Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо халқи муқаддасед

Шумо халқи муқаддасед

«[Шумо] пок шудед,... қудсият пайдо кардед» (1 ҚӮР. 6:11).

1. Наҳемё ҳангоми ба Ерусалим баргаштанаш чӣ гуна вазъиятҳои нохушро мебинад? (Ба расми боло нигаред.)

 СОКИНОНИ Ерусалим дар ташвишанд. Чаро? Чунки шахси ғайрияҳудие, ки душмани Яҳува аст, дар яке аз ҳуҷраҳои маъбад зиндагӣ мекунад. Левизодагон хизмати худро тарк карда, ба кори саҳро мераванд. Пирон ба ҷои он ки халқро дар ибодат роҳбарӣ кунанд, рӯзҳои шанбе бо савдо машғуланд. Бисёр исроилиён бо халқҳои бегона хонадор мешаванд. Ин фақат баъзе аз вазъиятҳои нохуше мебошанд, ки Наҳемё ҳангоми ба Ерусалим баргаштанаш мебинад (Наҳ. 13:6).

2. Чӣ тавр исроилиён халқи муқаддас гаштанд?

2 Исроилиён халқи ба Худо бахшидашуда буданд. Соли 1513-и то эраи мо, онҳо ваъда доданд, ки ба Яҳува бо омодагӣ итоат менамоянд. Онҳо чунин гуфтанд: «Ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард» (Хур. 24:3). Аз ин рӯ, Худо онҳоро интихоб кард, то халқи Ӯ бошанд. Яҳува мехост, ки онҳо муқаддас бошанд ва аз дигар халқҳо фарқ кунанд. Чӣ имтиёзи бузурге доштанд онҳо! Баъд аз чил сол, Мусо ба халқи Исроил хотиррасон карда, гуфт: «Ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ; Худованд Худоят туро баргузидааст, то аз миёни ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, қавми хуҷистае барои Ӯ бошӣ» (Такр. Ш. 7:6).

3. Ҳангоми бори дуюм ба Ерусалим омадани Наҳемё ҳолати рӯҳонии яҳудиён чӣ гуна буд?

3 Афсӯс, ки халқи Исроил ваъдаи додаашро иҷро накард. Ҳарчанд ҳама вақт шахсоне ёфт мешуданд, ки ба Худо хизмат менамуданд, лекин аксарияти яҳудиён дар асл ба Яҳува рӯякӣ итоат мекарданд ва танҳо зоҳиран нишон медоданд, ки онҳо муқаддасанд. Вақте ки Наҳемё бори дуюм ба Ерусалим омад, аз замоне ки бақияи яҳудиён аз Бобил баргашта буданд, тақрибан сад сол гузашта буд. Он яҳудиёни содиқ ибодати покро барқарор кардан мехостанд. Аммо ҳангоми бори дуюм ба Ерусалим омаданаш Наҳемё мебинад, ки ҷидду ҷаҳди яҳудиён ба корҳои рӯҳонӣ боз суст шудааст.

4. Кадом чор омил ба мо кӯмак мерасонад, то халқи муқаддас монем?

4 Ба монанди исроилиён, Шоҳидони Яҳува низ имрӯз дар кулли худ халқи муқаддаси Худо мебошанд. Ҳам тадҳиншудагон ва ҳам «анбӯҳи бузург» муқаддас мебошанд ва танҳо ба Яҳува хизмат мекунанд (Ваҳй 7:9, 14, 15; 1 Қӯр. 6:11). Исроилиён мавқеи муқаддаси дар пеши Худо доштаашонро аз даст доданд. Ҳеҷ кадоми мо намехоҳем, ки бо мо низ чунин рӯй диҳад. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки дар назари Яҳува мақбул ва муқаддас бимонем? Дар ин мақола мо чор омилеро, ки дар бобҳои 13-и китоби Наҳемё оварда шудаанд, муҳокима мекунем: 1) дурӣ ҷустан аз ёрони бад; 2) дастгирӣ кардани ибодати ҳақиқӣ; 3) дар ҷои аввал гузоштани хизмати Яҳува; 4) хизматгори Худо будани худро фаромӯш накардан. Биёед, ҳоло ҳар яки ин омилҳоро дида бароем.

