Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Каломи Худоро истифода бурда ба худатон ва ба дигарон кӯмак кунед

Каломи Худоро истифода бурда ба худатон ва ба дигарон кӯмак кунед

«Ҳамаи фармудҳои Туро дар ҳар бобат рост мешуморам» (ЗАБ. 118:128).

1. Чаро мо бояд ба Каломи Худо боварии пурра дошта бошем?

 ВАҚТЕ КИ омӯзандаи Китоби Муқаддас воиз шудан мехоҳад, пирон дида мебароянд, ки оё ӯ ба талаботҳо мувофиқат мекунад ё не. Онҳо оиди саволи зерин мулоҳиза меронанд: «Оё гуфтори ин шахс нишон медиҳад, ки ӯ ба Каломи Худо будани Китоби Муқаддас боварӣ дорад?» * Дар мавриди касе, ки воизи Салтанат шудан мехоҳад — ва умуман дар мавриди тамоми ходимони Худо — ҷавоб ба ин савол бояд мусбӣ бошад. Чаро? Зеро вақте ки мо ба Каломи Худо боварии пурра дорем ва онро дар хизмат хуб истифода бурда метавонем, ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба дигарон барои бо Яҳува шинос шудан ва наҷот ёфтан кӯмак кунем.

2. Чаро мо бояд дар он чи таълим гирифтаем, «қоим» бошем?

2 Вақте ки Павлуси ҳавворӣ ба Тимотиюс нома навишт, ӯ муҳимияти Каломи Худоро бо суханони зерин қайд кард: «Дар он чи таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим [устувор] бош». Чизҳое, ки Тимотиюс таълим гирифта буд, ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас буданд. Ба туфайли онҳо имони Тимотиюс мустаҳкам мешуд. Ин ҳақиқатҳо имрӯз ба мо низ чунин таъсир мерасонанд ва барои наҷот ёфтан моро «ҳикмат [ме]омӯзанд» (2 Тим. 3:14, 15). Бисёр вақт мо ояти 2 Тимотиюс 3:16-ро истифода бурда ба дигарон нишон медиҳем, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худо аст. Лекин худи мо низ аз он суханон манфиати бештар гирифта метавонем. (Оятро бихонед.) Биёед ин оятро батафсил дида мебароем. Бо ин роҳ мо боварии худро ба он ки тамоми таълимоти Яҳува «рост» аст, мустаҳкам мегардонем (Заб. 118:128).

«БАРОИ ОМӮЗИШ... ФОИДАНОК АСТ»

3–5. а) Мардум ба баромади Петрус чӣ гуна муносибат карданд ва барои чӣ? б) Чаро дар Таслӯникӣ бисёриҳо ҳақиқатро қабул карданд? в) Кадом хусусияти хизмати мо ба одамон таъсир мекунад?

3 Исо ба халқи Исроил гуфт: «Ман назди шумо анбиё ва ҳукамо ва китобдонон [яъне таълимдиҳандагон]-ро мефиристам» (Мат. 23:34). Ин ҷо Исо шогирдонашро дар назар дошт. Ӯ ба шогирдонаш ёд медод, ки дар хизмат Навиштаҳоро истифода баранд. Дар Пантикости соли 33 эраи мо яке аз ин таълимдиҳандагон — Петруси ҳавворӣ дар Ерусалим назди мардуми бисёре бо нутқ баромад кард ва якчанд оятҳои Навиштаҳои Иброниро иқтибос овард. Он ки Петрус оятҳоро фаҳмонда дод, ба бисёре аз шунавандагонаш сахт таъсир кард ва онҳо аз гуноҳҳои пештараи худ тавба карда аз Худо бахшиш пурсиданд. Он рӯз тақрибан се ҳазор нафар масеҳӣ шуданд (Аъм. 2:37–41).

