Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Издивоҷатонро ба воситаи муоширати хуб мустаҳкам гардонед

Издивоҷатонро ба воситаи муоширати хуб мустаҳкам гардонед

«Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад, мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд» (МАС. 25:11).

1. Чӣ тавр муоширати хуб ба ҳамсарон кӯмак мерасонад?

 БАРОДАРЕ аз Канада гуфт: «Барои ман назар бо дигарон, бо ҳамсарам вақт гузаронидан хубтар аст. Бо ӯ ҳар як хурсандии ҳаёт дучанд мегардад ва ҳар мушкилӣ осонтар». Шавҳаре аз Австралия навишт: «Дар тӯли 11 соли хонадориамон як рӯз ҳам нагузаштааст, ки ману занам бо ҳам муошират накарда бошем. Ману ӯ ба мустаҳкам будани издивоҷамон ягон шубҳа ё хавотирие надорем. Дар ин, муоширати мунтазаму ошкоро ва самимӣ нақши асосӣ мебозад». Хоҳаре аз Коста-Рика навишт: «Муоширати хуб на танҳо ҳаёти оилавиамонро рангоранг гардонд, балки ҳамчунин моро ба Яҳува ва якдигар наздиктар кард, аз васвасаҳо эмин дошт ва ба афзудани муҳаббатамон мусоидат намуд».

2. Аз кадом сабабҳо ба ҳамсарон муоширати хуб доштан душвор буда метавонад?

2 Оё шумо ва ҳамсаратон бо ҳам хуб муошират мекунед ё ин ки ин бароятон душвор аст? Фаҳмост, ки дар оила ҳолатҳои душвор сар зада метавонанд, зеро ки ҳар ду ҳамсарон шахси нокомиланд, хислату маданияташон ҳархела аст ва онҳо бо роҳҳои гуногун тарбия ёфтаанд (Рум. 3:23). Ғайр аз ин, тарзи муоширати онҳо гуногун буда метавонад. Аз ин сабаб мутахассисони соҳаи издивоҷ Ҷон Готтман ва Нан Силвер мегӯянд, ки барои он ки ҳамсарон муоширати хуб ва издивоҷи бардавом дошта бошанд, онҳо бояд кӯшишу ғайрати хеле зиёд ба харҷ диҳанд.

3. Чӣ ба ҳамсарон барои мустаҳкам нигоҳ доштани издивоҷ кӯмак мекунад?

3 Гарчанд барои хушбахтии издивоҷ саъю кӯшиши зиёд лозим аст, вале он ба ҳамсарон хурсандии ҳақиқӣ меорад (Воиз 9:9). Дар бораи издивоҷи Исҳоқ ва Ривқо, ки пур аз муҳаббат буд, мулоҳиза ронед (Ҳас. 24:67). Аз издивоҷи онҳо муддати зиёд гузашта бошад ҳам, дилбастагии онҳо ба ҳамдигар кам нагашта буд. Бисёр ҳамсарони имрӯза низ издивоҷашонро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Чӣ ба онҳо кӯмак мекунад? Онҳо ба якдигар рӯирост ва бо мулоимӣ баён кардани фикру ҳиссиёташонро ёд гирифтанд. Ҳар яки онҳо ба якдигар фаҳмиш, муҳаббат, эҳтиром ва фурӯтанӣ зоҳир менамоянд. Ҳоло дида мебароем, ки чӣ тавр ин хислатҳо ба ҳамсарон барои доштани муоширати хуб кӯмак расонда метавонанд.

ФАҲМИШ ЗОҲИР КУНЕД

4, 5. Чӣ тавр зоҳир кардани фаҳмиш метавонад ба хушбахтии издивоҷ кӯмак расонад? Мисол оред.

