Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр нисбати худ назари мусбиро нигоҳ дорем?

Чӣ тавр нисбати худ назари мусбиро нигоҳ дорем?

«Агар одам солҳои зиёд зиндагӣ кунад, бигзор аз ҳар рӯзи ҳаёти худ ҳаловат барад» (ВОИЗ 11:8, ТДН).

1. Кадом баракатҳои Яҳува моро хушбахт мегардонанд?

ЯҲУВА мехоҳад, ки мо хушбахт бошем ва барои ҳамин моро ба фаровонӣ баракат медиҳад. Яке аз ин баракатҳо он аст, ки Ӯ ба мо ҳаёт бахшидааст. Азбаски Худо моро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб кардааст, мо метавонем ҳаёти худро барои ҳамду санои Ӯ сарф кунем (Заб. 143:15; Юҳ. 6:44). Яҳува моро дар муҳаббати худ бовар мекунонад ва ёрӣ медиҳад, ки дар хизмат ба Ӯ устувор монем (Ирм. 31:3; 2 Қӯр. 4:16). Мо инчунин аз биҳишти рӯҳонӣ баҳрамандем, ки дар он ғизои фаровони рӯҳонӣ ва муҳаббати бародариятамон барои мо дастрас аст. Беш аз ин, мо нисбати оянда умеди олиҷанобе дорем.

2. Баъзе ходимони содиқи Худо бо чӣ мубориза мебаранд?

2 Гарчанд барои хушбахт будан чунин сабабҳои зиёд мавҷуданд, баъзе ходимони содиқи Худо бо фикрҳои манфӣ оиди худ мубориза мебаранд. Онҳо шояд фикр мекунанд, ки на худи онҳо ва на хизматашон дар назари Яҳува он қадар арзанда нест. Ба онҳое, ки муддати дурудароз аз чунин ҳиссиёти манфӣ азоб мекашанд, фикри он ки шахс «солҳои зиёд» аз зиндагӣ ҳаловат бурда метавонад, шояд танҳо орзуву хаёл тобад. Ҳаёт дар назари онҳо гӯё танҳо аз рӯзҳои торик иборат асту халос (Воиз 11:8).

3. Чӣ сабаби пайдо гаштани фикрҳои манфӣ шуда метавонад?

3 Сабаби пайдо шудани фикрҳои манфӣ дар дили чунин бародарон ё хоҳарон — иҷро нашудани умедвориҳо, беморӣ ё баъзе маҳдудиятҳои бо пиронсолӣ алоқаманд буда метавонад (Заб. 70:9; Мас. 13:12; Воиз 7:7). Ғайр аз ин, ҳар як масеҳӣ бояд эътироф кунад, ки дил маккор аст ва ҳатто вақте ки Худо аз мо розӣ аст, он метавонад моро маҳкум кунад (Ирм. 17:9; 1 Юҳ. 3:20). Иблис ходимони Худоро беасос айбдор мекунад. Онҳое ки тарзи фикрронии Шайтонро доранд, метавонанд моро заҳролуд кунанд, яъне чун Алифозе, ки имон надошт, гӯянд, ки мо дар назари Худо қадру қиммат надорем. Ин суханон имрӯз низ чун дар рӯзҳои Айюб дурӯғанд (Айюб 4:18, 19).

4. Дар ин мақола мо чиро муҳокима хоҳем кард?

4 Яҳува дар Навиштаҳо ба таври равшан мефаҳмонад, ки Ӯ бо онҳое хоҳад буд, ки «дар водии зулмот» роҳ мераванд (Заб. 22:4). Яке аз воситаҳое, ки Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад, ин Каломаш аст. Китоби Муқаддас «боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо», яъне он метавонад чизҳоеро ки дар мо сахт ҷойгир шудаанд, аз он ҷумла фикрҳои нодуруст ва манфиамонро бартараф созад (2 Қӯр. 10:4, 5). Бинобар ин, биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо Китоби Муқаддасро истифода бурда метавонем, то нисбати худ назари мусбиро инкишоф диҳем ва нигоҳ дорем. Шумо аз ин барои худ манфиат мегиред ва ҳамчунин мефаҳмед, ки чӣ тавр дигаронро рӯҳбаланд карда метавонед.

БАРОИ ИНКИШОФ ДОДАНИ НАЗАРИ МУСБӢ АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ИСТИФОДА БАРЕД

5. Чӣ гуна тафтиш ба мо кӯмак мекунад, ки назари мусбӣ дошта бошем?

