Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад?»

«Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад?»

«Аломати омадани [«ҳузур доштани», ТДН] Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (МАТ. 24:3).

1. Мо мисли ҳаввориёни Исо чиро сахт фаҳмидан мехоҳем?

 ХИЗМАТИ заминии Исо ба охир мерасид ва шогирдони ӯ сахт фаҳмидан мехостанд, ки дар оянда онҳоро чӣ интизор аст. Аз ин рӯ, чанд рӯз пеш аз марги Исо чор ҳаввориёнаш аз ӯ пурсиданд: «Аломати омадани [«ҳузур доштани», ТДН] Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Мат. 24:3; Марқ. 13:3). Ҷавоби Исо дар бобҳои 24 ва 25-и китоби Матто навишта шудааст. Он ҷо ӯ дар бораи рӯй додани бисёр воқеаҳои муҳим пешгӯӣ кардааст. Суханони ӯ барои мо аҳамияти калон доранд, чунки мо низ сахт фаҳмидан мехоҳем, ки дар оянда моро чӣ интизор аст.

2. а) Тӯли солҳои зиёд ходимони Худо чиро тадқиқ карда, аниқтар фаҳмидан мехостанд? б) Кадом се саволро мо дида мебароем?

2 Дар тӯли солҳои зиёд бародарони тадҳиншуда, ки роҳбариро ба ӯҳда доштанд, пешгӯии Исоро дар бораи рӯзҳои охир тадқиқ мекарданд ва барои онро фаҳмидан дуо мегуфтанд. Онҳо мекӯшиданд, то аниқтар фаҳманд, ки суханони Исо маҳз кай иҷро мешаванд. Барои нишон додани он ки фаҳмиши мо оиди он пешгӯӣ чӣ гуна равшантар гашт, биёед се саволро дида бароем: «Мусибати бузург» кай сар мешавад? Кай Исо доварӣ карда, одамонро ба «гӯсфандон» ва «бузҳо ҷудо мекунад»? Исо кай «меояд»? (Мат. 24:21; 25:31–33).

МУСИБАТИ БУЗУРГ КАЙ САР МЕШАВАД?

3. Дар гузашта мо оиди мусибати бузург чӣ гуна фаҳмиш доштем?

3 Дар гузашта мо фикр мекардем, ки мусибати бузург соли 1914 бо Ҷанги Якуми Ҷаҳон сар шуд ва бо он ки ҷанг соли 1918 тамом шуд, Яҳува «он айём[-ро] кӯтоҳ» кард. Ин баҳри он буд, ки бақияи тадҳиншудагон барои ба тамоми халқҳо мавъиза кардани хушхабар имконият дошта бошанд (Мат. 24:21, 22). Ва мо интизор будем, ки баъди ба охир расидани кори мавъиза Худо ҷаҳони Шайтонро нест мекунад. Ҳамин тавр, мо пеш чунин мефаҳмидем, ки мусибати бузург се марҳила дорад: 1) саршавии он (1914–1918); 2) муваққатан қатъ шудани он (аз соли 1918 он тараф) ва 3) анҷом ёфтани он дар Ҳармиҷидӯн.

4. Кадом фаҳмиш ба пешгӯии Исо оиди рӯзҳои охир равшанӣ меандозад?

4 Лекин таҳқиқоти минбаъда оиди пешгӯии Исо ба мо баъзе чизҳоро аниқтар кард. Мо фаҳмидем, ки як қисми пешгӯии Исо оиди рӯзҳои охир ду иҷрошавӣ дорад (Мат. 24:4–22). Бори аввал он дар асри яки эраи мо, дар Яҳудо иҷро шуд ва бори дуюм бошад, он бояд дар рӯзҳои мо, дар миқёси умумиҷаҳонӣ иҷро шавад. Ва ин фаҳмиш дар навбати худ ба якчанд чиз равшанӣ андохт *.

5. а) Соли 1914 кадом давраи душвор сар шуд? б) Ин давраи душвор ба кадом давраи пеш монанд аст?

