Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ба расм нигаред!»

«Ба расм нигаред!»

Ҳар боре ки шумо шумораи нави ин маҷалларо мекушоед, чанд бор ба дигарон ин суханонро мегӯед? Расм ва суратҳои зебое, ки бо кӯшиши зиёд тайёр карда шудаанд, мақсади муайяне доранд. Онҳо моро ба мулоҳиза барангехта, ба омӯзиш ёрӣ медиҳанд. Ва расмҳо метавонанд махсусан ҳангоми тайёрӣ ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» ва иштирок дар он, ба мо кӯмак расонанд.

Масалан, дар бораи расми якуме, ки барои ҳар як мақолаи омӯзишӣ интихоб шудааст, фикр кунед. Мақсади овардани он расм дар чист? Чӣ тавр он бо номи мақола ё ояти асосӣ алоқаманд аст? Дар бораи дигар расмҳои овардашуда низ фикр кунед, ки чӣ тавр он ба мавзӯи муҳокима шудаистода ва ҳаёти шахсии шумо алоқаманд аст.

Ба барандаи омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» лозим аст, ки ба аъзоёни ҷамъомад имконият диҳад, ки ҳар як расмро шарҳ дода манфиат ё чӣ гуна шахсан ба онҳо таъсир кардани онро фаҳмонанд. Баъзан суханоне, ки зери расмҳо оварда мешаванд, ба сархатҳои махсус ишора менамоянд. Аз дигар тараф, баранда худаш метавонад қарор кунад, ки кадом сархат барои муҳокимаи ин ё он расм бештар мувофиқ аст. Расмҳо барои он кашида шудаанд, ки хонандагон дарсҳои Каломи Худоро бештар тасаввур кунанд. Ва дида баромадани онҳо барои ҳама манфиатбахш аст.

Як бародар дар ин бора ҳиссиёташро чунин баён мекунад: «Баъд аз хондани мақолаи олиҷаноб, суратҳояш мисли ороишоти рӯи торт мебошанд».