Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба имони Мусо пайравӣ кунед

Ба имони Мусо пайравӣ кунед

«Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад» (ИБР. 11:24).

1, 2. а) Дар синни 40-солагӣ Мусо чӣ гуна қарор қабул кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро Мусо бо халқи Худо уқубат кашиданро интихоб кард?

МУСО медонист, ки Миср чӣ гуна ҳаётро пешкаш мекунад. Вай хонаҳои калону боҳашамати мисриёни сарватмандро медид. Ӯ ба хонадони фиръавн тааллуқ дошт. Мусо «тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта» буд, ки он эҳтимол фарҳангу маданият, ситорашиносӣ, математика ва дигар илмҳоро дар бар мегирифт (Аъм. 7:22). Ӯ метавонист соҳиби сарвату қудрат гардад. Барояш имкониятҳое муҳайё буданд, ки мисриёни оддӣ онҳоро танҳо орзу мекарданд!

2 Вале, вақте ки Мусо 40-сола буд, қароре қабул кард, ки аз он хонадони шоҳи Миср, ки ӯро чун аъзои оилаашон меҳисобиданд, эҳтимол сахт дар ҳайрат монданд. Ҳаёте, ки ӯ интихоб кард, ҳатто ба ҳаёти муқаррарии мисриёни оддӣ монанд набуд. Ӯ ҳаёти пуразоберо, ки ғуломон доштанд, интихоб кард! Чаро Мусо ин тавр кард? Зеро вай имон дошт. (Ибриён 11:24–26-ро бихонед.) Ба туфайли имон Мусо на танҳо олами моддии дар гирду атрофаш бударо медид. Чун шахсе ки назари рӯҳонӣ дорад, вай ба Худои «Нонамоён», Яҳува, ва иҷрошавии ваъдаҳои Ӯ имон дошт (Ибр. 11:27).

3. Кадом се саволро мо дар ин мақола дида мебароем?

3 Ба мо лозим аст, ки мисли Мусо назари рӯҳонӣ дошта бошем, то ки аз чизҳои ба чашм аён дида чизҳои бештарро бубинем. Мо бояд «аз имондорон» бошем (Ибр. 10:38, 39). Биёед, ҳоло суханони Ибриён 11:24–26-ро, ки дар бораи Мусо навишта шудаанд, дида бароем. Ин муҳокима имони моро мустаҳкам хоҳад кард. Дар рафти мақола ба саволҳои зерин ҷавоб хоҳем ёфт: Чӣ тавр имон Мусоро бармеангехт, ки хоҳишҳои ҷисмро рад кунад? Ҳангоми бо тақҳиру маломат рӯ ба рӯ гаштан, чӣ тавр имон ба вай кӯмак мекард, ки хизмати пуршарафи худро қадр намояд? Ва чаро Мусо «ба мукофот назар медӯхт»?

Ӯ ХОҲИШҲОИ ҶИСМРО РАД МЕКАРД

4. Мусо оиди аз гуноҳ ҳаловат бурдан чиро дарк мекард?

4 Ба туфайли имон Мусо дарк мекард, ки «аз гуноҳ ҳаловат» бурдан муваққатӣ аст. Дигарон шояд чунин фикр мекарданд: Миср бо вуҷуди он ки пур аз бутпарастӣ ва сеҳру ҷоду буд, ба давлати абарқудрате табдил ёфт, ҳол он ки халқи Яҳува аз ғуломӣ азоб мекашид! Вале Мусо медонист, ки Худо метавонад вазъиятро тағйир диҳад. Ҳарчанд шахсони худпараст ба назар комёб метофтанд, Мусо боварӣ дошт, ки бадкорон албатта фурӯ меғалтанд. Барои ҳамин, ӯ ба васвасаи он дода намешуд, ки «аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ» гирад.

5. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то ба «ҳаловати муваққатӣ»-и гуноҳ дода нашавем?