5 Мо инчунин фаҳмидем, ки мусибати бузург соли 1914 сар нашудааст. Чаро? Барои он ки пешгӯии Китоби Муқаддас ошкор мекунад, ки мусибати бузург на бо ҷанги байни халқҳо, балки бо ҳамла ба дини дурӯғ сар мешавад. Ҳамин тавр, воқеаҳои соли 1914 саршавии мусибати бузург неву, балки «ибтидои дардҳо» буданд (Мат. 24:8). Ин «ибтидои дардҳо» бо воқеаҳое, ки дар Ерусалим ва Яҳудо аз соли 33 то 66-уми эраи мо рӯй доданд, монанд мебошанд.

6. Кадом воқеа аломати саршавии мусибати бузург хоҳад буд?

 6 Кадом воқеа аломати саршавии мусибати бузург хоҳад буд? Исо пешгӯӣ кард: «Чун кароҳати [ифлосиҳои] харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед,— ҳар кӣ хонад, дарк кунад,— он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд» (Мат. 24:15, 16). Ин пешгӯӣ бори аввал дар соли 66-уми эраи мо иҷро шуд. Он вақт лашкарони Рум («кароҳати харобӣ») дар Ерусалим ва маъбади он (ки барои яҳудиён «ҷои муқаддас» ҳисоб меёфт) меистоданд. Ин пешгӯӣ дар оянда ба миқёси калонтар иҷро хоҳад шуд. Кай? Вақте ки Созмони Миллали Муттаҳид («кароҳати харобӣ»-и замони мо) ба ҷаҳони масеҳият (ки дар назари одамони ба ном масеҳӣ муқаддас аст) ва бақияи Бобили бузург ҳамла мекунад. Чунин ҳамла дар Ваҳй 17:16–18 тасвир шудааст. Ин воқеа саршавии мусибати бузург хоҳад буд.

7. а) Ба туфайли чӣ масеҳиёни асри як наҷот ёфтанд? б) Дар оянда мо чиро интизор шуда метавонем?

 7 Исо инчунин пешгӯӣ карда гуфт: «Он айём кӯтоҳ хоҳад шуд». Бори аввал ин суханон соли 66-уми эраи мо, вақте ки лашкари Рум ҳамлаи худро «кӯтоҳ» кард, иҷро шуданд. Он гоҳ масеҳиёни тадҳиншуда аз Ерусалим ва Яҳудо гурехтанд, то ки «наҷот» ёбанд (Матто 24:22-ро бихонед; Мал. 3:17). Пас, дар давоми мусибати бузурги дарпешистода мо чиро интизор шуда метавонем? Он гоҳ Яҳува вақти ҳамлаи Созмони Миллали Муттаҳидро ба дини дурӯғ «кӯтоҳ» карда, иҷозат нахоҳад дод, ки дини ҳақиқӣ ҳамроҳи дини дурӯғ нест шавад. Ин ба мо боварӣ мебахшад, ки халқи Худо наҷот хоҳад ёфт.

8. а) Пас аз гузаштани қисми аввали мусибати бузург кадом воқеаҳо рӯй хоҳанд дод? б) Кай аъзои охирини 144 000 нафар мукофоти осмонии худро хоҳад гирифт? (Ба эзоҳ нигаред.)

  8 Пас аз гузаштани қисми аввали мусибати бузург чӣ рӯй медиҳад? Суханони Исо нишон медиҳанд, ки фосилаи вақте хоҳад буд, ки он то сар шудани Ҳармиҷидӯн давом мекунад. Дар давоми он вақт кадом воқеаҳо рӯй хоҳанд дод? Ҷавобро аз оятҳои Ҳизқиёл 38:14–16 ва Матто 24:29–31 ёфтан мумкин аст. (Бихонед.) * Сипас мо Ҳармиҷидӯн — авҷи аълои мусибати бузургро хоҳем дид. Он ба нобудшавии Ерусалим, ки соли 70-уми эраи мо рӯй дода буд, монандӣ хоҳад дошт (Мал. 4:1). Он мусибати бузурги дар пешистода бо авҷи аълои худ, Ҳармиҷидӯн, воқеае хоҳад буд, ки мисли он «аз ибтидои олам то ҳол нашудааст» (Мат. 24:21). Баъди гузаштани он, Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ сар мешавад.

9. Пешгӯии Исо дар бораи мусибати бузург ба халқи Яҳува чӣ тавр таъсир мекунад?