5 Павлуси ҳавворӣ оиди чизҳое сухан ронда буд, ки барои инкишоф додани назари мусбӣ ба мо кӯмак расонда метавонанд. Ӯ масеҳиёни шаҳри Қӯринтро ташвиқ кард: «Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед» (2 Қӯр. 13:5). «Имон» маҷмӯи таълимоти масеҳӣ мебошад, ки дар Китоби Муқаддас баён карда шудааст. Агар гуфтору рафтори мо мувофиқи он таълимот бошад, мо аз тафтиш гузашта, «дар имон» буданамонро аён месозем. Албатта, мо бояд таълимоти масеҳиро ҳамаҷониба ба назар гирифта, худро тафтиш намоем. Мо набояд интихоб кунем, ки дар кадом ҷиҳатҳо аз рӯи он амал мекунему дар кадомаш не (Яъқ. 2:10, 11).

6. Чаро мо бояд худро тафтиш кунем, ки оё дар имон ҳастем ё не?

6 Шояд шумо ба чунин тафтиш ҷуръат накунед, хусусан агар ҳис кунед, ки аз он гузашта наметавонед. Вале муҳимтар он аст, ки на мо, балки Яҳува ба мо чӣ гуна менигарад, зеро фикрҳои Ӯ аз фикрҳои мо хеле болотаранд (Иш. 55:8, 9). Ӯ ибодаткунандагони худро на барои маҳкум кардан, балки барои дидани хислатҳои хубашон ва барои ба онҳо кӯмак кардан тафтиш мекунад. Вақте ки шумо барои тафтиш кардани он, ки «оё дар имон ҳастед» ё не, Китоби Муқаддасро истифода мебаред, ба худ боз ҳам бештар аз нуқтаи назари Худо хоҳед нигарист. Ин ба шумо ёрӣ медиҳад, ки ҳар гуна фикрҳоро оиди он ки пеши Худо арзише надоред, дигар кунед, яъне дар асоси Китоби Муқаддас боварӣ ҳосил намоед, ки шумо дар назари Яҳува хеле гаронбаҳоед. Натиҷаи ин метавонад ба мисли он бошад, ки нури офтоб пас аз кушодани пардаҳо хонаи торикро мунаввар месозад.

7. Чӣ тавр мо аз дида баромадани намунаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда манфиат гирифта метавонем?

7 Тарзи самараноки чунин худтафтишкунӣ ин аст, ки оиди намунаҳои шахсони содиқ, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудаанд, мулоҳиза ронем. Вазъияту ҳиссиёти онҳову худатонро муқоиса кунед ва дар бораи он фикр кунед, ки шумо дар вазъияти онҳо чӣ гуна рафтор мекардед. Биёед ҳоло се намунаро дида бароем ва бинем, ки чӣ тавр метавонем Китоби Муқаддасро истифода бурда, боварӣ пайдо кунем, ки «дар имон» ҳастем ва ҳамин тавр назари мусбиро нисбати худ инкишоф диҳем.

БЕВАЗАНИ КАМБАҒАЛ

8, 9. a) Вазъияти бевазани камбағал чӣ гуна буд? б) Он бевазан дар дили худ эҳтимол чӣ гуна ҳиссиёти манфӣ дошт?

8 Ҳангоми дар маъбади Ерусалим буданаш, Исо ба як бевазани камбағал аҳамият дод. Намунаи ин бевазан ба мо ёрӣ медиҳад, ки новобаста аз маҳдудиятҳоямон назари мусбиро нигоҳ дорем. (Луқо 21:1–4-ро бихонед.) Оиди вазъияти он зан фикр кунед: ӯ на танҳо аз сабаби вафот кардани шавҳараш бо ғаму дарди худ мезист, балки ба вазъияти бади рӯҳоние, ки аз боиси пешвоёни дин ба миён омада буд, тоб меовард. Он диндорон ба ҷои дастгирӣ кардани чунин шахсони бепушту паноҳ, «хонаҳои бевазанонро» фурӯ мебурданд (Луқ. 20:47). Ӯ чунон камбағал буд, ки барои хайрия кардан танҳо он маблағеро ба маъбад овард, ки шахси коргар ҳамагӣ дар якчанд дақиқа ёфта метавонист.

Тасаввур кунед, ки ҳангоми ворид шудан ба саҳни маъбад он бевазан, ки ду тангаи хурде дар даст дошт, чӣ ҳис мекард. Оё ӯ дар бораи он фикр кард, ки агар шавҳараш зинда мебуд, хайрияи ӯ на ду танга, балки хеле зиёдтар мебуд? Ё вай хайрияҳои калони одамонеро, ки пеш аз ӯ дар назди ганҷинаи маъбад истода буданд, дида, аз хайрияи худ шарм мекард? Ва ё шояд шубҳа дошт, ки қурбониаш дар ҳақиқат боарзиш аст? Новобаста аз он ки дар вай чунин ҳиссиётҳо буданд ё не, ӯ то он дараҷае ки метавонист, ибодати ҳақиқиро дастгирӣ кард.

10. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки бевазан дар пеши Худо хеле боарзиш аст?

10 Исо нишон дод, ки ҳам худи бевазан ва ҳам хайрияаш барои Яҳува арзишноканд. Ӯ гуфт, ки он зан «аз ҳама [сарватдорон] бештар андохт». Гарчанде хайрияи ӯ бо хайрияи дигарон дар ганҷина бояд якҷоя мешуд, Исо ба бевазан аҳамияти махсус дода, ӯро сазовори таъриф ҳисобид. Хазинадорон баъдтар, ҳангоми шуморидани хайрияҳо, аз он ҷумла ду тангаи бевазан, намедонистанд, ки он тангаҳо ва ҳадякунандаашон то чӣ андоза барои Яҳува гаронбаҳоянд. Лекин на фикри одамон ва ҳатто на нигоҳе, ки бевазан нисбати худ дошт, балки назари Худо аз ҳама муҳимтар буд. Оё метавонед бо ёрии ин намуна худро тафтиш кунед, ки дар имон ҳастед ё не?

Шумо аз намунаи бевазани камбағал барои худ чӣ дарс гирифтед? (Ба сархатҳои 8–10 нигаред)

11. Аз мисол оиди бевазан шумо барои худ чӣ дарс гирифта метавонед?

11 Вазъиятҳои шумо ба он чизе, ки чун қурбонӣ ба Яҳува меоред, таъсир карда метавонад. Шояд аз сабаби пиронсолӣ ё бемадорӣ баъзеҳо барои мавъизаи хушхабар вақти хеле кам сарф кунанд. Оё дуруст мебуд, агар онҳо ин миқдори вақтро барои дар ҳисобот навиштан сазовор намеҳисобиданд? Ҳатто агар вазъиятҳои шумо он қадар маҳдуд набошанд ҳам, шояд фикр кунед, ки кӯшишҳои шумо танҳо як миқдори хеле ками он соатҳоеро ташкил медиҳанд, ки халқи Худо ҳар сол барои хизмат сарф мекунад. Лекин аз мисоли бевазани камбағал мо мефаҳмем, ки Яҳува ҳар амали моро пай мебарад ва онро қадр мекунад, хусусан, вақте ки мо дар вазъиятҳои душвор ба Ӯ хизмат мекунем. Он чизеро, ки соли гузашта дар хизмати Яҳува карда будед, ба ёд оред. Агар ягонтои он соатҳое, ки ба Ӯ бахшида будед, аз шумо кӯшишҳои махсусро талаб карда бошанд, боварӣ дошта бошед, ки Ӯ хизмати дар давоми он соат кардаатонро хеле пурарзиш меҳисобад. Агар шумо чун он бевазани камбағал дар хизмати Яҳува ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, бешубҳа бовар карда метавонед, ки «дар имон» ҳастед.

«ҶОНИ МАРО БИГИР»

12–14. a) Ҳиссиёти манфии Илёс ба ӯ чӣ тавр таъсир карданд? б) Сабаби рӯҳафтодагии Илёс чӣ буда метавонист?

12 Пайғамбар Илёс ба Яҳува содиқ буд ва имони мустаҳкам дошт. Вале дар як маврид ӯ чунон рӯҳафтода шуд, ки ба Яҳува муроҷиат карда, аз Ӯ марг талабид: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир» (3 Подш. 19:4). Касоне, ки чунин рӯҳафтодагиро аз сар нагузарондаанд, шояд дуои Илёсро нодуруст шуморида, фикр кунанд, ки суханонаш аз ҳад «сахт аст» (Айюб 6:3). Лекин ӯ дар ҳақиқат хеле ғамгин буд. Ба назар гиред, ки Яҳува Илёсро барои марг хостанаш сарзаниш накард, балки ба ӯ кӯмак расонд.

