Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пиронсолонро эҳтиром намоед

Пиронсолонро эҳтиром намоед

«Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо» (ИБД. 19:32).

1. Инсоният дар кадом ҳолати ғамовар қарор дорад?

ЯҲУВА ҳеҷ гоҳ ният надошт, ки одамон аз мушкилиҳои бо пиронсолӣ алоқаманд азоб кашанд. Баръакс, Ӯ мехост ки мардону занон саломатии комил дошта бошанд ва дар Биҳишт зиндагӣ кунанд. Вале «тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад» (Рум. 8:22). Тасаввур кунед, ки Худо оқибатҳои ғамангези гуноҳро дар одамон дида, чӣ дарде ҳис мекунад. Инчунин чӣ қадар ғамовар аст, ки бисёри пиронсолон маҳз дар он айёме, ки бештар ба кӯмаку дастгирӣ мӯҳтоҷанд, нисбати худ беаҳамиятӣ ҳис мекунанд (Заб. 38:6; 2 Тим. 3:3).

2. Чаро масеҳиён нисбати пиронсолон ҳурмату эҳтироми хоса доранд?

2 Халқи Яҳува бародарону хоҳарони пиронсоли ҷамъомадро қадр мекунад. Мо аз хиради онҳо баҳра мебарем ва аз намунаи имони онҳо рӯҳбаланд мешавем. Шояд баъзеи онҳо наздикон ё хешу табори моянд. Лекин, хоҳ мо бо он ходимони пиронсол хешу табор бошем, хоҳ не, мо оиди онҳо ғамхорӣ кардан мехоҳем (Ғал. 6:10; 1 Пет. 1:22). Биёед дида бароем, ки Худо ба пиронсолон чӣ гуна назар мекунад. Ин ба ҳар яки мо фоиданок хоҳад буд. Мо инчунин масъулиятҳоеро, ки аъзоёни оила ва ҷамъомад нисбати пиронсолони азизамон доранд, муҳокима хоҳем кард.

«МАРО ДАР ЗАМОНИ ПИРӢ... ТАРК НАКУН»

3, 4. а) Бо чӣ гуна суханони илтиҷоомез нависандаи таронаи 70 ба Яҳува муроҷиат карда буд? б) Аъзоёни пиронсоли ҷамъомад аз Яҳува чӣ пурсида метавонанд?

3 Дар Забур 70:9 зери илҳоми илоҳӣ суханони зерин навишта шудаанд: «Маро дар замони пирӣ партоб накун; вақте ки қувватам кам шавад, маро тарк накун». Ин тарона аз афташ давоми таронаи 69-ум мебошад. Дар аввали таронаи 69 қайд шудааст, ки он «таронаи Довуд» аст. Аз ин рӯ, суханони илтиҷоомезеро, ки дар Забур 70:9 мехонем, эҳтимол Довуд гуфтааст. Ӯ аз айёми наврасӣ то дами пирӣ ба Худо хизмат кард ва Яҳува ӯро барои кардани корҳои бузург истифода бурд (1 Подш. 17:33–37, 50; 3 Подш. 2:1–3, 10). Бо вуҷуди ин, Довуд муҳим ҳисобид, ки ба Яҳува дуо гӯяд, то ки Ӯ минбаъд низ ба вай ғамхорӣ кунад. (Забур 70:17, 18-ро бихонед.)

4 Бисёр пиронсолон имрӯз монанди Довуд мебошанд. Нигоҳ накарда ба пиронсолӣ ва мушкилиҳои он, онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда, ҷалол додани Худоро давом медиҳанд (Воиз 12:1–7). Бисёри онҳо шояд ҳамаи он корҳоеро, ки пеш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ, аз он ҷумла дар хизмат мекарданд, дигар карда наметавонанд. Вале онҳо низ чун Довуд аз Яҳува илтиҷо мекунанд, ки минбаъд ҳам онҳоро баракат диҳад ва дар бораашон ғамхорӣ кунад. Чунин ходимони содиқи пиронсол дилпур буда метавонанд, ки Худо ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад. Охир, он дуоҳо ҳамон ташвишҳои асоснокеро, ки Довуд зери илҳоми илоҳӣ дар дуояш гуфта буд, дар бар мегиранд.

5. Яҳува ба пиронсолони содиқ чӣ гуна назар мекунад?