5 Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, то ба «ҳаловати муваққатӣ»-и гуноҳ дода нашавед? Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки ҳаловат аз корҳои гунаҳкорона зудгузар аст. Бо чашмони имон бубинед, ки «ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст» (1 Юҳ. 2:15–17). Оиди ояндаи гунаҳкорони тавбанакарда мулоҳиза кунед. Онҳо «дар ҷойҳои лағжонак»-анд ва «ба ҳалокат расида, аз даҳшатҳо фано» мешаванд! (Заб. 72:18, 19). Вақте дар шумо васвасаи ба рафтори гунаҳкорона даст задан пайдо мешавад, аз худ бипурсед: «Ман барои худ чӣ гуна ояндаро мехоҳам?»

6. а) Чаро Мусо «нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад»? б) Чаро ба фикри шумо Мусо қарори дуруст қабул кард?

6 Имони Мусо инчунин ба интихоби роҳи минбаъдаи ҳаёташ таъсир намуд. «Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад» (Ибр. 11:24). Мусо чунин фикр намекард, ки дар дарбори подшоҳ мансаби баландро соҳиб мешаваду сипас аз боигариву мартабааш истифода бурда, ба бародарони исроилии худ ёрӣ медиҳад. Ӯ Яҳуваро бениҳоят дӯст медошт, барои ҳамин сахт мехост, ки бо тамоми дили худ, ҷони худ ва қуввати худ ба Ӯ хизмат кунад (Такр. Ш. 6:5). Ин қарори Мусо ӯро аз ғаму дарди зиёд эмин дошт. Масалан, дере нагузашта бисёри ганҷу сарвати Миср, ки ӯ аз он даст кашида буд, аз тарафи худи исроилиён тороҷ гардид! (Хур. 12:35, 36). Фиръавн беобрӯ гашт ва ҳалок шуд (Заб. 135:15). Мусо бошад, зинда монд ва Худо ӯро истифода бурд, то ба халқи Исроил роҳбарӣ кунад ва онҳоро ба ҷои бехатар барад. Ҳаёти Мусо маънои ҳақиқӣ дошт.

7. а) Мувофиқи Матто 6:19–21 чаро мо набояд танҳо ба ояндаи наздик назар дӯзем? б) Воқеаеро нақл кунед, ки фарқи байни ганҷҳои моддӣ ва рӯҳониро нишон медиҳад.

7 Агар шумо хизматгори ҷавони Яҳува бошед, чӣ тавр имон дар интихоби роҳи ҳаёт ба шумо кӯмак карда метавонад? Албатта ояндаро ба нақша гирифтан аз рӯи хирад аст. Вале имон ба ваъдаҳои Худо шуморо ба чӣ бармеангезад: ба он ки барои ояндаи гузаро ганҷ ғун кунед ё барои ҳаёти ҷовидона? (Матто 6:19–21-ро бихонед.) Софи ном раққосаи моҳири балет бо чунин муаммо дучор шуд. Аз гурӯҳҳои рақсии Иёлоти Муттаҳида ба ӯ таклифҳо меомаданд, ки маблағи дар донишгоҳ хондани ӯро медиҳанд. Онҳо ваъда медоданд, ки ӯ дар гурӯҳҳои онҳо мавқеи машҳурро ишғол карда метавонад. «Дар маркази диққати дигарон будан ба ман хеле маъқул буд»— мегӯяд Софи. Ӯ ҳатто худро аз дигар раққосагон беҳтар меҳисобид. Вале ӯ хушбахт набуд. Он вақт ӯ филми «Саволҳои ҷавонон. Ҳаётамро ба чӣ бахшам?»-ро тамошо кард. «Ман дарк кардам, ки ин ҷаҳон бар ивази эҳтироми мухлисон ва муваффақият аз ман талаб мекунад, ки аз ибодати содиқонаи Яҳува даст кашам,— мегӯяд ӯ.— Ман гарму ҷӯшон ба Ӯ дуо гуфтам. Сипас ман касби раққосагии худро тарк кардам». Ба қарори қабулкардааш Софи чӣ гуна менигарад? Ӯ мегӯяд: «Ман ҳаёти пешинаамро бо афсӯс ёд намекунам. Имрӯз ман сад фоиз хушбахт ҳастам. Ману шавҳарам чун пешрав хизмат мекунем. Мо одамони машҳур нестем ва чизу чораи бисёр надорем. Вале мо Яҳува дорем, омӯзандагони Китоби Муқаддас дорем ва дар пеш мақсадҳои рӯҳонӣ дорем. Ман аз қарорам заррае пушаймон нестам».

