Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

100 соли ҳукмронии Салтанат ва комёбиҳои он

100 соли ҳукмронии Салтанат ва комёбиҳои он

«Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худо... Подшоҳи муқаддасон!» (ВАҲЙ 15:3).

1, 2. Салтанати Худо чӣ кор хоҳад кард ва чаро мо дилпур буда метавонем, ки ин Салтанат ҳатман меояд?

БАҲОРИ соли 31-уми эраи мо, дар кӯҳе, ки назди шаҳри Кафарнаҳум мебошад, Исо пайравонашро таълим дода буд, ки ба чунин мазмун дуо гӯянд: «Малакути Ту биёяд» (Мат. 6:10). Имрӯз бисёриҳо шубҳа доранд, ки ягон вақт Салтанати Худо меояд. Лекин, мо боварӣ дорем, ки Яҳува ба дуоҳои самимии мо оиди омадани Салтанати Ӯ ҷавоб хоҳад дод.

2 Яҳува Салтанати худро истифода бурда, оилаи дар осмон ва дар замин доштаашро ба ҳам муттаҳид хоҳад сохт. Ин нияти Худованд албатта иҷро мегардад (Иш. 55:10, 11). Воқеаҳои ҳаяҷоноваре, ки дар тӯли 100 соли охир рӯй доданд, исбот мекунанд, ки Яҳува аллакай Подшоҳ гаштааст ва барои миллионҳо хизматгоронаш корҳои бузург ва олиҷаноб карда истодааст (Зак. 14:9; Ваҳй 15:3). Вале подшоҳ гаштани Яҳува ва омадани Салтанати Худо, ки Исо дар борааш ба мо дуо гуфтанро ёд дода буд, як чиз нестанд. Ин ду воқеа аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд ва ба мо чӣ тавр таъсир мерасонанд?

ПОДШОҲИ ТАЪИНКАРДАИ ЯҲУВА БА АМАЛ ШУРӮЪ МЕКУНАД

3. а) Кай Исо Подшоҳ таъин шуд ва дар куҷо? б) Шумо чӣ тавр исбот мекардед, ки Салтанат соли 1914 барпо гашт? (Ба эзоҳ нигаред.)

3 Охирҳои асри XIX, Худо ба ходимонаш барои фаҳмидани пешгӯие, ки Дониёл зиёда аз 2500 сол пеш навишта буд, рӯшноӣ бахшид. Он пешгӯӣ чунин буд: «Дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд» (Дон. 2:44). Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар давоми даҳсолаҳо ба соли 1914 чун ба соли хеле муҳим ишора карда буданд. Дар он вақт бисёр одамон ба оянда бо назари мусбӣ нигоҳ мекарданд. Чуноне ки як нависанда қайд кард: «Дар соли 1914 ҷаҳон пур аз умеду ваъдаҳо буд». Аммо дертар, дар худи ҳамон сол Ҷанги якуми ҷаҳонӣ сар зад ва пешгӯиҳои Китоби Муқаддас иҷро шуданд. Қаҳтиҳо, заминҷунбиҳо, вабоҳо ва инчунин иҷрошавии дигар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас аниқ нишон медоданд, ки соли 1914 Исои Масеҳ дар осмон чун Подшоҳи Салтанати Худо ҳукмрониро сар кард *. Писари худро чун Подшоҳи Масеҳоӣ таъин карда, Яҳува бешубҳа, боз ба маънои наве Подшоҳ гашт.

4. Подшоҳи навтаъиншуда пеш аз ҳама чӣ кор кард ва сипас диққаташро ба кӣ равона намуд?

4 Аввалин коре, ки Подшоҳи нави Худо ба ҷо овард, ин буд, ки ӯ бар зидди Шайтон — душмани асосии Падараш ҷангид. Исо ва фариштагонаш Иблис ва девҳои ӯро аз осмон сарнагун карданд. Ин ба осмон хурсандии бузург овард, вале барои замин вақти мусибатҳои бемислу монанд сар шуд. (Ваҳй 12:7–9, 12-ро бихонед.) Баъди он Подшоҳи Худо диққаташро ба тобеони заминиаш равона кард, то ки онҳоро тоза кунад, таълим диҳад ва барои хубтар ба роҳ мондани фаъолияти онҳо чора андешад. Биёед бубинем, ки чӣ тавр онҳо дар ин се чиз итоаткорӣ зоҳир намуда, барои мо намунаи хуб нишон доданд.

