертар, вақте ки таълимотҳои юнонӣ паҳн гаштанд, бисёри яҳудиён ба таъсири девҳо дода шуданд, зеро чунин ақидаро қабул карданд, ки девҳо бад ё нек буда метавонанд. Мероси рӯҳониамон моро аз хатари дидаву дониста бо девҳо алоқа кардан муҳофизат мекунад, зеро мо медонем, ки Худо амалҳои бо сеҳру ҷоду алоқаманди Бобилро маҳкум мекард (Иш. 47:1, 12–15). Мо зери ҳимояи Яҳува қарор дорем, зеро ба гуфтаҳои Ӯ гӯш дода аз сеҳру ҷоду ҳазар мекунем. (Такрори Шариат 18:10–12; Ваҳй 21:8-ро бихонед.)

10. Дар бораи кору таълимотҳои Бобили Бузург чӣ гуфтан мумкин аст?

10 Ба ҳамин монанд, имрӯз бисёри пайравони динҳои дурӯғин чун бобилиёни қадим бо сеҳру ҷоду машғул мешаванд. Ана барои чӣ Китоби Муқаддас тамоми динҳои бардурӯғро Бобили Бузург меномад (Ваҳй 18:21–24). Ин динҳои дурӯғин дар ҳақиқат ба дини Бобили қадим монанданд, чунки маҳз аз ҳамон ҷо ақидаҳо ва урфу одатҳои бардурӯғ сарчашма гирифтаанд. Азбаски Бобили Бузург аз сеҳру ҷоду, бутпарастӣ ва дигар гуноҳҳо пур аст, он ба қарибӣ несту нобуд мешавад. (Ваҳй 18:1–5-ро бихонед.)

11. Дар адабиётҳоямон оиди сеҳру ҷоду чӣ гуфта шудааст?

11 Яҳува гуфта буд: «Ба хабосат [«қувваи сеҳру ҷоду», ТДН]... наметавонам тоқат оварам» (Иш. 1:13). Дар солҳои 1800-ум бисёр одамон бо сеҳру ҷоду машғул буданд. Аз ин рӯ, моҳи майи с. 1885 дар «Бурҷи дидбонии Сион» (англ.) чунин гуфта шуда буд: «Боварӣ ба он ки мурдагон баъд аз марг дар ҷой ё дар шакли дигар зиндагиро давом медиҳанд нав нест. Ин эътиқод қисми динҳои замони пеш буд ва асоси тамоми қиссаву ривоятҳо ба ҳисоб меравад». Дар он мақола ҳамчунин гуфта мешавад, ки азбаски одамон ба ин ақидаи бардурӯғ боварӣ доранд, девҳо аз он истифода бурда худро чун шахси мурда вонамуд месозанд ва ба тарзи фикрронӣ ва рафтори бисёриҳо таъсир мерасонанд. Дар брошураи «Навиштаҳо дар бораи сеҳру ҷоду чӣ мегӯянд?» (англ.), ки соли 1897 чоп шуда буд, огоҳиҳои ба ин монанд дода шуда буданд ва имрӯз низ адабиётҳоямон моро аз хатари чунин ақидаҳои бардурӯғ огоҳ месозанд.

ОЁ МУРДАГОН ДАР ЯГОН ҶОЙ АЗОБ МЕКАШАНД?

12. Зери илҳоми илоҳӣ Сулаймон дар бораи ҳолати мурдагон чӣ гуфта буд?

12 «Ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд», ба ин савол ҷавоб дода метавонанд (2 Юҳ. 1). Мо бешубҳа бо суханони зерини Сулаймон розием: «Саги зинда аз шери мурда беҳтар аст. Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд... Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат» (Воиз 9:4, 5, 10).

13. Чӣ тавр дину маданияти Юнон ба яҳудиён таъсир кард?