9 Ин пешгӯӣ дар бораи мусибати бузург моро қувват мебахшад. Чаро? Зеро он моро бовар мекунонад, ки бо чӣ гуна душвориҳое, ки мо рӯ ба рӯ нашавем, халқи Яҳува дар кулли худ аз мусибати бузург хоҳад гузашт (Ваҳй 7:9, 14). Пеш аз ҳама сабаби шод гаштани мо аз рӯй додани Ҳармиҷидӯн дар он аст, ки Яҳува ҳақ будани ҳокимияташро исбот мекунад ва номашро муқаддас мегардонад (Заб. 82:19; Ҳиз. 38:23).

КАЙ ИСО ДОВАРӢ КАРДА, ОДАМОНРО БА «ГӮСФАНДОН» ВА «БУЗҲО ҶУДО МЕКУНАД»?

10. Пеш мо дар бораи вақти иҷрошавии пешгӯӣ оиди гӯсфандон ва бузҳо чӣ гуна фаҳмиш доштем?

10 Акнун, вақти иҷрошавии қисми дигари пешгӯии Исо — масал оиди гӯсфандон ва бузҳоро дида мебароем (Мат. 25:31–46). Пештар мо чунин фаҳмиш доштем, ки ба гӯсфандон ва бузҳо ҷудо шудани одамон аз соли 1914 сар шудааст ва дар тамоми давраи охирзамон давом меёбад. Мо ба чунин хулоса омада будем, ки касе ки хабари Салтанатро рад мекунад ва пеш аз оғози мусибати бузург вафот мекунад, дар қатори «бузҳо» хоҳад буд ва умеди эҳёшавӣ нахоҳад дошт.

11. Чаро ба гӯсфандону бузҳо ҷудо кардани одамон соли 1914 сар шуда наметавонист?

11 Соли 1995, ояти Матто 25:31 дар «Бурҷи дидбонӣ» аз нав дида баромада шуд. Дар он оят гуфта шудааст: «Вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст». Ва дар он «Бурҷи дидбонӣ» қайд шуда буд, ки Исо соли 1914 Подшоҳи Салтанати Худо гашт, вале ҳоло Довари «ҳамаи халқҳо» нашудааст (Мат. 25:32; бо Дониёл 7:13 муқоиса кунед). Масал оиди гӯсфандон ва бузҳо бошад, Исоро пеш аз ҳама чун Довар тасвир мекунад. (Матто 25:31–34, 41, 46-ро бихонед. *) Азбаски соли 1914 Исо Довари ҳамаи халқҳо нагашт, ба гӯсфандон ва бузҳо ҷудо кардани одамон дар соли 1914 сар шуда наметавонист *. Пас, ин доварии Исо кай сар мешавад?

12. а) Кай Исо бори аввал чун Довари ҳамаи халқҳо амал хоҳад кард? б) Дар Матто 24:30, 31 ва Матто 25:31–33, 46 кадом воқеаҳо тасвир шудаанд?

  12 Пешгӯии Исо оиди рӯзҳои охир чизи муҳимеро ошкор мекунад: ӯ бори аввал чун Довари ҳамаи халқҳо баъди нобудшавии динҳои дурӯғ амал хоҳад кард. Чӣ тавре ки дар  сархати 8 қайд шуда буд, баъзе воқеаҳое, ки он вақт рӯй хоҳанд рӯй дод, дар Матто 24:30, 31 навишта шудаанд. Аҳамият диҳед, ки дар ин оятҳо Исо воқеаҳоеро пешгӯӣ кард, ки ба воқеаҳои масал оиди гӯсфандон ва бузҳо монанд мебошанд. Масалан, ба ин воқеаҳо аҳамият диҳед: Писари Одам дар ҷалоли худ ва бо фариштагон меояд; ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; онҳое, ки баъди доварӣ аз ҷумлаи гӯсфандон дониста мешаванд, «сарҳои худро баланд» мекунанд, чунки онҳоро «ҳаёти ҷовидонӣ» интизор аст *. Онҳое, ки баъди доварӣ аз ҷумлаи бузҳо дониста мешаванд, мефаҳманд, ки онҳоро нестшавии абадӣ интизор аст ва «навҳа» мекунанд (Мат. 25:31–33, 46).

13. а) Кай Исо одамонро доварӣ карда онҳоро ба «гӯсфандон» ва «бузҳо» ҷудо мекунад? б) Ин фаҳмиш ба муносибати мо нисбати хизмат чӣ гуна таъсир мерасонад?

