Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Итоаткорӣ ба Яҳува бароям баракатҳои зиёд овард

Итоаткорӣ ба Яҳува бароям баракатҳои зиёд овард

«Чӣ намунаи олиҷанобро мо аз Нӯҳ меомӯзем! Нӯҳ ба Яҳува итоат мекард ва оилаашро дӯст медошт ва ҳамаи онҳо аз Тӯфон наҷот ёфтанд, чунки ба киштӣ даромада буданд»,— мегуфт падарам.

ИН ЯКЕ аз аввалин хотираҳоест, ки ман дар бораи падарам, ки марди хоксор ва меҳнатдӯст буд, дар ёд дорам. Вай ҳиссиёти сахти адолатмандӣ дошт, барои ҳамин, вақте ки ӯ соли 1953 хушхабари Китоби Муқаддасро шунид, ин ба ӯ сахт маъқул шуд. Аз он вақт сар карда, ӯ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, то ин ки чизҳои хондаистодаашро ба мо таълим диҳад. Модарам бошад, дар аввал намехост, ки урфу одатҳои дини католикиро партояд. Аммо бо мурури вақт вай низ таълимоти Китоби Муқаддасро қабул кард.

Ба волидонамон душвор буд, ки бо мо омӯзиш гузаронанд. Модарам саводаш кам буд ва падарам бошад, рӯзи дароз дар саҳро бисёр меҳнат мекард. Баъзан ӯ чунон сахт монда мешуд, ки дар вақти омӯзиш хобаш мебурд. Лекин кӯшишҳои ӯ бефоида набуданд. Ман фарзанди калонӣ будам ва ба хоҳару ду додарам барои омӯзиш кӯмак мерасондам. Мо дар бораи муҳаббати Нӯҳ нисбати оилааш ва итоаткории ӯ ба Худо, ки падарам хотиррасон мекард, бисёр гап мезадем. Ман ин ҳикояи Китоби Муқаддасро хеле дӯст доштам! Чанде пас, аҳли оилаи мо ба Толори Салтанат, ки дар шаҳри Розето-дели-Абрутси (дар соҳили Адриатика, Италия) ҷойгир буд, мерафтем.

Соли 1955, вақте ки ман 11-сола будам, ману модарам аз кӯҳ гузашта ба Рум, ба анҷумани аввалинамон рафтем. Аз ҳамон вақт сар карда, ман анҷуманҳоро хеле дӯст доштам.

Ман соли 1956 таъмид гирифтам ва дере нагузашта пешрав шудам. Дар 17-солагиам маро чун пешрави махсус ба шаҳри Латина таъин карданд, ки он дар қисми ҷанубии Рум ҷойгир шуда, аз хонаамон 300 километр дур буд. Ин шаҳр нав буд ва ҳеҷ кас парво надошт, ки ҳамсояҳо чӣ мегӯянд. Барои ҳамин, одамон бемалол аз ман ва хоҳаре, ки ҳамроҳам чун пешрави махсус хизмат мекард, адабиётҳоро мегирифтанд. Гарчанде ки ман дар он ҷо хурсандии зиёд мегирифтам, лекин аз сабаби хеле ҷавон буданам, хонаамонро ёд мекардам. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ман мехостам, ки ба ҳидояти Яҳува итоат кунам.

Рӯзи тӯямон

Баъдтар маро ба шаҳри Милан, барои ёрӣ расондан ба анҷумани байналхалқии «Инҷили абадӣ», ки бояд соли 1963 баргузор мегашт, фиристоданд. Дар давоми анҷуман ман ҳамроҳи дигар бародарону хоҳарон чун ёрдамчии ихтиёрӣ хизмат мекардам ва дар байни онҳо бародари ҷавоне аз Флоренсия буд, ки Паоло Печоли ном дошт. Ин бародар дар рӯзи дуюми анҷуман оиди муҷаррадӣ бо нутқи таъсирбахше баромад кард. Дар ёдам ҳаст, ки ман чунин фикр карда будам: «Ин бародар ҳеҷ гоҳ зан намегирад». Аммо баъд аз анҷуман мо ба якдигар нома менавиштагӣ шудем. Мо фаҳмидем, ки мақсадҳоямон якхелаанд ва ҳардуямон ҳам Яҳуваро хеле дӯст медорем ва ба Ӯ итоаткор будан мехоҳем. Паоло ва ман соли 1965 хонадор шудем.