13 Аммо сабаби рӯҳафтода шудани Илёс дар чӣ буд? Чанде пеш аз дуо гуфтанаш ӯ дар Исроил дар воқеаи ҳалкунандае, ки Худои ҳақиқӣ будани Яҳуваро исбот мекард, нақши муҳим бозид ва дар натиҷаи он 450 нафар пайғамбарони Баал кушта шуданд (3 Подш. 18:37–40). Илёс эҳтимол умедвор буд, ки ана акнун халқи Худо сӯи ибодати пок бармегардад, вале ин тавр нашуд. Маликаи золим Изобал ба Илёс хабар фиристод, ки мақсади куштани ӯро дорад. Аз ҳаёти худ ба тарс афтода, Илёс аз мамлакати ҳамсоя, Яҳудо гузашта, ба ҷануб, ба биёбон мегурезад (3 Подш. 19:2–4).

14 Бо фикрҳои худ танҳо ба танҳо монда, Илёс дар бораи он фикр мекард, ки хизмати ӯ чун пайғамбар беҳуда аст. Ӯ ба Яҳува гуфт: «Ман аз падарони худ беҳтар нестам». Яъне ӯ гуфт, ки аз дасташ ҳеҷ чиз намеояд, чуноне ки аз хоки падарони ӯ ҳеҷ фоидае нест. Дар асл, Илёс худро аз рӯи меъёрҳои худ баҳо медод ва ба хулосае омад, ки ӯ ба ҳеҷ чиз кор намеояд ва барои Яҳува ё дигарон арзише надорад.

15. Чӣ тавр Худо Илёсро бовар кунонд, ки ӯ барояш хеле боарзиш аст?

15 Вале Худои Қодир ба Илёс дигар хел нигоҳ мекард. Илёс чун пештара дар назари Яҳува пурқиммат буд ва барои инро исбот кардан Ӯ чора андешид. Худо барои тақвият додани Илёс ба назди ӯ фариштаро фиристод. Ҳамчунин Ӯ оиди он ғамхорӣ кард, ки Илёс обу нон хӯрад ва сафари 40-рӯзаро ба сӯи кӯҳи Ҳӯриб, ки дар ҷануб ҷойгир буд, тай карда тавонад. Беш аз ин, Худо фикрҳои нодурусти Илёсро меҳрубонона ислоҳ намуд, зеро ӯ фикр мекард, ки ягон исроилии ба Яҳува содиқ намондааст. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Худо ба Илёс супоришҳои нав дод ва ӯ онҳоро қабул кард. Илёс аз кӯмаки Яҳува баҳра гирифт ва барои ҳамин боз бо қувваи нав чун пайғамбар хизмат карданашро давом дод (3 Подш. 19:5–8, 15–19).

16. Бо кадом роҳҳо Худо шуморо дастгирӣ карда метавонад?

16 Воқеаи бо Илёс рӯйдода ба шумо кӯмак карда метавонад, то дар имон будани худро бубинед ва назари мусбӣ пайдо кунед. Чӣ тавр? Якум, дар бораи он фикр кунед, ки бо кадом роҳҳо Яҳува шуморо дастгирӣ кардаасту ҳоло ҳам мекунад. Шояд яке аз ходимони Ӯ, масалан, пири ҷамъомад ё дигар масеҳии баркамол дар мавриде, ки ба дастгирӣ мӯҳтоҷ будед, ба шумо мадад карданд (Ғал. 6:2). Ҳамчунин шумо аз ғизои рӯҳоние, ки ба воситаи Китоби Муқаддас, адабиётҳо ва ҷамъомадҳо пешкаш карда мешавад, баҳра бурда метавонед. Дафъаи дигар, вақте ки бо яке аз ин тарзҳо барои худ манфиат мегиред, дар бораи Манбаи ҳақиқии кӯмаки ба шумо расида фикр кунед ва ба Ӯ дар дуо миннатдориатонро баён намоед (Заб. 120:1, 2).

17. Яҳува дар ходимони худ чиро қадр мекунад?

17 Дуюм, хуб дарк намоед, ки назари манфӣ тамоман нодуруст буда метавонад. Муҳим он аст, ки Худо моро чӣ гуна баҳо медиҳад. (Румиён 14:4-ро бихонед.) Яҳува муҳаббат ва вафодории моро қадр мекунад; Ӯ моро аз рӯи он ки дар назари дигарон чӣ гуна муваффақиятҳоро ба даст овардем, баҳо намедиҳад. Ва чун Илёс шумо шояд пурра дарк накунед, ки то чӣ андоза барои Яҳува бисёр меҳнат мекунед. Дар ҷамъомад, бешубҳа, шахсоне ҳастанд, ки шумо ба онҳо таъсири нағз мерасонед ва ҳамчунин дар маҳаллатон одамоне ҳастанд, ки ба туфайли кӯшишҳои шумо бо ҳақиқат шинос шудаанд.

18. Супориши аз ҷониби Яҳува доштаамон исботи чӣ мебошад?