АЗ ЁРОНИ БАД ДУРӢ ҶӮЕД

Чӣ тавр Наҳемё нисбати Яҳува содиқиашро нишон дод? (Ба сархатҳои 5, 6 нигаред)

5, 6. Элёшиб ва Тубиё кӣ буданд ва аз кадом сабаб Элёшиб бо Тубиё муносибати наздик дошт?

5 Наҳемё 13:4–9-ро бихонед. Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки пур аз нопокӣ мебошад, барои ҳамин ба мо муқаддас мондан осон нест. Биёед, мисоли Элёшиб ва Тубиёро дида мебароем. Элёшиб саркоҳин буд ва Тубиё бошад, марди аммӯнӣ буд ва эҳтимол дар даргоҳи шоҳи Форс мансабе дошт. Ӯ ва рафиқонаш пештар, ҳангоми сохтани деворҳои Ерусалим ба Наҳемё зид баромада буданд (Наҳ. 2:10). Ғайр аз ин, ба аммӯниён ба саҳни маъбад даромадан мумкин набуд (Такр. Ш. 23:3). Лекин Элёшиби саркоҳин ба Тубиё дар маъбад ҳуҷрае дод. Чаро ӯ ин тавр кард?

6 Барои ин, се сабаб вуҷуд дошт. Якум, Тубиё дӯсти оилаи Элёшиб ҳисоб меёфт. Дуюм, Тубиё ва писараш Еҳӯҳонон духтарони яҳудиро ба занӣ гирифта буданд ва Тубиё дар байни бисёр яҳудиён обрӯ дошт (Наҳ. 6:17–19). Сеюм, набераи Элёшиб духтари Санбалат — ҳокими Сомария ва яке аз дӯстони наздикӣ Тубиёро ба занӣ гирифта буд (Наҳ. 13:28). Аз сабаби чунин муносибатҳо, Элёшиби саркоҳин шояд ба таъсири он шахси беимон ва мухолиф дода шуд. Аммо Наҳемё ба Яҳува содиқӣ зоҳир карда, тамоми чизу чораи Тубиёро аз ҳуҷраи маъбад ба берун партофт.

7. Чӣ тавр пирон ва дигар аъзоёни ҷамъомад аз корҳое, ки онҳоро дар назди Яҳува нопок мекунанд, дурӣ меҷӯянд?

7 Мо чун халқи ба Худо бахшидашуда бояд пеш аз ҳама ва ҳамеша ба Яҳува содиқ монем. Агар мо принсипҳои одилонаи Худоро риоя накунем, мо дар назди Ӯ муқаддас монда наметавонем. Мо набояд барои нигоҳ доштани муносибатҳои хешутаборӣ принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон кунем. Пирони масеҳӣ на дар асоси фикру ҳиссиёти ба дигарон доштаашон, балки дар асоси тарзи фикрронии Яҳува қарор қабул мекунанд (1 Тим. 5:21). Пирон мекӯшанд, то аз ҳар гуна корҳое, ки метавонанд онҳоро аз мавқеи дар назди Худо доштаашон маҳрум кунанд, дурӣ ҷӯянд (1 Тим. 2:8).

8. Ҳамаи ходимони ба Худо бахшидашуда дар мавриди муошират бояд чиро дар хотир доранд?