13 Яҳудиён ҳақиқатро дар бораи ҳолати мурдагон медонистанд. Аммо вақте ки ҳокимони юнонӣ бар Яҳудою Сурия ҳукмронӣ мекарданд, онҳо кӯшиш намуданд, ки дину маданияти худро дар ин сарзаминҳо ҷорӣ кунанд. Дар натиҷа, яҳудиён таълимоти бардурӯғро оиди он ки гӯё инсон рӯҳи намиранда дорад ва он баъди марги ҷисм вуҷудияташро давом дода азобу уқубат мекашад, қабул карданд. Лекин на танҳо юнониён боварӣ доштанд, ки баъди марги инсон рӯҳи вай дар ҷое азоб мекашад. Дар як китоб навишта шудааст, ки бобилиён ба «дунёи дигар... ҷои пурдаҳшате, ки... онро худоҳо ва девҳои пурзӯру бераҳм назорат мекунанд» боварӣ доштанд («The Religion of Babylonia and Assyria»). Аз ин бармеояд, ки бобилиён ҳам ба рӯҳи намиранда боварӣ доштанд.

14. Айюб ва Иброҳим дар бораи марг ва эҳёшавӣ чӣ медонистанд?

14 Ҳарчанд марди худотарс — Айюб Китоби Муқаддас надошт, ӯ медонист, ки баъди марг бо инсон чӣ рӯй медиҳад. Ӯ ҳамчунин дарк мекард, ки Яҳува Худои пурмуҳаббатест, ки хоҳиши сахти аз нав зинда кардани ӯро дорад (Айюб 14:13–15). Иброҳим низ ба эҳёшавӣ бовар мекард. (Ибриён 11:17–19-ро бихонед.) Ин мардон бешубҳа бовар намекарданд, ки мурдагон дар ягон ҷои дигар зиндагӣ мекунанд. Охир, ба эҳё кардани шахсе, ки баъди марг зиндагӣ карданро давом медиҳад, ҳоҷате нест! Рӯҳи Худо ба Айюб ва Иброҳим кӯмак мекард, ки ба эҳёи мурдагон бовар кунанд. Ин ҳақиқат низ қисми мероси рӯҳонии мо аст.

КАФОРАТ МОРО ОЗОД МЕКУНАД

15, 16. Чӣ тавр мо аз гуноҳу марг озод мешавем?

15 Мо хеле миннатдорем, ки Худо ҳамчунин ҳақиқатро оиди он ки чӣ тавр моро аз бандагии гуноҳ ва марг озод кард, ошкор сохт (Рум. 5:12). Мо мефаҳмем, ки Исо «на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад» (Марқ. 10:45). То чӣ андоза тасаллибахш аст, донистани он ки мо «ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст», озод мешавем! (Рум. 3:22–24).

16 Дар асри як яҳудиён ва ғайрияҳудиён бояд аз гуноҳҳои худ тавба карда ба қурбонии фидияи Исо имон меоварданд. Дар акси ҳол, гуноҳҳои онҳо бахшида намешуданд. Имрӯз низ вазъият чунин аст (Юҳ. 3:16, 36). Агар шахс ба таълимотҳои бардурӯғ, мисли Сегона ва рӯҳи намиранда доштани инсон бовар карданро давом диҳад, ӯ аз фидияи Исо манфиат гирифта наметавонад. Лекин мо метавонем, зеро дар бораи Писари Худо, ки «дар Ӯ мо фидияе... ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем», ҳақиқатро медонем (Қӯл. 1:13, 14).

БА ЯҲУВА ХИЗМАТ КАРДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД!

17, 18. Дар бораи таърихи халқи Худо аз куҷо маълумот гирифтан мумкин аст ва чӣ тавр ин ба мо манфиат оварда метавонад?

