Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дил. Аз ниятҳои он бохабар бошед!

Дил. Аз ниятҳои он бохабар бошед!

«Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст»,— навишта шудааст дар Китоби Муқаддас (Ирм. 17:9). Магар вақте ки дили мо чизеро сахт мехоҳад, мо барои амалӣ гардонидани хоҳишамон баҳона намеҷӯем?

Навиштаҳо моро огоҳ мекунанд: «Аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр пайдо мешавад» (Мат. 15:19). Дили рамзии мо метавонад моро гумроҳ созад ва сабаби он гардад, ки мо тарзи рафтори нодурустро, ки ба иродаи Яҳува зид аст, сафед мекунем. Ва мо шояд танҳо баъди даст задан ба амали бехирадона, чӣ рӯй доданашро дарк мекунем. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ниятҳои диламонро пеш аз кардани ягон кори нодуруст бифаҳмем?

ЧӢ ТАВР НИЯТҲОИ ДИЛАМОНРО БИФАҲМЕМ?

Чӣ тавр хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас ба дили рамзии мо таъсир мерасонад?

Ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонед ва дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза ронед. «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ... рафта мерасад»,— гуфта буд Павлуси ҳавворӣ. Хабари Худо, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, «андеша ва ниятҳои дилро месанҷад» (Ибр. 4:12). Дар ҳақиқат, вақте ки мо рафторамонро бо он чизе, ки дар Каломи Худо навишта шудааст, муқоиса мекунем, ин ба мо барои фаҳмидани ниятҳои диламон кӯмак мекунад. То чӣ андоза муҳим аст, ки мо ҳар рӯз Каломи Худоро хонем ва дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем! Бо ин роҳ, мо тарзи фикрронӣ ва нуқтаи назари Яҳуваро аз худ мекунем.

Қабул кардани маслиҳати Китоби Муқаддас ва бакорбарии принсипҳои он ба виҷдон, яъне овози дарунии мо, ки «шаҳодат медиҳад», таъсир мерасонад (Рум. 9:1). Садои виҷдон метавонад моро аз сафед кардани корҳои нодурустамон боздорад. Илова бар ин, дар Китоби Муқаддас мисоли шахсоне ҳастанд, ки барои «тарбияти мо» навишта шудаанд (1 Қӯр. 10:11). Дарсе, ки аз ин мисолҳо бармеояд, моро аз қадамҳои нодуруст боздошта метавонад. Пас, ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем?

Дуо ба мо кӯмак мекунад, ки шахси ботинии худро бифаҳмем

Барои фаҳмидани ниятҳои дилатон аз Худо кӯмак пурсед.

Яҳува «дилҳоро имтиҳон» мекунад (1 Вақ. 29:17). Ӯ «аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад» (1 Юҳ. 3:20). Худоро фиреб кардан номумкин аст. Агар мо дар дуо оиди ташвишҳо, ҳиссиёт ва хоҳишҳоямон ошкоро ба Яҳува гап занем, Ӯ ба мо кӯмак карда метавонад, ки ниятҳои дили худро бифаҳмем. Мо ҳатто метавонем аз Худо хоҳиш кунем, ки дар мо «дили поке» биофарад (Заб. 50:12). Барои ҳамин, ҳангоми тафтиш кардани майлу хоҳишҳои дили худ мо набояд аҳамияти дуоро кам ҳисобем.

Ба туфайли вохӯриҳои масеҳӣ мо ниятҳои дили худро фаҳмида метавонем

Дар давоми вохӯриҳо бодиққат бошед.

Бодиққат гӯш кардани барномаи вохӯриҳо ба мо кӯмак карда метавонад, ки шахси ботинии худ — диламонро ростқавлона бисанҷем. Ҳарчанд мо дар ҳар вохӯрӣ маълумоти нав намегирем, ба туфайли ташрифорӣ ба онҳо мо ба маънои принсипҳои Китоби Муқаддас ва ёдраскуниҳои пурарзише, ки барои санҷидани ниятҳои диламон кӯмак мекунанд, хубтар сарфаҳм меравем. Ҳамчунин шарҳҳои бародарону хоҳаронамон барои беҳтар шудани шахсияти мо кӯмак мекунанд (Мас. 27:17). Дар вохӯриҳо мо аз муошират бо ҳамимонон баҳра мебарем, лекин агар мо аз онҳо канорагирӣ кунем, ин бароямон хатарнок буда метавонад. Чунин рафтор метавонад ба он оварда расонад, ки мо «толиби ҳавас»-и худ мегардем (Мас. 18:1). Аз ин рӯ, оқилона мебуд, ки мо аз худ бипурсем: «Оё ташрифорӣ ба ҳамаи вохӯриҳо ва манфиат гирифтан аз онҳо ба ман одат шудааст?» (Ибр. 10:24, 25).

