Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пирон, ба Чӯпонони бузургтарин пайравӣ кунед

Пирон, ба Чӯпонони бузургтарин пайравӣ кунед

«Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед» (1 ПЕТ. 2:21).

1, 2. а) Вақте ки ба гӯсфандон хуб нигоҳубин мекунанд, ин чӣ натиҷа меорад? б) Чаро бисёр одамони замони Исо мисли гӯсфандони бечӯпон буданд?

 ВАҚТЕ КИ чӯпон ба гӯсфандонаш нағз нигоҳубин мекунад, онҳо солиму бардам мегарданд. Дар як маълумотнома оиди парвариши гӯсфандон гуфта мешавад, ки «агар чӯпон гӯсфандонро бурда ба чарогоҳ сар диҳаду дигар ба онҳо аҳамият надиҳад ё дар бораашон ғамхорӣ накунад, эҳтимол вақти зиёд нагузашта ӯ мебинад, ки гӯсфандонаш лоғару бемор гашта, барои фурӯш ношоям шудаанд». Лекин агар чӯпон ба гӯсфандонаш ба таври лозима нигоҳубин кунад, рамаи ӯ фарбеҳу тоза гашта, афзоиш меёбад.

2 Дар бораи ҷамъомад низ чунин гуфтан мумкин аст. Ғамхориву таваҷҷӯҳе, ки чӯпонони масеҳӣ ба ҳар як гӯсфанд зоҳир мекунанд, ба саломатии рӯҳонии тамоми ҷамъомад таъсир мекунад. Шумо шояд дар хотир доред, ки чӣ тавр Исо «анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон» буданд (Мат. 9:36). Чаро онҳо дар чунин ҳолати андӯҳовар қарор доштанд? Зеро касоне, ки бояд ба онҳо Қонуни Худоро таълим медоданд, сахтгир, дағал ва дурӯя буданд. Ба ҷои он ки ба халқ кӯмак расонанд ва онҳоро таълим диҳанд, сарварони динии халқи Исроил бар дӯши онҳо «борҳои гарон» мегузоштанд (Мат. 23:4).

3. Пирон нақши худро чун чӯпонони рӯҳонӣ иҷро намуда, чиро бояд дар хотир доранд?

3 Чӯпонони масеҳии имрӯза, яъне пирон масъулияти ҷиддиро бар ӯҳда доранд. Гӯсфандоне, ки пирон ба онҳо ғамхорӣ мекунанд, ба Яҳува ва Исо, ки худро «чӯпони нек» номидааст, тааллуқ доранд (Юҳ. 10:11). Он гӯсфандон «бо нархи гарон», яъне «бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ» харида шудаанд (1 Қӯр. 6:20; 1 Пет. 1:18, 19). Исо гӯсфандонашро чунон дӯст медорад, ки ҳаёташро барои онҳо бо омодагӣ қурбон кард. Пирон ҳамеша бояд дар хотир доранд, ки онҳо чӯпонони зердастанд ва нозири онҳо «Чӯпони бузурги гӯсфандон» — Исои Масеҳ мебошад. Онҳо барои бо рама чӣ тавр муносибат карданашон дар назди ӯ ҷавобгаранд (Ибр. 13:20).

4. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

4 Чӯпонони масеҳӣ ба гӯсфандон бояд чӣ гуна муносибат кунанд? Аъзоёни ҷамъомад даъват карда мешаванд, ки «ба сардорони худ фармонбардор» бошанд. Аз тарафи дигар, Яҳува ба пирони масеҳӣ мегӯяд, ки «бар мероси Худо ҳукмронӣ» накунанд. (Ибр. 13:17; 1 Петрус 5:2, 3-ро бихонед.) Пас, чӣ тавр пирони таъиншуда ба рама «ҳукмронӣ» накарда, онро роҳбарӣ карда метавонанд? Дигар хел карда гӯем, чӣ тавр пирон метавонанд аз доираи ҳокимияте, ки Худо ба онҳо додааст, набаромада, оиди ниёзҳои гӯсфандон ғамхорӣ кунанд?

ОНҲОРО «ДАР ОҒӮШИ ХУД ХОҲАД ГИРИФТ»

5. Дар ояти Ишаъё 40:11 Яҳува чӣ гуна тасвир шудааст?

