Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Яҳува гузоред, ки шуморо тарбия кунад

Ба Яҳува гузоред, ки шуморо тарбия кунад

«Бо машварати Худ маро ҳидоят мекунӣ, ва пас аз он маро ба ҷалол хоҳӣ расонд» (ЗАБ. 72:24).

1, 2. а) Барои бо Яҳува муносибати хуб доштан чӣ кор кардан лозим аст? б) Аз мисолҳои Навиштаҳо оиди он ки одамон ба тарбиякунии Яҳува чӣ гуна муносибат мекарданд, мо чиро мефаҳмем?

 «БАРОИ ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам, то ки тамоми аъмоли Туро ривоят намоям» (Заб. 72:28). Дар ин оят забурнавис бовариашро ба Худо изҳор кард. Чаро ӯ ба чунин хулосаи хирадмандона омад? Ӯ одамони шарирро мушоҳида карда, дар аввал хеле андӯҳгин шуда буд. Вай нола карда гуфт: «Беҳуда ман диламро соф кардаам, ва кафҳоямро ба покӣ шустаам» (Заб. 72:2, 3, 13, 21). Лекин, вақте ки ӯ «ба қудсҳои Худо даромад» вай тавонист, ки тарзи фикррониашро дигар кунад ва бо Худо муносибати наздикро нигоҳ дорад (Заб. 72:16–18). Баъди ин, он марди худотарс барои худ дарси муҳиме гирифт. Барои бо Яҳува муносибати наздик доштан, шахс бояд дар байни халқи Худо бошад, насиҳатҳоро қабул кунад ва онҳоро ба кор барад (Заб. 72:24).

2 Мо низ мехоҳем, ки бо Худои зинда ва ҳақиқӣ дӯстии наздик дошта бошем. Пас, мо бояд насиҳатҳо ё чораҳои ислоҳкунандаи Яҳуваро қабул кунем ва гузорем, ки Ӯ моро тарбия кунад! Дар замонҳои гузашта Худо бо меҳрубонӣ ба одамони алоҳида ва халқҳо имконият медод, ки гуфтаҳои Ӯро қабул намуда, ислоҳ шаванд. Ин мисолҳо дар Китоби Муқаддас «барои омӯхтани мо» ва «тарбияти мо» навишта шудаанд, то ки мо дар ин рӯзҳои охир аз онҳо дарс гирем (Рум. 15:4; 1 Қӯр. 10:11). Дар ин мақола мо баъзе намунаҳоро муҳокима мекунем ва мефаҳмем, ки тарзи фикрронии Яҳува чӣ гуна аст ва аз тарбиякунии Яҳува мо чӣ манфиат гирифта метавонем.

ЯҲУВА МИСЛИ КӮЗАГАР ҚУДРАТИ ХУДРО ИСТИФОДА МЕБАРАД

3. Дар Ишаъё 64:8 ва Ирмиё 18:1–6 қудрати Яҳува бар одамон чӣ гуна тасвир шудааст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Қудрате, ки Яҳува бар одамон ва халқиятҳо дорад, ба таври рамзӣ дар Ишаъё 64:8 тасвир карда шудааст: «Эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагарӣ мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем». Кӯзагар пурра ҳақ дорад, ки аз гил зарфи дилхоҳашро созад. Гил бошад, ба равиши кор таъсир расонида наметавонад. Дар ин мисол гил ба одам ва кӯзагар ба Худо монанд карда шудааст. Мо ҳақ надорем ба Худо гӯем, ки моро чӣ хел тарбия кунад, чуноне, ки гил наметавонад ба кӯзагар гӯяд, ки онро ба кадом намуд шакл диҳад. (Ирмиё 18:1–6-ро бихонед.)

4. Оё Яҳува одамон ё халқҳоро маҷбуран тарбия мекунад? Фаҳмонед.