8 Хуб мебуд дар ёд дорем, ки «ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд» (1 Қӯр. 15:33). Ҳатто баъзе аз хешовандони мо метавонанд ба ҳаёти мо таъсири манфӣ расонанд. Замоне, дар вақти сохтани деворҳои Ерусалим, Элёшиб Наҳемёро пурра дастгирӣ намуда, ба дигарон намунаи ибрат нишон дода буд (Наҳ. 3:1). Лекин чанде пас, Элёшиб ба таъсири бади Тубиё ва дигарон дода шуда, корҳоеро кард, ки ӯро дар назди Яҳува нопок гардониданд. Муошират бо шахсони нек моро ба корҳои фоиданоки рӯҳонӣ, ба монанди хондани Китоби Муқаддас, ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ва иштирок дар хизмат, бармеангезанд. Ва вақте ки аъзоёни оилаамон моро ба кардани корҳои дуруст бармеангезанд, мо бо онҳо боз ҳам наздиктар мешавем ва онҳоро бештар қадр хоҳем кард.

ИБОДАТИ ҲАҚИҚИРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

9. Дар маъбад чӣ гуна вазъият дида мешуд ва барои бартараф кардани он Наҳемё чӣ кор кард?

9 Наҳемё 13:10–13-ро бихонед. Левизодагон таъиноти худро дар маъбад иҷро намекарданд. Чаро? Халқ ба маъбад аз ҳад кам хайрия меовард ва аз ин сабаб левизодагон маҷбур буданд, ки барои таъмин кардани оилаашон ба саҳрои худ рафта, кор кунанд. Наҳемё барои ин ҳолат сардоронро айбдор намуд. Аз афташ онҳо вазифаҳои худро иҷро намекарданд. Онҳо аз халқ даҳякро ҷамъ наменамуданд ё ин ки онро ба маъбад намефиристонданд (Наҳ. 12:44). Аз ин рӯ, Наҳемё чораҳои лозима андешид, то ки даҳякҳо ҷамъ карда шаванд. Ва ӯ мардони боваринокро таъин намуд, то анборҳои маъбадро назорат кунанд ва ба левизодагон ҳаққашонро бидиҳанд.

10, 11. Чӣ тавр мо ибодати ҳақиқиро дастгирӣ карда метавонем?

10 Оё мо аз ин барои худ дарсе гирифта метавонем? Бале, чунки Яҳуваро бо дороии худ ҷалол додан, бароямон шараф аст (Мас. 3:9). Вақте ки мо барои дастгирӣ кардани кори Худо хайрияҳо мекунем, дар асл мо чизеро, ки аллакай ба Яҳува тааллуқ дорад, ба Ӯ медиҳем (1 Вақ. 29:14–16). Шояд мо фикр кунем, ки агар ба Ӯ кам хайрия кунем, хайрияи мо Ӯро ҷалол дода наметавонад. Лекин, азбаски мо ин инъомро аз таҳти дил медиҳем, Ӯ онро бо хурсандӣ қабул хоҳад кард (2 Қӯр. 8:12).

11 Дар муддати солҳои зиёд, оилаи серфарзанде як ҷуфти калонсолро, ки пешравони махсус буданд, ҳар ҳафта як бор барои ҳамроҳ хӯрок хӯрдан таклиф мекарданд. Гарчанд соҳибони хона ҳашт фарзанд доштанд, модарашон бисёр вақт чунин мегуфт: «Дар дастархоне, ки барои даҳ кас ороста шудааст, гузоштани ду табақчаи иловагӣ чӣ душворӣ дорад?» Ҳафтае касеро ба меҳмонӣ таклиф кардан шояд назарногир тобад, вале пешравон барои меҳмоннавозии он оила чӣ қадар миннатдор буданд! Онҳо низ дар навбати худ барои соҳибони хона баракат гаштанд. Суханони рӯҳбаландкунанда ва воқеаҳое, ки ҳамсарон аз хизмати худ нақл мекарданд, кӯдаконро барангехт, ки рӯҳан рушд кунанд. Баъдтар ҳамаи онҳо хизмати пурравақтро сар карданд.

12. Пирон ва ходимони ёвар барои ҷамъомад аз кадом ҷиҳат намунаи ибрат буда метавонанд?

