Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ҳаёти мо маънои ҳақиқӣ дорад

Ҳаёти мо маънои ҳақиқӣ дорад

ВАҚТЕ КИ соли 1958 писари ман Гари таваллуд ёфт, ман ҳис кардам, ки саломатии ӯ камбудӣ дорад. Лекин барои он ки духтурон бемории ӯро муайян кунанд, даҳ моҳ лозим шуд ва то вақти аз тарафи мутахассисони Лондон тасдиқ шудани он беморӣ, зиёда аз панҷ сол гузашт. Дар нӯҳсолагии Гари, духтарам Луиза таваллуд шуд ва вақте ман дидам, ки нишонаҳои бемории ӯ боз ҳам ҷиддитаранд, ман бисёртар зиқ шудам.

Духтурон бо дилсӯзӣ ба ман фаҳмонданд, ки ҳар ду фарзандам гирифтори бемории хеле ҷиддӣ * мебошанд ва ман то охир бояд бо ин зиндагӣ кунам. Он вақт дар бораи чунин намуди бемории генетикӣ, ки кам вомехӯрад, маълумоти аз ҳад кам вуҷуд дошт. Ин беморӣ одатан нишонаҳои зерин дорад: хирагии чашм, ки ба нобиноӣ мерасонад, фарбеҳӣ, панҷаҳои иловагӣ дар даст ё пой, суст инкишоф ёфтани ақл, мувофиқат накардани ҳаракатҳо, диабети қанд, буғумдардӣ (остеоартрит) ва бемориҳои гурда. Барои ҳамин, нигоҳубини фарзандонам кори хеле мушкил буд. Тадқиқотҳои ба наздикӣ гузаронидашуда нишон доданд, ки дар Бритониё аз байни 125 000 одам 1 нафарашон аз ин беморӣ азоб мекашад, гарчанде ки бисёрии онҳо метавонанд намуди сабуки онро дошта бошанд.

ЯҲУВА «ПАНОҲГОҲИ» МО ГАШТ

Чанде пас аз оиладор шуданам, ман бо яке аз Шоҳидони Яҳува сӯҳбат кардам ва ба зудӣ фаҳмидам, ки онҳо ҳақиқатро таълим медиҳанд. Аммо шавҳарам ба ин тамоман шавқ надошт. Аз сабаби кори ӯ мо доим дар сафар будем ва барои ҳамин ман бо ягон ҷамъомад ҳамкории зич дошта наметавонистам. Ба ин нигоҳ накарда, ман хондани Китоби Муқаддас ва ба Яҳува дуо гуфтанро давом медодам. Хондани ояти Забур 9:10, 11 барои ман хеле тасаллибахш буд, зеро ман фаҳмидам, ки «Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ» ва Ӯ «толибони Худро тарк» нахоҳад кард!

Чашмони Гари нағз намедиданд, барои ҳамин дар синни шашсолагӣ мо ӯро ба мактаб-интернати махсус, ки дар соҳили ҷанубии Англия буд, фиристодем. Вай мунтазам ба ман занг мезад ва чизҳоеро, ки ӯро ташвиш медоданд, мепурсид ва ман бо воситаи телефон метавонистам ба ӯ барои фаҳмидани принсипҳои асосии Китоби Муқаддас ёрӣ диҳам. Чанд сол пас аз таваллуди Луиза худи ман ҳам гирифтори касалие шудам, ки дар он иммунитети одам ҳуҷайраҳои асабро нобуд мекунанд (рассеянный склероз) ва инчунин аз бемории устухону мушакҳо (фибромиалгия) азоб мекашидам. Гари дар синни 16 солагӣ аз мактаб-интернат ба хона баргашт. Лекин торафт чашмаш хиратар шудан гирифт ва соли 1975 ӯро чун шахси нобино ба қайд гирифтанд. Соли 1977 шавҳарам моро тарк кард.

Чанде пас, баъди ба хона баргаштани писарам Гари, мо аъзои доимии ҷамъомаде гаштем ва ман соли 1974 таъмид гирифтам. Дар ҷамъомад ба мо меҳру муҳаббат зоҳир мекарданд. Ман аз пирон хеле миннатдор будам, ки ба Гари барои паси сар кардани душвориҳои гуногуни давраи наврасӣ кӯмак карданд. Дигар Шоҳидон ба ман дар корҳои хона ёрӣ медоданд ва оқибат чунин шуд, ки ҳокимияти маҳаллӣ панҷ нафари онҳоро чун касалбон ба оилаи мо ба таври расмӣ таъин кард. Ин барои мо дар ҳақиқат баракат буд!

Гари аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд карданро давом дод ва соли 1982 таъмид гирифт. Вай мехост, ки чун пешрави ёвар хизмат кунад ва барои ҳамин ман қарор додам, ки ба ӯ ҳамроҳ мешавам ва мо якчанд сол чун пешрави ёвар хизмат кардем. Муддате пас, нозири ноҳиявӣ ҳангоми бо писарам сӯҳбат кардан аз вай пурсид: «Гари, ту мехостӣ, ки пешравӣ доимӣ шавӣ?» Аз ин суханон Гари хеле хурсанд шуд, чунки ӯ маҳз ба чунин водоркунӣ ниёз дошт. Ҳамин тавр соли 1990 вай пешрави доимӣ шуд.