4 Чӣ тавре ки кӯзагар бар гил қудрат дорад, Яҳува низ ҳақ дошт, ки Исроили қадимро тарбия кунад. Вале байни онҳо фарқияте вуҷуд дорад. Кӯзагар метавонад аз гил ҳар гуна зарфи дилхоҳашро созад. Лекин, Яҳува ин хел намекунад, яъне баъзе одамонро бад ва баъзеашонро хуб намесозад. Ӯ ба инсоният атои хеле пурарзиш — озодии ирода додааст. Вай қудраташро истифода бурда, одамонро ба итоат маҷбур намекунад. Баръакс, одамон худашон бояд интихоб кунанд, ки онҳоро Офаридгор тарбия кунад ё не. (Ирмиё 18:7–10-ро бихонед.)

5. Агар одамон аз тарбияи Яҳува якравона саркашӣ кунанд, Ӯ чӣ гуна рафтор мекунад?

5 Агар одамон аз тарбияи Кӯзагари Бузург, Яҳува якравона саркашӣ кунанд, он гоҳ Ӯ чӣ гуна рафтор мекунад? Масалан, агар гил барои сохтани зарфи лозима кор наояд, он гоҳ кӯзагар метавонад аз он чизи дигаре бисозад ё умуман онро партояд. Одатан бекор шудани гил бо айби кӯзагар рӯй медиҳад, зеро ӯ гилро нодуруст истифода бурдааст. Лекин Яҳува бошад, одамонро ҳамеша ба таври дуруст тарбия мекунад (Такр. Ш. 32:4). Агар шахс ба тарбияи Ӯ тан надиҳад, ин ҳамеша айби худи ӯст. Яҳува тарзи тарбия доданашро вобаста аз муносибати одамон тағйир медиҳад. Онҳое, ки ба тарбиякунии Ӯ дуруст муносибат мекунанд, ба худ манфиат меоранд. Масалан, масеҳиёни тадҳиншуда чун «зарфҳои марҳамат» мебошанд, зеро ба Яҳува роҳ доданд, ки онҳоро тарбия кунаду ба «зарфе барои истеъмолоти олӣ» шакл диҳад. Аз тарафи дигар, касоне, ки якравона ба Худо муқобилият мекунанд, «зарфҳои ғазаб» мегарданд, ки ғайр аз нобудшавӣ дигар ба ҳеҷ чиз кор намеоянд (Рум. 9:19–23).

6, 7. Шоҳ Довуд ва шоҳ Шоул ба мазаммати Яҳува чӣ гуна муносибат карданд?

 6 Яке аз роҳҳои одамонро тарбия кардани Яҳува ин маслиҳат додан ё ислоҳ кардан аст. Масалан, биёед дида мебароем, ки Яҳува ду шоҳи аввали Исроил — Шоул ва Довудро бо кадом роҳ тарбия кард. Вақте, ки шоҳ Довуд бо Батшобаъ зино кард, оқибатҳои бади он ба худаш ва ба дигарон таъсири сахт расонид. Яҳува нигоҳ накарда ба он ки Довуд подшоҳ буд, ӯро сахт мазаммат кард. Худо пайғамбар Нотонро бо хабари ҷиддӣ ба назди ӯ фиристод (2 Подш. 12:1–12). Довуд ба ин чӣ гуна муносибат кард? Ӯ дар ҳақиқат сахт пушаймон шуд ва ба марҳамати Худо сазовор гашт. (2 Подшоҳон 12:13-ро бихонед.)

 7 Баръакси ин, Шоул, ки пеш аз Довуд подшоҳӣ мекард, насиҳатро гӯш накард. Яҳува ба воситаи пайғамбар Самуил ба Шоул супориши аниқ дода гуфт, ки ҳамаи амолеқиён ва чорвои онҳоро нест кунад. Шоул ба ин амри Худо итоат накард. Вай подшоҳи амолеқиён, Аҷаҷро зинда гузошт ва чорвоёни беҳтаринро нигоҳ дошт. Чаро? Яке аз сабабҳо дар он буд, ки Шоул худро шӯҳрат додан мехост (1 Подш. 15:1–3, 7–9, 12). Баъди ин, Яҳува Самуилро ба пеши Шоул фиристод, то ки ӯро мазаммат кунад. Шоул бояд дилашро мулоим мекард ва ба Кӯзагари Бузург мегузошт, ки ӯро тарбия кунад. Лекин ӯ мазамматро рад намуд. Вай худашро сафед кард. Ӯ гуфт, ки чорвоёнро барои қурбонӣ нигоҳ доштааст ва аз ин рӯ, рафторашро дуруст ҳисобид. Яҳува Шоулро чун подшоҳ рад кард. Баъд аз ин ӯ муносибати хубро бо Худои ҳақиқӣ ба таври ҳамешагӣ гум кард. (1 Подшоҳон 15:13–15, 20–23-ро бихонед.)

