Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува Падари ғамхор ва Муҳофизатгари мост

Яҳува Падари ғамхор ва Муҳофизатгари мост

«Азбаски ба ман ихлос бастааст, ӯро раҳоӣ хоҳам дод; ӯро тақвият хоҳам кард, чунки исми Маро шинохтааст» (ЗАБ. 90:14).

1, 2. Чӣ гуна мо аз ҷиҳати шароити оилавӣ ва шиносоӣ бо ҳақиқат аз ҳамдигар фарқ мекунем?

ЯҲУВА сохтори оиларо муқаррар намудааст (Эфс. 3:14, 15). Лекин ҳатто агар мо ба як оила тааллуқ дошта бошем ҳам, мо хислатҳои гуногун дорем ва вазъу шароитамон аз ҳам фарқ мекунад. Шояд шумо аз вақти таваллуд то вақти ба камол расидан ҳамроҳи падару модаратон зиндагӣ кардаед. Дигарон мумкин волидонашонро аз даст додаанд, эҳтимол аз сабаби беморӣ, садама ё ягон мусибати дигар. Баъзеҳо бошад, ҳатто намедонанд, ки волидонашон киҳоянд.

2 Ба ин монанд, аъзоёни оилаи ходимони Яҳува низ ҳақиқатро бо тарзҳои гуногун фаҳмидаанд. Шумо шояд, чуноне ки баъзеҳо мегӯянд, «дар ҳақиқат ба воя расидаед» ва падару модаратон ба шумо принсипҳои илоҳиро таълим додаанд (Такр. Ш. 6:6, 7). Ё шумо аз ҷумлаи он ҳазорон нафароне ҳастед, ки ҳақиқатро ба воситаи мавъизаи ходимони Яҳува қабул кардаанд (Рум. 10:13–15; 1 Тим. 2:3, 4).

3. Байни ҳамаи мо чӣ чизи умумие вуҷуд дорад?

3 Нигоҳ накарда ба ҷиҳатҳои фарқкунандаи дар боло номбаршуда, баъзе чизҳое ҳастанд, ки барои мо умумианд. Мо аз оқибатҳои беитоатии Одам азоб мекашем ва нокомилӣ, гуноҳ ва маргро мерос гирифтаем (Рум. 5:12). Бо вуҷуди ин, мо чун ходимони ҳақиқии Яҳува, бешубҳа гуфта метавонем, ки Ӯ «Падари мо» мебошад. Ишаъё аз номи халқи Исроил чунин гуфта буд: «Эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ» (Иш. 64:8) Инчунин, Исо дуои намунавии худро бо чунин суханон оғоз кард: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод» (Мат. 6:9).

4, 5. Барои чуқур гардонидани миннатдорӣ ба Падари осмониамон Яҳува дида баромадани чӣ ба мо кӯмак мекунад?

4 Падари осмониамон ба мо чун ба халқе, ки номи Ӯро бо имон мехонанд, ғамхорӣ мекунад ва моро ҳимоя менамояд. Забурнавис суханони Ӯро оварда чунин навишт: «Азбаски ба ман ихлос бастааст, ӯро [хизматгори ҳақиқиро] раҳоӣ хоҳам дод; ӯро тақвият хоҳам кард, чунки исми Маро шинохтааст» (Заб. 90:14). Бале, Яҳува Худо ба мо ғамхорӣ карда, дар бораи аз душманон раҳо кардани мо чора меандешад ва моро чун халқаш муҳофизат мекунад.

5 Барои чуқуртар гардонидани миннатдорӣ ба Падари осмониамон, биёед шахсияти Ӯро аз се ҷониби муҳим дида бароем: 1) Яҳува Падари ғамхори мо аст. 2) Яҳува Ҳимоятгари мо аст. 3) Худо Дӯсти беҳтарини мо аст. Ҳангоми дида баромадани ин омилҳо, хуб мебуд, ки дар бораи муносибати бо Худо доштаамон мулоҳиза ронем ва дарк кунем, ки чӣ тавр мо Ӯро чун Падари худ эҳтиром карда метавонем. Ҳамчунин мулоҳиза оиди баракатҳое, ки Яҳува ба одамони ба Ӯ наздикшудаистода медиҳад, манфиатбахш хоҳад буд (Яъқ. 4:8).

