Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ МУҚОВА | ДУРӮҒҲОЕ, КИ ХУДОРО БАДНОМ МЕКУНАНД

Ростӣ шуморо озод карда метавонад

Ростӣ шуморо озод карда метавонад

Рӯзе ҳазрати Исо дар Ерусалим дар бораи Худои бузург, Яҳува, сухан гуфт ва фиреби роҳбарони динии он замонро фош кард (Юҳанно 8:12–30). Суханҳое, ки Исо он вақт гуфт, нишон медиҳанд, ки чӣ тавр боварҳои паҳншударо дар бораи Худо санҷем, бинем, ки онҳо ростанд ё не. Исо гуфт: «Агар ҳамеша ба гуфти ман кунед, дар ҳақиқат, шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳанно 8:31, 32).

«Ба гуфти ман кунед» гуфта, Исо меъёреро муқаррар кард, ки мо аз рӯйи он рост будан ё набудани ягон таълимоти диниро санҷида метавонем. Вақте дар бораи Худо ягон чиро мешунавед, аз худ пурсед: «Оё ин таълимот ба суханони Исо ва дигар ҷойҳои Навиштаҳои Муқаддас мувофиқат мекунанд?» Мо метавонем аз мардуме, ки суханони Павлуси расулро шуниданд, ибрат гирем. Онҳо «ҳар рӯз Навиштаҳоро бодиққат меомӯхтанд, то бидонанд, ки суханони шунидаашон рост аст ё не» (Корнома 17:11).

Марко, Роза ва Реймонд, ки суханонашонро дар аввали ин силсиламақола оварда будем, бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш карда, боварҳои худро бодиққат санҷиданд. Онҳо ба чӣ хулоса омаданд?

Марко: «Ҳар боре ки ману занам аз омӯзгорамон ягон чиз мепурсидем, ӯ ҳама вақт аз Китоби Муқаддас ба мо ҷавоб медод. Оқибат пайванди дӯстии мо бо Яҳува мустаҳкамтар гардиду мо низ ба якдигар наздик шудем».

Роза: «Дар аввал ман фикр мекардам, ки Китоби Муқаддас як китоби фалсафиест, ки дар бораи Худо аз нигоҳи инсонӣ сухан мегӯяд. Вале бо гузашти вақт ман дидам, ки Китоби Муқаддас ба саволҳои ман ҷавоб медиҳад. Акнун Яҳува барои ман воқеист! Ман ба ӯ пурра такя карда метавонам».

Реймонд: «Ман дар дуо аз Худо пурсидам, то ба мо кумак кунад, ки дар бораи ӯ таълим гирем. Дере нагузашта ману шавҳарам омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардем. Мо хеле шод будем, ки ҳақиқатро дар бораи Яҳува, дар бораи Худое, ки ин қадар хислатҳои зебо дорад, фаҳмидем».

Китоби Муқаддас на фақат дурӯғҳоро дар бораи Худо фош мекунад, балки инчунин ҳақиқатро дар бораи сифатҳои зебои ӯ ошкор мекунад. Он паёми илоҳмбахшидаи Худост ва ба мо кумак мекунад, «то ба он чизе, ки Худо ба мо ато кардааст, сарфаҳм равем» (1 Қӯринтиён 2:12). Китоби Муқаддас ба саволҳои муҳим дар бораи Худо, нияти ӯ ва ояндаи мо ҷавоб медиҳад. Шумо метавонед бо онҳо дар вебсайти www.pr418.com ошно шавед. Барои ин ба бахши «Таълимоти Китоби Муқаддас > Ба саволҳои худ аз Китоби муқаддас ҷавоб ёбед», дароед. Ҳамчунин дар ин сомона шумо метавонед омӯзиши Китоби Муқаддасро бо яке аз Шоҳидони Яҳува дархост кунед. Мо умедворем, ки, агар чунин кунед, меҳратон ба Худо аз пештара бештар мегардад.