4 «Касе ки дар корҳояш эҳтиёт кунад [«фаҳмиши чуқур зоҳир кунад», ТДН], файз меёбад»,— гуфта мешавад дар Масалҳо 16:20. Ин гуфтаҳо дар мавриди издивоҷ ва ҳаёти оилавӣ ҳаққанд. (Масалҳо 24:3-ро бихонед.) Сарчашмаи беҳтарини фаҳмиш ва хирад ин Каломи Худост. Масалан, дар Ҳастӣ 2:18 гуфта мешавад, ки Худо занро барои он офарид, ки ба мард мададгор бошад, на ин ки «копияи» вай. Ин маънои онро дорад, ки зан ва мард аз якдигар фарқ мекунанд. Ана барои ҳамин, тарзи муоширати онҳо низ гуногун аст. Аксари занон оиди ҳиссиёти худ, дар бораи одамон ва муносибати байниҳамдигарӣ гап задан мехоҳанд. Онҳо муоширати гарму самимиро қадр мекунанд, зеро ин ба онҳо ёрдам мекунад, ки худро дӯстдошта ҳис кунанд. Мардон бошанд, аксар вақт ҳиссиёташонро муҳокима кардан намехоҳанд, баръакс онҳо бештар дар бораи кору бор, душвориҳо ва ҳалли онҳо сӯҳбат карданро дӯст медоранд. Мардон инчунин мехоҳанд, ки дигарон онҳоро эҳтиром кунанд.

5 «Шавҳари ман ба ҷои он ки аввал маро гӯш кунад, ӯ мехоҳад, ки дарҳол душвориҳоро ҳал намояд»,— мегӯяд хоҳаре аз Бритониё. Хоҳар нақлашро давом дода, мегӯяд, ки ӯ аз ин рӯҳафтода мешавад, чунки вай дар асл интизор аст, ки шавҳараш ӯро гӯш кунад ва ҳиссиёташро фаҳмад. Шавҳаре навишт: «Дар аввали оиладориамон ман мехостам, ки ҳар гуна душвории занамро тез ҳал кунам. Лекин баъдтар ман фаҳмидам, ки дар асл ӯ мехостааст, ки ман ӯро гӯш кунам» (Мас. 18:13; Яъқ. 1:19). Шавҳаре, ки фаҳмиш зоҳир мекунад, вай ба ҳиссиёти занаш диққат медиҳад ва бо ӯ тавре муомила мекунад, ки занаш худро дӯстдошта ҳис кунад. Ҳамзамон вай занашро боварӣ мебахшад, ки фикру ҳиссиёти ӯ барояш муҳиманд (1 Пет. 3:7). Дар навбати худ зане, ки фаҳмиш зоҳир мекунад, мекӯшад, ки тарзи фикрронии шавҳарашро фаҳмад. Вақте ки ҳамсарон якдигарро мефаҳманд, қадр мекунанд ва нақши худро аз рӯи Навиштаҳо иҷро менамоянд, издивоҷашон хушбахт мешавад. Зиёда аз ин, онҳо метавонанд якҷоя қарорҳои оқилона қабул карда, мувофиқи онҳо амал намоянд.

6, 7. а) Чӣ тавр ояти Воиз 3:7 ба ҳамсарон барои зоҳир кардани фаҳмиш кӯмак мерасонад? б) Чӣ тавр зан метавонад дурандеш бошад ва шавҳар бояд ба чӣ кӯшиш намояд?

6 Ҳамсарони бомулоҳиза ҳамчунин мефаҳманд, ки «вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан» ҳаст (Воиз 3:1, 7). Хоҳаре, ки тӯли даҳ сол хонадор аст, қайд кард: «Ман фаҳмидам, ки барои муҳокимаи ягон масъала вақти мусоидро интихоб кардан лозим аст. Агар шавҳари ман бо кори худ ё дигар масъулиятҳо сахт банд бошад, ман пеш аз бардоштани ягон савол каме интизор мешавам. Дар натиҷа сӯҳбати мо хуб мегузарад». Вақте ки зан бо мулоимӣ ва «дар мавқеаш» сухан меронад, шавҳараш эҳтимол аз гӯш кардани ӯ хурсанд хоҳад шуд. (Масалҳо 25:11-ро бихонед.)

Чизҳои хурд дар издивоҷ аҳамияти калон доранд

7 Шавҳари масеҳӣ бояд аз тарафи худ на танҳо суханони занашро гӯш кунад, балки инчунин кӯшиш намояд, ки ҳиссиёти худашро аниқу равшан баён намояд. Як пири ҷамъомад, ки тӯли 27 сол оиладор аст, мегӯяд: «Ман бояд аз болои худ кор кунам, то фикру ҳиссиёти дили худро ба занам баён намоям». Бародаре, ки 24 сол боз оиладор аст, гуфт: «Ман одатан дар бораи душвориҳо гап намезанам, зеро фикр мекунам, ки агар дар ин бора гап назанам, онҳо ҳалли худро меёбанд. Вале ба ҳар ҳол ман ба чунин хулоса омадам, ки баён кардани ҳиссиёт ин нишонаи сустӣ нест. Вақте ки баён кардани ҳиссиётам ба ман душвор аст, ман дуо мегӯям, ки суханонро дуруст интихоб кунам ва онҳоро дуруст гуфта тавонам. Сипас ман нафаси чуқуре кашида ба гап задан сар мекунам». Ба ҳамсарон муҳим аст, ки барои бо якдигар гап задан вазъияти дурустро интихоб кунанд. Эҳтимол вақти якҷоя муҳокима кардани ояти рӯз ё ҳамроҳ хондани Китоби Муқаддас барои фаҳмидани фикру ҳиссиёти якдигар фурсати мувофиқ бошад.

