Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ибодати оилавӣ. Чӣ метавон кард, то он хурсандии бештар орад?

Ибодати оилавӣ. Чӣ метавон кард, то он хурсандии бештар орад?

«Вақте ки мо ягон мавзӯъро дар шоми ибодати оилавиамон дида мебароем, мо чунон шавқманд мегардем, ки агар аъзоёни оилаамро бознадорам, он бисёр вақт то ними шаб давом меёбад»,— мегӯяд падаре аз Бразилия. Сардори оилаи дигаре аз Ҷопон мегӯяд, ки писари даҳсолааш ҳангоми ибодати оилавӣ гузаштани вақтро пай намебарад ва мехоҳад, ки он давом ёбад. Чаро? «Ӯ хеле шавқманд мегардад ва барои ҳамин хурсандии зиёд мегирад»,— шарҳ медиҳад он падар.

Албатта, на дар ҳамаи кӯдакон чунин шавқмандиро мушоҳида кардан мумкин аст ва онҳое ҳастанд, ки аз ибодати оилавӣ хурсандӣ намегиранд. Сабаби ин дар чист? Падаре аз мамлакати Того мефаҳмонад: «Ибодати Яҳува набояд дилгиркунанда бошад». Агар ибодати оилавӣ шавқовар набошад, шояд тарзи гузарондани онро тағйир додан лозим аст. Бисёр оилаҳо аз таҷрибаи худ дарк карданд, ки ибодати оилавӣ барояшон ҳаловатбахш буда метавонад, чуноне ки пайғамбар Ишаъё оиди рӯзи шанбе гуфта буд (Иш. 58:13, 14).

Падарони масеҳӣ дарк мекунанд, ки барои аз ибодати оилавӣ хурсандӣ гирифтани оилаашон, онро бояд дар муҳити озоду ором гузаронанд. Ралф, ки соҳиби се духтару як писар аст, оиди ибодати оилавиаш мегӯяд, ки он бештар на ба омӯзиш, балки ба муоширати озод, ки ҳама дар он иштирок мекунанд, монанд аст. Бояд гуфт, ки баъзан ҷалб кардан ва нигоҳ доштани диққати ҳар як аъзои оила ба мавзӯъ мушкил буда метавонад. Модаре иқрор мешавад: «Ман мехоҳам, ки ибодати оилавиро шавқовар гузаронам, вале на ҳама вақт ба ин қувват дорам». Агар шумо бо чунин душворӣ рӯ ба рӯ шуда бошед, оё онро ҳал карда метавонед?

НИЁЗҲОИ АЪЗОЁНИ ОИЛАРО БА НАЗАР ГИРЕД ВА ОМӮЗИШРО РАНГОРАНГ ГУЗАРОНЕД

«Мо бояд ниёзҳои ҳамаро ба назар гирем»,— мегӯяд падари ду фарзанд аз Олмон. Ҳамчунин Наталия, модари ду фарзанд мегӯяд, ки аз ҳама чизи муҳим дар оилаи онҳо ин рангоранг кардани ибодати оилавӣ мебошад. Бисёри оилаҳо ибодати оилавиашонро ба якчанд қисмҳо тақсим мекунанд. «Ин омӯзишро рангоранг месозад ва ҳамаи аъзоёни оила дар он фаъолона иштирок мекунанд»,— мефаҳмонад Клейтон, падари ду фарзанд аз Бразилия. Агар синну соли фарзандон сахт фарқ кунад, волидон вақти омӯзишро тақсим карда, ба ниёзҳои ҳар яки онҳо аҳамият дода метавонанд. Ҳамчунин ҳангоми интихоб кардани адабиёт ва тарзи гузарондани ибодати оилавӣ низ волидон метавонанд ниёзҳои ҳамаро ба назар гиранд.

Баъзе оилаҳо барои рангоранг кардани ибодати оилавӣ чӣ кор мекунанд? Оилаҳое ҳастанд, ки ибодати оилавиашонро бо сароидани суруд ба Яҳува сар мекунанд. «Ин фазои хуберо фароҳам меоварад ва барои дида баромадани маълумот дили моро тайёр мекунад»,— мегӯяд Хуан аз Мексика. Фарзандони ӯ сурудҳоеро интихоб мекунанд, ки ба барномаи ибодати оилавӣ алоқаманд ҳастанд.

Шри-Ланка

Дигар оилаҳо бошанд, порчаҳои Китоби Муқаддасро якҷоя мехонанд. Барои рангоранг кардани хониш аъзоёни оила нақши шахсони гуногунро аз Китоби Муқаддас бозӣ карда, суханонашонро мехонанд. Падаре аз Ҷопон мегӯяд, ки «дар аввал ин хел хондан каме ғайриоддӣ буд». Аммо ду писари ӯ аз он хурсанд буданд, ки волидонашон якҷоя бо онҳо иштирок мекунанд. Баъзеҳо ҳатто аз рӯи ҳикояҳои Китоби Муқаддас саҳначаҳо тайёр мекунанд. «[Кӯдакон] дар ҳикояи Китоби Муқаддас бисёр вақт чизҳоеро пай мебаранд, ки мо чун волидон онро намебинем»,— мегӯяд Роҷер, падари ду фарзанд аз Африқои Ҷанубӣ.