Шоул ба мазаммат беэътиноӣ кард ва онро рад намуд. Ӯ ба тарбиякунии Худо тан надод! (Ба  сархати 7 нигаред)

Довуд пушаймон шуд, мазамматро қабул кард ва гузошт, ки Худо ӯро тарбия кунад. Шумо чӣ? (Ба  сархати 6 нигаред)

ХУДО РӮЙБИН НЕСТ

8. Халқи Исроил ба тарбиякунии Яҳува чӣ гуна муносибат мекард ва мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем?

8 Яҳува на танҳо ба шахсони алоҳида, балки инчунин ба халқҳо низ имконият медод, ки тарбияи Ӯро қабул кунанд. Соли 1513 то эраи мо исроилиён аз ғуломии Миср озод шуда, халқи махсуси Яҳува гаштанд. Исроилиён имконияти пуршараф доштанд, ки Яҳува чун Кӯзагари Бузург онҳоро дар чархаш шакл диҳад, яъне тарбия кунад. Лекин он халқ пайваста корҳое мекарданд, ки дар назари Яҳува бад буд ва ҳатто ба худоёни халқҳои дигар ибодат мекардагӣ шуданд. Барои онҳоро ислоҳ кардан, Яҳува гаштаву баргашта пайғамбаронро мефиристод, аммо исроилиён онҳоро гӯш намекарданд (Ирм. 35:12–15). Яҳува халқи Исроилро барои саркашиаш хеле сахт танбеҳ дод. Салтанати шимолии Исроил аз тарафи ашшуриён ва салтанати ҷанубии Яҳудо бошад, аз тарафи бобилиён забт карда шуд. Мо аз ин як дарси муҳим мегирем: аз тарбиякунии Яҳува мо танҳо ҳамон вақт манфиат гирифта метавонем, агар ба он дуруст муносибат кунем.

9, 10. Мардуми Нинве ба огоҳии Худо чӣ гуна муносибат карданд?

9 Яҳува ба сокинони шаҳри Нинве, пойтахти Ашшур, имконият дод, ки ба огоҳии ӯ гӯш диҳанд. Яҳува ба Юнус гуфт: «Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст» (Юнус 1:1, 2; 3:1–4).

10 Аммо, вақте ки Юнус хабари ҳалокатро эълон кард, «мардуми Нинве ба Худо имон оварданд, ва рӯза эълон карданд, ва аз калонашон то хурдашон палос пӯшиданд». Подшоҳи онҳо «аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст». Мардуми Нинве гузоштанд, ки Яҳува онҳоро тарбия кунад ва онҳо тавба карданд. Барои ҳамин, Яҳува шаҳри онҳоро нобуд накард (Юнус 3:5–10).

11. Аз рафтори Яҳува бо исроилиён ва сокинони Нинве мо кадом хислати Ӯро мефаҳмем?

11 Нигоҳ накарда ба он ки исроилиён халқи интихобшудаи Худо буданд, Ӯ онҳоро танбеҳ дод. Сокинони Нинве бошанд, халқи махсуси Худо набуданд. Ба ҳар ҳол, Яҳува ба онҳо хабари нобудкуниро расонд ва вақте ки онҳо худро дар дасти Ӯ чун гили мулоим нишон доданд, яъне ба тарбиякуниаш тан доданд, Ӯ ба онҳо меҳрубонӣ зоҳир кард. То чӣ андоза ин ду мисол равшан нишон медиҳанд, ки Худои мо Яҳува «рӯбинӣ намекунад»! (Такр. Ш. 10:17).

ЯҲУВА БОМУЛОҲИЗА ВА МУТОБИҚШАВАНДА АСТ

12, 13. а) Чаро Худо тарзи амалашро вобаста аз рафтори одамон дигар мекунад? б) Нисбати Шоул «пушаймон» шудани Яҳува чӣ маъно дошт ва дар мавриди сокинони Нинве чӣ?