8. Боз чӣ ҳамсаронро барои беҳтар кардани муошираташон бармеангезад?

8 Ҳам ба шавҳар ва ҳам ба зан муҳим аст, ки дуо гӯянд ва ба беҳтар кардани тарзи муошираташон хоҳиши самимӣ дошта бошанд. Албатта, дигар кардани одатҳои кӯҳнаи муошират душвор буда метавонад. Вале муҳаббат ба Яҳува, пурсидани рӯҳулқудси Ӯ ва муқаддас донистани издивоҷ онҳоро бармеангезад, ки тарзи муошираташонро беҳтар кунанд. Зане, ки 26 сол боз оиладор аст, мегӯяд: «Ману шавҳарам ба нуқтаи назари Яҳува оиди издивоҷ ҷиддӣ муносибат мекунем, аз ин сабаб дар бораи ҷудошавӣ ҳатто фикр намекунем. Ин моро ба саъю кӯшиши бештар водор мекунад, то мушкилиҳоямонро якҷоя муҳокима карда онҳоро ҳал кунем». Ҳамсароне, ки бо чунин роҳ ба Худо садоқатмандӣ нишон медиҳанд, дили Яҳуваро хурсанд мекунанд ва баракатҳои фаровон ба даст меоранд (Заб. 126:1).

МУҲАББАТАТОНРО ҚАВИТАР ГАРДОНЕД

9, 10. Бо кадом роҳҳои амалӣ ҳамсарон риштаи муҳаббаташонро мустаҳкам карда метавонанд?

9 Муҳаббат, ки «маҷмӯи камолот аст», хусусияти муҳимтарин дар издивоҷ мебошад (Қӯл. 3:14). Вақте ки ҳамсарон тӯли солҳо талхиву ширинӣ ва пастиву баландиҳои зиндагиро якҷоя аз сар мегузаронанд, риштаи муҳаббаташон мустаҳкамтар мегардад. Онҳо дӯстони қарин мешаванд ва якҷоя буданро бештар қадр мекунанд. Онҳо издивоҷи худро на бо кардани як-ду амали қаҳрамонона, ки мо инро дар филмҳо мебинем, мустаҳкам мегардонанд, балки бо бисёр амалҳои хурд, ба монанди меҳру навозиш, сухани нек, нигоҳи маънодор, табассум ё ҳолпурсии самимона. Ин чизҳои хурд дар издивоҷ аҳамияти калон дошта метавонанд. Як ҷуфти ҳамсарон, ки 19 сол боз хушбахтона зиндагӣ мекунанд, барои аҳволпурсӣ кардан дар давоми рӯз ба якдигар занг мезананд ё СМС мефиристонанд.

10 Муҳаббат инчунин ҳамсаронро бармеангезад, ки дар бораи якдигар фаҳмиданро давом диҳанд (Фил. 2:4). Ин кӯмак мекунад, ки онҳо нигоҳ накарда ба камбудиҳои якдигар муҳаббаташонро қавитар гардонанд. Издивоҷи муваффақ бо гузашти вақт боз ҳам мустаҳкам мегардад. Пас, агар шумо оиладор бошед, аз худ бипурсед: «То чӣ андоза ман ҳамсарамро хуб медонам? Оё ман оиди ин ё он масъала фикру ҳиссиёти ҳамсарамро мефаҳмам? Оё ман дар бораи он хислатҳои ҳамсарам, ки дар аввал маро ба ӯ ҷалб карда буданд, мулоҳиза меронам?»

ЭҲТИРОМРО ИНКИШОФ ДИҲЕД

11. Чаро дар издивоҷ эҳтиром кардани якдигар хеле муҳим аст? Мисол оред.