5 Дар бораи Яҳува пайғамбар Ишаъё гуфт: «Ӯ мисли чӯпоне рамаи Худро хоҳад чаронид, баррагонро бо бозуи худ ҷамъ карда, дар оғӯши Худ хоҳад гирифт, мешони ширдеҳро роҳнамоӣ хоҳад намуд» (Иш. 40:11). Ин оят тасвир мекунад, ки Яҳува оиди шахсони заиф ва ба ҳимоя мӯҳтоҷ ғамхорӣ мекунад. Чуноне ки чӯпон аз эҳтиёҷоти махсуси ҳар як гӯсфанди рамааш бохабар аст ва барои ба онҳо ғамхорӣ кардан тайёр аст, Яҳува ниёзҳои аъзоёни ҷамъомадро медонад ва аз расонидани кӯмаки лозима хурсанд аст. Чӣ тавре ки чӯпон баррачаҳои навзодро ҳангоми зарур будан ба бағали худ мегирад, Яҳува, ки «Падари марҳаматҳо» аст, дар вақтҳои ноором моро тасаллӣ мебахшад ва ба мо ғамхории махсус зоҳир мекунад (2 Қӯр. 1:3, 4).

6. Чун чӯпони рӯҳонӣ, чӣ тавр пири ҷамъомад ба намунаи Яҳува пайравӣ карда метавонад?

6 Чӣ дарси олиҷанобе гирифта метавонад чӯпони ҷамъомад аз Падари осмонии мо! Мисли Яҳува, ӯ бояд ба ниёзҳои гӯсфандон бодиққат бошад. Агар пири ҷамъомад донад, ки бародарону хоҳарон чӣ гуна душвориҳо доранд ва ба кадом эҳтиёҷоти махсуси онҳо ҳар чӣ зудтар диққат додан лозим аст, вай метавонад онҳоро тасаллӣ диҳад ва кӯмаки лозимаро расонад (Мас. 27:23). Барои ин ба ӯ лозим аст, ки бо онҳо муоширати наздик дошта бошад. Ҳарчанд пир ба ҳаёти шахсии ҳамимонон дахолат намекунад, ӯ дар ҷамъомад ба чеҳра ва гуфтори онҳо аҳамият дода, дар чӣ гуна ҳолат қарор доштанашонро пай мебарад ва бо меҳрубонӣ барои «нотавононро дастгирӣ» кардан вақт ҷудо мекунад (Аъм. 20:35; 1 Тас. 4:11).

7. а) Дар рӯзҳои Ҳизқиёл ва Ирмиё чӯпонон бо гӯсфандони Худо чӣ гуна муносибат мекарданд? б) Аз он ки Худо чӯпонони худпарастро рад кард, мо чӣ дарс гирифта метавонем?

7 Дар бораи рӯҳияи чӯпонони халқи Худо, ки дар замони Ҳизқиёл ва Ирмиё мезистанд, фикр кунед. Яҳува он чӯпононро рад кард, чунки онҳо ба гӯсфандони Ӯ ғамхорӣ намекарданд. Яҳува гуфт: «Гӯсфандони Ман бе чӯпон монда, тӯъмае барои ҳар ҳайвони саҳро гардидаанд ва чӯпонони Ман аҳволи рамаи Маро напурсидаанд ва чӯпонони Ман худашонро чаронидаанд валекин рамаи Маро начаронидаанд». Азбаски сарварон худпараст ва чашмгурусна буданд, халқ азоб мекашид ва пароканда буд (Ҳиз. 34:7–10; Ирм. 23:1). Метавон гуфт, ки аз тарафи Худо рад шудани он чӯпонон ба сарварони давлатҳои ба ном масеҳӣ низ дахл дорад. Пирони масеҳӣ аз ин чӣ дарси муҳим гирифта метавонанд? Онҳо бояд ба рамаи Худо нағз диққат диҳанд ва меҳрубон бошанд.

«БА ШУМО НАМУНАЕ НИШОН ДОДАМ»

8. Чӣ тавр Исо дар ислоҳ кардани рӯҳияи нодурусти шогирдонаш намунаи хуб гузошт?