Африқои Ҷанубӣ

Роҳи дигари рангоранг намудани ибодати оилавӣ ин буда метавонад, ки оила якҷоя ба коре машғул шавад, масалан, ба сохтани намунаи киштии Нӯҳ ё ин ки маъбади Сулаймон. Чунин корҳо хоҳиши тадқиқот гузаронданро бедор месозанд ва хеле шавқовар буда метавонанд. Мисол, дар Осиё духтарчае бо волидон ва модаркалонаш бозии рӯимизиеро тартиб доданд, ки дар асоси саёҳати миссионерии Павлус буд. Оилаи дигар бошад, бозии рӯимизиро аз рӯи воқеаҳои китоби Хуруҷ тартиб доданд. Доналди 19-сола аз Того мегӯяд, ки рангорангӣ ба ибодати оилавӣ ва худи оилаашон рӯҳи тоза бахшид. Оё шумо низ ягон чорае андешида метавонед, ки ибодати оилавиатонро бештар хурсандиовар кунад?

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

ТАЙЁРӢ ХЕЛЕ МУҲИМ АСТ

Гарчанд ба назар гирифтани ниёзҳои оила ва рангорангӣ ибодати оилавиро шавқовар мекунанд, барои аз он манфиати ҳақиқӣ гирифтан, ба ҳама лозим аст, ки тайёрӣ бинанд. Баъзан кӯдакон хаста мешаванд, барои ҳамин падарон бояд маводро бодиққат интихоб кунанд, то он барои фарзандонашон шавқовар бошад ва сипас барои нағз тайёрӣ дидан вақт ҷудо кунанд. Падаре мегӯяд: «Вақте ки ман тайёрӣ мебинам, ҳар як аъзои оила аз муҳокима манфиати бештар мегирад». Падаре аз Олмон ба оилааш якчанд ҳафта пеш мавзӯи ибодати оилавиро мегӯяд. Ҳангоми ба нақша гирифтани тамошои филмҳои ташкилотамон, падаре аз Бенин, ки шаш фарзанд дорад, пешакӣ саволҳо тайёр карда, ба аъзоёни оилааш медиҳад. Бешубҳа, тайёрӣ ба ибодати оилавӣ муҳим аст, зеро ин ба сифатнок гузарондани омӯзиши оилавӣ мусоидат мекунад.

Вақте ки аъзоёни оила пешакӣ медонанд, ки чӣ дида баромада мешавад, онҳо дар давоми ҳафта оиди он сӯҳбат карда метавонанд ва ҳамин тавр шавқу завқи онҳо зиёд мегардад. Ҳамчунин агар ҳар кас ягон супориш дошта бошад, вай ҳис хоҳад кард, ки ин ибодати оилавии ӯ низ мебошад.

МУНТАЗАМ ГУЗАРОНЕД

Барои бисёр оилаҳо мунтазам гузарондани ибодати оилавӣ душвор мебошад. Чаро?

Ба баъзе волидон лозим меояд, ки барои хӯрондани оилаашон соатҳои зиёд кор кунанд. Масалан, дар Мексика падаре соати шаши саҳар аз хона мебарояд ва соати ҳашти бегоҳ бармегардад. Ғайр аз ин, баъзан шояд лозим ояд, ки рӯзи гузарондани ибодати оилавиро аз сабаби чорабиниҳои рӯҳонӣ, ба мисли ташрифи нозири ноҳиявӣ ё анҷумани ноҳиявӣ иваз кунанд.

Ба ҳар ҳол, мо бояд азми қавӣ дошта бошем, ки ибодати оилавиамонро мунтазам гузаронем. Лоиси ёздаҳсола аз Того оиди ин чунин мегӯяд: «Ҳатто агар баъзан дар давоми рӯз чизе ногаҳон ба миён ояд ва дертар сар кардан лозим шавад ҳам, мо ҳамеша ибодати оилавиамонро мегузаронем». Баъзе оилаҳо гузарондани ибодати оилавиро дар аввали ҳафта ба нақша мегиранд. Чаро? Чунки агар чизе ба миён ояд, онҳо ибодати оилавиро дар охири ҳафта гузаронда метавонанд.

Худи номи ин чорабинӣ, яъне «ибодати оилавӣ», ба он ишора мекунад, ки он қисми ибодати шумо аст. Бигзор ҳамаи аъзоёни оилаатон ҳар ҳафта қурбонии «лабони худро» ба Яҳува оранд (Ҳуш. 14:3). Ва бигзор барои ҳар як аъзои оила ибодати оилавӣ вақти хурсандиовар бошад, «чунки шод будан ба ҳузури Худованд қуввати шумост» (Наҳ. 8:9, 10).