ПОДШОҲИ МАСЕҲОӢ ТОБЕОНАШРО ТОЗА МЕКУНАД

5. Аз соли 1914 то аввали 1919 чӣ гуна кори тозакунӣ гузаронда шуд?

5 Баъди он ки Исо осмонро аз таъсироти бади Шайтон ва девҳояш тоза кард, Яҳува ба ӯ супориш дод, ки ҳолати рӯҳонии пайравони худро, ки дар замин буданд, тафтиш кунад ва онҳоро тоза намояд. Пайғамбар Малокӣ инро чун тозакунии рӯҳонӣ тасвир карда буд (Мал. 3:1–3). Таърих нишон медиҳад, ки ин тозакунӣ аз соли 1914 то аввали соли 1919 ба амал омад *. Барои қисми оилаи муттаҳиди Яҳува будан, мо бояд пок, яъне муқаддас бошем (1 Пет. 1:15, 16). Мо бояд худро аз ҳар гуна таъсироти заҳролуди динҳои дурӯғ ва сиёсат пок нигоҳ дорем.

6. Ғизои рӯҳонӣ чӣ тавр пешкаш карда мешавад ва чаро қабул кардани он муҳим аст?

6 Сипас Исо қудрати подшоҳии худро истифода бурда, «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро таъин кард. Ин ғулом бояд ҳамаи онҳоеро, ки зери ғамхории Исо «як рама»-ро ташкил медиҳанд, мунтазам бо ғизои хуби рӯҳонӣ таъмин мекард (Мат. 24:45–47; Юҳ. 10:16). Аз соли 1919 инҷониб гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншуда вазифаи пурмасъули бо ғизо таъмин кардани ҳамаи «хизматгорон»-ро содиқона иҷро мекунанд. Бо қабул кардани ғизои фаровони рӯҳонӣ, ки ғуломи мӯътамад ва доно ба мо медиҳад, мо имонамонро қавӣ мегардонем. Он кӯмак мекунад, ки мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва ҷисмонӣ пок монем. Ҳамчунин ин ғизо ба мо таълим медиҳад, то дар кори муҳимтарине, ки имрӯз дар замин рафта истодааст, хубу самаранок иштирок намоем. Оё шумо ин ғизои рӯҳониро мунтазам қабул мекунед?

ПОДШОҲ ТОБЕОНАШРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД, ТО КИ ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН МАВЪИЗА КУНАНД

7. Ҳангоми дар замин будан Исо ба кадом кори муҳим оғоз бахшид ва он то кай давом мекунад?

Вақте ки Исо хизматашро дар замин сар кард, вай гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқ. 4:43). Тӯли сеюним сол, ин хизмат дар ҳаёти Исо кори муҳимтарин буд. Вай шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст» (Мат. 10:7). Баъди эҳё шуданаш, Исо пешгӯӣ кард, ки пайравонаш ин хабарро «то ақсои дунё» паҳн хоҳанд кард (Аъм. 1:8). Ӯ ба онҳо ваъда дод, ки ин кори ҳаётан муҳимро то анҷоми ин тартибот шахсан дастгирӣ мекунад (Мат. 28:19, 20).

8. Чӣ тавр Исои Подшоҳ дар замин пайравони худро ба амал барангехт?