4 Таълимдиҳандаи дигар — Павлуси ҳавворӣ хушхабарро берун аз ҳудуди Ерусалим мавъиза мекард. Масалан, дар Таслӯникӣ, яке аз шаҳрҳои Мақдуния, ӯ бо яҳудиёне, ки дар куништ ибодат менамуданд, сӯҳбат кард. Павлус «се рӯзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳё шавад». Ин чӣ натиҷа овард? «Баъзе аз онҳо [яҳудиён] ва ҳамчунин бисёре аз юнониҳо... имон оварданд» (Аъм. 17:1–4).

5 Имрӯз он ки мо дар хизмат Китоби Муқаддасро истифода мебарем, ба бисёриҳо таъсир мекунад. Дар Швейтсария як хоҳарамон ба соҳибхонае ояти Китоби Муқаддасро хонда дод ва он мард пурсид: «Шумо аз кадом ташкилот ҳастед?» Хоҳар ҷавоб дод: «Ману ҳамроҳам Шоҳидони Яҳува мебошем». Дар ҷавоб мард гуфт: «Ман бояд инро аз аввал мефаҳмидам. Охир, ғайр аз Шоҳидони Яҳува боз кӣ ба хонаи ман омада Китоби Муқаддас мехонад?»

6, 7. а) Чӣ тавр онҳое, ки дар ҷамъомад таълим медиҳанд, аз Китоби Муқаддас хуб истифода бурда метавонанд? б) Чӣ тавр ҳангоми гузаронидани омӯзиш мо Китоби Муқаддасро ба таври самаранок истифода бурда метавонем?

6 Чӣ тавр ҳангоми таълим додани дигарон мо Китоби Муқаддасро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонем? Агар шумо бо нутқ баромад кунед ё ягон қисми дигари вохӯриҳоро гузаронед, оятҳои Китоби Муқаддасро истифода баред. Ба ҷои бо суханони худ нақл кардан ё аз варақи чопшуда ё компютер хондани оятҳои асосӣ, Китоби Муқаддасро кушода оятҳоро аз худи он хонед ва дигаронро низ барангезед, ки ҳамин тавр кунанд. Ҳамчунин, маънои оятҳоро фаҳмонед ва нишон диҳед, ки чӣ тавр онҳо барои ба Яҳува наздиктар шудан кӯмак мекунанд. Ба ҷои истифода бурдани мисолҳои душворфаҳм ва воқеаҳое, ки диққатро парешон месозанд, вақтро барои муҳокимаи Каломи Худо сарф кунед.

7 Ҳангоми гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас мо бояд чиро дар хотир дорем? Вақте ки мо ягон адабиётро истифода бурда бо касе омӯзиш мегузаронем, ба мо лозим аст, ки аз Китоби Муқаддас истифода барем. Мо бояд омӯзандаро барангезем, то оятҳоеро, ки фикри асосиро тасдиқ мекунанд, бихонад ва ба ӯ дар фаҳмидани маънои онҳо кӯмак кунем. Чӣ тавр? Ба мо лозим нест, ки оятҳоро дуру дароз шарҳ дода омӯзишро ба лексия табдил диҳем, ба ҷои ин мо бояд шахсро барангезем, ки оиди оят фикрашро баён кунад. Ба ҷои он ки ба шахс ба чӣ бовар кардан ва чӣ тавр амал намуданро дикта кунем, беҳтараш бо додани саволҳои хуб фикркардашуда ба ӯ кӯмак расонем, ки хулосаи дуруст барорад *.

«БАРОИ МАЗАММАТ... ФОИДАНОК АСТ»

8. Павлус бо чӣ мубориза мебурд?

8 Бисёр вақт мо фикр мекунем, ки «барои мазаммат» кардан пирони ҷамъомад вазифадоранд. Ва дар ҳақиқат, «хатокоронро... танбеҳ» додан масъулияти онҳо аст (1 Тим. 5:20; Тит. 1:13). Лекин ҳамчунин лозим аст, ки мо худамонро мазаммат кунем. Павлус масеҳии намунавие буд, ки виҷдони пок дошт (2 Тим. 1:3). Нигоҳ накарда ба ин ӯ навишт: «Дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад». Вақте ки мо контексти ин суханони Павлусро дида мебароем, мо беҳтар мефаҳмем, ки чӣ тавр ӯ бо заифиҳояш мубориза мебурд. (Румиён 7:21–25-ро бихонед.)