5 Навиштаҳо равшан нишон медиҳанд, ки Яҳува ходимони содиқи пиронсолро хеле қадр мекунад ва аз дигар хизматгоронаш интизор аст, ки онҳоро ҳурмату эҳтиром намоянд (Заб. 21:25–27; Мас. 16:31; 20:29). «Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо, ва аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам»,— гуфта шудааст дар Ибодат 19:32. Бале, ҳурмату эҳтироми аъзоёни пиронсолони ҷамъомад дар замони навишта шудани он суханон масъулияти ҷиддӣ буд ва то ҳол чунин аст. Вале оиди ғамхорӣ ба онҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Ин масъулияти кӣ ба ҳисоб меравад?

МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОЁНИ ОИЛА

6. Исо дар мавриди ғамхорӣ ба волидон чӣ намуна гузоштааст?

6 Каломи Худо ба мо мегӯяд: «Падар ва модари худро иззат намо» (Хур. 20:12; Эфс. 6:2). Исо муҳим будани ин амрро бо он нишон дод, ки ӯ фарисиён ва китобдононро барои сар тофтан аз ғамхорӣ ба волидони худ маҳкум мекард (Марқ. 7:5, 10–13). Исо худаш дар мавриди ғамхорӣ ба пиронсолон намунаи хуб гузоштааст. Масалан, вақте ки ӯ дар сутун, дар дами марг буд, оиди модараш, ки эҳтимол он вақт аллакай бевазан гашта буд, ғам мехӯрд. Ва ӯ нигоҳубини модарашро ба ӯҳдаи шогирди дӯстоштаи худ Юҳанно гузошт (Юҳ. 19:26, 27).

7. a) Дар бобати таъмин кардани волидон Павлуси ҳавворӣ кадом принсипро гуфта буд? б) Ҳангоми гуфтани ин принсип Павлус чиро муҳокима мекард?

7 Дар нома ба Тимотиюс Павлуси ҳавворӣ зери илҳоми илоҳӣ навишт, ки имондорон бояд аҳли хонаводаи худро таъмин намоянд. (1 Тимотиюс 5:4, 8, 16-ро бихонед.) Дар бораи контексти он суханони Павлус фикр кунед. Ҳангоми қайд кардани ин принсип Павлус оиди он сухан меронд, ки киҳо аз тарафи ҷамъомад кӯмаки моддӣ қабул карда метавонанд ва киҳо не. Ӯ равшан нишон дода буд, ки ғамхорӣ нисбати бевазанони пиронсол пеш аз ҳама вазифаи фарзандон, наберагон ва дигар хешовандони масеҳӣ аст. Ҳамин тариқ, зарурият набуд, ки таъминоти моддии он пиронсолон бар дӯши ҷамъомад гузошта шавад. Имрӯз низ яке аз вазифаҳои диндорӣ барои масеҳиён ин аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани эҳтиёҷоти наздикони худ мебошад.

8. Чаро Китоби Муқаддас оиди ғамхорӣ ба волидони пиронсол ягон дастуроти махсус намедиҳад?

8 Оддӣ карда гӯем, таъмини моддии волидон вазифаи фарзандони бакамолрасида мебошад. Павлус оиди ғамхорӣ ба хешовандони имондор сухан ронда буд, вале ба волидоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, набояд беэътиноӣ карда шавад. Вазъияти оилавии ҳама як хел нест, бинобар ин ҳар як оила дар бобати ғамхорӣ ба волидони пиронсол бояд худашон қарор бароранд. Саломатӣ, феълу хӯ ва ниёзу талаботи ҳар як шахс гуногун аст. Баъзе пиронсолон фарзандони бисёр доранд, баъзеҳо танҳо як фарзанд. Ба баъзеҳо шояд аз тарафи давлат ягон хел кӯмак расонида мешавад, ба дигарон бошад, не. Инчунин майлу хоҳишҳои шахсоне, ки ба нигоҳубин мӯҳтоҷанд, гуногун аст. Барои ҳамин, аз рӯи хирад намебуд, ки тарзи ба наздикони пиронсолаш ғамхорӣ кардани касеро танқид кунем. Яҳува чун дар замонҳои қадим метавонад ҳар гуна қарори дар асоси Навиштаҳо қабулшударо баракат диҳад ва дар амалӣ гардонданаш кӯмак расонад (Ад. 11:23).

9–11. a) Баъзеҳо бо кадом вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешаванд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро фарзандони бакамолрасида набояд саросемавор хизмати пурравақти худро тарк кунанд? Мисол оред.

Вақте ки волидон ва фарзандон аз ҳам дур зиндагӣ мекунанд, ин метавонад ба волидони пиронсол расонидани ёрии лозимаро мушкил гардонад. Шояд ногаҳон бад шудани вазъи саломатии падар ё модар, масалан, аз сабаби аз ҷое афтидан ва шикастани ягон узви баданашон ё аз сабаби рух додани вазъияти фавқулоддаи дигаре, ба зудӣ назди онҳо рафтан лозим ояд. Сипас, онҳо шояд муваққатан ё эҳтимол муддати дурудароз ба нигоҳубин мӯҳтоҷ гарданд *.

