Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чун пешрав хизмат карда, дӯстиамонро бо Худо қавӣ месозем

Чун пешрав хизмат карда, дӯстиамонро бо Худо қавӣ месозем

«Некӯст Худои моро сароидан» (ЗАБ. 146:1).

1, 2. a) Вақте мо дар бораи шахси дӯстдоштаамон сӯҳбат мекунем ва фикр меронем, ин ба мо чӣ тавр таъсир карда метавонад? (Ба расми ин саҳифа нигаред.) б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?

 ВАҚТЕ КИ мо дар бораи шахси дӯстдоштаамон фикр меронем ва нақл мекунем, дӯстии мо бо ин шахс қавитар мегардад. Инро дар бораи муносибатҳои мову Яҳува низ гуфтан мумкин аст. Довуд ҳангоми чӯпон буданаш шабҳои зиёд ба осмони пурситора менигарист ва дар бораи Офаридгори олам мулоҳиза меронд. Ӯ навишт: «Вақте ки ба осмони Ту менигарам, ки санъи ангуштони Туст, ва ба моҳ ва ситорагоне ки Ту офаридаӣ,— пас чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ, ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ?» (Заб. 8:4, 5). Павлуси ҳавворӣ низ, пас аз дида баромадани он ки чӣ тавр нияти Яҳува нисбати Исроили рӯҳонӣ ба таври аҷоиб иҷро мешуд, нидо кард: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо!» (Рум. 11:17–26, 33).

2 Дар мавъиза иштирок карда, мо оиди Яҳува фикр мекунем ва дар бораи Ӯ бо дигарон сӯҳбат менамоем. Ба туфайли ин дӯстии мо бо Ӯ қавитар мегардад. Бисёри онҳое, ки пурравақт хизмат мекунанд, пай бурданд, ки иштироки бештар дар кори Салтанат муҳаббати онҳоро ба Яҳува зиёдтар мекунад. Новобаста аз он ки шумо ҳозир пурравақт хизмат карда истодаед ё ин ки чунин мақсад доред, оиди саволҳои зерин мулоҳиза ронед: Чӣ тавр хизмати пурравақт дӯстиатонро бо Яҳува қавитар карда метавонад? Агар шумо пешрав ҳастед, чӣ ёрӣ медиҳад, то минбаъд низ дар ин намуди хизмат бимонед? Агар ҳоло шумо пешрав набошед, чиро тағйир дода метавонед, то ин намуди хизматро сар кунед? Биёед роҳҳоеро, ки дӯстии моро бо Худо қавӣ сохта метавонанд, дида бароем.

ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ ВА ДӮСТИИ МО БО ХУДО

3. Дар хизмат оиди баракатҳои Салтанат сӯҳбат карда, мо чӣ манфиат мегирем?

3 Бо дигарон оиди баракатҳои ояндаи Салтанат сӯҳбат кардан моро ба Яҳува наздиктар месозад. Ҳангоми мавъизаи хона ба хона истифода бурдани кадом оят ба шумо маъқул аст? Шояд Забур 36:10, 11, Дониёл 2:44, Юҳанно 5:28, 29 ё Ваҳй 21:3, 4? Ҳар вақте ки мо бо дигарон чунин ваъдаҳоро муҳокима мекунем, мо боз як бор ба хотир меорем, ки Худои босаховати мо дар ҳақиқат атокунандаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» мебошад. Ин моро ба Ӯ наздиктар месозад (Яъқ. 1:17).

4. Чаро ҳангоми ба одамон мавъиза кардан миннатдории мо нисбати некӯии Худо чуқуртар мегардад?

4 Дидани он ки аксарияти одамон гирифтори ноумедӣ мебошанд ва хушбахт нестанд, миннатдориамонро нисбати дониши ростӣ зиёд мегардонад. Дар ин ҷаҳон одамон дастуроти боэътимоде надоранд, ки бо кӯмаки он муваффақият ва хушбахтӣ ба даст оваранд. Аксарияти одамон оиди оянда хавотиранд ва ҳеҷ умеде надоранд. Онҳо дар ҷустуҷӯи маънои ҳаёт мебошанд. Ҳатто бисёри онҳое, ки худро диндор меҳисобанд, оиди Китоби Муқаддас маълумоти кам доранд. Онҳо ба одамони шаҳри Нинве хеле монанданд. (Юнус 4:11-ро бихонед.) Вақте мо дар хизмат бештар иштирок мекунем, фарқияти байни ҳолати рӯҳонии халқи Яҳува ва дигар одамон бароямон боз ҳам аёнтар мегардад (Иш. 65:13). Аммо Яҳува на танҳо оиди халқаш ғамхорӣ мекунад — Ӯ ҳамаи одамонро даъват менамояд, ки тасаллӣ ва умеди ҳақиқӣ пайдо кунанд. Ин ба мо хотиррасон мекунад, ки Яҳува дар ҳақиқат хеле некӯст (Ваҳй 22:17).