 13 Инак, мо ба кадом хулоса омада метавонем? Исо ҳамаи халқҳоро ҳангоми дар мусибати бузург омаданаш ба гӯсфандон ва бузҳо ҷудо хоҳад кард. Сипас, дар Ҳармиҷидӯн, ки авҷи аълои мусибати бузург аст, «бузҳо» абадан нест хоҳанд шуд. Ин фаҳмиш ба муносибати мо нисбати хизмат чӣ гуна таъсир мерасонад? Он ба мо кӯмак мекунад, ки зарурияти кори мавъизаро дарк намоем. То сар шудани мусибати бузург одамон ҳоло вақт доранд, ки тарзи фикррониашонро дигар кунанд ва бо «роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад», равона шаванд (Мат. 7:13, 14). Ба назар чунин тофта метавонад, ки баъзеҳо аллакай ҳозир мавқеи худро, яъне ба «гӯсфандон» ё ба «бузҳо» тааллуқ доштанашонро нишон медиҳанд. Лекин, мо бояд дар ёд дорем, ки ҳукми охирон оиди он ки шахс ба «гӯсфандон» ё ба «бузҳо» тааллуқ дорад, дар вақти мусибати бузург бароварда хоҳад шуд. Аз ин рӯ, мо сабабҳои асоснок дорем, ки ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон имконият диҳем, ки хабари Салтанатро шунаванд ва онро қабул кунанд.

То сар шудани мусибати бузург одамон ҳоло вақт доранд, ки тарзи фикррониашонро дигар кунанд (Ба  сархати 13 нигаред)

ИСО КАЙ МЕОЯД?

14, 15. Дар кадом чор оят оиди дар оянда чун Довар омадани Масеҳ гап меравад?

14 Чуқуртар омӯхтани пешгӯии Исо ба мо имконият медиҳад, ки фаҳмиши худро оиди вақти иҷрошавии дигар воқеаҳои муҳим низ аниқтар созем. Биёед бубинем, ки чӣ тавр.

15 Дар қисми пешгӯии худ, дар Матто 24:29–25:46, Исо диққаташро асосан ба воқеаҳое, ки дар ин рӯзҳои охир ва дар давоми мусибати бузург рӯй медиҳанд, равона месозад. Он ҷо Исо ҳашт маротиба ба «омадани» худ ишора мекунад. Дар бораи мусибати бузург сухан ронда ӯ чунин чизҳоро қайд кард: «Ҳама... Писари Одамро [ме]бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд»; «намедонед, ки Худованди [«Оғои», ТДН] шумо дар кадом соат меояд»; «дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд». Ва дар масал оиди гӯсфандон ва бузҳо бошад, Исо чунин гуфт: «Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд» (Мат. 24:30, 42, 44; 25:31). Ҳамаи ин чор оят, дар оянда чун Довар омадани Масеҳро қайд мекунанд. Дар кадом ҷои пешгӯии Исо мо чор мавриди боқимондаро ёфта метавонем?

16. Боз дар кадом оятҳо оиди омадани Исо гуфта шудааст?

16 Оиди ғуломи мӯътамад ва доно Исо гуфт: «Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад». Дар масал оиди бокираҳо Исо қайд кард: «Ҳангоме ки онҳо барои [равған] харидан рафтанд, домод омад». Ва дар масал оиди талантҳо Исо гуфт: «Пас аз муддати дуру дарозе оғои он ғуломон омад». Ва дар худи ҳамон масал оғо мегӯяд: «Ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам» (Мат. 24:46; 25:10, 19, 27). Ин чор оят ба кадом вақти омадани Исо ишора мекунанд?

17. Мо пеш калимаи «омадан»-ро аз Матто 24:46 чӣ хел мефаҳмидем?

17 Пеш мо дар адабиётҳоямон мегуфтем, ки дар ин чор ояти охирон дар назар дошта шудааст, ки Исо соли 1918 омад. Барои мисол, ба суханони Исо оиди «ғуломи мӯътамад ва доно» аҳамият диҳед. (Матто 24:45–47-ро бихонед.) Мо мефаҳмидем, ки калимаи «омадан» аз ояти 46 чунин маъно дорад, ки Исо соли 1918 омада, ҳолати рӯҳонии тадҳиншудагонро тафтиш намуд ва соли 1919 онҳоро бар тамоми дороиаш таъин кард (Мал. 3:1). Лекин мо бояд фаҳмишамонро оиди вақти иҷрошавии баъзе воқеаҳое, ки Исо пешгӯӣ кард, дигар кунем. Барои чӣ?