10 Ба ходимони пурравақт, ки таъиноти дар хизмат гирифтаашон дар ҷойҳои аз хона дур аст, шояд қарорҳои бахусус душвор қабул кардан лозим ояд. Ҳамаи онҳое, ки чун ходимони Байт-Ил, миссионерон ё нозирони сайёр хизмат мекунанд, таъиноти худро хеле қадр менамоянд ва онро баракат аз ҷониби Яҳува меҳисобанд. Ба ҳар ҳол, агар волидони онҳо бемор шаванд, якум фикре, ки ба сарашон меояд, шояд чунин аст: «Мо бояд таъиноти худро тарк кунем ва ба хона баргашта, ба волидонамон нигоҳубин кунем». Вале, оқилона мебуд, то бо дуо мулоҳиза ронем, ки оё волидонамон дар ҳақиқат ба ин чиз ниёз доранд ё ин танҳо хоҳиши онҳо аст. Ҳеҷ кас набояд саросемавор аз имтиёзҳои дар хизмат доштааш даст кашад ва ин на ҳамеша зарур аст. Шояд душвории бо саломатӣ алоқаманд муваққатӣ бошад ва баъзе шахсон аз ҷамъомаде, ки волидон дар онанд, метавонанд бо омодагӣ ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд (Мас. 21:5).

11 Биёед як мисолро дида бароем. Ҷуфти ҳамсарони пиронсол аз Осиёи Шарқӣ ду писар доштанд, ки дур аз хона хизмат мекарданд. Яке аз онҳо дар Амрикои Ҷанубӣ чун миссионер ва дигаре дар идораи марказӣ, дар Бруклин, Ню-Йорк хизмат мекард. Вақте ки волидони пиронсоли бародарон ба кӯмак мӯҳтоҷ шуданд, ҳарду писар бо ҳамсарони худ ба хона рафтанд, то бубинанд, ки чӣ кор кардан мумкин аст. Бо гузашти вақт ҳамсароне, ки дар Амрикои Ҷанубӣ хизмат мекарданд, оиди он ҷиддӣ фикр карданд, ки таъиноти худро тарк карда, ба хона баргарданд. Дар он вақт ба онҳо координатори ҳайати пирони ҷамъомади волидонашон занг зад. Пирони он ҷамъомад вазъияти он оиларо мавриди муҳокима гузоштанд ва мехостанд, ки миссионерон хизматашонро ҳар чӣ бештар давом диҳанд. Пирон хизмати он ҷуфтро қадр мекарданд ва бо азми қавӣ тайёр буданд, ки ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд, то ки барои ғамхорӣ кардан ба волидони онҳо кӯмак расонанд. Ҳамаи аъзоёни оила барои ин кӯмаки пурмуҳаббати пирон миннатдор буданд.

12. Оилаҳои масеҳӣ ҳангоми қабул кардани қарор оиди ғамхорӣ ба пиронсолон, пеш аз ҳама бояд дар бораи чӣ фикр кунанд?

12 Оилаҳои масеҳӣ дар мавриди ғамхорӣ нисбати ниёзҳои волидони пиронсолашон чӣ гуна қароре қабул накунанд, бояд дилпур бошанд, ки қарори онҳо номи Яҳуваро ҷалол медиҳад. Мо ҳеҷ гоҳ ба роҳбарони динии замони Исо монанд будан намехоҳем (Мат. 15:3–6). Баръакс, мо бо қарорҳои худ Худо ва ҷамъомади Ӯро ҷалол додан мехоҳем (2 Қӯр. 6:3).

МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОЁНИ ҶАМЪОМАД

13, 14. Чӣ тавр дар Китоби Муқаддас нишон дода шудааст, ки ҷамъомадҳо бояд дар ғамхорӣ кардан ба пиронсолон кӯмак расонанд?