12 Дарси дигар ин аст, ки пирон ва ходимони ёвар мисли Наҳемё бояд дар дастгирӣ кардани ибодати ҳақиқӣ намуна бошанд. Ва аз намунаи онҳо дигар аъзоёни ҷамъомад ибрат гирифта метавонанд. Пирон ҳамчунин ба намунаи Павлуси ҳавворӣ пайравӣ мекунанд. Ӯ ибодати ҳақиқиро дастгирӣ мекард ва дастуротҳои фоиданок медод. Масалан, ӯ доир ба додани хайрияҳо маслиҳати амалӣ дода буд (1 Қӯр. 16:1–3; 2 Қӯр. 9:5–7).

ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ДАР ҶОИ АВВАЛ ГУЗОРЕД

13. Чӣ тавр баъзе яҳудиён нисбати рӯзи Шанбе беэҳтиромӣ зоҳир мекарданд?

13 Наҳемё 13:15–21-ро бихонед. Агар мо аз ҳад бисёр оиди чизҳои моддӣ фикр кунем ва вақту қуввати зиёдро барои ба даст овардани онҳо сарф намоем, муносибатамонро бо Яҳува оҳиста-оҳиста гум мекунем. Мувофиқи ояти Хуруҷ 31:13, рӯзи Шанбе ба исроилиён ёдрас мекард, ки онҳо барои Яҳува халқи интихобшуда ва муқаддас мебошанд. Рӯзи Шанбе барои ибодати оилавӣ, дуо ва мулоҳиза рондан оиди Қонуни Худо пешбинӣ шуда буд. Лекин баъзе яҳудиёни замони Наҳемё дар рӯзи Шанбе мисли дигар рӯзҳо бо кору бори ҳаррӯза машғул мешуданд. Барои онҳо ибодати ҳақиқӣ дар ҷои дуюм меистод. Наҳемё ин ҳолатро дида, амр дод, ки шоми рӯзи шашум, савдогарони бегона аз шаҳр берун карда шаванд ва дарвозаҳои шаҳрро то сар шудани рӯзи Шанбе маҳкам кунанд.

14, 15. а) Агар мо аз ҳад зиёд вақтамонро барои пул кор кардан сарф кунем, бо мо чӣ рӯй дода метавонад? б) Чӣ тавр мо ба оромии Худо дохил шуда метавонем?

14 Аз ин рафтори Наҳемё мо чӣ меомӯзем? Як дарс ин аст, ки мо набояд аз ҳад зиёд вақтамонро барои пул кор кардан сарф кунем. Дар акси ҳол, мо ба осонӣ ба кор ё бизнеси худ дода шуданамон мумкин аст, бахусус агар мо ба он меҳр дошта бошем. Ба хотир оред, ки Исо огоҳ карда буд, ки мо ба ду оғо хизмат карда наметавонем. (Матто 6:24-ро бихонед.) Наҳемё пули доштаашро метавонист барои бизнес истифода барад. Аммо вай дар Ерусалим вақти худро ба чӣ сарф кард? (Наҳ. 5:14–18). Ба ҷои бо сӯриён ва дигар шахсон бизнес кардан, ӯ ба бародаронаш ёрӣ медод ва машғули корҳое буд, ки номи Яҳуваро ҷалол медоданд. Ба ин монанд, имрӯз пирони масеҳӣ ва ходимони ёвар вақту қуввати худро бештар барои дастгирии ҷамъомад сарф мекунанд. Аъзоёни ҷамъомад онҳоро барои чунин рӯҳияашон дӯст медоранд. Ҳамин тавр дар байни халқи Худо муҳаббат, сулҳу осоиштагӣ ва бехатарӣ ҳукмфармо аст (Ҳиз. 34:25, 28).