9, 10. а) Павлус эҳтимол бо кадом заифиҳояш мубориза мебурд? б) Чӣ тавр Павлус бо заифиҳояш мубориза мебурд?

9 Павлус бо кадом заифиҳояш мубориза мебурд? Ҳарчанд худи ҳавворӣ дар ин бора аниқ ҳеҷ чиз нагуфта буд, ӯ ба Тимотиюс навишт, ки пештар шахси «озордеҳ» буд (1 Тим. 1:13). Пеш аз масеҳӣ шуданаш Павлус пайравони Исоро бераҳмона таъқиб мекард. Ӯ оиди ҳиссиёти нисбати масеҳиён доштааш чунин гуфт: «Хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд» (Аъм. 26:11). Павлус идора кардани хашму ғазабашро ёд гирифт, ҳарчанд баъзан ба вай лозим меомад, ки барои идора кардани ҳиссиёт ва суханонаш мубориза барад (Аъм. 15:36–39). Чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки дар ин мубориза муваффақ гардад?

10 Дар номаи якуми ба қӯринтиён навиштааш Павлус фаҳмонд, ки барои мазаммат кардани худ чӣ кор мекард. (1 Қӯринтиён 9:26, 27-ро бихонед.) Ӯ ба муқобили ҷисми гунаҳкораш муборизаи шадид мебурд. Эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ аз Навиштаҳо маслиҳат меҷуст, барои бакорбарии онҳо дар дуо аз Яҳува кӯмак мепурсид ва ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, то ислоҳ шавад *. Намунаи Павлус барои мо манфиатбахш аст, зеро мо низ бо майлу хоҳишҳои гунаҳкоронаамон мубориза мебарем.

11. Чӣ тавр мо метавонем «худро тафтиш» кунем, то боварӣ ҳосил намоем, ки мо дар роҳи ҳақиқат ҳастем ё не?

11 Мо набояд ҳеҷ гоҳ худбоварона фикр кунем, ки ба ислоҳ шудан ниёз надорем. Ба ҷои ин, мо бояд «худро тафтиш» кунем, то боварӣ ҳосил намоем, ки мо дар роҳи ҳақиқат роҳ рафта истодаем (2 Қӯр. 13:5). Ҳангоми хондани оятҳои Қӯлассиён 3:5–10 ё оятҳои ба ин монанд ба мо лозим аст, ки аз худ бипурсем: «Оё ман барои пахш кардани майлу хоҳишҳои гунаҳкоронаам сахт кӯшиш мекунам ё ман аз ҷиҳати ахлоқӣ суст шуда истодаам? Масалан, агар дар вақти истифодаи Интернет ногаҳон ягон сайти бадахлоқона пайдо шавад, оё ман дарҳол аз он мебароям ё ман чунин сайтҳоро худам ҷустуҷӯ мекунам?» Дар ҳаёти шахсӣ ба кор бурдани маслиҳатҳои Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад, ки «бедор ва ҳушёр бошем» (1 Тас. 5:6–8).

«БАРОИ ИСЛОҲ... ФОИДАНОК АСТ»

12, 13. а) Ибораи юноние, ки чун «ислоҳ кардан» тарҷума шудааст, чӣ маъно дорад ва ҳангоми ислоҳ кардани ягон вазъият чӣ тавр мо ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем? б) Агар вазъиятеро ислоҳ кардан лозим ояд, мо бояд аз чӣ гуна гуфтор худдорӣ кунем?