11 Ҳатто издивоҷи хушбахттарин комил нест ва ҳамсарони меҳрубон ҳам на ҳама вақт бо фикри якдигар розӣ буда метавонанд. Иброҳим ва Соро на ҳамеша бо ҳам розӣ буданд (Ҳас. 21:9–11). Вале, ин байни онҳо ҷудоӣ намеандохт. Барои чӣ? Онҳо бо ҳамдигар бо ҳурмату эҳтиром муносибат мекарданд. Масалан, Иброҳим ҳангоми ба Соро муроҷиат карданаш, калимаи «лутфан»-ро истифода мебурд (Ҳас. 12:11, 13, ТДН). Соро бошад ба Иброҳим итоат мекард ва ӯро «оғо»-и худ меҳисобид (Ҳас. 18:12). Вақте ки ба ҳамсарон эҳтироми байниҳамдигарӣ намерасад, ин одатан дар тарзи гуфтор ва оҳанги овози онҳо дида мешавад (Мас. 12:18). Агар дар издивоҷ эҳтиром набошад, он зери хатар буда метавонад. (Яъқуб 3:7–10, 17, 18-ро бихонед.)

12. Чаро бахусус навхонадорон бояд кӯшиш кунанд, ки бо ҳам эҳтиромона сухан гӯянд?

12 Хусусан ба навхонадорон лозим аст, ки барои ба якдигар бо меҳрубонӣ ва эҳтиром сухан гуфтан, кӯшиш намоянд. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки озодона ва кушоду равшан муошират кунанд. Шавҳаре мегӯяд, ки дар солҳои аввали издивоҷашон, онҳо ғайр аз хурсандӣ, баъзан рӯҳафтодагӣ низ ҳис мекарданд, чунки онҳо ҳиссиёт, одатҳо ва эҳтиёҷоти якдигарро хуб намефаҳмиданд. Аммо бомулоҳиза ва шӯхтабиат будан ба онҳо кӯмак расонд, ки муносибати хуб дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳамчунин зоҳир кардани фурӯтанӣ, пуртоқатӣ ва боварӣ ба Яҳува муҳим буд. Ин барои ҳамаи мо маслиҳати хуб мебошад!

ФУРӮТАНИИ ҲАҚИҚӢ ЗОҲИР КУНЕД

13. Барои чӣ фурӯтанӣ дар оилаи солим ва хушбахт омили хеле муҳим аст?

13 Муоширати хуб дар издивоҷ монанди ҷӯйборест, ки оромона аз байни боғе ҷорӣ аст. Барои он ки ин ҷӯйбор минбаъд низ оромона ҷорӣ шавад, «фурӯтанӣ» нақши калон мебозад (1 Пет. 3:8). Бародаре, ки 11 сол боз оиладор аст, мегӯяд: «Фурӯтанӣ роҳи аз ҳама тези ҳал намудани якдигарнофаҳмӣ аст, чунки ин шуморо водор мекунад, ки бахшиш пурсед». Як пири ҷамъомад, ки тӯли 20 сол дар ҳаёти оилавӣ хушбахт аст, қайд кард: «Баъзан гуфтани суханони “маро бубахш” аз “ман туро дӯст медорам” муҳимтаранд». Ӯ илова менамояд: «Дуо кӯмак мекунад, ки мо ҳар чӣ тезтар фурӯтанӣ зоҳир кунем. Вақте ки ману ҳамсарам якҷоя ба Яҳува дуо мегӯем, мо нокомилии худ ва меҳрубонии беҳамтои Худоро ба ёд меорем. Ин ба ман кӯмак мекунад, ки ба ҳама чиз нуқтаи назари дуруст дошта бошам».

Дар издивоҷатон муоширати хубро нигоҳ доред

14. Мағрурӣ ба издивоҷ чӣ гуна таъсир карда метавонад?

14 Хислати ҳавобаландӣ бошад, муоширати ҳамсарон ва ҳалли проблемаҳоро хеле душвор мегардонад. Шахси ҳавобаланду мағрур хоҳиш ё ҷуръат надорад, ки «илтимос, маро бубахш» гӯяд. Ба ҷои иқрор шудан ба камбудии худ, ӯ худашро сафед мекунад ё айбро ба гардани дигарон мепартояд. Агар чунин шахсро касе ранҷонад, ба ҷои барқарор кардани сулҳ вай ба хашм меояд ва эҳтимол бо дағалӣ ҷавоб медиҳад ё тамоман бо касе гап намезанад (Воиз 7:9). Бале, мағрурӣ метавонад издивоҷро барҳам диҳад. Дар ёд доштан хуб мебуд, ки «Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад» (Яъқ. 4:6).