5. Вақте мо ба дигарон дониши ростиро таълим медиҳем, ба душвориҳои шахсиамон чӣ гуна менигарем?

5 Вақте мо ба дигарон дониши ростиро таълим медиҳем, ба мо аз ҳад зиёд оиди душвориҳои шахсӣ ғам нахӯрдан осонтар мегардад. Хоҳарамон Триша, ки чун пешрави доимӣ хизмат мекунад, ҳақ будани ин суханонро ҳангоми ҷудо шудани волидонаш дарк намуд. Ӯ мегӯяд: «Ҷудошавии падару модарам яке аз воқеаҳои андӯҳовартарини ҳаётам буд». Рӯзе вай хеле зиқ буд ва аз хона берун баромадан намехост. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ӯ ба назди се кӯдаке рафт, ки вазъияти оилаашон бениҳоят вазнин буд, то бо онҳо Китоби Муқаддасро биомӯзад. Падарашон онҳоро тарк карда буд, бародари калониашон бошад бо онҳо муомилаи бад мекард. Триша нақл мекунад: «Ҳама гуна душворӣ ва дарде, ки ман аз сар мегузарондам, дар муқоиса бо душвориҳои онҳо ҳеҷ буд. Ҳангоми омӯзиш чашмони хурдакакашон медурахшиданд ва онҳо аз шодию ҳаяҷон механдиданд. Ин кӯдакон ҳадяи Яҳува буданд, махсусан дар он рӯз».

6, 7. a) Чӣ тавр ҳангоми таълим додани дигарон имони мо мустаҳкамтар мегардад? б) Вақте мо мебинем, ки чӣ тавр бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас ҳаёти шахси омӯзишкунандаро беҳтар месозад, мо чӣ ҳис мекунем?

6 Вақте ки мо ба дигарон ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро таълим медиҳем, имони мо мустаҳкамтар мегардад. Павлуси ҳавворӣ дар бораи баъзе яҳудиёни замонааш чунин навишт: «Чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, худатро таълим намедиҳӣ?» (Рум. 2:21). Вале пешравони замони мо аз онҳо хеле фарқ мекунанд! Одатан ин ходимони Худо барои ба дигарон расонидани дониши ростӣ ва гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас имкониятҳои бисёр доранд. Аммо барои дар ин кор муваффақ будан онҳо бояд, ки ба ҳар як омӯзиш тайёрӣ бинанд ва шояд барои ба саволҳо ҷавоб додан тадқиқот гузаронанд. Ҷенин, ки чун пешрав хизмат мекунад, мефаҳмонад: «Ҳар боре ки ман ба дигарон дониши ростиро таълим медиҳам, ман ҳис мекунам, ки он дар ақлу дилам нақш мебандад. Ба туфайли ин имони ман дар сатҳи пешина намеистад, балки рӯз аз рӯз меафзояд».

7 Дидани он ки чӣ тавр ҳаёти шахси омӯзишкунанда ба воситаи бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас беҳтар мегардад, миннатдориамонро нисбати хиради Худо зиёд мекунад (Иш. 48:17, 18). Дар навбати худ ин ба мо ёрдам мекунад, то минбаъд низ ин принсипҳоро дар ҳаётамон бо азми қавӣ ба кор барем. Пешрави дигаре, ки Адрианна ном дорад, чунин мегӯяд: «Вақте одамон ба хиради худ такя мекунанд, ҳаёташон ноосудаву бесаранҷом мегардад, аммо вақте онҳо ба хиради Яҳува такя карданро сар мекунанд, фоидаашро дарҳол мебинанд». Инчунин Филл, ки чун пешрав хизмат мекунад, мегӯяд, ки ӯ аз дидани он ки чӣ тавр одамон бо кӯмаки Яҳува ҳаёташонро тағйир медиҳанд, ба ҳайрат меояд.

8. Дар мавъиза бо ҳамимонон ҳамкорӣ намудан чӣ тавр ба мо таъсир мекунад?

