Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

Филме, ки таърихи 100-сола дорад

Филме, ки таърихи 100-сола дорад

«Расселли дар наворбуда назар ба худи бародар Расселл ҳақиқитар метобад!» (Тамошобини «Фотодрама», соли 1914)

100 СОЛ пеш аз ин, бори аввал ба самъи одамон тамошои «Фотодрамаи офариниш» пешкаш гардида буд. Ин навори таърихӣ барои он омода шуда буд, ки ба одамон барои ба Китоби Муқаддас чун ба Каломи Худо имон пайдо кардан кӯмак кунад. Дар он замон эътиқод ба назарияи эволютсия, мавриди танқид қарор гирифтани Китоби Муқаддас ва рӯҳияи шубҳаоварӣ имони одамонро ба Худо ва Каломи Ӯ суст мекарданд, лекин дар «Фотодрама» Яҳува чун Офаридгор болобардор карда мешуд.

Чарлз Расселл, ки дар байни Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас роҳбариро ба ӯҳда дошт, доимо роҳҳои навро меҷуст, то ки ҳақиқати Китоби Муқаддас ба таври самараноктар ва ҳар чӣ тезтар паҳн гардад. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аллакай беш аз се даҳсола воситаҳои чопиро истифода мебурданд. Акнун бошад, диққати онҳоро як роҳи наве ба худ ҷалб кард, ки ин истифода бурдани тасвирҳои ба ҳаракат даровардашуда буд.

ПАҲН КАРДАНИ ХУШХАБАР БА ВОСИТАИ РАСМУ НАВОРҲО

Солҳои 1890 аввалин бор ба тамошобинон филмҳои беовоз пешкаш карда шуданд. Аллакай соли 1903 дар яке аз калисоҳои шаҳри Ню-Йорк филми диние намоиш дода шуд. Соли 1912, ки санъати филмсозӣ акнун инкишоф меёфт, Расселл далерона ба тайёр кардани «Фотодрамаи офариниш» шурӯъ намуд. Ӯ дарк мекард, ки бо ин тарзи расондани маълумот ҳақиқати Китоби Муқаддасро тавре паҳн кардан мумкин аст, ки бо як худи маводи чопӣ имконнопазир буд.

«Фотодрама», ки ҳашт соат давом мекард, одатан дар чор қисм намоиш дода мешуд. Ба расму наворҳои он сабти 96 нутқи кӯтоҳи бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ҳамроҳ карда буданд ва онҳоро нотиқи хушовозе, ки дар он давра ба ҳама машҳур буд, мехонд. Инчунин ҳамроҳи бисёр қисмҳои филм мусиқии классикӣ садо медод. Коргардонҳои моҳир овози нутқҳо ва мусиқии сабтшударо айнан мувофиқи расму наворҳое, ки бар воқеаҳои Китоби Муқаддас асос ёфта буданд, мегузоштанд.

«Дар фотодрама аз офарида шудани ситораҳо сар карда, то вақти ба анҷом расидани Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ намоиш дода мешуд» (Ф. Стюарт Банс, ки 1914-ум сол 14-сола буд)

Аксари кадрҳо ва слайдҳои шишагӣ аз студияҳои тиҷоратӣ харида шуда буданд. Рассомони ҳунарманд аз шаҳрҳои Филаделфия, Ню-Йорк, Париж ва Лондон расму тасвирҳоро дар лавҳаҳои шишагӣ дастакӣ мекашиданд. Якчанд коргари Байт-Ил низ бисёр корҳои рассомиро иҷро карда, ба ҷои слайдҳои шикаста навашро мекашиданд. Ғайр аз наворҳои харидашуда, аъзоёни Байт-Ил дар наздикии шаҳри Йонкерси иёлати Ню-Йорк, нақши Иброҳим, Исҳоқ ва фариштаеро, ки Иброҳимро аз қурбонӣ кардани писараш боздошт, иҷро карда, филм ба навор гирифтанд (Ҳас. 22:9–12).