13 На ҳама метавонанд ба ходимони пурравақт чун дар мисоли дар боло гуфташуда ёрӣ диҳанд. Лекин вазъияти дар асри як баамаломада нишон медиҳад, ки ҷамъомадҳо нисбати ниёзҳои бародарону хоҳарони содиқи пиронсол набояд бепарво бошанд. Китоби Муқаддас дар бораи ҷамъомади Ерусалим мегӯяд, ки «ҳеҷ эҳтиёҷманде дар байнашон набуд». Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо сарватманд буданд. Аз афташ, баъзеҳо аз ҳад камбағал буданд ва «ба ҳар кас ба қадри эҳтиёҷаш» кӯмак расонда мешуд (Аъм. 4:34, 35). Баъдтар дар он ҷамъомад мушкилии ҷиддие ба миён омад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе бевазанон ҳангоми «тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра» мемонданд. Барои ҳамин зери роҳбарии ҳаввориён мардони қобилиятноке таъин карда шуданд, ки онҳо дар навбати худ чора андешиданд, то ниёзҳои бевазанон ба таври кофӣ ва боинсофона қонеъ карда шавад (Аъм. 6:1–5). Тақсими ҳаррӯзаи ғизо як чорабинии муваққатие буд. Он барои қонеъ кардани ниёзи касоне, ки дар Пантикости соли 33 эраи мо масеҳӣ шуданду барои рӯҳан қавӣ гаштан муддате дар Ерусалим монданд, ба роҳ монда шуда буд. Бо вуҷуди ин, қарори ҳаввориён нишон медиҳад, ки ҷамъомад дар ғамхорӣ кардан ба бародарону хоҳарони мӯҳтоҷ саҳм гузошта метавонад.

14 Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, Павлус ба Тимотиюс дастурот дода, вазъиятҳоеро фаҳмонд, ки дар онҳо бевазанони масеҳӣ метавонистанд аз тарафи ҷамъомад кӯмаки моддӣ гиранд (1 Тим. 5:3–16). Ба ин монанд, нависандаи дигари Китоби Муқаддас Яъқуб зери илҳоми илоҳӣ гуфт, ки масеҳиён вазифадоранд, ки бевазанон, ятимон ва дигаронро дар лаҳзаҳои тангӣ ё мӯҳтоҷӣ дастгирӣ кунанд (Яъқ. 1:27; 2:15–17). Юҳаннои ҳавворӣ низ фаҳмонд: «Агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад,— чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?» (1 Юҳ. 3:17). Агар ки масеҳиён дар алоҳидагӣ ба ғамхорӣ кардан нисбати эҳтиёҷи ниёзмандон вазифадор бошанд, пас ҷамъомад низ вазифадор аст.

Агар ҳодисаи нохуше рӯй диҳад, ҷамъомад чӣ тавр кӯмак карда метавонад? (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред)

15. Кадом омилҳо дар мавриди расонидани кӯмак ба бародарону хоҳарони пиронсол таъсир карда метавонанд?

15 Дар баъзе мамлакатҳо аз тарафи давлат ба пиронсолон ёрдампулӣ дода мешавад ё дигар намуди барномаҳое амал мекунанд, ки барои кӯмак ба пирон муқаррар карда шудаанд (Рум. 13:6). Дар ҷойҳои дигар чунин намудҳои хизматрасонӣ вуҷуд надоранд. Барои ҳамин, то кадом андоза хешовандон ва ҷамъомад бояд ба бародарону хоҳарони пиронсол кӯмак расонанд, аз вазъият вобаста аст, зеро вазъияти як ҷо аз ҷои дигар фарқ мекунад. Агар фарзандоне, ки Шоҳиди Яҳуваанд, аз волидонашон дур зиндагӣ кунанд, ин метавонад имконияти ба волидони пиронсол ёрдам додани онҳоро маҳдуд кунад. Хуб мебуд, ки фарзандон бо пирони ҷамъомади волидонашон дар тамос бошанд ва озодона муошират кунанд, то ҳамаашон вазъияти оилавиро пурра фаҳманд. Масалан, пирон ба волидони онҳо кӯмак расонда метавонанд, то бо барномаҳои иҷтимоии барои ёрӣ пешбинишуда шинос гарданд ва аз онҳо истифода баранд. Онҳо инчунин метавонанд вазъиятҳоеро ба монанди бехабар мондан аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ ё дар вақташ доруҳоро нагирифтани волидонро мушоҳида кунанд ва ба фарзандони бакамолрасида гӯянд. Агар фарзандон ва пирони ҷамъомад озодона ва кушоду равшан байни худ гап зананд, ин метавонад ёфтани роҳи ҳалли мушкилиро осон кунад. Дар ҳақиқат, вақте ки ба пиронсолон каси дар наздикиашон буда кӯмак мекунад ва ба фарзандоне, ки дар дурӣ мебошанд, маслиҳат медиҳад, ин метавонад ба камтар ташвиш кашидану зиқ шудани оила мусоидат кунад.

16. Баъзе масеҳиён барои ғамхорӣ ба аъзоёни пиронсоли ҷамъомад чӣ кор мекунанд?