Гари ду ҷарроҳии буғуми косу ронро аз сар гузаронд, ки якумаш соли 1999 ва дуюмаш соли 2008 буд, лекин бемории Луиза аз ин ҳам ҷиддитар буд. Ӯ тамоман нобино таваллуд шуд ва вақте ман дар пои вай ангушти иловагиро дидам, ман фаҳмидам, ки ӯ низ ба беморие, ки Гари дорад, гирифтор аст. Дере нагузашта санҷишҳо ҳамчунин муайян карданд, ки бисёр узвҳои дарунии вай нуқсонҳои ҷиддӣ доранд. Дар муддати чанд сол ӯ ҷарроҳиҳои ҷиддиро, аз он ҷумла панҷ ҷарроҳии гурдаро аз сар гузаронид. Монанди Гари ӯ ҳам ба диабети қанд гирифтор аст.

Луиза медонист, ки ҳангоми ҷарроҳӣ душвориҳо рӯй дода метавонанд, барои ҳамин ӯ пешакӣ ба ҷарроҳон, духтурон ва роҳбарони беморхона қарорҳои худро оиди роҳҳои табобати бехун мефаҳмонд. Ҳамин тавр, ӯ бо ҳамаи онҳое, ки оиди саломатиаш ғамхорӣ мекунанд, муносибати хуб пайдо кард.

ҲАЁТИ МО МАҚСАД ДОРАД

Дар хонаи мо ҳаёт ҷӯш мезанад ва диққати ҳамаи мо ба ибодати Яҳува равона шудааст. Пеш аз дастрас гардидани таҷҳизоти электронии ҳозиразамон, ман барои хондани адабиётҳо ба Гари ва Луиза вақти бисёр сарф мекардам. Ҳоло бошад, ҳар яки мо метавонем CD ва DVD-дискҳо ва инчунин сабтҳоро аз сайти www.pr418.com дар вақти дилхоҳ истифода барем ва аз барномаи ҳарҳафтаинаи омӯзиши Китоби Муқаддас баҳра барем. Ҳамчунин мо метавонем дар вохӯриҳои масеҳӣ шарҳҳои пурмазмун диҳем.

Мо барои ҳақиқати пурарзиши Каломи илҳомбахшидаи Яҳува хеле миннатдорем!

Гари баъзан ҷавобҳояшро аз ёд мекунад, ва агар дар Мактаби таълими мавъиза нутқ дошта бошад, онро бо суханони худ мегӯяд. Ӯ соли 1995 ходими ёвар таъин шуд. Вай ҳамеша дар Толори Салтанат бародарону хоҳарони ба ҷамъомад омадаро пешвоз мегирад ва дар истифодаи воситаҳои техникиву овозӣ ёрӣ медиҳад.

Гари аз сабаби буғумдард буданаш аз аробача истифода мебарад ва дигар Шоҳидон бисёр вақт аробачаи ӯро тела дода ҳамроҳаш ба хизмат мераванд. Яке аз ҳамимононамон ба вай ёрӣ дод, ки бо шахси рағбатдор омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад. Гари ҳамчунин ба як хоҳаре, ки 25 сол боз ғайрифаъол буд, кӯмак кард. Ҳоло ҳардуи он шахсон ба ҷамъомад ташриф меоранд.

Дар синни нӯҳсолагӣ Луиза аз бибиаш ва яке аз онҳое, ки ӯро нигоҳубин мекард, бофтанро ёд гирифт ва ман бошам ба ӯ гулдӯзиро ёд додам. Азбаски ӯ ин ҳунарашро дӯст медорад, вай барои кӯдакон ва инчунин бародарону хоҳарони пиронсол кампалҳои рангоранг мебофад. Вай инчунин бо истифодаи расмчаҳои часпак табрикномаҳо месозад. Касоне, ки чунин табрикномаҳоро мегиранд, онҳоро хеле қадр мекунанд. Дар синни наврасиаш Луиза чоп кардани матнро низ ёд гирифт. Ҳоло ӯ бо ёрии компютери махсус бо дӯстонаш ба воситаи почтаи электронӣ мунтазам муошират мекунад. Луиза дар 17-солагиаш таъмид гирифт. Дар давоми як маъракаи махсус, мо ҳамроҳ чун пешрави ёвар хизмат кардем. Луиза ба монанди Гари оятҳоро аз ёд мекунад, то ваъдаҳои Худоро оиди дунёи нав, ки дар он «чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд» ва «сокине нахоҳад гуфт: “ман бемор ҳастам”», ба дигарон нақл кунад (Иш. 33:24; 35:5).

Мо барои ҳақиқати пурарзиши Каломи илҳомбахшидаи Яҳува хеле миннатдорем! Барои дастгирии пурмуҳаббати аъзоёни ҷамъомад дилҳои мо саршори миннатдорӣ мегардад, зеро бе ёрдами онҳо мо бисёр корҳоро карда наметавонистем. Ва хусусан ба туфайли кӯмаку дастгирии Яҳува ҳаёти мо маънои ҳақиқӣ пайдо кард.

^ сарх. 5 Ин бемории ҷиддӣ Лоренс-Мун-Барде-Бидл ном дорад. Он ба номи чор духтуре, ки ин бемории ирсиро муайян карданд, номгузорӣ шудааст. Чунин иллати генетикӣ ҳамон вақт дар фарзандон дида мешавад, агар ҳар ду волидон дорандаи гени суст бошанд. Имрӯз инро одатан бемории Барде-Бидл меноманд ва он муолиҷанашаванда аст.