Коргардонҳои ботаҷриба ҳангоми намоиш додани «Фотодрама» филмеро, ки дарозии лентааш 3,2 км буд, бо 26 пластинкаи сабтшуда ва қариб 500 слайдҳои шишагӣ чолокона ба кор мебурданд

Як ҳамкори бародар Расселл доир ба «Фотодрама» ба рӯзноманигорон гуфт, ки «ин тарзи расондани маълумоти динӣ назар ба ҳар кӯшишҳои пешина шавқи одамонро ба Навиштаҳо зиёдтар бедор хоҳад кард». Оё рӯҳониёни ҷаҳони масеҳӣ аз чунин дастоварди нав, ки ба шахсони рӯҳан ташна кӯмак мекард, хурсанд буданд? Не, баръакс, онҳо дар кулли худ «Фотодрама»-ро сахт танқид карданд, баъзеҳо ҳатто тарзҳои маккорона ва бешармонаро истифода бурда, одамонро аз тамошои он боздоштанӣ мешуданд. Масалан, дар яке аз намоишҳо гурӯҳи ходимони калисо қувваи барқро қатъ гардонданд.

Хоҳарон аз ҷамъомадҳои маҳаллӣ нусхаҳои рисолаеро, ки дар он аз «Фотодрама» тасвирҳо оварда шуда буданд, ба миллионҳо одамон тақсим мекарданд

Ба ҳузурдоштагон инчунин нишони сарисинагие медоданд, ки дар он сурати Исои ҷавон тасвир шуда буд. Ин нишон ба шахсе, ки онро ба либосаш меовехт, ёдрас мекард, ки «писари осоиштагӣ» бошад

Ба ин нигоҳ накарда, мардум барои тамошои «Фотодрама», ки бепул намоиш дода мешуд, толори театрҳоро пур мекарданд. Масалан, ҳар рӯз дар Иёлоти Муттаҳида қариб дар 80 шаҳр «Фотодрама» намоиш дода мешуд. Бисёр тамошобинони баҳайратомада бори аввал филми овоздорро тамошо мекарданд. Тавассути кадрҳои тезонидашуда онҳо тамошо карда метавонистанд, ки чӣ тавр чӯҷача бо нӯлаш тухмро шикаста, аз он берун меояд ва чӣ тавр баргҳои гул зебо кушода мешаванд. Маълумоти дар «Фотодрама» овардашуда бо илм мувофиқат карда, хиради беҳамтои Яҳуваро нишон медоданд. Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, яке аз тамошобинон бародар Расселлро дар муқаддимаи «Фотодрама» дида, ҳазломез гуфт, ки «Расселли дар наворбуда назар ба худи бародар Расселл ҳақиқитар метобад!»

МАРҲИЛАИ МУҲИМ ДАР ПАҲН КАРДАНИ ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС

«Фотодрамаи офариниш» 11 январи соли 1914 дар ин театри зебо, ки дар шаҳри Ню-Йорк аст, намоиш дода шуд. Ин театрро баъдтар Иттиҳоди Тадқиқотчиёни байналхалқии Китоби Муқаддас хариданд ва истифода мебурданд

Нависанда ва таърихшиноси соҳаи синамо Тим Дэкс гуфт, ки «Фотодрама» «аввалин намоиши бузурге мебошад, ки дар он ба расму тасвирҳои ба ҳаракат даровардашуда ва слайдҳои ранга овоз (гуфтори сабтшуда) ҳамроҳ карда шудааст». Дар филмҳое, ки пеш аз «Фотодрама» баромада буданд, баъзеи ин усулҳоро ба кор мебурданд, лекин ягон бор ҳамаи онҳо дар як филм истифода нашуда буд, хусусан дар намоиши бо Китоби Муқаддас алоқаманд. Ва ба тамошои ҳеҷ кадоме аз он филмҳо ин қадар тамошобини зиёд ҷамъ намеомад. «Фотодрама»-ро бошад, дар худи соли аввали баромаданаш дар Америкаи Шимолӣ, Аврупо, Астралия ва Зеландияи Нав ба ҳисоби умумӣ қариб нӯҳ миллион одамон тамошо карданд!

«Фотодрама» аввалин бор 11 январи соли 1914 дар шаҳри Ню-Йорк намоиш дода шуд. Ҳафт моҳ пас, фоҷиаи ногаҳоние сар зад, ки он баъдтар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ном гирифт. Вале одамони зиёд дар саросари ҷаҳон барои тамошои «Фотодрама» ҷамъ шуданро давом медоданд ва аз тамошои баракатҳои ояндаи Салтанати Худо, ки дар расмҳо тасвир шуда буданд, тасаллӣ мегирифтанд. Дар соли 1914 «Фотодрама» намоиши аз ҳама ҷиҳат беҳамто ҳисоб меёфт.

Барои дар саросари Америкаи Шимолӣ намоиш додани «Фотодрама» 20 нусхаи он истифода мешуд