12 Тарзи тарбиякунии Яҳува нишон медиҳад, ки Ӯ бомулоҳиза аст ва ба вазъият мутобиқ мешавад. Ин аз ҳолатҳое маълум мегардад, ки Яҳува мехост одамонро аз рӯи адолат доварӣ кунад, лекин баъд фикрашро аз боиси ислоҳ шудани онҳо дигар кард. Дар Китоби Муқаддас Яҳува оиди шоҳи аввалини Исроил чунин гуфт: «Пушаймонам, ки Шоулро подшоҳ кардам» (1 Подш. 15:11). Навиштаҳо оиди сокинони Нинве мегӯянд, ки «Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба карданд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд» (Юнус 3:10).

13 Феъле, ки аз забони ибронӣ «пушаймон шудан» тарҷума шудааст, маънои дигар кардани муносибат ё ниятро дорад. Замоне Шоул ба Яҳува маъқул буд. Аммо вақте ки Шоул беитоатӣ кард, Яҳува ӯро чун подшоҳ рад кард. Оё ин аз он сабаб рӯй дод, ки Яҳува ҳангоми ӯро ба подшоҳӣ интихоб кардан хато карда буд? Не, сабаб дар он буд, ки Шоул чун шахси беимон рафтор кард ва беитоат шуд. Худои ҳақиқӣ нисбати сокинони Нинве пушаймон шуд; яъне Ӯ нияташро нисбати онҳо дигар кард. Чӣ тасаллибахш аст, донистани он ки Яҳува, Кӯзагари мо, бомулоҳизаву меҳрубон ва бахшанда аст! Вақте ки шахсони хатокор ислоҳ мешаванд, Ӯ тайёр аст, ки тарзи амалашро дигар кунад.

БИЁЕД ЧОРАҲОИ ИСЛОҲКУНАНДАИ ЯҲУВАРО РАД НАКУНЕМ

14. а) Чӣ тавр Яҳува имрӯз моро тарбия мекунад? б) Ба тарбиякунии Худо мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?

14 Яҳува имрӯз моро пеш аз ҳама ба воситаи Калом ва ташкилоташ тарбия мекунад (2 Тим. 3:16, 17). Вақте ки бо ёрии ин воситаҳо ба мо насиҳате медиҳанд ё моро ислоҳ мекунанд, оё мо набояд онро қабул кунем? Новобаста аз он ки мо чанд сол боз ходими таъмидёфтаем ва дар хизмат соҳиби чӣ қадар таъинотҳо шудаем, мо бояд ба насиҳатҳои Яҳува гӯш карданро давом диҳем. Бо ин мо мегузорем, ки Ӯ моро тарбия кунад ва аз мо зарфе барои истеъмоли олӣ бисозад.

15, 16. а) Вақте ки шахс аз имтиёзҳои дар ҷамъомад доштааш маҳрум мегардад, дар ӯ кадом ҳиссиётҳои манфӣ пайдо шуда метавонанд? Мисол оред. б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки бо ҳиссиёти манфӣ мубориза барем?

15 Чӣ тавр Яҳува моро ислоҳ мекунад? Ӯ талаботҳои худро ба мо ёд медиҳад ва тарзи фикрронии моро ислоҳ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо бошад, аз сабаби хатогии ҷиддӣ карданамон мо ба чораҳои сахти ислоҳкунанда ниёз дорем. Дар натиҷаи андешида шудани чунин чораҳо мо метавонем баъзе имтиёзҳои дар ҷамъомад доштаамонро аз даст диҳем. Мисоли Денисро *, ки ҳамчун пир хизмат мекард, дида мебароем. Вай аз сабаби дар масъалаҳои корӣ (бизнес) беандешагӣ карданаш, хатогии ҷиддие кард ва барои ҳамин, нисбати ӯ чораҳои ислоҳкунанда андешида шуд. Вақте дар ҷамъомад эълон карданд, ки ӯ дигар пири ҷамъомад нест, Денисро чӣ гуна ҳиссиёт фаро гирифт? «Ман худро ночизу ноӯҳдабаро ҳис кардам,— мегӯяд ӯ.— Зиёда аз 30 сол, ман имтиёзҳои гуногун доштам: пешрав будам, дар Байт-Ил хизмат кардам, ходими ёвар ва сипас пири ҷамъомад таъин шудам. Ман ҳамчунин дар анҷумани вилоятӣ аввалин бор бо нутқ баромад кардам. Ногаҳон ҳамаи ин аз даст рафт. Ғайр аз шарму хиҷолат кашидан, ман боз фикр мекардам, ки дигар дар ташкилоти Яҳува барои ман ҷой нест».