12 Ибораи юноние, ки чун «ислоҳ кардан» тарҷума шудааст, маънои «дуруст кардан, барқарор намудан ва беҳтар ё ислоҳ кардани вазъият»-ро дорад. Баъзан, агар дигарон ягон сухан ё рафторамонро нафаҳманд, ба мо лозим меояд, ки нофаҳмиро бартараф карда вазъиятро ислоҳ кунем. Масалан, сарварони дини яҳудӣ Исоро айбдор карданд, ки ӯ бо «боҷгирон ва гуноҳкорон» меҳрубон аст. Исо дар ҷавоб чунин гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд; ва шумо биравед ва маънои ин суханро биомӯзед: “Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ”» (Мат. 9:11–13). Исо пурсаброна ва меҳрубонона Каломи Худоро ба ҳама мефаҳмонд. Дар натиҷа, одамони фурӯтан мефаҳмиданд, ки Яҳува «Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» аст (Хур. 34:6). Ба туфайли он ки Исо барои ислоҳ кардани тарзи фикрронии дигарон кӯшиш ба харҷ медод, бисёриҳо хушхабарро қабул карданд.

13 Ҳангоми ба дигарон кӯмак расонидан мо бояд ба Исо пайравӣ кунем. Суханони 2 Тимотиюс 3:16 маънои онро надоранд, ки бо мақсади ислоҳ кардани вазъият мо бо дигарон дурушту дағал гап занем. Навиштаҳо ба мо ҳаққу ҳуқуқ намедиҳанд, ки ҳангоми бо дигарон гап задан ҳиссиёти онҳоро поймол кунем. Агар мо касеро дағалона танқид кунем, суханони мо метавонанд «мисли зарби шамшер» бошанд. Ин барои шахс дардовар хоҳад буд ва эҳтимол ягон натиҷаи хуб нахоҳад овард (Мас. 12:18).

14–16. а) Пирон чӣ тавр рафтор карда метавонанд, вақте ки дигарон барои ҳалли душвориҳояшон ба онҳо муроҷиат мекунанд? б) Чаро ҳангоми ислоҳ кардани фарзандон истифода бурдани Навиштаҳо хеле муҳим аст?

14 Пас, чӣ тавр ҳангоми ислоҳ кардани вазъият мо пурсабру меҳрубон буда метавонем? Фарз мекунем, ки ҷуфти масеҳӣ барои ҳал кардани нофаҳмиҳое, ки зуд-зуд дар байнашон ба миён меоянд, аз пири ҷамъомад кӯмак мепурсад. Дар ин маврид пир чӣ кор мекунад? Ба ҷои тарафгирӣ кардани яке аз онҳо, ӯ ҳамроҳашон оиди принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза меронад. Масалан, ӯ метавонад принсипҳоеро, ки дар боби сеюми китоби «Сирри хушбахтии оила» оварда шудаанд, бо онҳо муҳокима намояд. Ҳангоми дида баромадани принсипҳо ҳамсарон шояд дарк кунанд, ки ҳар яки онҳо кадом маслиҳатҳоро бояд боз ҳам беҳтар ба кор баранд. Баъдтар, пир аз ҳамсарон пурсида метавонад, ки оё вазъияти оилавии онҳо беҳтар шуда истодааст ва ё онҳо ба кӯмаки иловагӣ ниёз доранд.

 15 Чӣ тавр волидон метавонанд фарзандонашонро ислоҳ намоянд, то ки ин ба рушди рӯҳонии онҳо мусоидат кунад? Тасаввур кунед, ки духтари наврасатон дӯсти наве пайдо кардааст, лекин ба назари шумо дӯсти ӯ шубҳанок метобад. Дар аввал, ба шумо лозим аст, ки дар бораи дӯсти вай маълумоти бештар гиред. Сипас, агар хавотирии шумо асоснок бошад, бо духтаратон сӯҳбат кунед. Шумо метавонед маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро, ки дар китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.) ҷилди 2 омадаанд, истифода баред. Дар рӯзҳои минбаъда, кӯшиш кунед, ки бо ӯ вақти зиёдтар гузаронед. Ҳангоми дар хизмати мавъиза иштирок намудан ё бо аҳли оила истироҳат карданаш ба рӯҳияи духтаратон аҳамият диҳед. Агар шумо ба духтаратон меҳрубонӣ ва пурсабрӣ зоҳир кунед, ӯ муҳаббат ва таваҷҷӯҳи самимии шуморо ҳис мекунад. Ин эҳтимол вайро бармеангезад, ки насиҳати шуморо қабул кунад ва дар ҳаёташ ба роҳи хатарнок қадам нагузорад.