8. Кадом маслиҳати Китоби Муқаддас ба ҷавонон дар интихоби роҳи ҳаёт кӯмак карда метавонад?

8 Яҳува медонад, ки барои шумо чӣ аз ҳама беҳтар аст. Мусо гуфт: «Худованд Худоят аз ту чӣ талаб дорад? Талабаш фақат ин аст, ки аз Худованд Худои худ битарсӣ, бо ҳамаи роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва Ӯро дӯст бидорӣ, ва Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ибодат намоӣ. Ва аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту, барои манфиати ту амр мефармоям, риоят кунӣ» (Такр. Ш. 10:12, 13). Дар ҷавонӣ касберо интихоб намоед, ки он барои «бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ» ба Яҳува хизмат кардан ва Ӯро дӯст доштан ба шумо халал нарасонад. Шумо дилпур буда метавонед, ки чунин рафтор «барои манфиати» шумо хоҳад буд.

Ӯ ХИЗМАТИ ПУРШАРАФИ ХУДРО ҚАДР МЕКАРД

9. Фаҳмонед, ки чаро ба Мусо иҷро кардани хизматаш эҳтимол душвор буд.

9 Мусо «хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб» мекард (Ибр. 11:26). Мусо ба он маъно «Масеҳ» ё «Тадҳиншуда» буд, ки Худо ӯро интихоб кард, то бар халқи Исроил роҳбарӣ кунад ва онро аз Миср берун оварад. Мусо медонист, ки иҷрои ин вазифа душвор хоҳад буд ва ӯ ҳатто бо «хорӣ», яъне таҳқиру маломат дучор хоҳад шуд. Яке аз исроилиён чанд сол пеш ӯро паст зада чунин гуфта буд: «Кист, ки туро бар мо сардор ва довар таъин намудааст?» (Хур. 2:13, 14). Баъдтар, худи Мусо аз Яҳува пурсид: «Чӣ гуна фиръавн ба ман гӯш хоҳад дод?» (Хур. 6:12). Барои тайёр шудан ба мухолифат ва мушкилиҳо Мусо ба Яҳува дуо гуфта, тарсу ҳарос ва ташвишҳояшро баён мекард. Чӣ тавр Яҳува ба ӯ барои иҷро кардани таъиноташ кӯмак расонд?

10. Чӣ тавр Яҳува Мусоро дар иҷрои хизматаш дастгирӣ кард?

10 Якум, Яҳува Мусоро боварӣ бахшида гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд» (Хур. 3:12). Дуюм, Яҳува яке аз ҷонибҳои маънои номашро фаҳмонд, ки ин Мусоро қувват мебахшид: «Ман ҳамоне хоҳам шуд, ки шуданашро мехоҳам *» (Хур. 3:14, ТДН). Сеюм, Ӯ ба Мусо қудрати мӯъҷиза карданро бахшид ва ин нишон медод, ки Мусоро дар ҳақиқат Худо фиристодааст (Хур. 4:2–5). Чорум, Яҳува Ҳорунро барои Мусо шарик ва намоянда таъин кард, то ки ба бародари худ дар иҷрои супоришаш ёрӣ диҳад (Хур. 4:14–16). Дар охири ҳаёти худ Мусо итминони комил ҳосил карда буд, ки Яҳува ходимонашро барои иҷро кардани супориши дилхоҳ дастгирӣ мекунад. Барои ҳамин, вай ба вориси худ Еҳушаъ бо боварӣ чунин гуфт: «Худованд Худаш пешопеши ту меравад, Ӯ бо ту хоҳад буд, аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард; натарс ва ҳаросон нашав» (Такр. Ш. 31:8).