ДИЛИ МО БА ЧӢ МАЙЛ ДОРАД?

Дили маккори мо дар ҷонибҳои гуногуни ҳаёт моро гумроҳ сохта метавонад. Биёед чор мавридро дида мебароем: дунболагирӣ кардани чизҳои моддӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ, интихоби дӯстон ва интихоби вақтхушӣ.

Дунболагирӣ кардани чизҳои моддӣ.

Табиист, ки мо барои қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмониамон хоҳиш дорем. Лекин, Исо дар мавриди аз ҳад зиёд ғаму ташвиш хӯрдан оиди чизҳои моддӣ мисоли огоҳкунандае оварда буд. Масали Исо оиди марди сарватманде, ки анборҳояш пур шуда буданд, моро ба мулоҳиза кардан бармеангезад. Азбаски ин мард барои захира кардани ҳосили фаровонаш ҷой надошт, ӯ хост, ки анбори кӯҳнаашро вайрон карда анбори калонтаре бисозад. Ӯ чунин мулоҳиза меронд: «Дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам. Ва ба ҷони худ мегӯям: “Эй ҷони ман! Дороии бисёре барои чандин сол дорӣ: фароғат кун, бихӯр, бинӯш ва димоғчоқӣ кун”». Лекин, ин марди сарватманд як ҳақиқати муҳимро ба назар нагирифт: худи ҳамон шаб ӯ ҳаёташро аз даст дода метавонист (Луқ. 12:16–20).

Бо гузашти вақт синну соламон калонтар мешавад ва мо шояд дар бораи он ғаму ташвиш мехӯрем, ки чӣ тавр дар пиронсолӣ худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекунем. Чунин ташвишҳо метавонанд ба он оварда расонанд, ки мо аз боиси кор ба ҷамъомад нарафтанамон ё иҷро накардани масъулиятҳои масеҳиамонро сафед мекунем. Магар мо набояд аз чунин майлу хоҳишҳо эҳтиёт шавем? Ё шояд мо ҷавонему дарк мекунем, ки хизмати пурравақт роҳи беҳтарини ҳаёт аст. Лекин бо вуҷуди ин, оё мо бо мақсади аввал аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани худ хизмати пешравиро ба қафо мепартоем? Магар мо набояд тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ дода ҳоло дар назари Худо сарватманд бошем? Кӣ медонад, ки оё мо фардо зинда ҳастем ё не?

Истеъмоли машруботи спиртӣ.

Дар Масалҳо 23:20 қайд шудааст: «Дар миёни мастон набош». Агар шахс ба нӯшидани машруботи спиртӣ хоҳиши сахт дошта бошад, ӯ чунин одати худро сафед карда метавонад. Шояд шахс мегӯяд, ки ӯ на барои маст шудан, балки барои дам гирифтан менӯшад. Лекин, агар барои дамгирӣ ба мо нӯшидан зарур бошад, пас ҳоло вақти он аст, ки мо майлу хоҳишҳои дили худро ростқавлона бисанҷем.

Интихоби дӯстон.

Албатта мо хоҳу нохоҳ бо шахсони ҳамимоннабуда сарукор мекунем, масалан дар мактаб, кор ё дар хизмат. Лекин бо чунин шахсон аз наздик муошират кардан ё ҳатто дӯстӣ намудан тамоман гапи дигар аст. Оё мо чунин дӯстиро сафед карда мегӯем, ки онҳо бисёр хислатҳои хуб доранд? «Фирефта нашавед,— таъкид мекунад Китоби Муқаддас,— ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд» (1 Қӯр. 15:33). Чӣ тавре ки каме чирк оби тозаро ифлос мекунад, ҳамон тавр дӯстӣ бо шахсоне, ки ба Худо содиқ нестанд, хислатҳои масеҳии моро нопок месозад ва сабаби он мегардад, ки мо тарзи фикрронӣ, либоспӯшӣ ва гуфтору рафтори ин ҷаҳонро аз худ мекунем.

Интихоби вақтхушӣ.