ЯҲУВА — ПАДАРИ ҒАМХОР

6. Яке аз роҳҳое, ки бо он Яҳува Атокунандаи «ҳар як инъоми нек» буданашро нишон медиҳад, кадом аст?

6 «Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад»,— навишт шогирди Исо Яъқуб (Яъқ. 1:17). Яке аз чунин бахшоишҳо ҳаёт аст, ки тӯҳфаи олиҷаноб аз ҷониби Яҳува мебошад (Заб. 35:10). Ҳаёти худро барои иҷрои иродаи Худо истифода бурда, мо ҳоло баракатҳои бисёрро ба даст меорем ва имконияти дар дунёи нави боадолат ҷовидона зистанро пайдо мекунем (Мас. 10:22; 2 Пет. 3:13). Ва мо чунин баракатҳоро нигоҳ накарда ба он ки беитоатии Одам ба оқибатҳои ҳалокатовар оварда расонд, дошта метавонем. Ба туфайли чӣ ин барои мо имконпазир гаштааст?

7. Чӣ тавр Худо ба мо имконият фароҳам овард, то ки бо Ӯ муносибатҳои наздик дошта бошем?

7 Ҳақиқатан, Яҳува бо роҳҳои бешумор чун Падари ғамхор амал мекунад. Масалан, меҳрубонии муҳаббатомези Ӯ барои наҷоти мо зоҳир шуда истодааст. Бале, ҳар яки мо гунаҳкорем ва нокомилиро аз аввалин падари заминиамон мерос гирифтаем (Рум. 3:23). Аммо Яҳува аз муҳаббат қадами якумро гузошт, то мо бо Ӯ муносибати наздик дошта тавонем. «Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд»,— навишт Юҳаннои ҳавворӣ,— «ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем. Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод» (1 Юҳ. 4:9, 10).

8, 9. Чӣ тавр Яҳува дар замони Иброҳим ва Исҳоқ худро чун Падари ғамхору атокунанда нишон дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Дар асри ХIХ то эраи мо воқеае рӯй дод, ки ба оянда ишора мекард ва ошкор менамуд, ки Яҳува барои аз ҳаёти ҷовидона баҳраманд гаштани одамони итоаткор чӣ гуна чора меандешад. Дар оятҳои Ибриён 11:17–19 гуфта шудааст: «Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд, ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: “Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд”; зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ӯ баргардонида шуд». Мо ба осонӣ дида метавонем, ки ин воқеа ба он ки Яҳува Писари худ, Исои Масеҳро баҳри инсоният ба қурбонӣ пешкаш кард, монанд буд. (Юҳанно 3:16, 36-ро бихонед.)

9 Чӣ қадар хурсанд буд эҳтимол Исҳоқ, ки аз марг наҷот ёфт! Ӯ бешубҳа аз Худо миннатдор буд, ки барои қурбонӣ чизи дигареро — қӯчқореро, ки дар байни буттаҳо дармонда буд,— фароҳам овард (Ҳас. 22:10–13). Бесабаб нест, ки он макон «Адӯной–йирэ» ном гирифт, ки маънояш «Худованд ҳозир хоҳад кард» мебошад (Ҳас. 22:14; эзоҳ).

ВОСИТАЕ БАРОИ ОШТӢ

10, 11. Дар «хизмати мусолиҳа» кӣ роҳбариро ба ӯҳда дорад ва онҳо онро чӣ тавр ба ҷо меоранд?

10 Вақте ки мо оиди чун Падари ғамхор амал кардани Яҳува фикр мекунем, мо нақши муҳими Исои Масеҳро бо миннатдорӣ эътироф менамоем. Павлус оиди ин навишт: «Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд. Ва Ӯ [Исо] барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳё шуд» (2 Қӯр. 5:14, 15).

