Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор муқоисакунӣ ба шумо кӯмак расонад

Бигзор муқоисакунӣ ба шумо кӯмак расонад

Оё шумо розиед, ки Исо бузургтарин устоди ҳама давру замон аст? Шумо шояд кӯшиш мекунед, ки баъзе тарзҳои таълимдиҳии ӯро ба кор баред, масалан, саволҳо диҳед, мисолҳо оред. Вале оё шумо аҳамият додаед, ки ӯ ҳангоми таълим додан зуд-зуд муқоисакуниро истифода мебурд?

Бисёр одамон ҳангоми гап задан як чизро бо чизи дигар муқоиса мекунанд, онҳоро муқобил мегузоранд. Шумо низ шояд тез-тез беихтиёр чунин мекунед. Масалан, шумо мегӯед: «Ӯ пеш кӯдаки хеле шармгин буд, ҳоло бошад хушчақчақ аст» ё «Онҳо мегӯянд, ки ҳамаи меваҳо пухтагианд, вале ин меваҳо тамоман хоманд».

Дар чунин мавридҳо шумо аввал далел ё фикрро мегӯед, баъд калимаҳоеро ба мисли вале, аз тарафи дигар, ҳарчанд истифода бурда, фикри дигарро муқобил мегузоред. Ё шояд шумо барои муқоиса кардан маълумоти иловагӣ меоред ва ақидаатонро асоснок мекунед. Вақте ки шумо чунин гап мезанед, ин табиӣ метобад ва ба дигарон ёрдам медиҳад, ки нуқтаи назари шуморо нағзтар фаҳманд.

Дар баъзе забонҳову маданиятҳо муқоисакунӣ одатӣ набошад ҳам, хуб мебуд, ки арзишнокии онро дарк намоем. Чаро? Чунки дар Каломи Худо ин тарзи баён кардани фикр хеле зиёд вомехӯрад. Исо тез-тез аз муқоисакунӣ истифода мебурд. Масалан, чунин суханонашро ба хотир оред: «Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд». «Наомадам, ки [Тавротро] вайрон кунам, балки ба ҷо оварам». «Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Зино накун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад...». «Гуфта шудааст: “Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накун. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон» (Мат. 5:15, 17, 27, 28, 38, 39).

Чунин муқоисакунӣ дар дигар китобҳои Навиштаҳои Муқаддас низ дида мешавад. Ин мисолҳо ба шумо кӯмак мерасонанд, ки фикрро нағз фаҳмед ё ба тарзи беҳтар амал кардан аҳамият диҳед. Агар шумо фарзанд дошта бошед, оиди муқоисакунии зерин мулоҳиза ронед: «Шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед» (Эфс. 6:4). Павлуси ҳавворӣ навишта метавонист, ки падар (ё модар) бояд фарзандро мувофиқи қонунҳои Худо тарбия кунад ва ин суханон, бешубҳа, бохирадона ва дуруст мебуданд. Вале бо воситаи муқобилгузорӣ «ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед» гуфта, ӯ фикрро хеле фаҳмову равшан баён кард.

Дар поёнтари ин боб Павлус навишт: «Муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди... қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфс. 6:12). Ин муқобилгузорӣ ба шумо ёрӣ дода метавонад, ки дар муборизаи хеле ҷиддӣ иштирок карданатонро дарк намоед. Ин мубориза на бар зидди одамон, балки бар зидди қувваҳои рӯҳии шарир мебошад.

МУҚОИСА ВА МАНФИАТИ ОН

Дар нома ба Эфсӯсиён, шумо боз бисёр оятҳои дигареро хоҳед ёфт, ки он ҷо Павлус муқоисакуниро ба кор бурдааст. Мулоҳизаронӣ оиди онҳо ба мо ёрӣ дода метавонад, ки нуқтаи назари Павлусро нағзтар фаҳмем ва чӣ тавр амал карданамонро дарк намоем.

Дар ин мақола ҷадвале оварда шудааст, ки дар он шумо баъзе муқоисакуниҳоро аз бобҳои 4 ва 5-и китоби Эфсӯсиён ёфта метавонед. Эҳтимол, дида баромадани ин ҷадвал ба шумо ҳам хурсандӣ ва ҳам фоида орад. Ҳангоми хониши ҳар як муқоиса дар бораи худ фикр кунед. Аз худ бипурсед: «Тарзи фикрронии аслии ман чӣ гуна аст? Ман дар вазъиятҳои тасвиршуда чӣ гуна рафтор мекунам? Аз нуқтаи назари дигарон кадоме аз он расмҳо ба ман дахл дорад?» Агар шумо дар яке аз ин муқоисаҳо камбудиатонро бинед, кӯшиши зиёд ба харҷ дода, сустиатонро бартараф созед. Бигзор он муқоиса ба шумо кӯмак расонад.

Ҳамчунин хуб мебуд, ки ин ҷадвалро дар ибодати оилавиатон истифода баред. Аввал, бо ҳамаи аъзоёни оилаатон муқоисаҳоро бодиққат хонда бароед. Сипас, бигзор яке аз шумо қисми якуми муқоисаро гӯяд, дигарон бошанд фикри дар қисми дуюм овардашударо ба ёд оранд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамакаса оиди чӣ тавр боз ҳам бештар ба кор бурдани қисми дуюм бо шавқ муҳокима ронед. Бале, дида баромадани чунин муқоисаҳо ба калонсолону ҷавонон кӯмак мерасонад, ки ҳам дар хона ва ҳам дар дигар ҷойҳо рафтори хуби масеҳӣ дошта бошанд.

Оё шумо қисми дуюми муқоисаро ба хотир оварда метавонед?

Ҳар қадаре ки шумо арзиши муқоисаҳоро бештар дарк намоед, ҳамон қадар дар муайян кардани онҳо ҳангоми хониши Китоби Муқаддас моҳиртар хоҳед шуд. Ҳамчунин шумо хоҳед дид, ки истифода бурдани муқоисаҳо дар хизмат хеле муфид мебошад. Масалан, ҳангоми хизмати хона ба хона шумо чунин пурсида метавонед: «Бисёриҳо мегӯянд, ки пас аз марг рӯҳи одам намемирад, вале ба суханони дар Китоби Муқаддас оиди ин омада аҳамият диҳед». Ё дар вақти гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас саволҳои зеринро дода метавонед: «Аксар одамон дар ҷойҳои мо ба тақдиру насиб боварӣ доранд, лекин дар Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ гуфта шудааст? Худи шумо ба чӣ боварӣ доред?»

Оре, дар Китоби Муқаддас муқоисаҳои манфиатовари зиёде навишта шудаанд, ки барои дар тариқи Худо роҳ рафтан ба мо кӯмак мерасонанд. Инчунин муқоисаро истифода бурда, мо метавонем ба дигарон ёрӣ диҳем, ки ба дониши ростӣ бирасанд.