8 Бо ҳамимонон дар хизмат ҳамкорӣ намудан моро рӯҳан тақвият медиҳад (Мас. 13:20). Аксарияти пешравон бо дигар воизон бисёр ҳамкорӣ мекунанд. Ба туфайли ин барои дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани якдигар имкониятҳои зиёд пайдо мешавад. (Рум. 1:12; Масалҳо 27:17-ро бихонед.) Хоҳар Лиса, ки пешрав аст, чунин мегӯяд: «Дар ҷои кор ман бисёр вақт рӯҳияи рақобат ва ҳасадхӯриро ҳис мекунам. Ҳар рӯз ғайбату дашном шунида мешавад. Барои аз дигарон боло будан ҳамкоронам ба ҳар кор тайёранд. Баъзан аз сабаби чун ходими Яҳува рафтор карданам маро масхара мекунанд. Лекин, вақте ки ман бо ҳамимононам дар хизмат ҳамкорӣ мекунам, хеле рӯҳбаланд мегардам ва дар охири рӯз, ҳангоми ба хона баргаштан ман новобаста аз он ки то чӣ андоза монда шудаам, худро фараҳманд ҳис мекунам».

9. Якҷоя бо ҳамсар чун пешрав хизмат кардан ба бандҳои оилавӣ чӣ гуна таъсир расонда метавонад?

9 Якҷоя бо ҳамсар чун пешрав хизмат кардан риштаи сеқабатаи издивоҷро мустаҳкамтар месозад (Воиз 4:12). Мадлин, ки бо шавҳараш чун пешрав хизмат мекунад, мефаҳмонад: «Ману шавҳарам имкон дорем оиди рӯзи дар хизмат гузарондаамон ва оятҳои аз Китоби Муқаддас хондаамон, ки дар мавъиза муфид буда метавонанд, гап зада бо ҳам вақт гузаронем. Ҳар соли дар ин намуди хизмат гузарондаамон моро бо ҳам наздиктар мегардонад». Триша низ чунин мегӯяд: «Ману шавҳарам азм кардем, ки ба қарз нағӯтем, бинобар ин мо барои ба даст овардани пул давутоз намекунем. Азбаски реҷаи хизматамон монанд аст, мо якҷоя ба боздидҳо ва гузаронидани омӯзишҳои якдигар меравем ва ин ба мустаҳкам кардани издивоҷамон мусоидат мекунад».

Дар хизмати пурравақт фаъол будан қаноатмандӣ меорад (Ба сархати 9 нигаред)

10. Чӣ тавр дар якум ҷой мондани кори Салтанат ва ҳис кардани дастгирии Яҳува ба эътимод доштанамон таъсир мекунад?

10 Вақте мо кори Салтанатро дар ҷои якум мемонем, дастгирии Яҳуваро эҳсос мекунем ва ба дуоҳоямон ҷавоб додани Ӯро мебинем, эътимоди мо ба Ӯ қавитар мегардад. Бешубҳа ҳамаи масеҳиёни содиқ ба Яҳува эътимод доранд. Аммо пешравон дарк мекунанд, ки танҳо дар сурати таваккал кардан ба Яҳува хизмати худро давом дода метавонанд. (Матто 6:3034 -ро бихонед.) Курт, ки пешрав ва ҷонишини нозири ноҳиявӣ мебошад, розӣ шуд, ки ба ҷамъомаде, ки аз хонаашон дую ним соат роҳ дуртар ҷойгир аст, ташриф орад. Ӯ ва занаш, ки ҳамчунин пешрав мебошад, барои мошинашон сӯзишвории кофӣ надоштанд — он фақат ба як тарафи роҳ мерасид. Маошашро бошад, Курт танҳо баъд аз як ҳафта гирифта метавонист, бинобар ин ӯ ба худ савол медод, ки оё қарори дуруст қабул кард ё не. Аммо баъд аз дуогӯӣ онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ин супоришро иҷро мекунанд ва дилпур буданд, ки Худо дар бораи ниёзҳои онҳо ғамхорӣ мекунад. Пеш аз ба роҳ баромаданашон як хоҳар занг зада гуфт, ки барои онҳо тӯҳфае дорад. Ва ин тӯҳфа маҳз он маблағе буд, ки барои баргаштанашон лозим буд. Курт мегӯяд: «Вақте дар ҳаётат чунин воқеаҳо такроран рӯй медиҳанд, ба осонӣ дасти Яҳуваро мебинӣ».