8 Аз соли 1919 сар карда, хушхабари Салтанат маънои бештаре пайдо кард (Мат. 24:14). Подшоҳи таъиншуда аз осмон ҳукмронӣ мекард ва ӯ тобеони заминии тозакардаашро ҷамъ овард. Ин гурӯҳи хурд ба амри аниқу равшани Исо, яъне дар тамоми замин мавъиза кардани хушхабар оиди Салтанат, аз таҳти дил итоат кард! (Аъм. 10:42) Масалан, моҳи сентябри соли 1922 қариб 20 000 тарафдорони Салтанат дар шаҳри Сидар-Пойнт (иёлоти Огайо, ИМА) дар анҷумани байналхалқӣ ҷамъ омаданд. Тасаввур кунед, ки онҳо чӣ қадар ба ҳаяҷон омаданд, вақте бародар Рутерфорд бо нутқе, ки «Салтанат» ном дошт, баромад карда, чунин эълон кард: «Нигаред, Подшоҳ ҳукмронӣ мекунад! Шумо воизони ӯ ҳастед. Аз ин рӯ, Подшоҳ ва Салтанати ӯро мавъиза кунед, мавъиза кунед, мавъиза кунед!» Рӯзи навбатӣ, ки «Рӯзи хизмат» номида шуда буд, ду ҳазор вакилони анҷуман ба хизмати хона ба хона рафтанд ва баъзеҳо ҳатто ба масофаи 72 км сафар карданд, то ки мавъиза кунанд. Як бародар гуфт: «Ман ҳеҷ гоҳ он даъвати мавъизакунӣ ва ғайрати одамони ба анҷуман омадаро фаромӯш намекунам!» Бисёри дигарон низ чунин ҳиссиёт доштанд.

9, 10. а) Барои таълим додани воизони Салтанат чӣ гуна мактабҳо ташкил карда шудаанд? б) Чунин таълимдиҳӣ шахсан ба шумо чӣ гуна кӯмак мерасонад?

9 Дар оғози соли 1922 аллакай беш аз 17 000 воизони Салтанат дар 58 давлати ҷаҳон фаъолона мавъиза мекарданд. Лекин онҳо ба таълимёбӣ ниёз доштанд. Мо медонем, ки дар асри як Исо ба шогирдонаш дастуроти аниқ медод, ки чиро, дар куҷо ва чӣ тавр мавъиза кунанд (Мат. 10:5–7; Луқо 9:1–6; 10:1–11). Ба ин монанд, Подшоҳи интихобшуда имрӯз назорат мекунад, то ҳамаи онҳое ки дар кори мавъизаи Салтанат иштирок мекунанд, таълим ёбанд ва барои самаранок мавъиза кардан лавозимоти заруриро дошта бошанд (2 Тим. 3:17). Ба воситаи ҷамъомади масеҳӣ Исо тобеони худро барои хизмат таълим медиҳад. Яке аз воситаҳое, ки ӯ истифода мебарад, Мактаби таълими мавъиза мебошад, ки зиёда аз 111 000 ҷамъомадҳо дар саросари ҷаҳон аз он таълим мегиранд. Ин мактаб ба беш аз ҳафт миллион воизон дастур медиҳад, ки чӣ тавр ба одамони гуногун мавъиза кунанд ва онҳоро таълим диҳанд. (1 Қӯринтиён 9:20–23-ро бихонед.)

10 Инчунин дигар мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта ҳастанд, ки барои таълим додани пирони ҷамъомад, пешравон, ҷуфтони масеҳӣ, аъзоёни Кумитаи филиалҳо ва ҳамсаронашон, нозирони сайёр ва ҳамсаронашон ва миссионерон ташкил карда шудаанд *. Ҳамсароне, ки дар Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои ҷуфтони масеҳӣ таҳсил намуданд, миннатдориашонро чунин изҳор карданд: «Таълими махсусе, ки мо гирифтем, муҳаббати моро ба Яҳува чуқуртар гардонд ва моро барои кӯмак расондан боз ҳам хубтар тайёр кард».

11. Ба туфайли чӣ воизони Салтанат нигоҳ накарда ба ҳамлаҳои Шайтон мавъизаро давом медиҳанд?

11 Бо чунин муваффақият пеш рафта истодани кори мавъизаи хушхабар ва таълимдиҳӣ аз назари душмани мо Шайтон пӯшида намемонад. Ӯ бо мақсади боздоштани кори мавъиза метавонад ба хушхабар ва касоне, ки онро мавъиза мекунанд, рӯирост ё айёрона ҳамла кунад. Вале кӯшишҳои душман барор нахоҳанд ёфт. Яҳува Писарашро «болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат» шинондааст (Эфс. 1:20, 22). Исо чун Подшоҳ қудраташро истифода бурда, шогирдонашро муҳофизат ва ҳидоят мекунад, то иродаи Падараш бемамониат иҷро шавад *. Хушхабар мавъиза шуда истодааст ва миллионҳо одамони самимӣ роҳҳои Яҳуваро таълим мегиранд. Чӣ шараф аст барои мо иштирок кардан дар ин кори бузург!

