Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

Дурӯғе, ки одамонро аз Худо дур кард

Дурӯғе, ки одамонро аз Худо дур кард

БИСЁРИҲО АҚИДА ДОРАНД:

«Худо сегона аст. Ӯ Худои ягонаест, ки худро дар се шахсияти илоҳӣ ошкор сохтааст: Падар, писар ва рӯҳулқудс. Ҳар шахсияти ӯ комилан илоҳӣ аст ва бо ду шахсияти дигар баробар аст. Онон се худо нестанд, балки як ва ягона мебошанд» (Доират-ул-маорифи Китоби Муқаддас ба забони форсӣ).

ҲАҚИҚАТИ КИТОБИ МУҚАДДАС:

Ҳазрати Исо, ки писари Худо мебошад, ҳеҷ гоҳ худро ба Падараш баробар намекард ва ба мавқеи ӯ дастдарозӣ наменамуд. Баръакс, ӯ чунин гуфта буд: «Ман назди Падар меравам, зеро Падар аз ман бузургтар аст» (Юҳанно 14:28). Исо ҳамчунин ба яке аз пайравони худ гуфт: «Ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам» (Юҳанно 20:17).

Рӯҳи муқаддас шахсият нест. Мувофиқи Китоби Муқаддас, вақте масеҳиёни асри як «аз рӯҳи муқаддас пур шуданд» Яҳува ба онҳо гуфт: «Ман бар ҳар гуна одамон аз рӯҳи худ мерезам» (Корнома 2:1–4, 17). Рӯҳи муқаддас қисми Сегона нест, балки он қувваи Худост.

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

Диншиносони католикӣ Карл Ранер ва Герберт Форгримлер чунин мегӯянд: «Сегона ин сирре мебошад, ки онро то худи Худо ошкор насозад, касе фаҳмида наметавонад ва ошкор созад ҳам, пурра дарк кардани он амри маҳол аст». Агар шумо шахсро нашиноседу хислатҳояшро надонед, оё ба ӯ меҳр баста метавонед? Аз ин бармеояд, ки таълимоти Сегона барои Худоро шинохтану ба ӯ наздик шудан санги монеа аст.

Марко, ки суханонаш дар мақолаи аввал оварда шудаанд, мегӯяд, ки таълимоти Сегона барои шинохтани Худо садди роҳи ӯ мешуд. Ӯ илова мекунад: «Ман фикр мекардам, ки Парвардигор худро ба ман ошкор кардан намехоҳад, барои ҳамин торафт худро аз ӯ дур ҳис мекардам. Ҳатто гумон доштам, ки ӯ Худои асроромез аст ва ҳеҷ гоҳ ӯро шинохта наметавонам». Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо «аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Корнома 17:27). Ӯ худро махфӣ намедорад. Баръакс, мехоҳад мо ӯро шиносем. Дар ин хусус Ҳазрати Исо чунин гуфтааст: «Мо он чиро, ки медонем, мепарастем» (Юҳанно 4:22).

Марко боз қайд мекунад: «Вақте ман фаҳмидам, ки Худо қисми Сегона нест, ниҳоят тавонистам, ки бо ӯ наздиктар шавам». Агар Яҳува барои мо ношиносу асроромез неву Худои зинда бошад, ӯро дӯст доштан осон мегардад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳар кӣ дӯст намедорад, Худоро нашинохтааст, зеро Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8).