Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо «дар аъмоли нек» ғаюред?

Оё шумо «дар аъмоли нек» ғаюред?

«[Исои Масеҳ] Худро барои мо фидо кард, то ки моро... ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд» (ТИТ. 2:14).

1, 2. Шоҳидони Яҳува кадом шарафи махсусро соҳибанд ва шумо ба он чӣ гуна муносибат мекунед?

 БИСЁР одамон барои дастовардҳои назарраси худ соҳиби мукофот шуданро шарафи бузург меҳисобанд. Масалан, баъзеҳо ду ҷониби мухолиф ва бегонаро бо ҳам оштӣ кунонида, барои ин ҷидду ҷаҳди худ соҳиби мукофоти нобелӣ гаштаанд. Вале элчӣ ё намояндаи Худо будан ва одамонро бо Офаридгор оштӣ кунонидан, шарафи боз ҳам бузургтар аст!

2 Чунин шарафи махсус ба мо чун ба Шоҳидони Яҳува дода шудааст. Мо зери роҳбарии Худо ва Масеҳ одамонро илтиҷо мекунем, ки «бо Худо мусолиҳа» намоянд, яъне оштӣ шаванд (2 Қӯр. 5:20). Яҳува барои одамонро ба худ ҷалб кардан моро истифода бурда истодааст. Ва дар зиёда аз 235 давлат ба миллионҳо одамон кӯмак расонда шуд, то бо Худо муносибатҳои хуб пайдо кунанд ва ба ҳаёти ҷовидонӣ умед банданд (Тит. 2:11). Бо ҷидду ҷаҳди самимӣ мо одамонро даъват мекунем, ки «ҳар кӣ бихоҳад оби ҳаётро муфт бигирад» (Ваҳй 22:17). Азбаски мо ин вазифаи пурарзиши худро хеле қадр мекунем ва онро боғайрат ба ҷо меорем, мо дар ҳақиқат метавонем «қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд», номида шавем (Тит. 2:14). Биёед, ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр дар аъмоли нек ғаюр будани мо одамонро ба Яҳува ҷалб мекунад. Яке аз роҳҳо ин мавъизаи хушхабар аст.

БА ҒАЮРИИ ЯҲУВА ВА ИСО ПАЙРАВӢ НАМОЕД

3. «Рашки Худованд» моро ба чӣ боварӣ мебахшад?

3 Ишаъё-пайғамбар корҳоеро, ки ҳукмронии Писари Худо ба анҷом мерасонад, номбар карда, сипас гуфт: «Рашки [ғаюрии] Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард» (Иш. 9:7). Ин суханон моро боварӣ мебахшанд, ки Падари осмонии мо барои наҷот додани одамизод хоҳиши сахт дорад. Намунаи ғаюрии Яҳува равшан нишон медиҳад, ки супорише, ки Ӯ ба мо чун ба воизони Салтанат дод, сазовор аст, ки мо онро аз таҳти дил ва бо шавқу ғайрати зиёд ба ҷо орем. Мо бо хоҳиши сахт ба одамон барои шинохтани Худо кӯмак карда, ғаюрии Яҳуваро инъикос мекунем. Пас, чун ҳамкорони Худо, оё ҳар яки мо ба таври қатъӣ тайёрем, ки дар мавъизаи хушхабар то ҳадди имкон бештар иштирок кунем? (1 Қӯр. 3:9).

4. Барои дар хизмат ҳамеша боғайрат будан Исо ба мо чӣ намуна гузошт?

4 Ҳамчунин дар бораи ғаюрии Исо фикр кунед. Вай дар хизмат ҳамеша ғайрат зоҳир намуда, ба мо намунаи комил гузошт. Ба зиддиятҳои сахт нигоҳ накарда, ӯ то охири ҳаёти заминиаш дар кори мавъиза боғайрат монд (Юҳ. 18:36, 37). Вақте ки марги фидокоронаи Исо наздик мешуд, ӯ боз ҳам бисёртар мекӯшид, ки ба одамон дар шинохтани Яҳува кӯмак расонад.

5. Чӣ тавр Исо мувофиқи масали худ амал кард?