18. Пешгӯии Исоро пурра дида баромада, мо оиди омаданаш ба чӣ хулоса меоем?

 18 Дар оятҳои пеш аз Матто 24:46, калимаи «омадан» ҳар бор ба вақте ишора менамояд, ки Исо дар мусибати бузург омада одамонро доварӣ мекунад (Мат. 24:30, 42, 44). Ҳамчунин, чӣ хеле ки дар  сархати 12 муҳокима кардем, дар ояти Матто 25:31, «омадани» Исо ба ҳамон вақти доварии оянда ишора мекунад. Пас, ба чунин хулоса омадан мумкин аст: вақте ки Исо дар Матто 24:46, 47 гуфт, ки омада ғуломи мӯътамадро бар тамоми дороиаш таъин мекунад, ӯ ин ҷо низ дар оянда, дар вақти мусибати бузург, омадани худро дар назар дошт. Дар ҳақиқат, пурра дида баромадани пешгӯии Исо ба мо ошкор мекунад, ки ин ҳашт оят, ки оиди омадани Исо мегӯянд, ба оянда, яъне дар вақти мусибати бузург барои доварӣ омадани Исо, ишора мекунанд.

19. Кадом фаҳмишҳои навро мо дида баромадем ва дар мақолаҳои навбатӣ ба кадом саволҳо ҷавоб хоҳем ёфт?

19 Биёед чизҳои фаҳмидаамонро такрор кунем. Мо се саволи дар аввали мақола бардошташударо муҳокима кардем. Якум, мо фаҳмидем, ки мусибати бузург соли 1914 сар нашудааст, балки он ҳангоми ба Бобили Бузург ҳамла кардани Созмони Миллали Муттаҳид сар мешавад. Дуюм, мо муҳокима намудем, ки доварии Исо оиди ба «гӯсфандон» ва «бузҳо» ҷудо кардани одамон соли 1914 сар нашудааст, балки он доварӣ дар вақти мусибати бузург ба амал меояд. Ва сеюм, мо фаҳмидем, ки омадани Исо ва бар тамоми дороиаш таъин намудани ғуломи мӯътамад соли 1919 рӯй надодааст, балки он дар вақти мусибати бузург рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар се саволе, ки мо дида баромадем ба ҳамон вақти оянда — мусибати бузург ишора мекунанд. Чӣ тавр ин фаҳмиши аниқгашта оиди он се савол ба фаҳмиши минбаъдаи мо дар бораи ғуломи мӯътамад таъсир мекунад? Ҳамчунин чӣ тавр ин ба фаҳмиши мо оиди дигар масалҳои Исо, ки дар давоми ин рӯзҳои охир иҷро шуда истодаанд, таъсир мекунад? Ин саволҳои муҳимро мо дар мақолаҳои навбатӣ дида мебароем.

 

^ сарх. 4 Сархати 4: Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 феврали соли 1994, саҳ. 8–21 ва аз 1 майи соли 1999, саҳ. 8–20 нигаред.

^ сарх. 8 Сархати 8: Яке аз воқеаҳое, ки дар ин оятҳо гуфта шудааст, ҷамъ овардани «баргузидагон» мебошад (Мат. 24:31). Барои ҳамин, аз афташ ҳамаи тадҳиншудагоне, ки пас аз гузаштани қисми аввали мусибати бузург дар замин боқӣ мемонанд, то сар шудани ҷанги Ҳармиҷидӯн ба осмон гирифта хоҳанд шуд. Ин фаҳмиши аниқгашта маълумотеро, ки дар мақолаи «Саволҳои хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 августи соли 1990, саҳ. 30 оварда шуда буд, иваз мекунад.

^ сарх. 11 Сархати 11: Матто 25:46: «Ва онҳо ба азоби [«нестии», ТДН] ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон — ба ҳаёти ҷовидонӣ»

^ сарх. 11 Сархати 11: Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри соли 1995, саҳ. 18–28 нигаред.

^ сарх. 12 Сархати 12: Ба Луқо 21:28 нигоҳ кунед.