8 Аз сабаби нокомилии инсонӣ баъзе гӯсфандони Худо шояд чизеро, ки Яҳува аз онҳо интизор аст, ба зудӣ нафаҳманд. Онҳо метавонанд қарорҳое қабул кунанд, ки ба принсипҳои Навиштаҳо мувофиқат намекунанд ё шояд рафторе кунанд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ хом будани онҳоро нишон медиҳад. Пирон ба ин чӣ гуна бояд муносибат кунанд? Онҳо бояд ба Исо, ки нисбати шогирдонаш пуртоқат буд, пайравӣ намоянд. Шогирдони Исо бисёр вақт баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо дар Салтанат бузургтар ҳисоб меёбад, вале Исо ҳеҷ гоҳ аз онҳо ба хашм намеомад. Ба ҷои сабру тоқатро аз даст додан, Исо меҳрубонона ба шогирдонаш таълим доданро давом медод ва онҳоро оиди зоҳир кардани фурӯтанӣ насиҳат мекард (Луқ. 9:46–48; 22:24–27). Ӯ ҳатто пойҳои онҳоро шуст ва бо ин рафтори худ ба онҳо дарси фурӯтанӣ нишон дод. Зоҳир кардани фурӯтанӣ ба пирони замони мо низ муҳим аст (Юҳанно 13:12, 15-ро бихонед; 1 Пет. 2:21).

9. Исо ҳаввориёнашро ба доштани чӣ гуна рӯҳия даъват кард?

9 Нуқтаи назари Исо ба нақши чӯпони рӯҳонӣ аз он рӯҳияе, ки Яъқуб ва Юҳанно боре зоҳир намуданд, фарқ мекард. Он ду ҳавворӣ дар Салтанат барои худ мавқеи баланд меҷустанд. Лекин Исо рӯҳияи онҳоро ислоҳ карда гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд; Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад» (Мат. 20:25, 26). Ҳаввориён бояд бо майлу хоҳиши ба бародарони худ «ҳукмронӣ» кардан, ё бар онҳо «фармонраво» будан, мубориза мебурданд.

10. Исо аз пирон дар мавриди муносибат бо рама чиро интизор аст ва вобаста ба ин Павлус чӣ намуна гузошт?

10 Исо аз пирони масеҳӣ интизор аст, ки бо рама мисли ӯ муносибат кунанд. Онҳо бояд тайёр бошанд, то чун хизматгори бародарони худ рафтор кунанд, на чун ҳукмфармоёни онҳо. Павлуси ҳавворӣ чунин рӯҳияи фурӯтанӣ дошт, зеро ӯ ба пирони ҷамъомади Эфсӯс гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам, дар ҳолате ки бо камоли фурӯтанӣ... ба Худованд хизмат кардам». Павлус мехост, ки он пирон фурӯтан бошанд ва аз таҳти дил баҳри ҳамимонон меҳнат кунанд. Вай гуфт: «Бо тамоми рафтори худ ман ба шумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем» (Аъм. 20:18, 19, 35). Дар нома ба Қӯринтиён Павлус гуфт, ки ӯ бар имони онҳо ҳукмфармоӣ накардааст. Баръакс, ӯ низ мисли онҳо хизматгори фурӯтани Худо буд ва мехост, ки барои бо шодмонӣ хизмат кардан ба онҳо ёрӣ диҳад (2 Қӯр. 1:24). Павлус бо он ки фурӯтан буд ва бисёр меҳнат мекард, ба пирони имрӯза намунаи хуб гузошт.

ДАР АСОСИ «КАЛОМИ ҲАҚИҚӢ» МАСЛИҲАТ ДИҲЕД

11, 12. Чӣ тавр пири ҷамъомад ба ягон бародар ё хоҳар барои қабул кардани қарор кӯмак карда метавонад?