5 Масалан, тирамоҳи соли 32-юми эраи мо, Исо масале овард. Марде дар токзори худ дарахти анҷир дошт, вале азбаски тӯли се сол он ягон самар намедод, вай ба токдори худ гуфт, ки дарахтро бибурад. Аммо токдор аз хӯҷаинаш мӯҳлат пурсид, то ба дарахт нурӣ андохта аз он ҳосил гирад. (Луқо 13:6–9-ро бихонед.) Танҳо шумораи ками шогирдон баъдтар чун самари мавъизаи Исо ҳисоб меёфтанд. Лекин Исо мувофиқи он масал амал намуда, дар вақти кӯтоҳи боқимонда — тақрибан шаш моҳ, дар Яҳудо ва Перея боз ҳам бештар мавъиза кард. Бо вуҷуди ин, якчанд рӯз пеш аз маргаш Исо ба ҳоли ҳамватанонаш гиря кард, зеро ки ба мавъизаи ӯ «гӯшҳошон вазнин» буд (Мат. 13:15; Луқ. 19:41).

6. Барои чӣ мо бояд дар хизмати мавъиза бо ҷидду ҷаҳди бештар иштирок намоем?

6 Азбаски мо дар анҷоми рӯзҳои охир зиндагӣ дорем, оё набояд барои бо ҷидду ҷаҳди бештар мавъиза кардан, кӯшиш намоем? (Дониёл 2:41–45-ро бихонед.) Чӣ шарафи бузург аст, ки мо Шоҳиди Яҳува ҳастем! Мо дар рӯи замин ягона халқе мебошем, ки ба одамон дар бораи ҳалли ҳақиқии мушкилиҳои инсоният нақл мекунем ва ҳамин тавр ба онҳо умед мебахшем. Як рӯзноманигор саволи «Чаро бо одамони хуб чизҳои бад рӯй медиҳанд?»-ро тавре тасвир кард, ки гӯё ба он ҷавоб ёфтан номумкин аст. Аз ин сабаб, мо ба ҳамаи касоне, ки ба гӯш кардан тайёранд, аз рӯи Китоби Муқаддас ба чунин саволҳо ҷавоб медиҳем. Ин на танҳо вазифаи масеҳии мо мебошад, балки барои мо шараф аст. Барои ин супориши Худоро бо «рӯҳи пурҳарорат» иҷро кардан мо сабабҳои асоснок дорем (Рум. 12:11). Бо дастгирии Худо, мо ғаюрона мавъиза карда, ба дигарон барои шинохтан ва дӯст доштани Яҳува кӯмак расонида метавонем.

РӮҲИЯИ ФИДОКОРИИ МО ЯҲУВАРО ҶАЛОЛ МЕДИҲАД

7, 8. Рӯҳияи фидокории мо чӣ гуна Яҳуваро ҷалол медиҳад?

7 Чӣ тавре ки ҳаёти Павлуси ҳавворӣ нишон медиҳад, мо дар хизмати худ метавонем бо «бехобиҳо» ва «рӯзадориҳо», яъне гуруснагиҳо рӯ ба рӯ шавем (2 Қӯр. 6:5). Ин ибораҳо намунаи равшани фидокорӣ буда, эҳтимол пешравонро, ки хизматро дар ҷои аввали ҳаёташон мегузоранду ҳамзамон барои таъмин кардани худ кор мекунанд, ба ёд меоранд. Ҳамчунин оиди миссионероне, ки солҳои дароз дар давлатҳои бегона баҳри кори Салтанат худро чун «қурбонии рехтанӣ» пешкаш мекунанд, фикр кунед (Фил. 2:17). Дар бораи пирони меҳнаткаш, ки баҳри ғамхории гӯсфандони Яҳува баъзан аз хоб ва хӯрок даст мекашанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Ҳамчунин дар ҷамъомадҳои мо бародарону хоҳарони пиронсол ва бемор ҳастанд, ки барои ба вохӯриҳо ташриф овардану дар мавъиза иштирок намудан, ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд. Вақте ки дар бораи ҳамаи ин бародарону хоҳарони фидокор фикр мекунем, дилҳои мо пур аз миннатдорӣ мегардад. Албатта чунин фидокориҳои мо бенатиҷа намемонанд.