ВОХӮРӢ БО РӮҲОНИЁНИ КАЛИСО

Ман дар Флоренсия чун пешрави доимӣ муддати 10 сол хизмат кардам. Дидани рушди ҷамъомад, махсусан пешравии рӯҳонии ҷавонон хурсандиовар буд. Паоло ва ман бо ин ҷавонон, ҳам оиди мавзӯъҳои рӯҳонӣ гап мезадем ва ҳам ҳамроҳашон вақт гузаронда, дам мегирифтем. Паоло бисёр вақт бо онҳо футболбозӣ мекард. Албатта ман мехостам, ки бо шавҳарам вақт гузаронам, лекин ҳамзамон дарк менамудам, ки ҷавонон ва оилаҳое, ки дар ҷамъомад буданд, ба таваҷҷӯҳу диққати ӯ мӯҳтоҷанд.

Ба хотир овардани бисёр омӯзандагони Китоби Муқаддас ба ман то ҳол хурсандӣ мебахшад. Яке аз онҳо зане бо номи Адриана буд, ки чизҳои омӯхта истодаашро ба ду оилаи дигар нақл мекард. Боре, ин оилаҳо бо рӯҳониёни калисо вохӯрӣ таъин карда, дар бораи таълимоти Сегона ва рӯҳи намиранда сӯҳбат карданӣ шуданд. Ба ин вохӯрӣ се пешвоёни рӯҳонӣ омаданд. Таълимоти онҳо оиди ин ду мавзӯъ беасосу нофаҳмо буданд ва омӯзандагон ба осонӣ диданд, ки ин гуфтаҳо ба таълимоти Китоби Муқаддас мувофиқ намеоянд. Албатта, ин вохӯрӣ ба омӯзандагон таъсири калон расонд. Ва чанде пас, аз байни ин ду оила 15 кас Шоҳиди Яҳува гашт.

Албатта дар рӯзҳои мо тарзи мавъизакунӣ тамоман дигар аст. Лекин он вақтҳо Паоло тез-тез бо рӯҳониён вохӯрда, таълимоти Китоби Муқаддасро муҳокима мекард ва дар ин тарзи мавъизакунӣ ботаҷриба гашта буд. Ман як баромади ӯро дар байни одамоне, ки Шоҳиди Яҳува набуданд, дар хотир дорам. Маълум шуд, ки рӯҳониён ба баъзеи ҳозирон пешакӣ саволҳое тайёр карда додаанд, то Паолоро дар вақти сӯҳбат дар ҳолати ногувор монанд. Лекин ин нақшаи онҳо амалӣ нагашт. Яке аз ҳозирон пурсид, ки оё ба сиёсат дахолат кардани калисо дуруст аст, чуноне ки он тӯли асрҳо карда истодааст. Ва рӯҳониён намедонистанд, ки ба ин савол чӣ хел ҷавоб диҳанд. Ногаҳон чароғ хомӯш шуд ва вохӯрӣ анҷом ёфт. Пас аз чанд сол, мо фаҳмидем, ки он рӯҳониён пешакӣ касеро хоҳиш кардаанд, ки дар ҳолати на он қадар хуб шудани вазъияташон чароғро хомӯш кунад.

ТАЪИНОТҲОИ НАВ ДАР ХИЗМАТ

Пас аз даҳ соли хонадоршавиамон, ману Паолоро таклиф карданд, ки чун нозири сайёр хизмат кунем. Паоло кори хуб дошт, аз ҳамин сабаб ба мо қарор баровардан осон набуд. Вале баъди бо дуо мулоҳиза рондан, мо қарор кардем, ки аз ӯҳдаи ин таъиноти нав мебароем. Мо бо оилаҳое, ки дар хонаашон меистодем, бо хурсандӣ вақт мегузарондем. Бегоҳиҳо мо бисёр вақт якҷоя омӯзиш мекардем ва баъди он Паоло ба кӯдакон барои иҷрои вазифаи хонагиашон, махсусан аз математика, ёрдам мекард. Ҳамчунин Паоло хонданро дӯст медошт ва ҳамеша чизҳои шавқовару рӯҳбаландкунандаи хондаашро бо шавқ нақл мекард. Рӯзҳои душанбе мо ба ду шаҳре, ки дар он ҷо Шоҳидон набуданд, рафта, одамонро ба нутқе, ки бегоҳ ба нақша гирифта шуда буд, таклиф мекардем.