Волидон «барои ислоҳ» кардани фарзандонашон Китоби Муқаддасро меҳрубонона истифода бурда ба онҳо кӯмак мекунанд, ки аз роҳи хатарнок дар канор бошанд ( ба сархати 15 нигаред)

16 Бо чунин пурсабрӣ ва меҳрубонӣ мо боз ба кӣ кӯмак карда метавонем? — Ба онҳое, ки дар бораи саломатиашон дар ташвишанд, бо сабаби аз даст додани ҷои кор рӯҳафтодаанд ё дар фаҳмидани ин ё он таълимоти Навиштаҳо душворӣ мекашанд. Мо метавонем бо меҳрубонӣ ва пурсабрӣ чунин шахсонро рӯҳбаланд созем. Вақте ки мо Каломи Худоро «барои ислоҳ» кардан истифода мебарем, ин аз бисёр ҷиҳат манфиат меорад.

«БАРОИ ҲИДОЯТ... ФОИДАНОК АСТ»

17. Чаро мо бояд чораҳои ислоҳкунандаро бо миннатдорӣ қабул намоем?

17 Дар Навиштаҳо калимаи «ҳидоят» маънои васеъ дорад. Масалан, онро чун «насиҳат», «тарбия», «таълим», «ислоҳ» ва «ҷазо» фаҳмидан мумкин аст. «Ҳар ҷазо [чораи ислоҳкунанда] дар замони ҳозира ба назари кас на шодӣ, балки андӯҳ менамояд». Лекин ба ҳар ҳол «оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад» (Ибр. 12:11). Бисёри шахсоне, ки дар оилаи масеҳӣ ба воя расиданд, мегӯянд, ки ҷазо ё чораҳои ислоҳкунандаи волидонашон ба онҳо кӯмак карда буд. Ва қабул кардани ҳидоят ва чораҳои ислоҳкунандаи Яҳува, ки Ӯ тавассути пирони ҷамъомад медиҳад, барои дар роҳи ҳаёт монданамон ёрӣ мерасонанд (Мас. 4:13).

18, 19. а) Чаро барои пироне, ки нисбати касе чораҳои ислоҳкунанда меандешанд, ба кор бурдани маслиҳати Масалҳо 18:13 хеле муҳим аст? б) Вақте ки пирон ба шахси гуноҳкарда меҳрубониву муҳаббат зоҳир мекунанд, ин бисёр вақт чӣ гуна натиҷа меорад?

18 Чӣ тавр пирон ва волидон ба таври дуруст чораҳои ислоҳкунанда андешида метавонанд? Яҳува мехоҳад, ки чунин чораҳо аз рӯи адолат андешида шаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми ҳидоят ё ислоҳ кардани дигарон шахс бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро истифода барад. Яке аз ин принсипҳо дар Масалҳо 18:13 навишта шудааст: «Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст». Пас, вақте касе ба пирон хабар медиҳад, ки ягон бародар ё хоҳар гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст, онҳо пеш аз чораҳои ислоҳкунанда андешидан, бояд ҳама ҷонибҳои масъаларо бодиққат дида бароянд (Такр. Ш. 13:14). Танҳо он вақт чораи ислоҳкунандаи онҳо метавонад аз рӯи адолат бошад.