18 Ва ниҳоят, ба ҳар як супориши аз тарафи Яҳува гирифтаатон чун ба исботи он нигаред, ки Ӯ бо шумост (Ирм. 20:11). Мисли Илёс шумо шояд фикр кунед, ки хизмататон бесамар аст ё ҳеҷ не ки ба мақсади рӯҳониатон расед ва аз ин сабаб рӯҳафтода мешавед. Аммо ба ин нигоҳ накарда, шумо имконияти олиҷаноберо, ки дар ин замон кас дошта метавонад, соҳибед ва ин имконият мавъизаи хушхабар ва шинос кардани одамон бо номи Худо мебошад. Пас, минбаъд низ ба Худо содиқ монед. Он гоҳ суханоне, ки Исо дар масалаш гуфта буд, ба шумо низ дахл дошта метавонад: «Ба шодии оғои худ шарик шав» (Мат. 25:23).

«ДУОИ МИСКИН»

19. Нависандаи Забур 101 бо чӣ гуна вазъият рӯ ба рӯ шуд?

19 Шахсе, ки таронаи 101-и Забурро навиштааст, дар ҳолати хеле душвор қарор дошт. Ӯ «мискин» буд, зеро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё эҳсосӣ сахт азоб мекашид ва қуввати ҳал кардани душвориҳояшро надошт (Заб. 101:1). Аз суханонаш маълум аст, ки ӯ танҳо дар бораи дард, танҳоӣ ва ҳиссиёташ фикр мекард (Заб. 101:4, 5, 7, 12). Забурнавис боварӣ дошт, ки Яҳува ӯро тарк кардааст (Заб. 101:11).

20. Чӣ тавр дуо ба шахс кӯмак мекунад, ки бо фикрҳои манфӣ мубориза барад?

20 Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, забурнавис метавонист ҳаёташро барои ҳамду санои Яҳува сарф кунад. (Забур 101:20–22-ро бихонед.) Чӣ тавре ки аз таронаи 101 аён аст, ҳатто онҳое, ки дар имон ҳастанд, метавонанд гирифтори ғаму дарди худ шаванд ва барои фикрашонро ба дигар чиз равона кардан мубориза баранд. Таронасаро худро тавре ҳис мекард, ки гӯё «мисли мурғаке... болои бом танҳо нишаста бошад», яъне танҳо душвориҳояш бо ӯ буданду халос (Заб. 101:8). Агар шумо чунин ҳиссиёт дошта бошед, чун забурнавис дили худро ба Яҳува холӣ кунед. Дуоҳоятон ба шумо кӯмак мекунанд, ки бо фикрҳои манфӣ мубориза баред. Яҳува ваъда медиҳад, ки «ба дуои нотавонон таваҷҷӯҳ» менамояд ва «аз дуои онҳо нафрат» намекунад (Заб. 101:18). Ба ин ваъда боварии пурра дошта бошед.

21. Чӣ тавр шахсе, ки бо эҳсосоти манфиаш мубориза мебарад, назари мусбиро дар худ инкишоф дода метавонад?

21 Дар Забур 101 инчунин гуфта шудааст, ки чӣ гуна шумо назари мусбиро дар худ инкишоф дода метавонед. Забурнавис инро чӣ тавр кард? Ӯ диққати худро ба муносибатҳои бо Яҳува доштааш равона сохт (Заб. 101:13, 28). Ӯ аз донистани он тасаллӣ меёфт, ки Яҳува ҳамеша бо халқаш хоҳад буд ва онҳоро дар душвориҳо дастгирӣ хоҳад кард. Пас, агар шумо аз боиси эҳсосоти манфӣ якчанд вақт ба андозае, ки мехоҳед, хизмат карда натавонед, дар бораи ин дуо гӯед. Ба Худо на танҳо дар барои аз зиқии худ каме раҳо шудан, балки дар барои он низ дуо гӯед, ки исми Яҳува эълон карда шавад (Заб. 101:21, 22).

22. Чӣ тавр ҳар яки мо метавонем Яҳуваро хурсанд кунем?

22 Бале, мо метавонем Китоби Муқаддасро истифода бурда, худро бовар кунонем, ки дар имон ҳастем ва дар назари Яҳува арзишнокем. Дуруст аст, ки дар ин дунёи шарир пурра аз ҳиссиёти манфӣ ё рӯҳафтодагӣ озод шудан имконнопазир аст, лекин ҳар яки мо метавонад дили Яҳуваро хушнуд созад ва содиқона ба Ӯ хизмат карданро давом дода, наҷот ёбад (Мат. 24:13).