11 Маслиҳате, ки пири ҷамъомад медиҳад, бояд ҳамеша бар «каломи ҳақиқӣ», яъне Китоби Муқаддас асос ёбад (Тит. 1:9). Вале ӯ маслиҳати худро «дар рӯҳи фурӯтанӣ» медиҳад (Ғал. 6:1). Ба ҷои он ки ҳамимонони худро ба ин ё он тавр рафтор кардан маҷбур кунад, чӯпони хуби рӯҳонӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки худашон дар асоси муҳаббати ба Худо ва Каломи Ӯ доштаашон қарор қабул кунанд. Масалан, пири ҷамъомад бо бародаре, ки қарори муҳим қабул карданӣ аст, метавонад принсипҳои Китоби Муқаддасро муҳокима кунад. Вай шояд ҳамроҳи ӯ мақолаҳои дар ин мавзӯъ чопшударо аз адабиётҳоямон дида барояд. Ҳамчунин ӯ бародарро барангехта метавонад, то оиди он ки ин ё он қарор ба муносибатҳои бо Яҳува доштааш чӣ гуна таъсир мерасонад, фикр кунад. Пир метавонад ба ӯ хотиррасон кунад, ки пеш аз қабул кардани қарор дар дуо аз Худо роҳнамоӣ ҷустан муҳим аст (Мас. 3:5, 6). Баъди бо ҳамимон муҳокима кардани ин чизҳо пири ҷамъомад ба ӯ мегузорад, ки худаш қарор қабул кунад (Рум. 14:1–4).

12 Пирони масеҳӣ ҳокимияти худро танҳо дар доираи гуфтаҳои Китоби Муқаддас амалӣ мегардонанд. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки онҳо Китоби Муқаддасро моҳирона истифода баранд ва ҳамеша дар асоси он маслиҳат диҳанд. Чунин рафтор кардан ба пирон ёрӣ медиҳад, ки аз доираи ҳокимияте, ки Худо ба онҳо додааст, берун набароянд. Охир, онҳо фақат чӯпонони зердаст мебошанд. Ҳар як аъзои ҷамъомад барои қарорҳои қабулкардаи худ дар назди Яҳува ва Исо худашон ҷавоб медиҳанд (Ғал. 6:5, 7, 8).

«НАМУНАИ ИБРАТ» БАРОИ РАМА

Пирон ба аъзоёни оилаи худ ёрӣ медиҳанд, ки пеш аз ба хизмат рафтан тайёрӣ бинанд (Ба сархати 13 нигаред)

13, 14. Дар кадом соҳаҳо пири ҷамъомад барои рама бояд намунаи ибрат бошад?

13 Петруси ҳавворӣ баъди он ки ба пирони ҷамъомад «бар мероси Худо ҳукмронӣ» накунед гуфт, онҳоро насиҳат дод, ки «ба рама намунаи ибрат нишон» диҳанд (1 Пет. 5:3). Чӣ тавр пири ҷамъомад ба рама намуна буда метавонад? Бародаре, ки чун пир хизмат кардан мехоҳад, бояд дорои як қатор хусусиятҳо бошад. Дутои онҳоро дида мебароем. Якум, вай бояд «боисмат [«солимфикр», ТДН] бошад. Ин маънои онро дорад, ки ӯ бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро хуб фаҳмад ва чӣ тавр дар ҳаёт ба кор бурдани онҳоро донад. Ҳамчунин дар вазъиятҳои душвор ӯ бояд оромиро нигоҳ дорад ва пеш аз қабул кардани қарор нағз фикр кунад. Дуюм, вай бояд «хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад». Ин маънои онро дорад, ки агар пир оиладор бошад, ӯ бояд чун шавҳар ва падар намунаи хуб бошад, зеро «кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамхорӣ карда метавонад?» (1 Тим. 3:1, 2, 4, 5). Дар пирон дидани чунин хислатҳо бовариву эътимоди аъзоёни ҷамъомадро нисбати онҳо зиёд мегардонад.

14 Инчунин дар хизмати мавъиза роҳбариро ба ӯҳда гирифта, пирон мисли Исо ба ҳамимонон намунаи хуб нишон медиҳанд. Мавъизаи хушхабари Салтанат қисми муҳими ҳаёти Исо буд ва ӯ ба шогирдонаш чӣ тавр иҷро кардани ин корро ёд медод (Марқ. 1:38; Луқ. 8:1). Дар рӯзҳои мо, чӣ қадар рӯҳбаландкунанда аст барои воизон паҳлӯ ба паҳлӯ бо пирон хизмат намудан, ҷидду ҷаҳди онҳоро дар ин кори наҷотбахш мушоҳида кардан ва тарзҳои мавъизакунии онҳоро ёд гирифтан! Вақте ки пирон ба серкориашон нигоҳ накарда боғайратона вақту қуввати худро ба хизмати мавъиза сарф мекунанд, ин гуна рӯҳияи онҳо тамоми ҷамъомадро ба зоҳир кардани чунин кӯшишу ғайрат бармеангезад. Пирон инчунин аз он ҷиҳат ба ҳамимонони худ намуна буда метавонанд, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад хуб тайёрӣ дида, дар онҳо иштирок мекунанд ва дар корҳои дигар, ба монанди рӯбучину нигоҳубини Толори Салтанат ва дигар ҷойҳои ибодат саҳм мегузоранд. (Эфс. 5:15, 16; Ибриён 13:7-ро бихонед.)