15 Гарчанд аз масеҳиён риоя кардани рӯзи Шанбе талаб карда нашавад ҳам, Павлус мегӯяд: «Барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад». Ӯ илова кард: «Касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ» (Ибр. 4:9, 10). Мо чун масеҳиён метавонем итоаткорона мувофиқи иродаи Худо амал намуда, ба оромии Ӯ дохил шавем. Оё шумо ва оилаатон ибодати оилавӣ, ташрифорӣ ба ҷамъомад ва хизмати мавъизаро дар ҳаётатон дар ҷои аввал мегузоред? Мо метавонем бо сардори корхонаамон ё шахсоне ки ҳамроҳашон бизнес мекунем, боқатъият рафтор карда, ба онҳо равшан фаҳмонем, ки кори Яҳува барои мо аз ҳама чизи муҳимтарин аст, хусусан агар онҳо ба корҳои рӯҳонӣ эҳтиром надошта бошанд. Бо ин, мо гӯё мисли Наҳемё, ки савдогарони сӯриро аз шаҳр пеш карда, дарвозаҳои онро маҳкам намуд ва ибодати Яҳуваро дар ҷои аввал мегузошт, рафтор хоҳем кард. Азбаски мо халқи муқаддаси Худо ҳастем, хуб мебуд, ки аз худ пурсем: «Оё тарзи ҳаёти ман нишон медиҳад, ки ман хизмати Яҳуваро дар ҳаётам дар ҷои аввал мегузорам?» (Мат. 6:33).

ХИЗМАТГОРИ ХУДО БУДАНИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД

16. Чӣ тавр дар рӯзҳои Наҳемё халқи Исроил муқаддас буданашро қариб буд, ки фаромӯш кунад?

16 Наҳемё 13:23–27-ро бихонед. Дар рӯзҳои Наҳемё, мардони исроилӣ бо занони халқҳои бегона оила барпо мекарданд. Вақте ки Наҳемё бори аввал ба Ерусалим омада буд, ҳамаи пирон ба аҳдномаи хаттие имзо монда, ваъда дода буданд, ки бо халқҳои бутпараст оиладор намешаванд (Наҳ. 9:38; 10:30). Аммо чанд сол пас, Наҳемё омада мебинад, ки яҳудиён на танҳо аз халқҳои дигар зан гирифта буданд, балки қариб буд, ки халқи муқаддаси Худо буданашонро фаромӯш кунанд! Чӣ тавр? Масалан, насле, ки аз ин занон таваллуд мешуданд, ба забони ибронӣ гап зада наметавонистанд. Вақте ки онҳо калон мешуданд, оё худро исроилӣ меномиданд? Ё онҳо фикр мекарданд, ки аз халқҳои ашдӯдиён, аммӯниён ё мӯобиён мебошанд? Агар онҳо забони иброниро нафаҳманд, пас чӣ тавр Қонуни Худоро фаҳмида метавонистанд? Ва чӣ тавр онҳо метавонистанд Яҳуваро шиносанд ва ба ҷои худоёни бардурӯғи модарашонро ибодат кардан, хизмати Яҳуваро интихоб кунанд? Аз ин рӯ, барои ин вазъиятро ислоҳ намудан, зуд амал кардан лозим буд ва Наҳемё айнан ҳамин тавр рафтор кард (Наҳ. 13:28).

Ба фарзандонатон кӯмак кунед, то бо Яҳува муносибати наздикро инкишоф диҳанд (Ба сархатҳои 17, 18 нигаред)

17. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд, то онҳо бо Яҳува муносибати шахсӣ дошта бошанд?