16 Аз меҳру муҳаббат ба пиронсолони азиз, баъзе бародарону хоҳарон ихтиёран вақту қуввати худро ба қадри имкон барои қонеъ кардани ниёзҳои онҳо сарф мекунанд. Онҳо пеши худ мақсад мегузоранд, ки ба аъзоёни пиронсоли ҷамъомад таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кунанд. Баъзеи чунин ҳамимонон вазифаҳоро бо дигар аъзоёни ҷамъомад тақсим карда, ба пиронсолон бо навбат нигоҳубин мекунанд. Ҳарчанд худи онҳо пурравақт хизмат карда натавонанд ҳам, онҳо хурсандона ба аъзоёни пиронсоли ҷамъомад ғамхорӣ мекунанд, то ки фарзандони онҳо хизмати худро дар таъиноташон давом диҳанд. Чӣ рӯҳияи хубе зоҳир мекунанд чунин бародарон! Лекин, албатта, кӯмаки саховатмандонаи онҳо фарзандонро аз масъулияти ғамхорӣ кардан ба волидони худ озод намекунад.

ЭҲТИРОМИ ПИРОНСОЛОН БО СУХАНОНИ ТАРОВАТБАХШ

17, 18. Доштани чӣ гуна рӯҳия дар нигоҳубин кардани пиронсолон кӯмак мекунад?

17 Ҳам пиронсолон ва ҳам касоне, ки ба онҳо нигоҳубин мекунанд, метавонанд ба он бикӯшанд, ки вазъиятҳои мушкилро то ҳадди имкон бо хурсандӣ паси сар кунанд. Барои ин нигоҳ доштани рӯҳияи мусбӣ кӯмак мекунад. Баъзан синну соли ба ҷое расида сабаби зиқӣ ва ҳатто рӯҳафтодагии бардавоми пиронсолон мегардад. Аз ин рӯ, ба шумо лозим аст, ки кӯшишҳои махсус ба харҷ диҳед, то бародарону хоҳарони пиронсолро ҳурмат намоед ва бо онҳо ба таври рӯҳбаландкунанда гап заданро давом диҳед. Он шахсони азиз ба Яҳува содиқ мемонанд, аз ин рӯ сазовори таҳсинанд. Яҳува ҳамаи он корҳоеро, ки онҳо дар хизмати Ӯ кардаанд, аз хотираш намебарорад ва ҳеҷ кадоми мо низ фаромӯш нахоҳем кард. (Малокӣ 3:16 ва Ибриён 6:10-ро бихонед.)

18 Инчунин, вақте ки пиронсолон ва нигоҳубинкунандагони онҳо бамаврид аз ҳазлу шӯхӣ истифода мебаранд, иҷрои корҳои мушкили ҳаррӯза барои онҳо нисбатан осон мегардад (Воиз 3:1, 4). Бисёри пиронсолон кӯшиш мекунанд, ки аз ҳад инҷиқ набошанд. Онҳо дарк мекунанд, ки агар меҳрубон бошанд, дигарон бо майли бештар ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва ба хабаргирӣ меоянд. Касоне, ки ба хабаргирии пиронсолон мераванд, аксар вақт чунин мегӯянд: «Ман омадам, ки дӯсти солхӯрдаамро рӯҳбаланд кунам, вале ман худам аз дидори ӯ рӯҳбаланд шудам» (Мас. 15:13; 17:22).

19. Ба пиронсолон ва ҷавонон чӣ кӯмак мекунад, то дар вақтҳои мушкил устувор бимонанд?

19 Мо омадани он рӯзеро хеле интизорем, ки пирӣ, ранҷу азоб ва нокомилӣ дигар нахоҳанд буд. То он вақт хизматгорони Худо бояд умедашонро бар он чизе ки ҷовидона аст, нигоҳ доранд. Мо медонем, ки имон ба ваъдаҳои Худо дар вақтҳои тангӣ ё мусибат барои мо чун лангари мустаҳкам мебошад. Ба туфайли имонамон «мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад» (2 Қӯр. 4:16–18; Ибр. 6:18, 19). Лекин ғайр аз нигоҳ доштани имони қавӣ ба ваъдаҳои Худо, боз чӣ ба шумо дар иҷрои масъулият оиди ғамхорӣ ба пиронсолон ёрӣ дода метавонад? Баъзе маслиҳатҳои амалиро дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард.

^ сарх. 9 Дар мақолаи навбатӣ баъзе тарзҳое муҳокима карда мешаванд, ки барои пиронсолон ва фарзандони онҳо қобили корбурд буда метавонанд.