Ба туфайли технологияи муосир имрӯз тамоми намудҳои вақтхушӣ дастрасанд ва аксарияти онҳо шубҳанок ё барои масеҳиён нораво мебошанд. «Ҳар гуна нопокӣ... набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад»,— гуфта буд Павлуси ҳавворӣ (Эфс. 5:3). Агар дили мо ба тамошо ё гӯш кардани чизҳои нопок майл дошта бошад, он гоҳ-чӣ? Мо шояд чунин фикр мекунем: «Ҳар шахс ниёз дорад, ки каме дам гираду вақтхушӣ кунад ва чӣ тавр кардани ин дар ихтиёри худи вай аст». Лекин биёед ба маслиҳати Павлус ҷиддӣ муносибат кунем ва нагузорем, ки ба воситаи чашм ё гӯшамон ба ақли мо ягон чизи нопок роҳ ёбад.

МО ҲАЁТИ ХУДРО ДИГАР КАРДА МЕТАВОНЕМ

Агар мо ба доми дили маккорамон афтода бошему сафед кардани рафтори нодуруст бароямон одат шуда бошад, мо ислоҳ шуда метавонем (Эфс. 4:22–24). Биёед мисоли ду шахсро дида мебароем.

Ба Мигел * лозим омад, ки тарзи фикррониашро нисбати чизҳои моддӣ тағйир диҳад. Ӯ мегӯяд: «Ману занам ва писарам аз мамлакате мебошем, ки дар он ба даст овардани технологияи навбаромаду беҳтарин ва доштани ҳаёти бароҳат чизи муҳим ба ҳисоб меравад. Муддате ман саргарми он будам, ки тамоми чизҳои ин ҷаҳонро ба даст орам ва гумон мекардам, ки чунин тарзи ҳаёт ба чизпарастӣ оварда намерасонад. Дере нагузашта ман дарк кардам, ки дунболагирӣ кардани чизҳои моддӣ роҳи дуру дароз ва беохир аст. Ман дар дуо ба Яҳува оиди тарзи фикрронӣ ва ниятҳои дили худ гап задам. Ман гуфтам, ки ману оилаам ба Ӯ пурра хизмат кардан мехоҳем. Бо кӯмаки Яҳува мо тавонистем ҳаёти худро оддӣ гардонем ва ба ҷое кӯчем, ки он ҷо ба воизон ниёзи бузургтар ҳаст. Чанде пас мо аллакай чун пешравон хизмат мекардем. Мо фаҳмидем, ки барои доштани ҳаёти пурмаъно ва хушбахтона чизу чораи зиёд лозим нест».

Таҷрибаи ҳаётии Ли нишон медиҳад, ки ростқавлона худро тафтиш кардан ба вай ёрдам кард, ки муоширати бадро қатъ кунад. Ли мегӯяд: «Аз боиси корам ман мунтазам бо ҳамкорони хориҷиам вомехӯрдам ва муошират мекардам. Ман медонистам, ки дар он вохӯриҳо нӯшокиҳои спиртӣ аз ҳад зиёд хоҳад буд, лекин ба ҳар ҳол ба он ҷо рафтан бароям маъқул буд. Бисёр вақт қариб буд, ки ман аз ҳад гузашта ба бадмастӣ даст мезадам, аммо баъдтар пушаймон мешудам. Ба ман лозим омад, ки ростқавлона дили худро бисанҷам. Ба туфайли маслиҳати Каломи Худо ва кӯмаки пирон ман фаҳмидам, ки дар асл бо шахсоне муошират кардан мехостам, ки Яҳуваро дӯст намедоранд. Ҳоло ман масъалаҳои бо кор алоқамандро то қадри имкон тавассути телефон ҳал мекунам ва кӯшиш мекунам, ки бо ҳамкоронам ҳарчи камтар муошират кунам».

Ба мо лозим аст, ки бо худ ростқавл бошем ва ниятҳои диламонро бисанҷем. Барои ин мо бояд дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсем ва дар хотир дорем, ки «Ӯ асрори дилро медонад» (Заб. 43:22). Худо ҳамчунин ба мо Каломи худро додааст, ки бароямон чун оина хизмат карда метавонад (Яъқ. 1:22–25). Инчунин ёдраскуниҳо ва маслиҳатҳое, ки мо тавассути адабиётҳо ва вохӯриҳо мегирем, пурарзишанд. Аз ҳамаи ин истифода бурда мо метавонем дили худро муҳофизат кунем ва дар роҳи адолат рафтанро давом диҳем.

^ сарх. 18 Номҳо иваз шудаанд.