11. Баъзе баракатҳоеро, ки пешравон соҳиб мешаванд, номбар кунед.

11 Бале, пешравон бисёр вақт дарк мекунанд, ки ҳар қадар онҳо ба Яҳува наздиктар шаванд ва дар хизмат бисёртар иштирок намоянд, ҳамон қадар соҳиби баракатҳои бештар мегарданд (Такр. Ш. 28:2). Бо вуҷуди ин хизмати пешравӣ душвориҳои ба худ хосро дорад. Ҳар як ходими Худо зери таъсири нокомилӣ ва ин ҷаҳони шарир қарор дорад. Баъзан аз сабаби душвориҳо пешравон хизматашонро ба муддате қатъ мекунанд. Лекин бисёр вақт ин душвориҳоро пешгирӣ ва ё ҳал кардан мумкин аст. Чӣ ба пешравон ёрдам карда метавонад, то ин хизмати пуршарафро давом диҳанд?

ЧӢ ТАВР ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТРО МЕТАВОН ДАВОМ ДОД

12, 13. a) Агар пешрав меъёри соатҳоро ба ҷо оварда натавонад, ӯ бояд чӣ кор кунад? б) Чаро реҷаи хуби хониши Китоби Муқаддас, омӯзиши шахсӣ ва мулоҳизаронӣ доштан хеле муҳим аст?

12 Аксари пешравон хеле серкоранд. Азбаски ҳамаи корро кардан осон нест, реҷаи хуб доштан хеле муҳим аст (1 Қӯр. 14:33, 40). Агар пешрав меъёри соатҳоро иҷро карда натавонад, ба ӯ дида баромадан лозим аст, ки вақташро чӣ тавр истифода мебарад (Эфс. 5:15, 16). Ӯ аз худ пурсида метавонад: «Чӣ қадар вақтро ман барои дамгирӣ сарф мекунам? Оё ба ман лозим аст, ки худро бештар ба низом дарорам? Оё ман метавонам реҷаи кориамро тағйир диҳам?» Ҳар як масеҳӣ бо он розӣ хоҳад шуд, ки ба корҳои на он қадар муҳим роҳ додан осон аст. Аз ин рӯ ба онҳое, ки пурравақт хизмат мекунанд, шояд лозим аст, ки саволҳои дар боло овардашударо мунтазам дида бароянд ва агар зарур бошад, ба реҷаашон дигаргуниҳо дароранд.

13 Хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас, омӯзиши шахсӣ ва мулоҳизаронӣ бояд як қисми реҷаи пешравон бошад. Бинобар ин ба пешрав худидоракунӣ ва интизом зарур аст, то вақти барои ин корҳои муҳим ҷудокардаашро ба корҳои дигар сарф накунад (Фил. 1:10). Масалан, тасаввур кунед, ки пешрав рӯзи дароз хизмат карда, бегоҳ ба хона бармегардад. Вай ният дорад, ки ба вохӯрии ҷамъомад тайёрӣ бинад. Вале ӯ аввал мактубҳоро мехонад, баъд компютерашро даргиронда номаҳои электрониро аз назар мегузаронад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад. Якбора вай ба сайти интернетӣ даромада хабар мегирад, ки оё нархи чизе ки хариданӣ буд, паст шудааст ё не. Ӯ нафаҳмида мемонад, ки чӣ тавр қариб ду соат вақташ гузаштааст, вале ӯ то ҳол омӯзиши чизеро ки ба нақша гирифта буд, сар накардааст. Чаро ба ин масъала диққат додан муҳим аст? Агар варзишгарони касбӣ дар соҳаи варзиш дуру дароз мондан хоҳанд, ба онҳо лозим аст, ки ғизои солим истеъмол намуда, ба саломатии худ аҳамият диҳанд. Мисли ин ба пешравон лозим аст, ки мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронанд, то дар хизмати пурравақт бимонанд (1 Тим. 4:16).

14, 15. a) Чаро тарзи ҳаёти пешравон бояд оддӣ бошад? б) Ҳангоми бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан ба пешрав чӣ кор кардан лозим аст?

14 Пешравони муваффақ кӯшиш мекунанд, ки тарзи ҳаёташон оддӣ бошад. Исо шогирдонашро ташвиқ менамуд, ки чашми солим, ё назари оддӣ, дошта бошанд (Мат. 6:22). Ӯ худаш низ оддӣ зиндагӣ мекард, то тамоми диққаташро ба хизмат равона карда тавонад. Боре ӯ гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад» (Мат. 8:20). Пешраве, ки ба намунаи Исо пайравӣ кардан мехоҳад, бояд нағз дар хотир дорад, ки чизу чораи бисёр нигоҳубину таъмири зиёдро талаб мекунад.