15. Фаҳмонед, ки чӣ тавр истифодабарии принсипи Эфсӯсиён 4:26, 27 ба ҳамсарон барои ҳалли якдигарнофаҳмиҳо кӯмак карда метавонад.

15 Албатта, чунин фикр кардан нодуруст аст, ки ғурур ҳеҷ гоҳ зоҳир намегардад. Агар мо дар худ хислати мағруриро пай барем, бояд инро ба гардан гирем ва ҳар чи зудтар ислоҳ шавем. Павлус ба ҳамимононаш гуфта буд: «Нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад; ва ба иблис ҷой надиҳед» (Эфс. 4:26, 27). Беаҳамиятӣ нисбати Каломи Худо метавонад ба ғаму андӯҳи нодаркор оварда расонад. Хоҳаре бо афсӯс гуфт: «Ману шавҳарам баъзан суханони Эфсӯсиён 4:26, 27-ро ба кор намебурдем. Он шабҳо дар ҳаёти ман шабҳои бадтарин буданд!» То чӣ андоза беҳтар аст, агар мо бо мақсади барқарор кардани сулҳ душвориро ҳар чи зудтар муҳокима кунем. Албатта, пеш аз гап задан, шояд ба ҳамсарон каме вақт лозим шавад, ки ором шаванд. Ҳамчунин онҳо бояд дар дуо аз Яҳува фурӯтанӣ пурсанд. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки на танҳо дар бораи ҳиссиёти худ фикр кунанд, балки диққаташонро ба ҳал кардани проблема равона созанд. (Қӯлассиён 3:12; Эфсӯсиён 4:32-ро бихонед.)

16. Чӣ тавр фурӯтанӣ ба ҳамсарон барои қадр кардани хислату қобилиятҳои хуби якдигар кӯмак карда метавонад?

16 Фурӯтанӣ ва хоксорӣ ба ҳамсарон кӯмак мерасонад, ки хислатҳо ва қобилиятҳои хуби якдигарро қадр кунанд. Масалан, зан шояд қобилиятҳои махсус дорад, ки онро барои беҳбудии оилааш истифода мебарад. Агар шавҳари ӯ хоксор ва фурӯтан бошад, вай ба чунин фикр намеояд, ки бо ин занаш мавқеи ӯро паст мезанад, баръакс ӯ занашро бармеангезад, ки маҳорати худро истифода барад. Бо ин вай нишон медиҳад, ки занашро дӯст медорад ва қадр мекунад (Мас. 31:10, 28; Эфс. 5:28, 29). Дар навбати худ, зани хоксор ва фурӯтан бо қобилияти худ намеболад ё шавҳарашро паст намезанад. Охир, ҳар дуи онҳо «як тан» мебошанд ва мағрурӣ дар ин мавридҳо ба ҳар дуяшон дард меорад (Мат. 19:4, 5).

17. Ба оилаҳои имрӯза барои хушбахт будан ва Яҳуваро ҷалол додан чӣ кӯмак мерасонад?

17 Бешубҳа шумо мехоҳед, ки издивоҷатон ба монанди издивоҷи Иброҳим ва Соро ё Исҳоқу Ривқо ҳақиқатан хушбахту бардавом бошад ва Яҳуваро ҷалол диҳад. Пас, ба издивоҷ аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ кунед. Аз Каломи Ӯ фаҳмиш ва хирад биҷӯед. Хислатҳои хуби якдигарро қадр карда, муҳаббати ҳақиқиро, ки «алангаи илоҳист» инкишоф диҳед (С. Сурудҳо 8:6). Сахт бикӯшед, то дар худ фурӯтанӣ инкишоф диҳед. Бо ҳамсаратон эҳтиромона муносибат кунед. Агар шумо ин корҳоро кунед, издивоҷатон ба шумо ва ба Падари осмониатон хурсандӣ меорад (Мас. 27:11). Он гоҳ шумо бо як бародаре, ки 27 сол боз оиладор аст, ҳамфикр хоҳед буд. Ӯ навист: «Ман ҳаётамро бе ҳамсарам тасаввур карда наметавонам. Издивоҷи мо рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегардад, чунки мо Яҳуваро дӯст медорем ва бо ҳамдигар мунтазам муошират мекунем».