8 Дар номае, ки ба як рӯзномаи англисӣ фиристода шуда буд, хонандае, ки Шоҳиди Яҳува нест, гуфт: «Одамон ба дин бовариашонро гум карда истодаанд... Ходимони калисо рӯзҳои дароз бо чӣ кор машғуланд? Албатта онҳо монанди Масеҳ ба кӯча баромада ба назди одамон намераванд... Ягона дине, ки аз афташ дар бораи одамон ғамхорӣ мекунад, Шоҳидони Яҳува мебошанд, ки дар ҳама ҷо бо одамон вохӯрда самимона ҳақиқатро мавъиза мекунанд» («Boston Target»). Дар ин дунёе, ки пур аз худбинист, мо рӯҳияи фидокорона зоҳир намуда дар ҷалол додани Яҳува Худо саҳми беандоза мегузорем (Рум. 12:1).

Вақте ки одамон шуморо дар хизмат мебинанд, ин барои онҳо шаҳодати хуб мешавад

9. Чӣ метавонад моро барангезад, ки дар хизмат ғайратамонро нигоҳ дорем?

9 Лекин чӣ бояд кард, агар ба назарамон чунин тобад, ки мо дар хизмат ғайрати худро гум карда истодаем? Дар чунин сурат хуб мебуд, мулоҳиза ронем, ки Яҳува тавассути мавъизаи мо кадом корҳои бузургро карда истодааст. (Румиён 10:13–15-ро бихонед.) Наҷоти одамон аз он вобаста аст, ки бо имон номи Яҳуваро бихонанд, вале агар мо мавъиза накунем, онҳо чӣ тавр инро карда метавонанд? Дарк кардани ин бояд моро барангезад, ки дар аъмоли нек ғаюр монем ва дар мавъизаи хушхабари Салтанат фаъол бошем.

РАФТОРИ ХУБ ОДАМОНРО БА ХУДО ҶАЛБ МЕКУНАД

Боинсофӣ ва ғаюрии шумо аз чашми дигарон пӯшида нахоҳад монд

10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки рафтори хуби мо одамонро ба Яҳува ҷалб мекунад?

10 Албатта дар хизмат ғаюр будан муҳим аст, лекин барои одамонро ба Худо ҷалб кардан танҳо ин кифоя нест. Роҳи дуюме, ки мо одамонро ба Худо ҷалб карда метавонем, ин рафтори хуб аст. Павлус муҳиммияти рафторро қайд намуда чунин гуфт: «Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад» (2 Қӯр. 6:3). Гуфтори солим ва рафтори ростқавлонаи мо таълимоти Худоро зебу оро медиҳанд ва ибодати Яҳуваро ба дигарон ҷолиб мегардонанд (Тит. 2:10). Дар ҳақиқат, рафтори хуби мо ба одамони самимӣ бисёр вақт таъсири хуб мерасонад.

11. Чаро мо бояд оиди таъсири рафторамон ба дигарон бо дуо мулоҳиза ронем?

11 Чуноне, ки корҳои хуби мо ба одамон таъсири мусбӣ мерасонад, рафтори бад низ таъсири худро дошта метавонад. Барои ҳамин, мо дар куҷое, ки набошем, хоҳ дар ҷои кор, хоҳ дар хона ва ё мактаб, мекӯшем, то ягон кас дар хизматамон ё рафторамон нуқсоне наёбад. Ҳамчунин, агар мо «худсарона гуноҳ кунем», муносибати наздикро бо Яҳува аз даст медиҳем (Ибр. 10:26, 27). Ин фикр бояд моро барангезад, то оиди рафторамон ва таъсири он ба дигарон, бо дуо мулоҳиза ронем. Модоме ки меъёрҳои ахлоқии одамон дар тамоми ҷаҳон торафт паст шуда истодааст, одамони самимӣ «фарқи байни... касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад» боз ҳам бештар мебинанд (Мал. 3:18). Бале, рафтори хуби масеҳии мо барои оштӣ кардани одамон бо Худо нақши муҳим мебозад.

12–14. Дар озмоишҳои имон истодагарӣ кардани мо ба дигарон чӣ тавр таъсир мерасонад? Мисол оред.