Пирон дар хизмати мавъиза намунаи ибрат нишон медиҳанд (Ба сархати 14 нигаред)

«СУСТОНРО ДАСТГИРӢ НАМОЕД»

15. Баъзе сабабҳои ба хабаргирии аъзоёни ҷамъомад рафтани чӯпонони рӯҳонӣ кадоманд?

15 Вақте ки гӯсфанде захмин ё бемор мегардад, чӯпони хуб ба зудӣ аз паи ӯ мешавад. Ба ин монанд, ба пирон лозим аст, то ба касоне, ки азоб мекашанд ё ба маслиҳат ва тасаллӣ мӯҳтоҷанд, ҳар чӣ зудтар кӯмак расонанд. Пиронсолон ва шахсони бемор бинобар эҳтиёҷоти ҷисмонии худ эҳтимол ба таваҷҷӯҳ ниёз доранд, вале онҳо хусусан ба кӯмаки рӯҳонӣ ва рӯҳбаландкунӣ мӯҳтоҷанд (1 Тас. 5:14). Аъзоёни ҷавони ҷамъомад бошанд, шояд бо «шаҳавоти ҷавонӣ» мубориза мебаранд (2 Тим. 2:22). Пирон бо он ба аъзоёни ҷамъомад ёрӣ медиҳанд, ки вақт аз вақт онҳоро хабар мегиранд. Дар давоми ин ташрифҳо, пирон мекӯшанд, ки аз душвориҳое, ки ҳамимонон доранд, бохабар гарданд ва бо маслиҳати бамавриди Навиштаҳо онҳоро рӯҳбаланд кунанд. Агар пирон саривақт ба бародарону хоҳарон ёрии ба онҳо лозимаро расонанд, бисёр проблемаҳои ҷиддиро пешгирӣ кардан мумкин аст.

16. Агар ягон аъзои ҷамъомад ба кӯмаки рӯҳонӣ ниёз дошта бошад, пирон чӣ гуна ёрӣ дода метавонанд?

16 Чӣ бояд кард, агар ягон аъзои ҷамъомад душвории ҷиддие дораду муносибаташ бо Яҳува зери хатар аст? Нависандаи Китоби Муқаддас Яъқуб чунин гуфт: «Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд,— ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд» (Яъқ. 5:14, 15). Ҳатто агар шахсе, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ бемор аст, пирони ҷамъомадро «назди худ даъват» накунад ҳам, пирон дар сурати аз вазъияти ӯ бохабар гаштан, бояд ҳар чӣ зудтар ба кӯмаки вай шитобанд. Вақте ки пирон ҳамроҳи ҳамимонон ва дар ҳаққи онҳо дуо мегӯянду дар лаҳзаҳои мушкил онҳоро дастгирӣ мекунанд, онҳо чун чӯпонони ғамхор ба ҷамъомад таровату рӯҳбаландии рӯҳонӣ мебахшанд. (Ишаъё 32:1, 2-ро бихонед.)

17. Вақте ки пирон ба «Чӯпони бузург» пайравӣ мекунанд, ин чӣ натиҷа меорад?

17 Дар ҳар коре, ки чӯпонони масеҳӣ дар ташкилоти Яҳува мекунанд, онҳо мекӯшанд ба «Чӯпони бузург», Исои Масеҳ, пайравӣ кунанд. Ҷамъомади Худо бо кӯмаки рӯҳонии чунин мардони масъул манфиати зиёд ба даст меорад ва нашъунамо меёбад. Барои ҳамаи ин, мо аз Яҳува — Чӯпони беҳамто миннатдорем ва хоҳиш пайдо мекунем, ки Ӯро ҳамду сано гӯем.