15 Ҳарчанд пешравон шарафи ходими пурравақт буданро доранд, лекин худро аз дигарон беҳтар намешуморанд. Баръакс, онҳо медонанд, ки ҳар ато ё хизмати пуршараф аз рӯи лутфу марҳамати Худо мебошад. Ҳамин тавр, барои хизмати пурравақтро давом додан ҳар пешрав бояд ба Яҳува таваккал кунад (Заб. 120:1, 2). Душвориҳо бешубҳа ба миён меоянд (Заб. 33:20). Вақте чунин мешавад, пешравон ба ҷои дарҳол аз хизмати пурравақт даст кашидан бояд аз Яҳува роҳнамоӣ пурсанд ва ёрии Ӯро қабул кунанд. (Забур 36:5-ро бихонед.) Кӯмаки пурмуҳаббати Худоро дида, онҳо ба Ӯ, ба Падари ғамхори осмониашон, боз ҳам наздиктар мешаванд (Иш. 41:10).

ОЁ ШУМО МЕТАВОНЕД БА САФИ ПЕШРАВОН ДОХИЛ ШАВЕД?

16. Агар шумо пешрав шудан хоҳед, бояд чӣ кор кунед?

16 Агар шумо баракатҳоеро, ки пешравон мегиранд, ба даст овардан хоҳед, ин хоҳишатонро ба Яҳува дар дуо изҳор намоед (1 Юҳ. 5:14, 15). Бо онҳое, ки чун пешрав хизмат карда истодаанд, сӯҳбат кунед. Мақсадҳое гузоред, ки барои пешрав шуданатон ёрӣ медиҳанд. Кит ва Эрика ҳамин тавр амал карданд. Онҳо пурравақт кор мекарданд ва ба мисли бисёр ҷуфтони ҳамсолашон пас аз оиладоршавӣ хона ва мошини нав хариданд. Онҳо мегӯянд: «Мо гумон мекардем, ки ин чизҳо ба мо қаноатмандӣ меоранд, вале ин тавр нашуд». Пас аз он ки Кит корашро аз даст дод, ӯ чун пешрави ёвар хизмат кард. Вай ба хотир меорад: «Ин намуди хизмат ба ман хотиррасон кард, ки то чӣ андоза хизмат хурсандии зиёд меорад». Онҳо бо ҷуфти ҳамсароне, ки пешрав буданд, дӯст шуданд. Бо ёрдами он пешравон онҳо фаҳмиданд, ки чӣ тавр тарзи ҳаёти оддӣ ва хизмати пурравақт хурсандӣ оварда метавонад. Кит ва Эрика чӣ кор карданд? «Мо мақсадҳои рӯҳониамонро дар варақе навишта, ба яхдон часпондем ва ҳар гоҳе ки ба яке аз он мақсадҳо ноил мегаштем, онро қайд мекардем». Баъд аз якчанд вақт онҳо тавонистанд, ки пешрав шаванд.

17. Чаро хуб мебуд, ки дар бораи пешрав шуданатон чуқур мулоҳиза ронед?

17 Оё шумо метавонед ба қатори пешравон дохил шавед? Агар шумо фикр кунед, ки ҳоло пешрав шуда наметавонед, ҳар чӣ бештар дар хизмат иштирок карда, муносибатҳоятонро бо Яҳува наздиктар созед. Ба Яҳува дуо гуфта, вазъиятатонро бодиққат дида бароед, он гоҳ шояд дарёбед, ки агар ба ҳаётатон баъзе дигаргуниҳо дароред, пешрав шуда метавонед. Вақте ки шумо пешрав мешавед, хурсандии шумо назар ба ҳар гуна қурбониҳое ки кардаед, хеле зиёдтар хоҳад буд. Шумо аз он ки на хоҳишҳои худ, балки кори Салтанатро дар ҷои аввал мегузоред, қаноатмандии бештар ҳис мекунед (Мат. 6:33). Ҳамчунин ба дигарон хизмат карда, шумо хушбахттар мегардед. Беш аз ин шумо имконияти бисёртар пайдо мекунед, ки дар бораи Яҳува фикр кунед ва гап занед. Бо ин шумо Худоро хушнуд месозед ва муҳаббататонро нисбати Ӯ чуқуртар мегардонед.