12 Дар нома ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт Павлус навишт, ки вай дар мусибатҳо, тангиҳо, зери зарбаҳо ва дар зиндонҳо қарор дошт. (2 Қӯринтиён 6:4, 5-ро бихонед.) Вақте ки мо бо озмоишҳои имон рӯ ба рӯ мешавем, истодагарии мо метавонад ба дигарон барои қабул кардани ҳақиқат кӯмак расонад. Мисоле меорем. Чанд сол пеш дар Ангола душманон кӯшиш карданд, ки Шоҳидони Яҳуваро нест кунанд. Онҳо ду воизи таъмидгирифта ва 30 нафар шахсони рағбатдорро, ки ба ҷамъомадҳо ташриф меоварданд, иҳота карданд. Сипас душманон ин одамони бегуноҳро то хуншор шуданашон қамчинкорӣ карданд ва одамони маҳаллиро барои тамошо ҷамъ намуданд. Ҳатто занон ва кӯдакон аз чунин бераҳмӣ зарар диданд. Бо ин корашон, душманон мардумро тарсондан мехостанд, то ки ҳеҷ кас Шоҳидони Яҳуваро гӯш накунад. Вале баъди ин воқеа бисёр сокинони маҳаллӣ ба назди онҳо омада, омӯзиши Китоби Муқаддас хоҳиш намуданд. Сипас дар он ҷо кори мавъизаи Салтанат пеш рафт ва дар натиҷа бародарони мо соҳиби бисёр баракатҳо гаштанд.

13 Ин мисол нишон медиҳад, ки бо истодагарӣ риоя кардани принсипҳои Китоби Муқаддас метавонад ба дигарон таъсири калон расонад. Оиди он фикр кардан мумкин аст, ки ба туфайли истодагарии Петрус ва дигар ҳаввориён чӣ қадар одамони бисёр бо Худо оштӣ шуда буданд (Аъм. 5:17–29). Имрӯз низ, вақте ки ҳамсинфон, ҳамкорон ё аъзоёни оилаамон мебинанд, ки мо дар иҷрои амалҳои дуруст устуворем, шояд ба ҳақиқат шавқ пайдо кунанд.

14 Аз таърихи Шоҳидони Яҳува маълум мешавад, ки баъзе ҳамимононамон бо таъқиботҳо дучор мешуданд ва имрӯз ҳам дучор шуда истодаанд. Масалан, дар Арманистон тахминан 40 нафар бародарон аз сабаби нигоҳ доштани мавқеи бетарафиашон дар маҳбас қарор доранд ва эҳтимоли зиёд аст, ки боз шумораи бисёри бародарон ҳабс мешаванд. Дар Эритрея 55 хизматгори Яҳува, ки синну соли баъзеи онҳо аз 60 зиёд аст, дар ҳабс мебошанд. Дар Кореяи Ҷанубӣ тақрибан 700 нафар Шоҳидон барои имонашон дар маҳбас нишастаанд. Ин ҳолат дар он ҷо 60 сол боз давом ёфта истодааст. Биёед дар ҳаққи бародароне, ки дар мамлакатҳои гуногун зери таъқибот мебошанд, дуо гӯем, то садоқатмандии онҳо Худоро ҷалол диҳад ва ба дӯстдорони адолат барои ҷонибдорӣ кардани ибодати ҳақиқӣ кӯмак намояд (Заб. 75:9–11).

15. Бо мисол нишон диҳед, ки чӣ тавр боинсофӣ метавонад дигаронро ба ҳақиқат ҷалб кунад.

15 Боинсофии мо низ метавонад одамонро ба ҳақиқат ҷалб кунад. (2 Қӯринтиён 6:4, 7-ро бихонед.) Воқеаеро мисол меорем: Хоҳаре барои роҳкиро дар пулмонаки автобус пул гузошт. Шиносаш ба ӯ гуфт, ки барои масофаи кӯтоҳ пул додан шарт нест. Хоҳар фаҳмонд, ки роҳкиро додан лозим аст, ҳатто барои як истгоҳ бошад ҳам. Вақте ки дугонаи ӯ аз автобус фаромад, ронандаи автобус ба ақиб нигариста, аз хоҳар пурсид: «Оё шумо Шоҳиди Яҳува ҳастед?» «Бале, гуфт хоҳар,— барои чӣ шумо мепурсед?» «Ман гуфтугӯи шуморо оиди додани роҳкиро шунидам ва ман медонам, ки Шоҳидони Яҳува аз ҷумлаи шумораи ками одамоне мебошанд, ки чунин рафтор мекунанд ва дар ҳама кор боинсофанд». Чанд моҳ пас, дар ҷамъомад марде ба назди он хоҳар омад ва гуфт: «Шумо маро шинохтед? Ман ҳамон ронандаи автобус мебошам, ки бо шумо дар бораи роҳпулӣ гап зада будам. Рафтори шуморо дида, ман қарор кардам, ки бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро омӯзиш кунам». Рафтори ростқавлонаву боинсофона моро чун шахсони боваринок муаррифӣ мекунад.