ПОДШОҲ ФАЪОЛИЯТИ ТОБЕОНАШРО БА ТАВРИ БЕҲТАР ВА ВАСЕЪТАР БА РОҲ МЕМОНАД

12. Аз соли 1914 барои хубтар ба роҳ мондани фаъолияти тобеони Салтанат дар кори ташкилот чӣ гуна дигаргуниҳо дароварда шуданд?

12 Аз соли 1914, аз замони барпо гаштани Салтанат, Подшоҳи Масеҳоӣ барои иҷро гаштани иродаи Яҳува фаъолияти тобеонашро ба таври беҳтар ба роҳ мемонад. (Ишаъё 60:17-ро бихонед.) Соли 1919 дар ҳар як ҷамъомад роҳбари хизматӣ таъин карда мешуд, то ки дар кори мавъиза роҳбариро ба ӯҳда гирад. Соли 1927 ҷамъомадҳо мунтазам рӯзҳои якшанбе хона ба хона мавъиза мекардагӣ шуданд. Соли 1931 хизматгорони Яҳува номи Шоҳидони Яҳуваро қабул карданд, ки ин онҳоро ба фаъолтар гаштан барангехт (Иш. 43:10, 12). Аз соли 1938 сар карда, бародарони масъул дар ҷамъомад на ба таври овоздиҳӣ, балки аз рӯи мувофиқат кардан ба талаботи Китоби Муқаддас таъин карда мешуданд. Соли 1972 масъулияти назорат кардани ҷамъомад, ки пеш бар дӯши як кас буд, ба ӯҳдаи ҳайати пирон гузошта шуд. Ҳамаи бародароне, ки барои пир ё ходими ёвар шудан мувофиқат мекарданд, ташвиқ карда мешуданд, ки бо омодагӣ ба нигоҳубини «рамаи Худо» ёрӣ расонанд (1 Пет. 5:2). Соли 1976 барои назорат кардани кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ шаш кумитаи Ҳайати роҳбарикунанда ташкил ёфт. Аз он вақт инҷониб Подшоҳи таъинкардаи Яҳува барои ҳар чӣ хубтар фаъолият кардани пайравонаш тадриҷан чораҳои лозима андешида истодааст, то ҳама кор мувофиқи меъёрҳои Яҳува бошад.

13. Комёбиҳое, ки дар тӯли 100 соли ҳукмронии Салтанат ба даст омаданд, ба шумо чӣ гуна таъсир мерасонанд?

13 Дар бораи он фикр кунед, ки Подшоҳи Масеҳоӣ дар давоми 100 соли аввали ҳукмрониаш чӣ корҳоро ба ҷо овард. Ӯ гурӯҳи одамонро тоза кард, то ки Яҳуваро намояндагӣ кунанд. Ӯ барои дар 239 давлат мавъиза кардани хушхабар ва ба миллионҳо одамон таълим додани роҳҳои Яҳува роҳнамоӣ мекунад. Ӯ беш аз ҳафт миллион тобеони содиқро, ки ҳар кадом бо омодагӣ иродаи Падарро ба ҷо меоранд, бо ҳам муттаҳид месозад (Заб. 109:3). Корҳое, ки Яҳува ба воситаи Салтанати Масеҳоӣ карда истодааст, дар ҳақиқат бузург ва аҷоибанд. Вале дар оянда воқеаҳои аз ин ҳам ҳаяҷонбахш моро интизоранд!

БАРАКАТҲОИ ОЯНДАИ САЛТАНАТИ МАСЕҲОӢ

14. а) Вақте ки мо дар бораи омадани Салтанати Худо дуо мегӯем, мо аз Яҳува чиро мепурсем? б) Матни солона барои соли 2014 кадом аст ва чаро он мувофиқ аст?