17 Имрӯз мо бояд чораҳои амалӣ андешем, то ба фарзандонамон кӯмак кунем, ки дар роҳи ҳақиқат устувор гарданд ва масеҳӣ буданашонро фаромӯш накунанд. Волидон, аз худ бипурсед: «Оё фарзандони ман бо “забони пок”-и ҳақиқат хуб гап мезананд, яъне Китоби Муқаддасро хуб мефаҳманд ва ба дигарон дар бораи он нақл мекунанд? (Саф. 3:9). Оё гуфтори онҳо нишон медиҳад, ки онҳо зери таъсири рӯҳулқудси Худо қарор доранд ё дар гуфтори онҳо таъсироти рӯҳи ин ҷаҳон дида мешавад?» Агар шумо бинед, ки фарзандонатон ба беҳтаршавӣ ниёз доранд тез рӯҳафтода нашавед. Барои ёд гирифтани ягон забон вақт лозим аст, хусусан вақте ки бисёр чиз ҳуши моро парешон мекунад. Ҷаҳон ба фарзандони шумо сахт фишор меорад, то ки онҳо ба Худо беитоатӣ кунанд. Аз ин рӯ, пурсабрӣ зоҳир карда ибодати оилавӣ ва дигар имкониятҳоро истифода баред, то ба фарзандонатон барои бо Яҳува дӯстии наздикро инкишоф додан кӯмак расонед (Такр. Ш. 6:6–9). Ба онҳо хотиррасон карда истед, ки қисми ин ҷаҳони Шайтон набудан чӣ манфиат меорад (Юҳ. 17:15–17). Ва ҳар кори аз дастатон меомадаро карда, ба дили онҳо таъсир расонед.

18. Чаро танҳо волидон метавонанд ба таври беҳтарин фарзандонашонро барои рӯҳан рушд кардан ва худро ба Яҳува бахшидан тайёр кунанд?

18 Ҳар як фарзанд ниҳоят худаш қарор мекунад, ки ба Яҳува хизмат кунад ё не. Вале шумо чун волид, аз бисёр ҷиҳат ба фарзандонатон кӯмак карда метавонед. Шумо бояд барои онҳо намунаи хуб бошед; аниқ фаҳмонед, ки кадом рафтор бад аст ва ҳамроҳашон оиди оқибатҳои қарорҳои нодуруст мулоҳиза ронед. Волидон, ягон кас наметавонад мисли шумо ба таври беҳтарин фарзандонатонро барои худро ба Яҳува бахшидан тайёр кунад. Онҳо барои роҳи ҳақиқатро аз худ кардан ва дар он устувор мондан ба кӯмаки шумо ниёз доранд. Албатта ба ҳар яки мо зарур аст, ки масеҳӣ будани худро фаромӯш насозем, яъне меъёрҳои Худоро риоя кунем ва хислатҳоеро, ки моро чун халқи муқаддаси Яҳува муаррифӣ менамоянд, гум накунем (Ваҳй 3:4, 5; 16:15).

ЯҲУВА МОРО «БА НЕКӮӢ БА ЁД» МЕОВАРАД

19, 20. Чӣ кор карда метавонем, то Худо моро «ба некӯӣ» ба ёд оварад?

19 Яке аз ҳамзамонони Наҳемё, пайғамбар Малокӣ буд. Ӯ гуфт, ки номи «тарсгорони Худованд ва азиздорандагони исми Ӯ» дар «китоби ёддошт»-и Худо навишта мешавад (Мал. 3:16, 17). Яҳува ҳеҷ гоҳ онҳоеро, ки худотарсанд ва нисбати номи Ӯ муҳаббат зоҳир менамоянд, фаромӯш намекунад (Ибр. 6:10).

20 Наҳемё дуо мегуфт: «Маро, эй Худои ман, ба некӯӣ ба ёд овар!» (Наҳ. 13:31). Агар мо аз ёрони бад дурӣ ҷӯем, ибодати ҳақиқиро дастгирӣ кунем, хизмати Яҳуваро дар ҷои аввал гузорем ва хизматгори Худо буданамонро фаромӯш накунем, Худо номи моро низ мисли номи Наҳемё дар китоби ёддошташ менависад. Биёед худро доимо тафтиш намоем, то фаҳмем, ки «оё дар имон» ҳастем ё не (2 Қӯр. 13:5). Агар мо муносибати муқаддаси худро бо Яҳува нигоҳ дорем, Ӯ моро «ба некӯӣ» ба ёд хоҳад овард.