Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар Ҳастӣ 6:2, 4 зери ибораи «Писарони Худо», ки пеш аз Тӯфон дар замин зиндагӣ мекарданд, киҳо дар назар дошта шудаанд?

Далелҳо нишон медиҳанд, ки ин ибора ба писарони рӯҳонии Худо ишора мекунад. Кадом далелҳо?

Дар ояти Ҳастӣ 6:2 чунин гуфта шудааст: «Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд».

Дар Навиштаҳои Ибронӣ — Ҳастӣ 6:2, 4, Айюб 1:6; 2:1; 38:7 ва Забур 88:7 ибораи «писарони Худо» ва «фарзандони Худо» вомехӯранд. Ин оятҳо оиди ибораи «писарони Худо» чиро ошкор мекунанд?

«Фарзандони Худо», ки оиди онҳо дар ояти Айюб 1:6 навишта шудааст, бешубҳа офаридаҳои рӯҳонии Яҳува мебошанд, ки дар наздаш ҷамъ омада буданд. Дар байни онҳо Шайтон низ ҳузур дошт, ки «аз давр задан бар замин» омада буд (Айюб 1:7; 2:1, 2). Ба ин монанд, дар оятҳои Айюб 38:4–7 мо дар бораи «фарзандони Худо» мехонем, ки ҳангоми заминро бунёд кардани Худо «нидоҳои шодӣ медоданд». Онҳо фариштагон буданд, зеро одамон ҳоло офарида нашуда буданд. Дар Забур 88:7 «фарзандони Худо» бешубҳа офаридаҳои осмонии Худо мебошанд, на одамон.

Пас, дар Ҳастӣ 6:2, 4 «писарони Худо» киҳо мебошанд? Бо назардошти далелҳои дар боло зикршуда хулоса кардан дуруст мебуд, ки гап дар бораи писарони рӯҳонии Худо меравад, ки ба замин омада буданд.

Барои баъзеҳо фаҳмидан душвор аст, ки фариштагон ба алоқаи ҷинсӣ шавқ дошта метавонанд. Суханони Исо аз Матто 22:30 нишон медиҳанд, ки дар осмон издивоҷ ва алоқаи ҷинсӣ нест. Лекин фариштаҳо баъзан ҷисми одамӣ гирифта, ҳатто бо одамон мехӯрданд ва менӯшиданд (Ҳас. 18:1–8; 19:1–3). Пас, чунин хулоса баровардан дуруст аст, ки фариштагон дар ҷисми одамӣ бо занҳо алоқаи ҷинсӣ карда метавонистанд.

Барои боварӣ доштан ба он ки баъзе фариштагон чунин амал карда буданд, дар Китоби Муқаддас сабабҳои асоснок вуҷуд доранд. Дар ояти Яҳудо 6, 7 гуноҳи сокинони Садӯм, ки хоҳишҳои ғайритабиӣ доштанд, бо гуноҳи фариштаҳое, ки «мартабаи худро маҳфуз надошта», манзили худро тарк карданд, муқоиса карда шудааст. Монандии байни онҳо дар он буд, ки ҳам он фариштагон ва ҳам сокинони Садӯм «ба зино дода шуда», аз паи хоҳиши ғайритабиӣ рафта буданд. Фикри ба ин монанде дар ояти 1 Петрус 3:19, 20 оварда шудааст, ки фариштагони беитоатро бо «айёми Нӯҳ» алоқаманд мекунад (2 Пет. 2:4, 5). Барои ҳамин, беитоатии фариштагони замони Нӯҳро бо гуноҳи Садӯм ва Амӯро муқоиса карда метавонем.

Вақте мо дарк мекунем, ки «писарони Худо» аз Ҳастӣ 6:2, 4 фариштагоне мебошанд, ки ҷисми одамӣ гирифта, бо занҳо зино карда буданд, пас фаҳмидан осон мешавад, ки барои чӣ онҳо бо сокинони Садӯм муқоиса карда шудаанд.

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо «ба арвоҳе [рӯҳҳое] ки дар зиндон буданд, мавъиза намуд» (1 Пет. 3:19). Ин чӣ маъно дорад?

Петруси ҳавворӣ ба ин рӯҳҳо чун ба онҳое ишора кард, ки «пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид» (1 Пет. 3:20). Равшан аст, ки Петрус офаридаҳои рӯҳиеро дар назар дошт, ки ба исёни Шайтон ҳамроҳ шуда буданд. Яҳудо низ дар бораи фариштагоне навишт, ки «мартабаи худро маҳфуз надошта», манзили худро тарк карданд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки Худо онҳоро «дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ» доштааст (Яҳд. 6).

Бо кадом роҳ ин офаридаҳои рӯҳонӣ дар рӯзҳои Нӯҳ беитоатӣ нишон доданд? Пеш аз Тӯфон, ин рӯҳҳои бад ба худ ҷисми одамӣ гирифтанд, ки ин кор аз рӯи амри Худо набуд (Ҳас. 6:2, 4). Беш аз ин, бо занон алоқаи ҷинсӣ кардани он фариштагон амали ғайритабиӣ буд. Худо офаридаҳои рӯҳиро барои бо занон алоқаи ҷинсӣ кардан наофаридааст (Ҳас. 5:2). Ин фариштагони бад ва беитоат дар вақти муайянкардаи Худо нест карда хоҳанд шуд. Ҳоло бошад, чуноне, ки Яҳудо қайд кард, онҳо «дар зулмот» мебошанд, яъне гӯё дар зиндони рӯҳонӣ қарор доранд.

Кай ва чӣ тавр Исо ба ин рӯҳҳое, ки «дар зиндон»-анд, мавъиза кард? Петрус навишт, ки ин баъди «ба ҳасби рӯҳ зинда» гаштани Исо рӯй дод (1 Пет. 3:18, 19). Аҳамият диҳед, ки Петрус мегӯяд, ки Исо ба онҳо «мавъиза намуд». Дар ин ҷо ӯ феъли замони гузаштаро истифода бурдааст. Ин нишон медиҳад, ки Исо ба он фариштагон пеш аз навишта шудани номаи Петрус мавъиза карда буд. Аз афташ Исо чанде пас аз эҳёшавиаш, ба фариштагони бад дар бораи ҷазое, ки онҳо дар оянда мегиранд — ва ин ҷазо пурра аз рӯи адолат аст — эълон кард. Яъне Исо ба онҳо на ягон хабари умедбахш, балки хабари довариро мавъиза кард (Юнус 1:1, 2). Вақте ки Исо то дами марг имон ва садоқатмандӣ нишон дод ва сипас эҳё гашт, исбот кард, ки Иблис дар ҳақиқат бар ӯ ҳеҷ қудрате надорад. Аз ин рӯ, Исо барои эълон кардани чунин хабари маҳкумкунанда асос дошт (Юҳ. 14:30; 16:8–11).

Дар оянда, Исо ҳам Шайтон ва ҳам фариштагони вайро бандубаст карда, ба варта мепартояд (Луқ. 8:30, 31; Ваҳй 20:1–3). То он вақт, ин фариштагони беитоат дар торикии рӯҳонӣ қарор хоҳанд дошт ва оқибат пурра нест хоҳанд шуд (Ваҳй 20:7–10).