14 Ҳарчанд Яҳува Писараш Исои Масеҳро соли 1914 Подшоҳи Масеҳоӣ таъин намуд, ин ба дуои мо оиди омадани Салтанат ҷавоби пурра намебошад (Мат. 6:10). Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки Исо «дар миёни душманони Худ ҳукмронӣ» мекунад (Заб. 109:2). Ҳокимиятҳои одамӣ, ки зери идораи Шайтон мебошанд, ҳанӯз ба Салтанат муқобилат мекунанд. Вақте ки мо дар бораи омадани Салтанати Худо дуо мегӯем, мо аз Худо мепурсем, ки Подшоҳи Масеҳоӣ ва 144 000 нафар ҳамроҳони ӯ ба ҳукмронии инсонӣ хотима бахшанд ва касони ба Салтанати Худо мухолифро маҳв созанд. Вақте ки ин рӯй медиҳад, суханони пешгӯии Дониёл 2:44 иҷро хоҳанд шуд. Он ҷо гуфта мешавад, ки Салтанати Худо «ҳамаи ин салтанатҳоро гард-гард ва несту нобуд хоҳад кард». Он ҳамаи ҳокимиятҳоеро, ки ба ин Салтанат муқобилат мекунанд, барҳам медиҳад (Ваҳй 6:1, 2; 13:1, 18; 19:11, 21). Вақти иҷрошавии он воқеа хеле наздик мебошад. Аз ин рӯ бамаврид аст, ки матни солона барои соли 2014 бар ояти Матто 6:10 асос меёбад: Салтанати Ту биёяд!

Матни солона барои соли 2014: Салтанати Ту биёяд (Матто 6:10)

15, 16. а) Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ кадом воқеаҳои ҳаяҷонбахш рӯй медиҳанд? б) Дар охир Исо чун Подшоҳи Масеҳоӣ чӣ кор мекунад ва он бо иҷрошавии нияти Яҳува чӣ алоқамандӣ хоҳад дошт?

15 Баъд аз он ки Подшоҳи Масеҳоӣ душманони Худоро нобуд мекунад, ӯ Шайтон ва девҳояшро ба муддати ҳазор сол ба варта хоҳад андохт (Ваҳй 20:1, 3). Таъсироти зараровари онҳо дигар нахоҳад буд. Салтанат қурбонии фидияи Исоро ба кор бурда, оқибатҳои гуноҳи Одамро пурра бартараф хоҳад кард. Исо миллионҳо одамони дар хоби марг бударо эҳё мекунад ва барномаи таълимии умумиҷаҳоние ташкил менамояд, то ки онҳо дар бораи Яҳува дониш гиранд (Ваҳй 20:12, 13). Тамоми замин мисли боғи Адан биҳишт хоҳад шуд ва одамони содиқ ба комилият хоҳанд расид.

16 Дар охири ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ нияти Яҳува оиди замин пурра амалӣ мегардад. Сипас Исо Салтанатро ба дасти Падараш месупорад. (1 Қӯринтиён 15:24–28-ро бихонед.) Байни Яҳува ва фарзандони заминии Ӯ дигар миёнараве лозим намешавад. Тамоми писарони Худо дар осмон ва фарзандони Ӯ дар замин чун як оилаи калон бо Падари осмонии худ муттаҳид хоҳанд шуд.

17. Шумо бо азми қавӣ барои Салтанат чӣ кор кардан мехоҳед?

17 Воқеаҳои аҷибе, ки дар тӯли 100 соли ҳукмронии Салтанат рӯй доданд, моро боварӣ мебахшанд, ки ҳама чиз зери назорати Яҳува аст ва нияти Ӯ оиди замин албатта амалӣ мегардад. Биёед минбаъд низ содиқона ба Ӯ хизмат карданро давом дода, Подшоҳ ва Салтанати Ӯро мавъиза кунем. Мо итминони комил дорем, ки Яҳува ба қарибӣ ба дуои самимии мо — «Малакути Ту биёяд» ҷавоб хоҳад дод!

^ сарх. 10 Ба мақолаи «Мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта — нишонаи муҳаббати Яҳува» аз «Бурҷи дидбонӣ» [bw526], 15 сентябри с. 2012, саҳ. 13–17 нигаред.

^ сарх. 11 Мисоли баъзе ғалабаҳои судиро дар давлатҳои гуногун аз «Бурҷи дидбонӣ» [bw525], 15 августи с. 2012, саҳ. 16, 17 хонда метавонед.