11 Масеҳиёни аввалин Худоро дӯст медоштанд ва барои имконияти ба Ӯ хизмат кардан миннатдор буданд, барои ҳамин онҳо «хизмати мусолиҳаро» бо хурсандӣ ба ӯҳда гирифтанд. Кори мавъиза ва шогирдсозии онҳо ба одамони самимӣ роҳ мекушод, ки бо Худо оштӣ шаванд, дӯсти Ӯ бошанд ва оқибат фарзандони рӯҳониаш гарданд. Имрӯз низ хизматгорони тадҳиншудаи Яҳува ҳамон хизматро ба ҷо меоранд. Ба туфайли коре, ки онҳо чун элчиёни Худо ва Масеҳ ба ҷо меоранд, Яҳува одамони ҳақиқатҷӯро ба худ ҷалб мекунад ва онҳо имон меоранд (2 Қӯринтиён 5:18–20-ро бихонед; Юҳ. 6:44; Аъм. 13:48).

12, 13. Чӣ тавр мо барои атоҳои бешумори Яҳува миннатдории худро нишон дода метавонем?

12 Аз миннатдорӣ ба Яҳува, ки Падари ғамхори мост, ҳамаи масеҳиёне, ки умеди заминӣ доранд, ҳамроҳи тадҳиншудагон дар кори мавъизаи Салтанат иштирок мекунанд. Дар ин кор мо Китоби Муқаддасро, ки боз як атои беҳамтои Худост, истифода мебарем (2 Тим. 3:16, 17). Дар хизмат Каломи Худоро моҳирона ба кор бурда, мо ба дигарон имкон медиҳем, ки ҳаёти ҷовидонаро ба даст оранд. Барои иҷро кардани ин кор ҳар яки мо боз ба як атои Яҳува — рӯҳулқудси Ӯ такя мекунем (Зак. 4:6; Луқ. 11:13). Ва чӣ тавре ки аз ҳар як шумораи «Солнома»-и Шоҳидони Яҳува ба чашм мерасад, натиҷаҳо ҳайратбахшанд. Чӣ шараф аст иштирок кардан дар коре, ки Падар ва Атокунандаи моро ҷалол медиҳад!

13 Азбаски Худо ба мо ин қадар ғамхор аст, хуб мебуд, ки аз худ бипурсем: «Оё ман дар хизмат ҳар кори аз дастам меомадаро карда, барои чизҳои атокардаи Ӯ аз таҳти дил миннатдориамро нишон медиҳам? Бо кадом роҳҳо ман метавонам сифати хизматамро беҳтар гардонам ва дар кори мавъиза самараноктар иштирок кунам?» Мо миннатдории худро ба атоҳои олиҷаноби Худо бо он нишон медиҳем, ки кори Салтанатро дар ҳаётамон ҳамеша дар ҷои аввал мемонем. Агар чунин кунем, Яҳува ғамхорӣ мекунад, то эҳтиёҷотамон қонеъ гарданд (Мат. 6:25–33). Чунин муҳаббати Худо моро бармеангезад, то бо корҳоямон ҳар чӣ бештар ба Ӯ писанд оем ва дили Ӯро хурсанд кунем (Мас. 27:11).

14. Чӣ тавр Яҳува чун Раҳокунандаи халқаш амал мекунад?

14 Довуди забурнавис месуруд: «Ман камбағал ва мискин ҳастам, ва Худованд ба ман ғамхорӣ мекунад; мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ» (Заб. 39:18). Яҳува гаштаву баргашта чун Раҳокунанда амал карда, халқашро дар кулли худ наҷот медиҳад, хусусан вақте ки онҳо зери таъқиботи сахт ва фишори беисти душманон қарор мегиранд. То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Худо дар чунин ҳолатҳо ба мо кӯмак мекунад ва моро аз ҷиҳати рӯҳонӣ пайваста таъмин менамояд!

ЯҲУВА МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

15. Мисол оред, ки чӣ тавр падари меҳрубон фарзандашро муҳофизат мекунад.