Ҳамагӣ баъди ду соли чун нозири сайёр хизмат карданамон, моро ба Байт-Или Рум даъват карданд. Паоло дар Шӯъбаи ҳуқуқшиносӣ хизмат мекард ва ман бошам, дар Шӯъбаи обунашавӣ. Ин дигаргунӣ барои мо осон набуд, лекин мо итоаткор будан мехостем. Дидани васеъшавии филиал ва зиёдшавии Шоҳидон дар Италия хеле ҳаяҷонбахш буд. Дар он солҳо, дар Италия Шоҳидони Яҳува расман ба қайд гирифта шуданд. Мо бешубҳа аз ин намуди хизмат хурсанд будем.

Паоло бисёр вақт бо ҷавонон футболбозӣ мекард

Паоло корашро дар Байт-Ил дӯст медошт

Вақте ки мо дар Байт-Ил хизмат мекардем, мавқеи Шоҳидони Яҳува оиди хунгузаронӣ дар тамоми Италия маълум гашт. Дар аввали соли 1980, он ҷо кори судие шуда гузашт, ки он шӯру ғавғои бисёреро ба миён овард. Ҷуфти ҳамсароне, ки Шоҳиди Яҳува буданд, айбдор дониста шуданд, ки гӯё онҳо ба духтарчаашон хунгузарониро иҷозат надода, сабаби марги ӯ гаштаанд. Ин айбдоркунӣ ноҳақ буд, зеро духтарчаашон дар асл аз сабаби касалии ҷиддии хун, ки дар Италия ва гирду атрофи он паҳн шуда буд, вафот кард. Бародарону хоҳарон дар оилаи Байт-Ил ба ҳуқуқшиносоне, ки ин волидони масеҳиро дар суд ҳимоя мекарданд, ёрдам медоданд. Як рисола ва нашри махсуси «Бедор шавед!» чоп шуд, ки ба одамон нуқтаи назари Каломи Худоро оиди хун мефаҳмонд ва маълумоти аниқ медод. Дар давоми он моҳҳо Паоло бисёр вақт дар як рӯз 16 соат, бе танаффус кор мекард. Ман ҳар кори аз дастам меомадаро карда, ӯро дастгирӣ менамудам.

БОЗ ЯК ДИГАРГУНИИ ҲАЁТ

Баъд аз 20 соли оиладоршавиамон чизе рӯй дод, ки мо интизор набудем. Вақте ки ман 41-сола ва Паоло 49-сола буд, ман ба ӯ хабар додам, ки эҳтимол ҳомиладор ҳастам. Дар дафтарчаи ҳаррӯзаи (дневник) худ, Паоло оиди он рӯз суханони зеринро навишта буд: «Дуо: Агар ин рост бошад, ба мо кӯмак расон, то ки ходимони пурравақт монем ва рӯҳан суст нашавем, ба мо ёрдам кун, ки падару модари хуб бошем. Пеш аз ҳама, ба ман кӯмак кун, ки аз ҳамаи он чизҳое, ки ман зиёда аз 30 сол аз минбар баромад карда мегуфтам, ақаллан 1 фоизашро дар амал ба кор барам». Имрӯз, вақте ки ман дар бораи он суханон фикр мекунам, мебинам, ки Яҳува дар ҳақиқат ба дуои Паоло ва ман ҷавоб додааст.

Таваллуд шудани Илария ба ҳаёти мо бисёр дигаргуниҳо овард. Росташро гӯям, чуноне, ки дар Масалҳо 24:10 тасвир шудааст, баъзан мо рӯҳафтода мешудем. Он ҷо гуфта шудааст: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст». Вале мо чун пештара дастгирӣ кардани якдигарро давом медодем.