11. Чаро Мусо таъиноти худро хеле қадр мекард?

11 Мусо ҳангоми иҷрои таъиноте, ки дар назараш душвор менамуд, дастгирии Яҳуваро ҳис мекард. Барои ҳамин, ӯ таъиноташро хеле қадр мекард ва онро «сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср» меҳисобид. Инчунин ӯ дарк мекард, ки хизматгори Худои Қодир будан аз хизмати фиръавнро ба ҷо овардан шарафи бузургтар аст. Ва шоҳзодаи Миср будан дар муқоиса бо «Масеҳ» ё тадҳиншудаи Яҳува будан ҳеҷ арзише надошт. Мусо барои қадр кардани хизмати Худо соҳиби баракат гардид. Ӯ аз муносибати хеле наздик бо Яҳува баҳраманд буд. Ҳангоме ки Мусо халқи Исроилро ба Замини ваъдашуда роҳнамоӣ мекард, Яҳува ба ӯ қудрат бахшид, ки «аҷоиботи бузурге» нишон диҳад (Такр. Ш. 34:10–12).

12. Кадом таъинотҳои пуршараферо, ки Яҳува ба мо додааст, мо бояд қадр кунем?

12 Ба ин монанд, ба мо ҳам супорише дода шудааст. Ба воситаи Писараш, Яҳува моро чун Павлуси ҳавворӣ ва дигарон ба мавъиза кардани хушхабар таъин кардааст. (1 Тимотиюс 1:12–14-ро бихонед.) Ҳамаи мо дорои чунин шараф ҳастем (Мат. 24:14; 28:19, 20). Баъзеҳо дар хизмати пурравақт мебошанд. Бародарони рӯҳан баркамол ба дигар аъзоёни ҷамъомад чун пирон ва ходимони ёвар хизмат мекунанд. Лекин, аъзоёни ҳамимоннабудаи оила ва дигарон метавонанд арзиши таъинотҳои дар хизмат доштаи шуморо зери шубҳа гузоранд ё ҳатто шуморо барои фидокориатон танқид кунанд (Мат. 10:34–37). Агар онҳо бо ин рафторашон шуморо рӯҳафтода кунанд, эҳтимол дар шумо чунин фикр пайдо шавад, ки оё ин фидокориҳои шумо арзиш доранд ва оё шумо дар ҳақиқат аз ӯҳдаи таъиноти худ баромада метавонед ё не. Агар бо шумо чунин рӯй диҳад, чӣ тавр имон ба шумо барои устувор мондан кӯмак мекунад?

13. Чӣ тавр Яҳува моро дар иҷрои таъиноту супоришҳое, ки ба мо додааст, дастгирӣ мекунад?

13 Бо имон аз Яҳува илтимос кунед, ки шуморо дастгирӣ кунад. Ташвишу хавотириҳоятонро дар дуо ба Ӯ баён намоед. Охир, он хизматеро, ки шумо ба ҷо меоред, худи Яҳува супоридааст ва Ӯ ба шумо барои муваффақ будан кӯмак хоҳад кард. Чӣ тавр? — Ҳамон тавре ки ба Мусо кӯмак карда буд. Якум, Яҳува шуморо боварӣ бахшида мегӯяд: «Ман туро тавқият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард» (Иш. 41:10). Дуюм, ӯ ба шумо хотиррасон мекунад, ки ваъдаҳояшро албатта иҷро мекунад: «Он чӣ гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард; он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард» (Иш. 46:11). Сеюм, Яҳува ба шумо «бартарии қувват» мебахшад, яъне он қувватеро, ки барои иҷрои хизмататон лозим аст. (2 Қӯр. 4:7). Чорум, Падари ғамхори мо шуморо ба воситаи ходимони ҳақиқиаш, ки бародарияти умумиҷаҳониро ташкил медиҳанд, пайваста тасаллӣ медиҳад ва рӯҳбаланд мекунад, то ки таъиноти худро бо истодагарӣ иҷро намоед (1 Тас. 5:11). Вақте мебинед, ки Яҳува шуморо дар иҷрои хизмататон дастгирӣ мекунад, имони шумо торафт зиёд мегардад ва шумо таъиноту супоришҳои доштаатонро аз ҳар гуна ганҷи заминӣ бештар қадр хоҳед кард.