17 Оиди ҳақиқатҳое, ки Худо ба мо таълим додааст, дастгириҳои Ӯ ва баракатҳои рӯҳониву ҷисмониаш чизҳои зиёд гуфтан мумкин аст. Масалан, аз «Солнома»-ҳо мо оиди он ки чӣ тавр халқи Яҳува ба Ӯ хизмат карданро давом медиҳад, хабардор мешавем. Аз видеофилмҳои «Шоҳидони Яҳува — имон дар амал» (рус.), қисми 1 ва 2 ва аз чунин китобҳо ба мисли «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» (рус.) мо бо таърихи худ беҳтар шинос мешавем. Ҳамчунин дар маҷаллаҳо мо зуд–зуд воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро оиди ҳамимонони азизамон мехонем.

18 Шинос шудан бо таърихи халқи Яҳува бароямон фоидабахш аст, ҳамон тавре ки ба исроилиён мулоҳиза оиди он ки чӣ тавр Худо онҳоро аз ғуломии Миср озод карда буд, манфиат меовард (Хур. 12:26, 27). Мусо, ки шоҳиди корҳои аҷоиби Худо буд, дар айёми пиронсолиаш халқи Исроилро барангехт: «Айёми қадимро ба ёд овар, дар бораи солҳои наслҳои пешина мулоҳиза намо; аз падари худ бипурс, ва ӯ ба ту ҳикоят хоҳад кард; аз пирони худ бипурс, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт» (Такр. Ш. 32:7). Чун халқи Яҳува ва «гӯсфандони чарогоҳи» Ӯ ҳамаи мо хурсандона Ӯро ҳамду сано мегӯем ва ба дигарон оиди амалҳои бузургаш нақл мекунем (Заб. 78:13). Хуб мебуд, ки мо бо таърихи худ шинос шавем ва аз он дарси ибрат гирифта ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем.

19. Донистани ҳақиқат бояд моро ба чӣ барангезад?

19 Мо миннатдорем, ки дар зулмот нестем, балки аз нури рӯҳонии Худо баҳра мебарем (Мас. 4:18, 19). Аз ин рӯ, биёед Каломи Худоро боғайратона омӯзем ва дар бораи ҳақиқат ба дигарон гап занем. Мо бо суханони зерини забурнавис, ки Ҳокими Даҳр, Яҳуваро, ҳамду сано мехонд, розием: «Адолати Туро, ки дар Ту ҳасту бас, зикр хоҳам кард. Худоё! Ту маро аз хурдсолиам таълим додаӣ ва то ҳол корҳои аҷоиби Туро ҳикоят мекунам. Ва маро, эй Худо, то вақти пирӣ ва мӯйсафедӣ низ тарк накун, то даме ки бозуи Туро ба ин насл, ва қудрати Туро ба ҳамаи ояндагон ҳикоят кунам» (Заб. 70:16–18).

20. Кадом саволҳои ба ҳам алоқаманд бардошта шуда буданд ва донистани ин шуморо ба чӣ бармеангезад?

20 Чун ходимони Худо мо мефаҳмем, ки ҳақ будани ҳокимияти Яҳува ва беайбии одамон зери шубҳа гузошта шудааст. Аз ин рӯ, мо ҳақиқати раднопазирро оиди он ки Яҳува чун Ҳокими Даҳр ибодати садоқатмандонаи моро сазовор аст, ба дигарон нақл мекунем (Ваҳй 4:11). Бо кӯмаки рӯҳулқудс мо ҳамчунин хушхабарро ба мискинон мерасонем, шикастадилонро шифо мебахшем ва мотамзадагонро тасаллӣ медиҳем (Иш. 61:1, 2). Ба Шайтон ҳеҷ гоҳ муяссар намешавад, ки халқи Худо ва тамоми инсониятро зери идораи худ гирад. Мероси рӯҳониамон ба мо кӯмак мекунад, ки беайбиамонро назди Худо нигоҳ дорем ва абадан Ҳокими Олии Даҳр — Яҳуваро ҷалол диҳем. (Забур 25:11; 85:12-ро бихонед.)