Илария бисёр вақт мегӯяд, ки хурсанд аст, чунки дар оилаи ду Шоҳиде, ки доимо бо хизмати пурравақт банд буданд, таваллуд ёфтааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ танҳо набуд, вай ҳамеша муҳаббат ва ғамхории моро ҳис мекард. Рӯзона ман ба ӯ нигоҳ мекардам. Бегоҳ бошад, Паоло ҳамроҳи ӯ вақт мегузаронд. Нигоҳ накарда ба он ки бисёр вақт Паоло корашро ба хона гирифта меомад, ӯ вақт ёфта бо духтарчаамон бозӣ мекард ва дар иҷро кардани вазифаҳои хонагиаш ба вай ёрдам медод. Ва барои тамом кардани кори ба хона овардааш баъзан ба ӯ лозим меомад, ки то соати ду ё сеи шаб кор кунад. Илария бисёр вақт мегуфт: «Падарам дӯсти беҳтарини ман аст».

Албатта, барои ба Илария роҳи дурустро ёд додан, ба мо лозим меомад, ки ӯро баъзан сахт танбеҳ диҳем. Масалан, ман дар ёд дорам, ки боре ӯ ҳангоми бо дугонааш бозӣ кардан, рафтори бад кард. Мо ба воситаи Китоби Муқаддас ба ӯ фаҳмонда додем, ки чаро ӯ набояд чунин рафтор кунад. Мо ҳамчунин ӯро водор кардем, ки дар ҳузури мо аз дугонааш бахшиш пурсад.

Илария мегӯяд, ки муҳаббате, ки волидонаш ба хизмати Худо доштанд, ба вай кӯмак кард, ки вай ҳам хизматро дӯст дорад. Ҳозир вай оиладор аст ва аз ҳарвақта хубтар мефаҳмад, ки ба Яҳува итоат кардан ва аз рӯи роҳнамоии Ӯ амал намудан то чӣ андоза муҳим аст.

ИТОАТКОРӢ ҲАТТО ДАР ЛАҲЗАҲОИ ДУШВОР

Соли 2008, Паоло фаҳмид, ки ӯ ба касалии саратон гирифтор аст. Дар аввал чунин менамуд, ки Паоло метавонад бар ин беморӣ ғолиб ояд ва ӯ маро хеле рӯҳбаланд мекард. Мо мекӯшидем, ки духтурони беҳтаринро ёбем, то ки ба Паоло ғамхорӣ кунанд. Ману Илария бисёр дуо мегуфтем ва аз Яҳува мепурсидем, ки ба ӯ барои қавӣ ва устувор будан ёрдам диҳад. Барои ман дидани ҳолати марде, ки як вақтҳо хеле бақувват буду, акнун оҳиста-оҳиста заифу бемадор мешуд, хеле душвор буд. Соли 2010 марги Паоло бароям мусибати сахте гашт. Лекин маро хотираҳое, ки аз 45 соли ҳаёти оилавиамон боқӣ монда буд, тасаллӣ мебахшиданд. Мо ба Яҳува чизи аз ҳама беҳтаринамонро додем ва ман медонам, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ кори моро фаромӯш намекунад. Ва ман хеле интизорам, ки мувофиқи суханони дар Юҳанно 5:28, 29 навишташуда Паоло эҳё мегардад.

«Дар қаъри дилам, ман то ҳол духтарчаи хурдакаке ҳастам, ки ҳикоя дар бораи Нӯҳро дӯст медорад. Рӯҳияи ман то ҳол дигар нашудааст»

Дар қаъри дилам, ман то ҳол духтарчаи хурдакаке ҳастам, ки ҳикоя дар бораи Нӯҳро дӯст медорад. Рӯҳияи ман то ҳол дигар нашудааст. Ман то ҳол мехоҳам, ки ба Яҳува, новобаста аз он ки Ӯ аз ман чӣ мепурсад, итоат кунам. Ман фаҳмидам, ки ҳамаи душвориҳо, қурбониҳо ё чизҳое, ки аз даст дода шудаанд, дар пеши баракатҳои олиҷаноби Худои меҳрубони мо ҳеҷу пучанд. Дар ҳаёти худ ман дидам, ки итоаткорӣ ба Яҳува ҳамеша арзиши зиёд дорад.