ҲАМЕША ХИСЛАТҲОЕРО ЗОҲИР КУНЕД, КИ ХУДОРО ҶАЛОЛ МЕДИҲАНД

16. а) Чаро хислатҳои пурсабрӣ, муҳаббат ва некӯкорӣ ба дили одамон таъсир мерасонанд? б) Мисол оред, ки роҳбарони динҳои дурӯғ чӣ гуна рафтор мекунанд?

16 Бо зоҳир кардани чунин хислатҳо, ба монанди пурсабрӣ, муҳаббат ва некӯкорӣ низ мо одамонро ба Яҳува ҷалб мекунем. Баъзе шахсоне, ки рафтори моро мушоҳида мекунанд, шояд барои шинос шудан бо Яҳува, ниятҳои Ӯ ва халқаш хоҳиш пайдо кунанд. Муносибату рафтори масеҳиёни ҳақиқӣ аз намуди зоҳирии диндорӣ, ки бисёр вақт аз дурӯягӣ иборат аст, сахт фарқ мекунад. Баъзе роҳбарони динӣ шахсони ба наздашон меомадаро фиреб дода, бою бадавлат мешаванд ва қисми зиёди пули бо ин роҳ ба даст овардаашонро барои харидани ҳавливу мошинҳои қимматбаҳо сарф мекунанд. Яке аз чунин шахсон ҳатто сагхонаи кондитсионердор харид. Дар ҳақиқат, бисёр касоне, ки худро пайрави Масеҳ меноманд, амри ӯро, ки «муфт диҳед» гуфта буд, иҷро намекунанд (Мат. 10:8). Ба ҷои ин, онҳо мисли коҳинони тамаъкори Исроили қадим, «ба бадали музд таълим медиҳанд» — ва бисёр чизҳое, ки онҳо таълим медиҳанд, аз рӯи Навиштаҳо нест (Мик. 3:11). Чунин рафтори риёкорона ҳеҷ касро бо Худо оштӣ намекунад.

17, 18. а) Хислатҳои Яҳуваро дар ҳаётамон инъикос карда, мо чӣ тавр Ӯро ҷалол медиҳем? б) Чӣ шуморо бармеангезад, ки дар аъмоли нек ғаюр бошед?

17 Аз тарафи дигар, таълимотҳои дурусти масеҳӣ ва корҳои хубе, ки мо ба одамон мекунем ба дили онҳо таъсир мерасонанд. Масалан, як пешрав ҳангоми мавъизаи хона ба хона бевазани пиронсолеро вохӯрд, ки бародарро гӯш кардан нахост. Зан гуфт, ки вақте занги дар садо дод, ӯ дар зинапояе истода фурӯзонаки ошхонаашро иваз кардан мехост. Бародар ба зан гуфт: «Танҳо́ кардани ин кор ба шумо хатарнок аст». Сипас ӯ фурӯзонакро иваз карда, аз он ҷо рафт ва мавъизаро давом дод. Вақте ки писари он зан аз ин воқеа хабардор шуд, вай чунон ба ҳайрат афтод, ки хост бародарро ёфта, ба ӯ миннатдорӣ баён кунад. Оқибат ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард.

18 Чаро мо дар аъмоли нек ғаюр будан мехоҳем? Зеро мо медонем, ки агар дар хизмат ғайрат зоҳир намоем ва ҳамеша мувофиқи иродаи Худо амал кунем, Яҳуваро ҷалол медиҳем ва ба одамон барои наҷот ёфтан кӯмак расонда метавонем. (1 Қӯринтиён 10:31–33-ро бихонед.) Хоҳиши сахти зоҳир кардани муҳаббат ба Яҳува ва одамон, моро бармеангезад, ки дар аъмоли нек ғаюр бошем — фаъолона хушхабарро мавъиза намоем ва ба таври ба Худо писанд рафтор кунем (Мат. 22:37–39). Агар мо дар аъмоли нек ғаюр бошем, мо хурсандӣ ва қаноатмандии зиёд ба даст хоҳем овард. Беш аз ин, мо метавонем рӯзеро интизор шавем, ки тамоми инсоният дар ибодати ҳақиқӣ ғайрат зоҳир карда, Офаридгорамон, Яҳуваро ҷалол хоҳанд дод.