19 Ғайр аз ин, Каломи Худо пирони ҷамъомадро ташвиқ мекунад, ки ҳангоми ислоҳ кардани дигарон меҳрубон бошанд. (2 Тимотиюс 2:24–26-ро бихонед.) Рост аст, ки шахси гуноҳкарда метавонад номи Яҳуваро доғдор созад ва ба шахси бегуноҳ дарди зиёд орад. Бо вуҷуди ин, ҳангоми сӯҳбат кардан бо чунин шахс пир набояд ба хашму ғазаб ояд, зеро дар ин сурат ӯ наметавонад ба шахси гуноҳкарда ёрӣ расонад. Лекин, вақте ки пирон ба «меҳрубонии Худо» пайравӣ мекунанд, ин метавонад шахси гуноҳкардаро ба тавба барангезад (Рум. 2:4).

20. Ҳангоми ислоҳ ва ҳидояту роҳнамоӣ кардани фарзандон волидон бояд кадом принсипҳоро ба кор баранд?

20 Ҳангоми «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия» кардани фарзандон волидон бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро истифода баранд (Эфс. 6:4). Масалан, вақте ягон кас ба падар мегӯяд, ки писараш кори баде кардааст, падар чӣ кор мекунад? Пеш аз ҷазо додани писар падар бояд ҳама ҷонибҳои масъаларо дида барояд. Дар оилаҳои масеҳӣ ба хашму ғазаби идоранашаванда ва зӯроварӣ ҷой нест. Яҳува «раҳмон ва бахшанда аст» ва ба волидон лозим аст, ки ҳангоми ислоҳ ва ҳидояту роҳнамоӣ кардани фарзандонашон ба хислатҳои Ӯ пайравӣ намоянд (Яъқ. 5:11).

ТӮҲФАИ БЕБАҲОИ ЯҲУВА

21, 22. Кадом ибораҳо аз Забур 118:97–104 ҳиссиёти шуморо нисбати Каломи Яҳува тасвир мекунанд?

21 Боре як ходими Худо гуфт, ки чаро ӯ қонуни Яҳуваро дӯст медорад. (Забур 118:97–104-ро бихонед.) Ба туфайли омӯзиши Каломи Худо ӯ хирад, дониш ва маърифат ба даст овард. Бакорбарии маслиҳатҳои он ӯро аз хатогиҳое, ки бисёр одамон мекунанд, бозмедошт. Барои ӯ омӯзиши Навиштаҳо хурсандиовар ва қаноатбахш буд. Ӯ бо иродаи қавӣ мехост, ки тамоми умр ба қонуни Худо итоат кунад.

22 Оё шумо «тамоми Навиштаҳо»-ро қадр мекунед? Ин ба шумо ёрӣ мерасонад, то имонатонро ба он ки Худо ваъдаҳояшро иҷро мекунад, қавӣ гардонед. Панду насиҳатҳои илҳомбахшидаи Китоби Муқаддас шуморо аз таъсироти марговари гуноҳ муҳофизат мекунад. Ва онро моҳирона истифода бурда шумо метавонед ба дигарон кӯмак кунед, то роҳи ҳаётро ёбанд ва дар он бимонанд. Биёед аз «тамоми Навиштаҳо» пурра истифода барем ва ба Худои пурҳикмат ва меҳрубони худ — Яҳува хизмат кунем.

^ сарх. 1 Ба китоби «Созмоншудагон» (рус.) саҳ. 79 нигаред.

^ сарх. 7 Ҳангоми таълим доданаш Исо бисёр вақт аз дигарон мепурсид: «Фикри шумо чист?» Ва сипас ӯ ҷавобро интизор мешуд (Мат. 18:12; 21:28; 22:42).

^ сарх. 10 Номаҳои Павлус моро бармеангезанд, ки бо майлҳои гунаҳкоронаамон мубориза барем (Рум. 6:12; Ғал. 5:16–18). Мо чунин хулоса бароварда метавонем, ки худи ӯ маслиҳатҳои ба дигарон додаашро ба кор мебурд (Рум. 2:21).