Ӯ БОДИҚҚАТ «БА МУКОФОТ НАЗАР МЕДӮХТ»

14. Чаро Мусо дилпур буд, ки Худо ӯро мукофот медиҳад?

14 Мусо бодиққат «ба мукофот назар медӯхт» (Ибр. 11:26). Ҳарчанд ӯ дар бораи оянда маълумоти зиёд надошт, ӯ ба он чизҳои ками медонистааш мегузошт, ки ба қарорҳои ӯ таъсир кунанд. Мисли аҷдоди худ Иброҳим, Мусо боварӣ дошт, ки Яҳува инсонро аз марг эҳё карда метавонад (Луқ. 20:37, 38; Ибр. 11:17–19). Имон ба ваъдаҳои Худо ба Мусо ёрӣ медод, ки ба 40 соли ҳаёти мусофириаш ва 40 соли бо исроилиён дар биёбон гузарондааш чун ба вақти беҳуда аз дастрафта нанигарад. Ҳарчанд ӯ оиди чӣ тавр иҷро шудани ваъдаҳои Худо маълумоти пурра ва чуқур надошт, ӯ мукофоти ба назар ноаёнро бо чашми имон дида метавонист.

15, 16. a) Чаро мо бояд диққатамонро ба мукофот равона кунем? б) Кадом баракатҳоеро, ки Салтанати Худо меорад, шумо бесаброна интизоред?

15 Оё шумо диққататонро ба мукофоти худ равона мекунед? Мисли Мусо мо низ пурра намедонем, ки ваъдаҳои Худо маҳз чӣ тавр иҷро мешаванд. Масалан, мо намедонем, ки мусибати бузург «кай фаро мерасад» (Марқ. 13:32, 33). Лекин, дар бораи Биҳишти оянда назар ба Мусо мо чизҳои бештарро медонем. Гарчанд оиди ваъдаҳои Худо тамоми тафсилотро надонем ҳам, мо дар бораи ҳаёте, ки зери ҳукмронии Салтанати Худо мешавад, дониши кофӣ дорем, то ки ба мукофоти худ бодиққат назар дӯзем. Дар майнаи худ равшан тасаввур кардани дунёи нав моро бармеангезад, ки Салтанати Худоро дар ҳаётамон дар ҷои аввал монем. Мисоле меорем: Оё шумо ҳавлиеро мехаридед, ки дар борааш хеле кам медонед? Албатта не! Ба ин монанд, мо ҳаётамонро баҳри ба даст овардани чизе, ки умед ба он норавшан аст, сарф намекунем. Бо чашми имон мо бояд равшан бубинем, ки ҳаёт дар дунёи нав чӣ гуна хоҳад буд ва диққатамонро ба баракатҳои Салтанати Худо равона кунем.

То чӣ андоза ҳаяҷонбахш хоҳад буд сӯҳбат бо ходимони содиқи Худо ба монанди Мусо! (Ба сархати 16 нигаред.)

