Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар кадом асос яҳудиёни асри як «интизор»-и Масеҳ буданд?

Дар рӯзҳои Яҳёи Таъмиддиҳанда «мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не» (Луқ. 3:15). Чаро яҳудиён маҳз дар он айём омадани Масеҳро интизор буданд? Барои ин якчанд сабаб вуҷуд дорад.

Якум, баъди таваллуди Исо, ба чӯпононе, ки рамаҳои худро дар наздикии Байт-Лаҳм посбонӣ мекарданд, фариштаи Яҳува зоҳир гашт(1). Фаришта ба онҳо эълон кард: «Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст» (Луқ. 2:8–11). Баъд аз ин, ба он фаришта «фавҷе аз лашкари осмон» ҳамроҳ шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд *: «Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод» (Луқ. 2:13, 14).

Бешубҳа, чунин эълон ба дили он чӯпонони фурӯтан сахт таъсир кард. Онҳо дарҳол ба Байт-Лаҳм равон шуданд. Вақте ки дар он ҷо Юсуф ва Марямро бо Исои хурдакак ёфтанд, «он суханеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кӯдак гуфта шуда буд, нақл карданд». Дар натиҷа, «ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд» (Луқ. 2:17, 18). Ибораи «ҳамаи онҳое, ки шуниданд», мефаҳмонад, ки чӯпонон ғайр аз Юсуф ва Марям ба дигарон низ оиди чизи дидаашон нақл карда буданд. Сипас, ҳангоми ба хона баргаштан ҳам, он чӯпонон «Худоро ҳамду сано мехонданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд» (Луқ. 2:20). Албатта, он чӯпонон чизҳои хуби дар бораи Масеҳ шунидаашонро аз дигарон пинҳон намедоштанд!

Дуюм, вақте ки Марям мувофиқи шариати Мусо писари нахустзодаи худро барои ба Яҳува пешниҳод кардан ба маъбади Ерусалим овард, набияе бо номи Ҳано «Худовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд»(2) (Луқ. 2:36–38; Хур. 13:12). Ҳамин тавр, хабар оиди пайдо шудани Масеҳ паҳн шуданро давом медод.

Баъдтар, «аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд: “Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем”» (Мат. 2:1, 2). Сеюм, «чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам. Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?»(3) (Мат. 2:3, 4). Инак, шумораи хеле зиёди одамон хабардор шуданд, ки шахсе ки дар оянда бояд Масеҳ мегашт, омадааст! *

Ояти Луқо 3:15, ки дар боло оварда шуд, нишон медиҳад, ки баъзе яҳудиён Яҳёи Таъмиддиҳандаро эҳтимол Масеҳ гумон мекарданд. Лекин Яҳё фарзу тахминҳои онҳоро рад карда, чунин гуфт: «Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод» (Мат. 3:11). Ин суханони фурӯтанонаи Яҳё интизории дигаронро оиди омадани Масеҳ қавӣ карда буд.

Оё яҳудиёни асри як метавонистанд дар асоси пешгӯие, ки дар Дониёл 9:24–27 оиди 70 ҳафтсола гуфта шудааст, вақти омадани Масеҳро ҳисоб кунанд? Эҳтимолияти ин вуҷуд дошта бошад ҳам, инро аниқ наметавон гуфт. Сабаб дар он аст, ки дар рӯзҳои Исо байни мардум оиди 70 ҳафтсола ақидаҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ҳеҷ кадоми онҳо бо фаҳмиши ҳозира наздик набуданд *.

Як равияи дини яҳудӣ, ки бо номи ессеҳо маълум буд, васеъ таълим медод, ки дар охирҳои 490 сол ду Масеҳ пайдо мешавад, вале бо боварӣ гуфтан мумкин нест, ки ҳисобкуниҳои ессеҳо бар пешгӯии Дониёл асос меёфт. Ҳатто агар онҳо дар асоси он пешгӯӣ ба чунин ақида омада бошанд ҳам, тасаввур кардан душвор аст, ки бисёри яҳудиён ба чунин ҳисобкуниҳои ин равияи аз ҷомеа ҷудо такя мекарданд.

Дар асри дуюми эраи мо баъзе яҳудиён фикр мекарданд, ки 70 ҳафтсола давраи аз нобудшавии маъбади якум (соли 607 то эраи мо) то нобудшавии маъбади дуюмро (соли 70 эраи мо) дар бар мегирад. Дигарон бошанд, иҷрошавии пешгӯии Дониёлро бо давраи маккабиён (асри дуюми то эраи мо) алоқаманд мекунанд. Яъне оиди чӣ тавр ҳисоб карда шудани 70 ҳафтсола байни мардум як фаҳмиши аниқ набуд.

Агар вақти иҷрошавии 70 ҳафтсола дар асри яки эраи мо ба таври дуруст фаҳмида мешуд, ҳаввориён ва дигар масеҳиёни асри як ба ин чун ба далел ишора мекарданд, ки Масеҳи ваъдашуда айнан дар замони зиндагии Исо ном шахс пайдо шуд. Лекин ягон далел нест, ки масеҳиёни аввал чунин карда буданд.

Боз як чизро ба назар гирифтан лозим аст. Нависандагони Инҷил қайд мекунанд, ки пешгӯиҳои муайяни Навиштаҳои ибронӣ дар Исои Масеҳ иҷро шуданд (Мат. 1:22, 23; 2:13–15; 4:13–16). Вале ҳеҷ кадоми онҳо вақти чун Масеҳ зоҳир шудани Исоро бо пешгӯӣ оиди 70 ҳафтсола алоқаманд накардаанд.

Хулоса чунин аст: мо аниқ гуфта наметавонем, ки мардум дар рӯзҳои Исо пешгӯи оиди 70 ҳафтсоларо дуруст мефаҳмиданд. Лекин, чуноне ки мо дида баромадем, дар чор китоби Инҷил сабабҳои асоснок оварда шудаанд, ки чаро одамон «интизори» Масеҳ буданд.

^ сарх. 4 Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки фариштагон ҳангоми таваллуди Исо суруд хонданд.

^ сарх. 7 Дар мо чунин савол пайдо шуда метавонад: «Чӣ тавр мунаҷҷимон дар Шарқ пайдо шудани ситораро бо таваллуди “Подшоҳи Яҳудиён” алоқаманд карданд?» Эҳтимол, онҳо хабари таваллуд ёфтани Исоро ҳангоми ба Ерусалим омаданашон фаҳмиданд.

^ сарх. 9 Барои донистани фаҳмиши ҳозира оиди пешгӯии 70 ҳафтсола ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳ. 197–199 нигаред.