15 Падари меҳрубон фарзандонашро на танҳо таъмин мекунад, балки онҳоро инчунин муҳофизат менамояд. Агар онҳо дар хатар бошанд, албатта ӯ мекӯшад, ки онҳоро наҷот диҳад. Як бародар воқеаеро, ки дар хурдсолиаш рӯй дода буд, ба хотир меорад. Боре ӯ ва падараш ҳангоми баргаштан аз хизмати мавъиза, бояд аз дарёчае мегузаштанд. Азбаски саҳарии он рӯз сел борида буд, оби дарёча хеле баланд шуда буд. Ягона роҳ ин буд, ки аз як санг ба дигараш ҷаҳида аз он гузаранд. Писарак пеш-пеши падараш мерафт ва ногаҳон пояш аз як санг мелағжад ва ӯ ба даруни об меафтаду ду бор зери об мешавад. Ва дар ҳамин вақт падараш дарҳол ӯро маҳкам дошта, аз китфаш мебардорад. То чӣ андоза писарак аз падараш миннатдор буд, ки ӯро аз ғарқшавӣ наҷот дод! Ба ин монанд, Падари осмониамон моро аз селҳои пуршиддати ин ҷаҳони шарир ва ҳокими он Шайтон муҳофизат мекунад. Бешубҳа, аз Яҳува дида Муҳофизатгари беҳтаре нест! (Мат. 6:13; 1 Юҳ. 5:19).

16, 17. Вақте ки амолеқиён бо исроилиён ҷанг мекарданд, чӣ тавр Яҳува ба халқаш ёрдам кард ва онҳоро ҳимоя намуд?

16 Он ки Яҳува бо муҳаббат халқашро муҳофизат мекунад, аз муносибатҳои Ӯ бо исроилиён хуб аён гашта буд. Соли 1513 то эраи мо Яҳува онҳоро аз ғуломии Миср озод намуд ва ҳангоми аз баҳри Сурх гузаштанашон ба таври мӯъҷизавӣ муҳофизат кард. Исроилиён аз биёбон гузашта, сӯи кӯҳи Сино равон шуданд ва ба Рафидим расида, ӯрду заданд.

17 Чӣ хеле ки дар пешгӯии Ҳастӣ 3:15 гуфта шуда буд, Шайтон шояд бо тамоми қувваташ имконият меҷуст, ки ба исроилиёни бепушту паноҳ ҳамла кунад. Барои ин вай амолеқиёнро, ки душмани халқи Худо буданд, истифода бурд (Ад. 24:20). Фикр кунед, ки Яҳува ба воситаи чор марди содиқ — Еҳушаъ, Мусо, Ҳорун ва Ҳур чӣ кор кард. Ҳангоме ки Еҳушаъ меҷангид, Мусо, Ҳорун ва Ҳур дар теппае, ки дар наздикӣ буд, меистоданд. Вақте ки Мусо дастонашро мебардошт, исроилиён ғолиб меомаданд ва вақте ки поён мекард, амолеқиён дастболо мешуданд. Азбаски дастони Мусо монда шуданд, Ҳорун ва Ҳур ба ӯ ёрдам дода дастонашро мебардоштанд. Маҳз бо чунин кӯмак ва ҳимояи Яҳува «Еҳушаъ Амолеқ ва қавми варо бо дами шамшер зарба зад» (Хур. 17:8–13). Мусо он ҷо қурбонгоҳе бино кард ва онро «Худованд Ниссӣ» номид, ки маънояш «Худованд байрақи ман аст», мебошад (Хуруҷ 17:14, 15-ро бихонед; эзоҳ).

НАҶОТ АЗ ДОМҲОИ ШАЙТОН

18, 19. Чӣ тавр Худо дар рӯзҳои мо хизматгоронашро муҳофизат мекунад?

18 Яҳува онҳоеро, ки Ӯро дӯст медоранд ва ба Ӯ итоат мекунанд, муҳофизат мекунад. Чун исроилиён дар Рафидим, мо ҳангоми дучор шудан бо душманон аз Яҳува паноҳ меҷӯем. Яҳува бисёр вақт моро чун гурӯҳ муҳофизат мекунад ва аз домҳои Иблис наҷот медиҳад. Оиди он мавридҳои бисёре фикр кунед, ки чӣ тавр Худо бародаронеро, ки бетарафии масеҳии худро нигоҳ медоштанд, ҳимоя мекард. Чунин воқеаҳо, масалан, солҳои 1930-юм ва аввали 1940-ум, вақте ки дар Германия ва дигар давлатҳо фашистон ҳукмронӣ мекарданд, рӯй медоданд. Вақте ки мо воқеаҳои дар «Солнома» навишташуда ва тарҷумаи ҳоли касонеро, ки Худо дар айёми таъқибот ҳимоя мекард, мехонем ва дар бораашон мулоҳиза меронем, боварии мо ба он ки Яҳува Паноҳгоҳи мо аст, қавӣ мегардад (Заб. 90:2).