16 Барои тасаввуроти худро оиди Салтанати Худо беҳтар гардондан, бисёртар оиди ҳаёте, ки шумо дар Биҳишт хоҳед дошт, мулоҳиза ронед. Хаёлотатонро ба кор баред. Масалан, вақте шумо дар бораи ҳаёти ходимони гузаштаи Худо мехонед, фикр кунед, ки вақте онҳо эҳё мешаванд, чиҳоро аз онҳо пурсида метавонед. Тасаввур кунед, ки онҳо аз шумо оиди ҳаёти дар ин рӯзҳои охир гузаронида истодаи шумо чиро пурсиданашон мумкин аст. Пеши назар оред, ки вохӯрдан бо аҷдодони худ, ки асрҳои пеш зиндагӣ мекарданд ва ба онҳо нақл кардани ҳамаи он чизе, ки Худо барояшон кард, то чӣ андоза ҳаяҷонбахш хоҳад буд. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр шумо дар муҳити орому бехатар бисёр ҳайвонҳои ваҳширо мушоҳида мекунед ва дар бораи онҳо нағзтар фаҳмида, аз ин хурсандӣ мегиред. Мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр шумо торафт комил гардида, бо Яҳува боз ҳам наздиктар хоҳед шуд.

17. Чӣ тавр равшан тасаввур кардани мукофоти нонамоёни худ имрӯзҳо ба мо кӯмак карда метавонад?

17 Равшан тасаввур кардани мукофоти нонамоёни худ ба мо кӯмак мекунад, ки хизмати Худоро давом диҳем, хурсандиамонро нигоҳ дорем ва бо назардошти ояндаи ҷовидона қарорҳо қабул кунем. Павлус ба масеҳиёни тадҳиншуда навишт: «Агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем» (Рум. 8:25). Ин суханон ба ҳамаи масеҳиёне, ки ба ҳаёти ҷовидона умед доранд, дахл дорад. Ҳарчанд мо ҳоло мукофоти худро нагирифтаем, имонамон чунон қавӣ аст, ки мо бо сабр интизор шуда, «ба мукофот назар» медӯзем. Ба монанди Мусо, мо солҳои дар хизмати Яҳува гузаронидаамонро вақти беҳуда аздастрафта намеҳисобем. Баръакс, мо боварӣ дорем, ки «он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист». (2 Қӯринтиён 4:16–18-ро бихонед.)

18, 19. a) Чаро мо бояд барои нигоҳ доштани имонамон мубориза барем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима хоҳем кард?

18 Имон ба мо имконият медиҳад, то чизҳоеро, ки «намоён нестанд», бубинем (Ибр. 11:1). Шахсе, ки чизҳои рӯҳониро қадр намекунад, намефаҳмад, ки хизмат кардан ба Яҳува то чӣ андоза пуршараф аст. Барои чунин шахс ганҷҳои рӯҳонӣ «ҷаҳолат [нодонӣ] аст» (1 Қӯр. 2:14). Вале мо бошем, умед дорем, ки ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мешавем ва эҳёшавии мурдагонро мебинем. Ин чизҳо барои ҷаҳон воқеӣ нестанд. Монанди файласуфони замони Павлус, ки ӯро «лаққӣ»-и нодон меномиданд, аксари одамон имрӯз он умедеро, ки мо мавъиза мекунем, чизи тамоман ҳеҷу пуч меҳисобанд (Аъм. 17:18).

19 Азбаски мо дар иҳотаи одамоне зиндагӣ мекунем, ки имони ҳақиқӣ надоранд, мо бояд барои нигоҳ доштани имонамон мубориза барем. Бо зориву илтиҷо аз Яҳува хоҳиш кунед, ки барои суст нашудани имонатон кӯмак кунад (Луқ. 22:32). Мисли Мусо, оқибатҳои нохуш доштани гуноҳро нағз дар хотир доред, хизмати Яҳува ва умеди ҳаёти ҷовидонаро баланд қадр кунед. Вале оё аз намунаи Мусо танҳо ҳамин чизҳоро омӯхтан мумкин аст? Не. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр имонаш ба Мусо кӯмак мекард, ки Худои «Нонамоён»-ро бубинад (Ибр. 11:27).

^ сарх. 10 Доир ба суханоне, ки дар Хуруҷ 3:14 навишта шудаанд, як тадқиқотчии Китоби Муқаддас навишт: «Ҳеҷ чиз ба Ӯ дар иҷро кардани иродааш халал расонда наметавонад. . . Ин ном [Яҳува] бояд барои исроилиён чун қалъа, сарчашмаи умед ва тасаллӣ мебуд».