16 Денис бояд тарзи рафторашро дигар мекард ва аз роҳи хатояш мегашт. Лекин чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки бо ҳиссиёти манфиаш мубориза барад? Вай мефаҳмонад: «Ман бо қатъият қарор кардам, ки реҷаи хуби рӯҳониро нигоҳ медорам. Рӯҳбаландие, ки ман аз бародарону хоҳарон ва аз хондани адабиётҳоямон мегирифтам, маро дастгирӣ мекард. Мақолаи “Оё шумо метавонед аз нав худро ба хизмати махсус пешкаш кунед?” аз “Бурҷи дидбонӣ” (15 августи с. 2009, рус.) мисли номае буд, ки шахсан ба ман навишта шудааст. Дар он ман ба дуоҳои худ ҷавоб гирифтам. Аз насиҳатҳое, ки дар он навишта шуда буд, хусусан маслиҳати зерин ба ман сахт маъқул шуд: “То даме ки шумо дар ҷамъомад вазифаҳои иловагӣ надоред, диққататонро ба мустаҳкам кардани рӯҳонияти худ равона созед”». Аз чораҳои ислоҳкунанда Денис чӣ тавр манфиат гирифт? Баъди якчанд сол, Яҳува ӯро аз нав баракат дод ва ӯ ходими ёвар гашт.

17. Аз ҷамъомад хориҷ кардани шахси гунаҳкор ба ӯ чӣ хел кӯмак карда метавонад? Мисол оред.

17 Тарзи дигари ислоҳкунӣ ин аз ҷамъомад хориҷ кардан аст. Ин чора ҷамъомадро аз таъсироти бад нигоҳ медорад ва барои ислоҳ шудани гунаҳкор мусоидат мекунад (1 Қӯр. 5:6, 7, 11). Роберт қариб тӯли 16 сол аз ҷамъомад хориҷ буд. Дар давоми ин солҳо волидон ва бародаронаш бо қатъият ва содиқона ба амри Худо итоат карда, бо ӯ муошират ва ҳатто саломуалейк намекарданд. Ҳоло чанд сол аст, ки Роберт дар ҷамъомад барқарор шудааст ва рӯҳан рушд мекунад. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чӣ ӯро водор кард, ки баъди солҳои зиёд ба назди Яҳува ва халқаш баргардад, вай гуфт, ки муносибати оилааш ба вай таъсир кард. «Агар наздиконам бо ман ақаллан камтар муошират мекарданд, ин бароям кофӣ мебуд ва эҳтимол хоҳиши ба назди Яҳува баргаштан дар ман пайдо намешуд».

18. Дар дасти Кӯзагари Бузург мо бояд чӣ гуна гил бошем?

18 Шояд чунин чораҳои ислоҳкунанда нисбати мо лозим наоянд, вале хуб мебуд, ки ҳар яки мо дар бораи саволҳои зерин фикр кунем: «Вақте ки Кӯзагари Бузург маро тарбия мекунад, ман дар дасти Ӯ чӣ гуна гил хоҳам буд? Агар маро мазаммат кунанд, ман чӣ гуна муносибат мекунам: мисли Довуд ё мисли Шоул?» Кӯзагари Бузург — Падари мо, Яҳува аст. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки «Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад, ва ба вай, монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд». Барои ҳамин, дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «ҷазои Худовандро рад накун, ва аз мазаммати Ӯ дилгир нашав» (Мас. 3:11, 12).

^ сарх. 15 Номҳо иваз шудаанд.