Яҳува метавонад ба воситаи ҳамимононамон ба мо кӯмак расонад, то дар замонҳои душвор содиқ монем (Ба сархатҳои 18–20 нигаред)

19 Яҳува ба воситаи ташкилоташ ва адабиётҳоямон барои муҳофизат кардани мо маслиҳатҳо медиҳад. Манфиатовар будани онҳоро мо вақтҳои охир боз ҳам бештар дарк мекунем. Дар сурате ки ин ҷаҳон торафт бештар дар ботлоқи бадахлоқӣ ва порнография меғӯтад, Яҳува ба воситаи ёдраскуниҳои саривақтӣ ва маслиҳатҳои амалӣ моро аз хавфу хатари чизҳое, ки ахлоқи моро фосид месозанд, огоҳ мекунад. Масалан, Ӯ падарвор моро насиҳат мекунад, ки аз муоширати зараровар тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дурӣ ҷӯем * (1 Қӯр. 15:33).

20. Чӣ гуна роҳнамоӣ ва ҳимояро дар ҷамъомади масеҳӣ ёфтан мумкин аст?

20 Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат «аз Худованд таълим» мегирем? Бо он ки ба амрҳои Ӯ бодиққат гӯш медиҳем (Иш. 54:13). Дар фазои бехатари ҷамъомади худ мо роҳнамоӣ ва ҳимояи лозимаро меёбем, зеро дар он ҷо мардони содиқе ҳастанд, ки чун пирон хизмат карда, дар асоси Навиштаҳо ба мо маслиҳат медиҳанд ва кӯмак мерасонанд (Ғал. 6:1). Ғамхории меҳрубононаи Яҳува нисбати мо аксар вақт маҳз ба воситаи ин «бахшоишҳо», яъне пирон зоҳир мегардад (Эфс. 4:7, 8). Пас, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем? Агар мо бо омодагӣ «фармонбардор ва мутеъ» бошем, Худо моро баракат медиҳад (Ибр. 13:17).

21. а) Мо бояд бо иродаи қавӣ чӣ кор кунем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима хоҳем кард?

21 Биёед бо иродаи қавӣ аз рӯи ҳидояти рӯҳулқудс амал намоем ва ҳамин тавр ба роҳнамоии Падари осмониамон итоат кунем. Ба мо инчунин лозим аст, ки дар бораи ҳаёти Писари Ӯ, Исои Масеҳ, мулоҳиза ронем ва кӯшиш кунем, ки ба намунаи беҳамтои вай пайравӣ намоем. Азбаски Исо ҳатто то дами марг итоаткор монд, ӯ мукофоти бузургро соҳиб шуд (Фил. 2:5–11). Мисли ӯ, мо ҳам агар бо тамоми дил ба Яҳува такя кунем, соҳиби баракатҳо хоҳем шуд (Мас. 3:5, 6). Пас, биёед ба Яҳува ҳамеша чун ба Падари ғамхор ва Муҳофизатгари беҳамто назар кунем. Чӣ хурсандибахш ва пуршараф аст хизмат кардан ба Ӯ! Вақте ки мо дар бораи боз як ҷониби шахсияти Падари ғамхорамон, яъне муносибати дӯстонаи Ӯ, мулоҳиза меронем, муҳаббати мо ба Ӯ боз ҳам зиёдтар мегардад. Дар мақолаи навбатӣ диққат ба он равона карда мешавад, ки чаро Яҳува Дӯсти беҳтарини мо аст.

^ сарх. 19 Баъзе аз чунин ёдраскуниҳоро дар мақолаҳои зерин ёфтан мумкин аст: «Интернет — истифодабарии оқилонаи он», («Бурҷи дидбонӣ» [bw513] аз 15 августи с. 2011, саҳ. 3–5), «Аз домҳои Иблис эҳтиёт шавед» ва «Ба домҳои Шайтон наафтед» («Бурҷи дидбонӣ» [bw525] аз 15 августи с. 2012, саҳ. 20–29).